© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Марги тадриҷӣ дар шимоли Тоҷикистон

Бетафовутӣ ба мушкили партовгоҳҳои ураниум дар шимоли Тоҷикистон ба саломатии сокинони маҳалӣ ва шадидан бад шудани вазъи экологӣ таъсири манфӣ мерасонад.


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


Мавзеи радиатсионӣ дар шимоли Тоҷикистон. Акс аз cabar.asia
Мавзеи радиатсионӣ дар шимоли Тоҷикистон. Акс аз cabar.asia

Эколог ва табибон мегӯянд, зиндагӣ дар навоҳии вилояти Суғд, ки партовгоҳҳои бози ураниум мавҷуданд, мизони бемориҳои сироятӣ ва онкологиро бештар намуда, дар сурати наандешидани чораҳо ҷиҳати безараргардонии партовгоҳҳо вазъият бадтар мешавад. 

Дар ҳудуди вилояти Суғд 8 минтақаи партовгоҳҳои радиатсионӣ мавҷуд аст, ки ҳаҷми умумии онҳо 180 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин партовгоҳҳо 55 миллион тонна моддаҳои дорои радиоактив нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи радиологҳо, мизони маъмулии шуои радиоактив 11-15 микрорентген дар соатро ташкил медиҳад. Аммо дар минтақаҳое, ки партовгоҳҳо ҷойгиранд, сатҳи радиатсия аз ин меъёр 3-4 маротиба бештар аст, мегӯяд, Ҳотам Муртазоев, мутахассис дар бахши радиатсия. Ба таъкиди ӯ, боло рафтани мизони радиатсия ба организми инсон таъсири манфӣ мерасонад. 

Бино ба маълумоти Муртазоев, ҳалли аққали мизони санитарӣ барои инсон 11,2 мкР/с ва ҳадди аксари он 57 мкР/с-ро ташкил медиҳад. Вале мизони радиатсия дар партовгоҳҳо аз 200 то 2000 микрорентген дар соат мебошад, ки бояд хеле аз эҳтиёт кор гирифт.  

“Дар партовгоҳҳои ураниум аксаран ҳолатҳои дуздии оҳанпора ва истифодаи онҳо дар корҳои сохтмонӣ мушоҳида мешавад. Агар инсон аз субҳ то шом дар ҳудуди партовгоҳе, ки мизони радиатсияи он беш аз 200 микрорентген дар соат аст, қарор дошта бошад ва ё метали аз партовгоҳ овардаро дар сохтмони манзили худ истифода кунад, эҳтимоли ба бемориҳои вижаи сироятӣ гирифтор шудан ва то охири умр ранҷ кашиданаш мавҷуд аст”,-афзуд Ҳотам Муртазоев.

Рустои Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар се километрии партовгоҳи Деҳмой ҷойгир аст. Ҳаҷми ин партовгоҳ 90 гектарро ташкил медиҳад.  

Партовгоҳи Деҳмой “мерос”-и аҳди шӯравист. Он дар пайи коркарди консентратҳои ураниум дар корхонаи “Металҳои нодири Тоҷикистон” (“Востокредмет”-и собиқ), ба вуҷуд омад. Раҳбарияти ин муассиса қаблан аз шурӯи корҳо ҷиҳати рӯйпуш намудани ин партовгоҳ ҳабар дода буданд. Ду сол қабл 11 гектар ва соли 2017 – 5 гектари он бо хок рӯйпуш карда шуд. Ҳоло 74 гектари он боқӣ мондааст. Агар ҳамасола тақрибан 10 гектари он рӯйпуш шавад, барои комилан безарар гардонидани партовгоҳ 7 соли дигар лозим аст.  

Табибону экологҳо пайваста сокинони маҳалиро аз таъсири манфии партовгоҳ ба муҳити зист огоҳ месозанд. Аммо мардум ин ҳушдорҳоро ҷиддӣ нагирифта, инҷо манзил бунёд мекунанд, боғу сабзавот парвариш мекунанд. 

Ба гуфтаи сокинони русто, дар болои партовгоҳ кӯли табиӣ сохта шуда буд, ки паҳн гардидани чангу ғубори радиоактивиро коҳиш дод. Вале дар пайи гармӣ ва ҳарорати баланди ҳаво дар давраи баҳору тобистон кӯл хушкид. Ҳоло инҷо ҷавонони русто бозиҳои варзишӣ баргузор мекунанд. Баъзеҳо ҳудуди партовгоҳро барои нигаҳдории чорвои худ истифода мебаранд. 

Кули сунъие, ки радиатсияро кам мекард, хушк шудааст. Акс аз cabar.asia
Кули сунъие, ки радиатсияро кам мекард, хушк шудааст. Акс аз cabar.asia

Дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди 19 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Сокинони маҳаллӣ  ин заминҳоро ҷойи зиндагии гузаштаҳои худ медонанд ва хоҳиши тағйир додани манзили зисташонро надоранд. Дар суҳбат бо хабарнигорон онҳо мегӯянд, пештар вақте рӯйи партовгоҳ кӯл мавҷуд буд, хатари сироятшавиро коҳиш медод. Ҳоло бошад, фазое ки онҳо нафас мекашанд, пури чангҳои радиоактив аст. “На танҳо одамон, балки  растаниҳо низ касал шудаанд. Зардолуи навъи “қандак” он маззаеро, ки пештар дошт, надорад”,-мегӯянд одамони солманд.

Суҳроб Раҳимӣ, яке аз сокинони ҷавони рустои Ғозиён мегӯяд, партовгоҳ бидуни назорати ҷиддӣ қарор дорад, аз ин рӯ ҳар нафари ноогоҳ ба осонӣ метавонад инҷо биёяд.

“Борҳо шоҳид будам, ки ҷавонон инҷо оҳанпора меҷӯянд. Онҳо ҳанӯз намедонанд, ки инҷо барои саломатиашон хавфнок аст,-афзуд ӯ ва илова намуд, ки – одамони калонсоли ҷамоати Ғоғиён мегӯянд, таъсири манфии партовгоҳро дар худ аллакай эҳсос мекунанд”.

Шариф Тошев, як сокини дигари маҳаллӣ гуфт, хушксолии чандинсола сабаби паҳн шудани ҷангу ғубор ҳангоми шамолҳои сахт мегардад.

“Чанд сол аст, ки борон нест. Баҳору тобистон шамолҳои шадид тамоми чангу ғуборро аз партовгоҳ ба тарафи деҳа мебаранд. Мутаасифона, ин ҳам ба одамон ва ҳам ба ҳайвонот таъсири манфӣ мерасонад”,-таъкид мекунад вай.

Табибони маҳаллӣ мегӯянд, дар муқоиса ба солҳои пеш, миёни аҳолӣ шумораи бемориҳои сироятӣ дар ҳоли афзоиш аст. Барои мисол, пизишкон аз зиёд шудани маризиҳои навъҳои гуногуни гепатит миёни кӯдакон ва афзоиши теъдоди касалиҳои онкологӣ хабар медиҳанд.  

Дар ин заминҳо чарондани чорво ва гаштани одамоне, ки либосҳои махсуси муҳофизиро надоранд, манъ аст. Акс аз cabar.asia
Дар ин заминҳо чарондани чорво ва гаштани одамоне, ки либосҳои махсуси муҳофизиро надоранд, манъ аст. Акс аз cabar.asia

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз бузургтарин навоҳии вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи мақомоти маҳалии ноҳия, соли 2017, 685 бемории онкологӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 434 нафари онҳо занҳои гирифтори “саратони гарданаи раҳм” ҳастанд. Бештари бемориҳои онкологӣ сокинони ҷамоати Ғозиёнанд.  

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар яке аз охирин нишастҳои хабариаш гуфт, одамон асосан бо ду масъала назди ӯ меоянд: ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва кумаки молӣ барои касалиҳои онкологӣ.

“Шаҳрвандони мо бештар барои гирифтани кумаки тиббӣ муроҷиат мекунанд. Зиёда аз 10 ҳазор сокини ноҳияи мо камбизоат маҳсуб мешаванд. Онҳо бештар мариз мешаванд. Дар ноҳия теъдоди беморони қалбу рагҳо афзоиш ёфтааст. Касалиҳои гурдаву саратон дар ҳоли афзоиш аст. Махсусан дар ҷамоати Ғозиён”, -афзуд Зариф Назирӣ.

Ба омори Маркази онкологии Суғд, ҳамасола дар ҳудуди вилоят ҳудуди 1000 бемори нав муайян карда мешавад, ки аз маризиҳои онкологӣ ранҷ мекашанд. Ба гуфтаи муовини сардухтури Маркази онкологии Суғд, давоми 9 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 841 бемори онкологӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳолат бештар аст. Феълан, теъдоди беморони онкологӣ дар вилояти Суғд 6600 нафар гуфта мешавад.   

Воҳид Абдураззоқов, корманди маркази вилоятии бемориҳои онкологии Суғд, вазъи муайян намудани беморони онкологӣ дар шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ, ки ҳамчунин партовгоҳи ураниум дорад), нигаронкунанда мехонад. Ӯ мегӯяд, соли 2017 теъдоди беморони онкологӣ дар шаҳри Истиқлол 35 нафарро ташкил медод. Давоми 9 моҳи соли равон 6 нафар сабт шуд. Аҳолӣ инҷо дар масофаи 500 метр аз чунин иншоотҳо зиндагӣ мекунанд.  

Назорати партовгоҳҳоро Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди ҳукумати Тоҷикистон бар уҳда дорад. Кормандони масъули ин агентӣ мегӯянд, барои комилан безарар гардонидани партовгоҳҳо маблағи зиёд лозим аст, ки дар буҷаи давлат кофӣ нест. Аз ин лиҳоз давлат наметавонад одамонеро, ки дар наздикии партовгоҳҳои ураниум зиндагӣ мекунанд, ба ҷойи бехавф кӯчонад.


Ин гузориш дар  чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Норвегия амалӣ карда мешавад, омода шудааст. Назарҳое, ки дар гузориш оварда шудаанд, мавқеи кормандони идора ё донорро нишон намедиҳанд.

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: