© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Кӯдакони бозгашта аз Ироқ ба чӣ ниёз доранд?

Мақомоти тоҷик мегуянд ҳануз ташхису табобати кӯдакони овардашуда аз Ироқ идома дорад ва баъдан дар бораи барномаҳои ба оилаҳо баргардонидани онҳо тасмим хоҳанд гирифт.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


84  кӯдаки тоҷик ки ҳоло дар осоишгоҳи Харангон нигоҳубин мешаванд, шаби 30-юми апрел аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Модарони бисёре аз онҳо барои ҳамзисти бо аъзои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” зиндонӣ гардидаанд.

84  кӯдаки тоҷик шаби 30-юми апрел аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Акс аз CABAR.asia

Асолатмоҳ Тиллоева сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин шабуруз лаҳзашуморӣ мекунад, то ба дидори ду наберааш Абубакру Фотима бирасад. Ин ду набераи 3 ва 6 солаи ӯро мақомот шаби 30-юми апрел дар қатори даҳҳо кудаки дигар аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон овардаанд.

Ин зан мегӯяд вақте духтараш Саодатмоҳ Тиллоева соли 2014 Тоҷикистонро тарк кард то ним соли пеш аз ӯ хабаре надошт. Вақте фаҳмид духтараш Саодатмоҳ дар Бағдод ба ҳукми абад маҳкум шудааст, ба ин бовар накард.

 “Намедонистам чи кор кунам. Охир онҳо барои кор ба Русия рафта буданд”-гуфт ӯ.

Ин модар мегуяд вақте мақомот дар бораи овардани набераҳояш ба ватан ба ӯ хабар доданд, субҳи рузи 30-юми апрел саросемавор аз ноҳия ба пойтахт омад то онҳоро бубинад.

Аз рузи аввали овардани ин гуруҳи кӯдакон мақомот ташхису табобат ва санадсозии ин кудакон шурӯъ карданд. Акс аз CABAR.asia

Ӯ бо нақл аз лаҳзаҳое ки набераҳояшро дар фурудгоҳ дидааст гуфт: “хостам дигар онҳоро раҳо накунам, ҳамроҳашон то Харангон рафтам, аммо иҷозат надоданд, ки ба дохил ворид шавам. Вале умед дорам онҳоро ба хона мебарам. Ҳоло ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат карда истодаам то набераҳоямро зудтар ба хона барам”.

Асолатмоҳ мегуяд духтараш Саодатмоҳ Тиллоеваи 28 сола ҳамроҳ бо шавҳару фарзандонаш панҷ соли пеш барои кор ба Русия рафт, аммо ҳеҷ намедонад онҳо чӣ тавр вориди Ироқ шуданд ва духтараш ба ин ҳол афтод. Аммо мегуяд “танҳо ҳаминро медонад, ки барои бадбахтии духтару азобҳои ду наберааш домодаш гунаҳкор аст”.

Ҳоло дар баробари набераҳои Асолатмоҳ,  осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб макони зисти даҳҳо кӯдаку навраси дигари  тоҷик аст, ки  аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Аз рузи аввали овардани ин гуруҳи кудакон мақомот ташхису табобат ва санадсозии ин кудакон шуруъ карданд.

Шодихон Ҷамшед: Кӯдакон бо тамоми бошандагони осоишгоҳ унс гирифтаанд

Масъулин мегуянд дар масъалаи баргардонидани кӯдакон ба хонаводаҳо, фурсат доранд чун қабл аз ин бояд вазъи зиндагии онҳоро омузанд ва муайян кунанд ки то кадом андоза пайвандон шароити қабул ва тарбияи ин кудаконро доранд ё не.  Шодихони Ҷамшед муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон,  гуфт ҳануз ташхису табобати кудакон идома дорад. Ӯ гуфт ҳоло аввалин ҳадафи мақомот сиҳатии кудакон аст ва баъдан дар бораи барномаҳои ба оилаҳо баргардонидани онҳо  тасмим мегиранд.

“Ҳадафи мо ин аст, ки дар як муҳлати муайян аз ташхис гузаронем ва ба тақсими онҳо оғоз мекунем. Баъдан кӯдакони томактабӣ зери назари вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ буда, дар хона-интернатҳо ҷобаҷо мешаванд. Кӯдаконе, ки синни мактабӣ ҳастанд, аз сӯи Вазорати маориф ва илм ба мактаб-интернатҳои махсус ҷалб мешаванд”-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Масъулин мегӯянд дар масъалаи баргардонидани кӯдакон ба хонаводаҳо, фурсат доранд чун қабл аз ин бояд вазъи зиндагии онҳоро омузанд, ки то кадом андоза пайвандон шароит доранд. Акс аз CABAR.asia

Шодихони Ҷамшед илова кард, ҳоло кӯдакон бо тамоми бошандагони ин осоишгоҳ унс гирифтаанд ва мисли кӯдакони маълумӣ механданду бозӣ мекунанд.

“Ба хотири ин ки кӯдакон худро нороҳат ва дур аз модар эҳсос накунанд, якҷо бо хоҳару додарони худашон дар як ҳуҷра нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳоло бархе аз ин кӯдакон зери синни 18 ҳастанд ва аллакай худ мисли модар ба хоҳару додаронашон нигоҳубин мекунанд”.

Муовини вазири тандурустӣ мегӯяд ҳоло барои тасдиқи шахсияти бархе кудакон ва санадсозии онҳо вазорати адлия ҷалб шудааст.

“Бояд аввал шахсияти кӯдакон бо назардошти ному насаб муайян шаванд. Зеро бархе кӯдакони то 4 сола дар Ироқ таваллуд шудаанд. Ин чизҳо бояд мушаххас шавад, баъдан масъалаҳои дигарро дидан мумкин аст”.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак мегуяд, ки “кудакон бо тамоми чиз таъмин ҳастанд”. Акс аз CABAR.asia

Шодихон Ҷамшед гуфт агар ташхиси сихатии онхо анҷом шавад тамом, дигар онхо аз рӯи барномаи мушахасшуда, ба кӯдакистону хона-интернатхо дода мешаванд.

Ба гуфти масъулин, зоҳиран тамоми ниҳодҳои кишвар барои нигоҳубин ва назорату тарбияи ин гуруҳи кӯдакон масъул шудаанд. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Раджабмох Хабибуллозода, мегӯяд, онҳо пеш аз ҳама талош доранд кӯдакони бозгардонидашуда ба Ватан ба муҳити нав одат кунанд ва давлат барои онҳо тамоми шароитро фароҳам кардааст.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ба ин бовар аст, ки кӯдакон бо кумаки равоншиносону табибон ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ метавонанд зиндагии тозаро дар ватани худ шуруъ кунанд. Ҳабибуллозода гуфт: “кӯдакон бо тамоми чиз таъмин ҳастанд, либос, бозичаҳо, маҳсулоти гигиенӣ, доруворӣ ва хурокворӣ. Ҳоло барои истеъмоли ғизо ва таҳияи хуроки кӯдакон диетологҳо ҳам ҷалб шудаанд”.

Равоншинос: Аксари кӯдакон зарбаи равонӣ дидаанд

Дар ҳоли ҳозир бо ин кӯдакон чаҳор равоншинос аз Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маориф кор мекунанд. Масъулон мегӯянд, на ҳамаи кӯдакон ба равоншинос ниёз доранд, чун бархе зиёд хурд ҳастанд ва ҳатто дар бораи аз куҷо ба куҷо рафтану омадани худро намедонанд ва дарк намекунанд, ки чӣ саргузаштеро пушти сар карданд.

Равоншиносон  баъд аз як ҳафтаи кор бо кӯдакони аз майдонҳои ҷанг ба ватан баргардонидашуда ба ин хулоса омадаанд, ки онҳо  ба зиндагӣ дар муҳити бидуни тарсу таҳдид ва хушунату зуроварӣ одат мекунанд. Маҳмадулло Давлатова равоншиноси тоҷик, ки бо ин гуруҳи кӯдакон кор мекунад,  гуфт аксари ин кӯдакон ки дар муҳити пур аз даҳшату ҷанг зиндагӣ кардаанд зарбаи равонӣ дидаанд ва намешавад дар як муддати кутоҳ онро аз ин ҳолат берун овард.

Натиҷаи суҳбати ӯ бо ин гуруҳи кудакон нишон додааст, ки ҳар яки онҳо  шоҳиди куштору бомбафканиҳо шуда ва ин ҳама то ҳануз дар хотираи онҳо боқӣ мондааст. Бархе ҳам ба гуфтаи ӯ ин ҳама даҳшатро ҳатто дар хоб ҳам мебинанд. 

“Мо бештар бо кудакони аз 6 сола боло кор кардем, ки ҳудудан 50 нафар буданд. Ҳамаи онҳо зарбаи равонӣ дидаанд. Сухан дар бораи ин меравад, ки ҳамаи онҳо дар маҳбасҳо нигоҳдошта мешуданд ва онҷо шиканҷаи равониву ҷисмонӣ дидаанд. Ин гуруҳи кудакон воқеан дар муҳите тарбия ёфтаанд, ки хеле фишоровар буд, вале мешавад онҳоро ба муҳити созгор фаро гирифт. Шуури онҳоро тағийр дод, то онҳо нафари барои ҷомеа зарурӣ бошанд”.

Дар робита ба ҳолати кӯдакон баъди дур шудан аз назди модаронашон равоншиноси тоҷик мегуяд дар шароити феълӣ ин барои тарбияи кӯдакон беҳтар аст. Вай гуфт: “агар онҷо мемонданд зери  таъсири тарбияи манфӣ қарор доштанд. Беҳтар аст инҷо бошанд ва ба муҳит наву арзишҳо нав одат кунанд”.

Ин равоншинос бовар дорад, ки бо кумаки мутахассисон дар дарозмуддат ин кудакон ҳатман метавонанд даҳшати ҷангро фаромуш кунанд. Ба нақли равоншинос бархе аз ин кудакон забони тоҷикиро намедонанд ва барои кор бо ин кудакон тарҷумонҳои забони арабӣ ва узбек ҷалб шудаанд.

Хурдтарин кӯдаки баргашта 1-сола ва бузургтарини онҳо 18 сол доранд. Ба иттилои мақомоти беҳдоштӣ, нисфи зиёди баргаштаҳо ё 44 кӯдак то чорсола мебошад. Муовини варзири тандурусти ва ҳифзи иҷтмоӣ мегуяд  ҳодисаи ба ватан оварда шудани кудакон онҳоеро, ки орзуи модар  шуданро доштанд бетараф нагузошт.

Ӯ мегуяд дар як ҳафтаи охир муроҷиати занони бефарзанд бо нияти ба тарбия гирифтани яке аз ин ятимон зиёд шудаст  то яке аз ин кудаконро барои фарзандхонӣ бо худ бигиранд.

Модарони аксари ин кӯдакон, ки 43 нафар мебошанд, дар зиндонҳои Бағдод ба ҳукумҳои тӯлонӣ ва ҳабси абад маҳкум шудаанд. Бар асоси як барномаи муштараки ҳукуматҳои Тоҷикистону Ироқ ва созмони UNICEF, фарзандони ҷангҷӯёни ДИИШ бар асоси иҷозаи модарони зиндониашон ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Мақомот мегӯянд, 11 кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқ мондаанд. Қаблан сафири Тоҷикистон дар Кувайту Ироқ гуфта буд, ки модарони онҳо барои интиқоли кӯдакон ба кишвар ризоят надодаанд. Мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегуянд дар пайи имзои созишнома оид ба истирдоди маҳбусон имкони ба Точикистон овардани модарон ҳам даст медиҳад.

Маҳмадулло Давлатов равоншиноси тоҷик мегӯяд, тадбирҳои пешгирифтаи ҳукумат барои барқарорсозии кӯдакон кофӣ нест. Акс аз CABAR.asia

Махмадулло Давлатов: Тадбирҳои пешгирифтаи ҳукумат барои барқарорсозии кӯдакон кофӣ нест

Маҳмадулло Давлатов равоншиноси тоҷик мегӯяд, тадбирҳои пешгирифтаи ҳукумат барои барқарорсозии кӯдакон кофӣ нест. Ба бовари ин равоншинос бояд ҳукумати барномаҳои маърифатӣ, дунявӣ, таълиму тарбияи муосир ва арзишҳои навро дар онҳо ташаккул диҳад.

«Ин корҳо бояд роҳандозӣ шавад. Ба ҳар ҳол ин оғози кор аст, ки ҳоло танҳо онҳоро ба Ватан оварданд. Вақте ин кӯдаконро тақсим мекунад, онро бо барномаҳои давомдор бояд фаро гирифт. Дар ин ҳолат метавонад ин ҳама натиҷаи мусбат диҳад. Гап дар он аст, ки мо бояд ин ҷомеаро тарбия кунем ва бо арзишҳои нав кор кунем».

Ҷомеашиносон мегӯянд барои он ки ин кӯдакон дар оянда бо хушунатҳои равониву ҷисмонӣ аз ҷониби ҳамсолон, омузгорон ва мансабдорон рубару нашаванд, беҳтар аз онҳоро дар шароити хонавода  фаро гирифт. Зумрад Бобишоева ҷомеашиноси тоҷик ки таҷрибаи кор бо кӯдакони ятимро дорад, дар суҳбат гуфт, ки набояд ин гуруҳи кудакон барои амали анҷомдодаи падару модаронашон таҳқир шаванд, зеро онҳо гуноҳ надоранд.

«Дар зиндагӣ бисёр нафароне, ҳастанд, ки аз бефарзандӣ азият мекашанд ва бигзор ин кӯдакон бо назардошт ишароити иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо ба ҳайси фарзанд дода шавад. Ҳарчанд бузург шудани онҳо дар мактабҳои махсус ва зери назорати давлат сурат мегирад, аммо пайдо мешаванд нафарони камандеша ки онҳоро бо ҳар баҳона таънаву маломат мекунанд. Ҳарчанд кӯдак ҳеҷ гоҳ намехоҳад ин гуна ҳарфҳои беҷоро бишнавад».

Аз ҷониби дигар, хонум Бобишоева зарурати банди махсусе дар қонун асосии кишвар таъкид мекунад, ки ҳукумат ва ҷомеа метавонад ин мушкилро ҳал кунад.

«Агар дар қонунгузорӣ як моддае бошад. Ва ин модда дар нисбати онҳое ки ин гуруҳи кӯдаконро барои сарнавишти талхашон ки марбути онҳо нест  таҳқир ё азият мешаванд татбиқ кунад.  Ҳамин тавр бояд дар низомномаи мактаб-интернатҳо ҳам банди махсус таъкид шавад, ки ҳеҷ кас дар бораи сарнавишти ин гуруҳи кӯдакон бо хабар набошад ва танҳо бигуянд, ки ба хотири фавти падару модар аз ноҳияи дигаре ба инҷо оварда шудаанд», – мегуяд Бобишоева.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст. 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: