Тоҷикистон бар асари афзоиши суръати қарзҳояш аз Чин ба ҳаштгонаи кишварҳои нисбатан осебпазир ворид шудааст, изҳор дошт коршиноси амрикоӣ. Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки раванди мазкур ба амнияти кишвар ва ҳатто тамомияти арзии он таҳдидзо аст.
Дар дафтари Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон 4 ноябр баррасии пажуҳиши «Дипломатияи қарзӣ: истифодаи муассири стратегии Чин аз таъсири иқтисодии худ ва пайомадҳо барои сиёсати хориҷии ИМА» («Debtbook Diplomacy: China’s Strategic Leveraging of its Newfound Economic Influence and the Consequences for U.S. Foreign Policy»)-и пажуҳишгарони амрикоӣ – Сэм Паркер (Sam Parker) ва Габриэл Чефитс (Gabrielle Chefitz) сурат гирифт. Иштирокдорони ин мулоқот инчунин бо пажуҳиши CABAR.asia – Мактаби чиншиносӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо шинос гардиданд.
Сэм Паркер, магистри идораи давлатии Мактаби Гарвард ба номи Кеннеди ба коршиносони тоҷик консепсияи «дипломатияи қарзии Чин»-ро муаррифӣ кард. Ба иддаои Паркер дипломатияи қарзии Чин – усули истифодаи Хитой аз қарздории кишварҳо барои ба даст овардани ҳадафҳои стратегӣ мебошад.
Истифодаи ин усул се марҳиларо дар бар мегирад:
- марҳилаи сармоягузорӣ, вақте Чин бо шароитҳои муфид барои кишварҳои тавсеаёбанда, махсусан дар доираи барномаи «Як камарбанд, як роҳ» маблағҳои худро пешниҳод мекунад;
- марҳилаи рушди инфрасохтор, ки дар доираи он ширкатҳои чинӣ сохтмони иншоотҳои бузург, вале талофинашавандаи инфрасохториро бар душ мегиранд;
- марҳилаи талаби баргардонидани қарзҳо.
Бештари маврид кишварҳои қарздор бо сабабҳои зиёде, монанди коррупсия, рушд наёфтани иқтисод ва ғ. ба таври кофӣ аз тарҳҳои нави чинӣ фоида намегиранд ва дар баргардонидани қарз кутоҳ меоянд.
Ҳукумати Чин аз чунин кишварҳо баргардонидани қарзҳоро ба сурати омехта талаб мекунад. Барои мисол, бар иваз Пекин иҷозатномаи коркарди ин ё он кон, бастани созишномаҳои муфиди сиёсӣ ва ё дастгирии ошкорои сиёсати чӣ дохилӣ ва чӣ берунии Чин дар сатҳи байналмилалиро талаб мекунад.
Паркер бо тамаркуз ба вазъи афзоиши таъсири иқтисодии Чин ба минтақаи Осиёи Марказӣ, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи афзоиши қарзҳояшон аз Хитой дар феҳрасти 8 кишвари нисбатан осебпазир қарор доранд.
Коршиносони тоҷик ба Паркер аз динамикаи афзоиши таъсири Чин ба Тоҷикистон гуфтанд. Онҳо нигаронии худро вобаста ба таҳдидҳое, ки ба андешаи онҳо тақвияти таъсири Чин ба Тоҷикистон мерасонад, иброз доштанд.
Аз ин миён таҳдиди тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳдиди ҳувияти тоҷикӣ, таҳдидҳо ба иқтисоди кишвар ва таҳдидҳо ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон махсус таъкид шуд.
Ҳамоҳангсози барномаҳои Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон Дмитрий Завялов гуфт, арзёбии фаъолияти Чин дар минтақа ҳамеша бояд ба натоиҷи пажуҳишҳои бунёдӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Осиёи марказӣ кофӣ нестанд, асоснок шаванд.
Завялов ба муҳимияти пажуҳиши CABAR.asia – «Мактаби чиншиносӣ дар Осиёи Марказӣ» дар хусуси он ки потенсиали мактабҳои чиншиносии Осиёи Марказӣ ба дастгирии мунтазам ниёз доранд ва бояд аз ҳар ҷиҳат таҳким ёбанд, таъкид намуд. Иштирокдорони мулоқот зарурияти минбаъд низ роҳандозӣ намудани чунин мубоҳисаҳоро таъкид доштанд. Пажуҳиши «Дипломатияи қарзӣ: истифодаи муассири стратегии Чин аз таъсири иқтисодии худ ва пайомадҳо барои сиёсати хориҷии ИМА»-ро инҷо пайдо мекунед: https://www.belfercenter.org/sites/default/files/files/publication/Debtbook%20Diplomacy%20PDF.pdfПажуҳиши «Мактаби чиншиносӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо» инҷост: https://cabar.asia/wp-content/uploads/2019/10/07-10-2019_China_paper_10_MB.pdf