© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Чаро мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон ба миён омадааст?

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави он то 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, наздики 50 фоизи аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надорад. Аз маҷмӯи захираҳои оби дар ҳудудаш ташаккулёбанда имрӯзҳо танҳо 17-20 фоизи онро мавриди истифода қарор медиҳаду халос.


 Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Тоҷикистон дар чор ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ саҳми бевосита дорад. Акс аз donishkhona.tj

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон дар чор ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ оид ба об: Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 саҳми бевосита дорад.

Номгӯи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла 15 барнома, стратегия ва нақшаи амал оид ба таъмини аҳолӣ бо обро дар давраҳои гуногун таҳия ва мавриди амал қарор додаст, ки як қисми онҳо имрӯз низ дар раванди иҷроиш қарор доранд.

Новобаста аз кӯшишҳои анҷомдодашуда, дастрасӣ бо оби нӯшокӣ, ки камтар аз 5%-и ҳаҷми умумии оби барои тамоми ниёзҳои кишвар истифодашавандаро ташкил медиҳад[i], дар кишвар яке аз мушкилоти асосӣ мебошад. Сарфи назар аз дастовардҳои назарраси даҳсолаи охир, дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари таъминот бо об, иҷрои вазифаҳо ва нақшаҳои давлатӣ хеле ақиб мондааст.

Вазъи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ

Дар айни замон танҳо 51,4% аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла 86,9% аҳолии шаҳрҳо, 61,5% аҳолии шаҳракҳо ва 43,4% аҳолии деҳот, бо оби ошомиданӣ ва шароити хуби санитарӣ таъмин мебошанд. 49,6% фоизи аҳолӣ ё ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд, ё оби истифодашаванда аз лиҳози санитарию гигиенӣ бехатар нест.

Дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо танҳо 68% инфрасохти оби ошомиданӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, 7%-и он қисман кор мекунад ва 25% умуман дар ҳолати корӣ нестанд. Дар деҳот бошад, танҳо 40% инфрасохтори мавҷуда дар ҳолати корӣ қарор дошта, 44% қисман кор мекунад ва 16% умуман дар ҳолати корӣ нестанд[ii].

Аҳолӣ оби нӯшокиро аз куҷо ва чӣ тавр дастрас мекунад?

Вазъи дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар деҳот ва шаҳракҳои Тоҷикистон нисбатан душвор мебошад. Шумораи аҳолии деҳот, ки бо системаи обтаъминкунӣ фаро гирифта нашудаанд, дар муқоиса ба шаҳр ду маротиба зиёд аст.

Дар мисоли минтақаҳои Тоҷикистон ин ҳолат бештар дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Н. Хусрав, Восеъ, А. Ҷомӣ, Шаҳритус ва Вахши вилояти Хатлон, шаҳрҳои Конибодом ва Панҷакенти вилояти Суғд нисбатан нигаронкунанда мебошад. Аҳолӣ барои эҳтиёҷоти хонаводагӣ оби нӯшокиро аз манбаъҳои рӯизаминӣ, ки аслан барои нӯшокӣ пешбинӣ нашудаанд, истифода мебаранд. Чунин ҳолат хавфи ба бемориҳои гуногун, аз он ҷумла, тиф, диарея, холера, дизентерия гирифтор шудани аҳолиро зиёд мекунад.

Аксари аҳолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ низ ҳолати ноҳияҳои болозикрро соҳиб мебошанд. Масалан, тибқи андешаҳои раиси ВМКБ Ёдгор Файзов танҳо дар шаҳри Хоруғ нисфи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дастрасӣ надорад[iii].

Аҳолии маҳрум аз оби нӯшокӣ бо роҳу воситаҳои гуногун ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Як қисмашон обро харидорӣ мекунанд. Одатан дар минтақаҳои беоб мошини обкаш ҳар рӯз ба мардум об мекашонад. Як мошини об вобаста ба ҳаҷм ва масофаи роҳ метавонад аз 80 то 150 сомонӣ (тахминан аз 8 то 15 доллари ИМА) нарх дошта бошад.

Аҳолӣ обро бо даст ва ё бо воситаҳои дигар: ароба, асп, хар, аз масофаҳои дур мекашонанд. Акс аз CABAR.asia

Қисмати дигари аҳолӣ обро бо даст ва ё бо воситаҳои дигар: ароба, асп, хар, аз масофаҳои дур мекашонанд. Тақрибан дар аксари минтақаҳои кишвар ҳолати мазкур ба мушоҳида мерасад.

Дар шаҳрҳо низ дастрасӣ бо оби нӯшокӣ пурра таъмин нест. Масалан, дар шаҳри Душанбе алакай баъд аз соати 11-и шаб дар бештари биноҳои баландошёна аз 7 –ум этаж боло об қатъ мегардад. Дар хобгоҳҳо ду маротиба дар як рӯз ба миқдори ду–се соат об дастрас мебошад.

Дар умум, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тоза яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аст. Он ба коҳиши сатҳи фавти одамон, беҳбуди вазъи саломатӣ ва мубориза бо бемориҳои мухталиф мусоидат мекунад.

Кадом омилҳо монеаи асосӣ мебошанд?

Дар шароити Тоҷикистон чанд омилҳои мавҷуданд, ки сабаби мушкилот дар самти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мебошанд ва ба вазъи мавҷуда бевосита ва ё бавосита таъсир мерасонанд:

  1. Зиёдшавии босуръати аҳолӣ. Афзоиши демографӣ яке аз омилҳои ҷиддӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо об мебошад. Тоҷикистон аз рӯйи меъёри умуми таваллуд дар миқёси ИДМ дар ҷойи аввал қарор дорад[iv]. Аҳолӣ ҳар сол аз 2 то 3% зиёд мешавад[v]. Зиёдшавии аҳолӣ ба таври табиӣ талаботро ба оби нӯшокӣ зиёд мегардонад ва дар оянда низ метавонад рафъи мушкилоти соҳаро ба дарозо кашад. Агар соли 1991 ба ҳар як нафари аҳолии Тоҷикистон 11963 м3 захираҳои табиии об рост меомад, пас соли 2015 ин нишондиҳандаҳо мувофиқан то 7711 м3 расидаанд. Зиёдшавии аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об андешидани тадбирҳои фавриро ҷиҳати танзими дуруст ва тақсимоти одилонаи захираҳои об, идораи талабот ба об, истифодаи самараноки об, ба истеҳсолот ворид кардани технологияи каммасрафи об ва чораҳои дигарро талаб мекунад.
  2. Офатҳои табиӣ ва урбанизатсия. Ҳар сол бар асари селу тарма ва обхезӣ чандин деҳаҳо ва маҳалли аҳолинишин вайрон мегардад ва ин омил боиси хароб шудани хати интиқоли оби нӯшокӣ, аз як ҷой ба ҷойи нав кӯч бастани аҳолӣ, бавуҷуд омадани нуқатаҳои нави аҳолинишин мешавад. Дар Тоҷикистон вобаста ба шиддати боришот солона аз 40 то 230 селу обхезиҳои хурду калон ба қайд гирифта мешаванд, ки ба ҳисоби миёна ба иқтисодиёти мамлакат аз садҳо ҳазор то даҳҳо миллион доллари ИМА зарар мерасонанд. Танҳо дар соли 2018 дар ҳудуди кишвар 169 ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин 23 ҳолаташ хисороти моддии назаррас ба аҳолӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ оварда расонидааст[vi]. Таъсисёбии нуқтаҳои нави аҳолинишин мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшокиро актуалӣ мегардонад. Зеро бунёди инфрасохтор ва интиқоли оби нӯшокӣ масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо зуд анҷом дода намешавад ва ҳамин тавр, аҳолӣ муддатҳои зиёд ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намекунад.
  3. Ғайрисамаранок истифода шудани об. Норасоии оби нӯшокӣ аксаран бо ҳаҷми зиёди талафоти он, корношоям шудани хатҳои интиқоли об ва таҷҳизот, истифодаи ғайриоқилонаи обҳои нӯшокӣ барои мақсадҳои хоҷагидорӣ алоқаманд мебошад. Иншоот ва шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар, бинобар сабаби солҳои тӯлонӣ истифода шуданашон, аз ҷиҳати техникӣ фарсуда гардидаанд, талафоти оби нӯшокӣ дар шабакаҳо бениҳоят зиёд аст. Тибқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» талафоти об дар системаҳои таъминоти шаҳрҳои калон зиёда аз 60%, шаҳрҳои миёна ва шаҳракҳо зиёда аз 20%-ро ташкил менамояд. Яъне нисфи обҳои нӯшокӣ бо сабабҳои муайян талаф мешаванд.
Дар давоми сол миллионҳо метри мукааб оби нӯшокӣ талаф мешавад. Акс аз rinnipool.ru

Бештари системаҳои обтаъминкунӣ дар солҳои 1960-1980 сохта шудаанд ва муддати 30-50 сол фаъолият доранд. Кӯҳнаву корношоямӣ ва фаъолияти нокифоягии онҳо натиҷаи костагии фаъолияти системаҳои обтаъминкунӣ шудааст. Ин ҳолат раванди таъмини аҳолиро бо об коҳиш медиҳад, хатари ҳамроҳшавии обҳои канализатсиониро дар системаи обтаъминкунӣ афзоиш дода, сабаби пайдоиши эпидемия хоҳад гардид.

Дар давоми сол миллионҳо метри мукааб оби нӯшокӣ талаф мешавад ва аз рӯйи ҳисоби миёна маблағи солонаи он 3-4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Вазъи нохуби инфрасохтори обтаъминкунӣ яке аз асосҳои суст инкишоф ёфтани таъмини об дар кишвар мебошад.

  1. Набудани имкониятҳои молиявӣ. Набудани сарчашмаҳои молиявӣ яке аз омилҳои асосии мушкилоти соҳа мебошанд. Давлат бо маблағгузориҳои бюҷетӣ имкони ҳалли пурраи масъаларо надорад. Тарифҳои хизматрасонии коммуналӣ ва фондҳои ҷудошудаи буҷетӣ на танҳо таҷҳизоти техникӣ ва рушди соҳаро таъмин намекунанд, балки барои нигоҳдории объектҳои мавҷуда кофӣ нестанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар баробари захираҳои дохилӣ – маблағи созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо ва сармоягузорони хориҷиро низ ҷалб менамояд.

Дар маҷмӯъ иҷрои барномаҳои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар кишвар аз чор сарчашма: маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, сармоягузорон ва маблағҳои худии корхонаҳо анҷом дода мешавад.

Кадом чораҳо андешида шуданд?

Айни замон барои бартараф намудани мушкилоти дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар нақшаҳои амал, чунин барномаҳои соҳавӣ татбиқ шуда истодаанд: Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020; Барномаи рушди бахши об барои солҳои 2010-2025; Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025.

Тибқи Барномаи рушди бахши об барои солҳои 2010-2025[vii] то соли 2025 таъмини аҳоли бо оби нӯшокӣ кишвар бояд то ба 96,53% анҷом дода шавад. Аз он ҷумла, дар барнома пешбинӣ мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши демографӣ, дар ин давра 96% аҳолии деҳот ва 98% аҳолии шаҳр бояд бо оби нӯшокӣ таъмин карда шаванд. Барои амалишавии ин барнома ҳудуди 3 324 843,7 сомонӣ (тахминан 352 ҳазор доллар) дар назар дошта шудааст. Бояд зикр намуд, ки аз ин маблағҳо 2327391 ҳазор сомонӣ, яъне 70 фоизро сармоягузориҳои хориҷӣ ташкил менамояд.

Бо вуҷуди ин, баъзе пешбиниҳои барнома алакай шубҳаро ба вуҷуд меоранд. Зеро дар барнома зикр мешавад, ки соли 2025 аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн. хоҳад расид. Ин дар ҳолест, ки алакай моҳи майи соли 2018 аҳолӣ ба 9 млн. нафар расид. Таҳлилҳои охири мутахассисон нишон медиҳанд, ки дар соли 2020 аҳолии кишвар ба 10,65 баробар хоҳад шуд[viii] ва бо суръати 2-3 % (яъне 180-270 ҳаз. нафар) афзоиши демографӣ, соли 2025 аҳолӣ ба 12 млн. баробар хоҳад шуд. Таҳлили начандон дақиқи афзоиши аҳолӣ, дар дурнамои миёнамуддат албатта ба ояндабини вазъи оби нӯшокӣ низ таъсири ҷиддии худро мерасонад.

Дар баробари об, ҳамзамон масъалаи инфрасохтор низ хеле муҳим мебошанд. Инфрасохтори ирригатсионию заҳбурӣ ва системаи обтаъминкунӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва суботи иҷтимоӣ дар кишвар яке аз муҳимтаринҳо мебошад. Аз сабаби сатҳи баланди фарсудашавӣ, таъмиру тармими системаҳои обёрӣ ва заҳкаш, рафъи мушкилӣ имрӯз тақрибан 1,5 миллиард доллари ИМА-ро талаб мекунад[ix]. Имкониятҳои иқтисодии кишвар бошанд, дар ҳоли ҳозир чунин маблағҳоро барои ноил шудан ба ин ҳадаф соҳиб нест.

Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза барномаҳои миёнамуддат метавонанд ҳамчун мақсад боқӣ монанд, вале иҷроиши онҳо эҳтимол то давраҳои дарозмуддат давом ёбад.

Акс аз CABAR.asia

Таҳлили маблағгузории давлатии солҳои гузашта муайян менамояд, ки ба соҳаҳои идораи захираҳои об, беҳдошти замин ва обёрӣ, таъминоти оби нӯшокӣ дар солҳои 2016-2025 аз ҳисоби буҷети мутамаркази ҷумҳуриявӣ фақат дар ҳайати буҷетҳои солонаи вазорату идораҳои дахлдор ба соҳаи об зиёда аз 200 млн. сомонӣ (тахминан 20 млн. доллар) маблағузорӣ карда хоҳад шуд. Инчунин дар давраи солҳои 2016-2025 ба соҳаи об аз ҷониби шарикони рушд маблағгузории зиёда аз 1,60 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳоло дар кишвар бо дастгирӣ ва маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Ҳукумати Ҷопон, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ҳукумати Шветсария 7 лоиҳа дар бахши таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ амалӣ шуда истодаанд[x]. Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон», Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷанубии Тоҷикистон, марҳилаи 2», Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон, марҳилаи 2», Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе (марҳилаи 2), Лоиҳаи «Беҳтар намудани системаи таъминоти оби нушокӣ ва рафъи партовоби шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Айни замон бахши бузурги ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ карда мешавад. Шарикони асосии рушди Тоҷикистонро ташкилотҳои зайл намояндагӣ менамоянд, аз ҷумла: Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ), Бонки осиёгии рушд (БОР), Ташкилоти рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC), Агентии ҳамкории байналмилалии Япония(JICA), Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAlD), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Иттиҳоди Аврупо (EU), Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд (DCC), Барномаи рушди СММ (UNDP), ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғ.

Ҷалби созмонҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ баҳри ҳалли мушкилоти дастрасӣ бо об ҳанӯз анҷоми кор нест. Бояд самара ва сифатнокии корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд. Баъзан ташкилоти ғайридавлатӣ бо мақсади рафъи мушкилоти дастрасии аҳолии маҳал ба оби нӯшокӣ грантҳоро аз худ намуда, кӯшиш менамоянд, ки бо харҷи кам корҳоро анҷом дода, маблағҳоро аз они худ созанд. Дар натиҷа, баъди 2-3 сол аз сабаби бесифатии корҳо ва корношоям шудани хатҳои обгузар, дастрасии аҳолӣ бо об қатъ мегардад.

Вобаста ба ин, барқарор сохтани хатҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва дастрасӣ бо об бояд ба ҷуз аз талошҳо ва сармоягузориҳои давлатию берунӣ, ҳамзамон механизмҳои мусоиди иқтисодии ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шаванд. Ҳамзамон, дар асоси таҳлилҳои мушаххаси вазъи дастрасӣ ба обӣ нӯшокӣ, имкониятҳои маблағгузорӣ, инчунин рушди демографӣ таҳия намудани барномаҳои нав муҳим мебошад.

Акс аз rutraveller.ru

Дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028». Президент Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки айни замон таҳияи Барномаи нав оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза барои давраи то соли 2030 идома дорад[xi].

Ҳоло мушаххас нест, ки барнома кадом ҳадафҳоро дар пеш мегузорад, вале нуктаи муҳим он мебошад, ки барнома ва стратегияи қаблӣ дар ҳалли мушкилоти соҳа он натиҷаҳое, ки зарур буданд, дода натавонистанд.

Ҳамин тавр, дар баробари омилҳои болозикр, боз маҷмӯи масъалаҳое ҷой доранд, ки ба низоми дастрасии оби нӯшокӣ таъсир мерасонанд. Инҳо пеш аз хама мавҷуд набудани баҳисобгирии сартосарии истифодаи оқилонаи об дар тамоми кишвар; сари вақт пардохт нагардидани маблағ барои истифодаи об аз ҷониби истифодабарандагон; мувофиқат накардан ва паст будани тарифҳои хизматрасонӣ ба арзиши аслии он, паст будани сатҳи дарёҳо ва чашмаҳо аз маҳалли аҳолинишин ва ғ.

 

Чӣ бояд кард?

Вобаста ба вазъи мавҷуда дар соҳаи дастрасӣ оби нӯшокӣ, чанд мулоҳизаҳорро баён намудан мумкин аст, ки мавриди эътибор қарор додани онҳо баманфиат мебошанд:

Якум, таҳия ва татбиқи чораҳои самарабахши баҳисобгирии об, бартараф намудани камшавии об дар шабакаи обтаъминкунӣ, насби ҳисобкунакҳои об барои ҳар як истифодабаранда; сохтмони иншоотҳои обгирӣ (водозабор)-и маҳаллӣ дар деҳот.

Дуюм, таҳия ва татбиқи Барномаи дастгирии давлатии рушди об, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ барои ҷалби сармояҳои хусусӣ ва шароити имтиёзнок барои иттиҳодияҳое, ки хоҳиш ва ё мақсади таъсис додани системаҳои худии обтаъминкуниро доранд.

Сеюм, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва масъулияти онҳо оид ба истифодабарии об, тарғиби рияи талаботҳои санитарию гигиенӣ, аз он ҷумла тариқи шабакаҳои телевизионӣ.

Чорум, барқарорӣ, таҷдид ва тавсеаи шабакаҳои мутамаркази обтаъминкунии шаҳрҳо ва шаҳракҳо дар асоси лоиҳаҳо.

Панҷум, вобаста ба вазъ ва мутобиқат ба шароити бозорӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи соҳа аз он ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об» ва «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он».

Шашум, рафъи мушкилоти вобаста ба масъалаи пасобҳо ё худ обҳои саноатӣ. Дар шароити Тоҷикистон аз сабаби набудани технологияи коркарди дубора, ин обҳо пурра безарар (утилизатсия) карда нашуда, дар бештари мавридҳо қисман тоза ва қисмати дигарашон ба дарёҳо равона карда мешавад, ки хатари калон ба саломатии мардум эҷод ва масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаро бамаротиб мушкил мекунад. Бояд зикр намоям, ки тоза ва такроран истифодабарии об дар саноат ҳам аз ҷиҳати экологӣ ва иқтисодӣ манфиатовар аст. Дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон бо тоза намудани чунин об ва такроран истифодабарии он ҳар сол миллионҳо доллари ИМА даромад ба даст меоранд. Истифодаи ин таҷриба барои иқтисодиёту саноати ҷумҳурии мо низ манфиатовар мебошад.

Ҳамин тавр, аз таҳлили вазъ ва рафти иҷрои нақшаву барномаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки вазъи дастрасӣ бо оби нӯшокӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дорои мушкилоти зиёд мебошад ва ҳалли пурраи он бо чунин суръат дар дурнамои миёнамуддат (5-10 сол) ғайриимкон аст.

Бо вуҷуди ин, бояд пессимист набояд буд. Имкониятҳо кам нестанд. Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор як имтиёзи тақдирсоз барои рафъи мушкилоти соҳа дар Тоҷикистон мебошад.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

[i] Программе реформы водного сектора Республики Таджикистан на 2016 – 2025 годы. от 30 декабря 2015 года №791/

[ii] Ҳамон ҷо

[iii] Ёдгор Файзов: В Хороге 50% населения не имеют доступа к питьевой воде. 13 июня 2019 г.

[iv] Население и социальные индикаторы стран СНГ и отдельных стран мира 2013-2016.М.2017. –С.11-16.

[v] Программа среднесрочного развития Республики Таджикистан на 2016-2020 годы. от 28 декабря 2016 года, №678 /

[vi] Обзор о чрезвычайных ситуациях и гражданской обороне в Республике Таджикистан за 2018 год. Душанбе, 2018.- 84 с.

[vii] Программа развития водного сектора Таджикистaна на 2010-2025 годы. Проект заключительного отчета. Душанбе, декабрь, 2009

[viii] Скрытая опасность: чем быстрые темпы роста населения грозят Таджикистану. 06.04.2017.

[ix] Экспертные данные Камолидинова А.: включая стоимость создания бассейновых станций мелиоративных машин.

[x] Маълумот оид ба лоиҳаҳои амалкунандаи давлатии сармоягузорй. (ба ҳолати 1.07.2018с.)

[xi] Выступление на церемонии открытия Международной конференции высокого уровня по Международному десятилетию действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028 годы». Душанбе. 20.06.2018.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: