© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҷанги Украина ва Руссия барои ҷомеаи тоҷик: «Буғро сар дода, руҳи худро ором мекунанд»

Аллакай ду моҳ мешавад, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар баҳси шадиди ҷанги Руссия ва Украина қарор дорад.


Акс: asiaplustj.info/ru
Акс: asiaplustj.info/ru

Низоъи Руссия ва Украина барои тоҷикистониҳо натанҳҳо оқибатҳои иқтисодӣ, балки идеологӣ дорад. Ҷомеа ба тарафдорони таҷовуз ба Руссия ва мухолифони таҷовуз тақсим шудааст.

Баҳсҳои ошкорро миёни корбарони тоҷик асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки вақтҳои охир дар онҷо ба таври доимӣ табдил ёфтааст. Дар ин баҳсҳо эҳтиром ё таҳаммул вуҷуд надорад ва онҳо аксар вақт бо ҷавобҳои тезу танд анҷом меёбад.

Дар ҳамин ҳол, баҳсҳо дар ҳаёти воқеӣ рух медиҳад – миёни ҳамкорон, ҳамсинфон, ҳатто миёни хешовандон ва дӯстон ба миён меояд, ки баъзан вақт метавонад боиси шикастани муносибатҳо гардад.

Сокини Душанбе Давлаталӣ Одиназода (бо хоҳиши мусоҳиб ном иваз шудааст) ва Муҳаммадюсуф ҳашт сол риштаи дӯстӣ доштанд. маҳз ҳаводиси ба қарибӣ дар Украина дӯстии онҳҳоро вайрон кард. Дар ин ҷанг Давлаталӣ мавқеи Украинаро ҷонибдорӣ мекунад, Муҳаммадюсуф бошад, – амали Русияро.

Дар суҳбат бо CABAR.asia Давлаталӣ гуфт, ки вай чӣ тавр амали Русияро пас аз ҳуҷум ба Украина маҳкум мекунад, ва ҳатто бо нишони ҳамдардӣ парчами Украинаро дар саҳифаи асосии худ дар Facebook гузоштаат.

«Ман ҳукумати Украина ва ҷонибдорони онро ҳимоя намекунам. Ман танҳо ҳамрайъии худро бо халқи Украина, онҳое, ки дар натиҷаи ҳуҷуми Руссия ба ҳалокат расиданд, ва миллионҳо нафар бесарпаноҳ монда, гуреза шуданд,  баён месозам. Дар умум, дар ҷанг бештар одамони оддӣ, зарар мебинанд, маҳз онҳо қурбонии сиёсат мегарданд», –  гуфт Давлаталӣ Одиназодаи 27-сола.

Маҳз ҳамин изҳоротҳо ба дӯсти 28-солаи ӯ, ки ақидаи баръакс дорад, хуш наомадааст, ва боиси сард шудани дӯстии онҳо гардид.

Якуним моҳ мешавад, ки Давлаталӣ ва Муҳаммадюсуф ҳамдигарро надидаанд ва бо ҳам алоқа надоранд.

«Дар аввал кӯшиш кардам, то ба ӯ фаҳмонам, ки нигоҳи мо набояд ба дӯстиамон таъсир расонад. Вале ман медидам, ки вай гӯш намедиҳад. Ман ҳатто борҳо ба ӯ занг задам ва пешниҳод кардам чун ҳарвакта вохӯрем ва суҳбат кунем, аммо вай рад кард. Баъдан ман аз дигар дӯстон фаҳмидам, ки вай вз ман ранҷидааст ва намехоҳад бо ман вохӯрад», — илова кард Одиназода.

Дар қиёс бо Давлаталӣ ва Муҳаммадюсуф, Обид Шоҳиён, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мавқеи бетарафӣ дорад. Ба қавли вай, ҷонибдории ин ё он тараф, ба руҳия  ва нақшаҳои ӯ таъсири манфӣ мерасонад.

«Барои ман масоли миллӣ муҳимтар аз ин масъала аст. агар ман дар бораи Украина бештар фикр кунам, ман ҳатман худро аз мушкилоти имрӯзаи ҷомеаи тоҷик дур хоҳам гирифт. Ҳар як ҳодисаро аз нигоҳи манофеи миллӣ нигоҳ карда,  оқибаташро барои худ таҳлил мекунам», – гуфт Шоҳиён.

Душанбеи расмӣ вобаста ба ин масъала аз ибрози мавқеи худ худдорӣ мекунад. Дар якчанд овоздиҳии Созмони Миллали Муттаҳид дар робита ба ҷанги Руссияву Украина, Тоҷикистон худдорӣ карданро бартарӣ дод. Аммо Душанбе ба қатъномаи мутаваққиф шудани узвияти Руссия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мухолиф баромад.  

Як мансабдори тоҷик дар суҳбат бо рӯзноманигори CABAR.asia блогнависони ҷонибдори Украинаро маҳкум карда, гуфт, Путин ба тоҷикон наздиктар аст. Диққат диҳед, ки фарзандони ӯ солҳои охир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунанд.

Як рӯзноманигори тоҷик бе ифшои номаш ба CABAR.asia гуфт, бо падараш, ки аксар вақт шабакаҳои телевиз0ионии Руссияро тамошо мекунанд, баҳс мекунад. Ҳамзамон дар суҳбатҳои шахсӣ падараш Путин  ва ҷанги саркардаи ӯро маҳкум месозад.

«Аммо дар баробари ин, ӯ тамошои барномаҳои бешумори таблиғотии телевизиони НТВ (шабакаи телевизионии Руссия) –ро идома медиҳад. Бо дархости ман, шомгоҳӣ, ҳангоми хӯроки якҷояи шом аз шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ клипҳои эронӣ тамошо мекунем. Ва он гоҳ ӯ дубора иваз мекунад. Ҳатто аз ӯтоқи дигар гӯш кардани ин сафсата душвор аст, – мегӯяд рӯзноманигор.

Мубоҳиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс дар бораи ҷанг хеле фаъол ва тезу тунд сурат мегирад. Гунаҳгоркунии ҳамдигар аз ҷониби тарафдорони Руссия ва Украина ба назар мерасад.

photo_2022-04-20_13-44-55
photo_2022-04-20_13-45-01
Снимок 2

Ҳамзамон, коршиносон мегӯянд, дар ин баҳсҳо ҷонибҳо аз тамоми усулҳо истифода мебаранд: таҳдид, таҳқир, пастзанӣ ва ҳатто паҳн кардани маълумотҳои фейкӣ.

Рустам Гулов. Акс аз саҳифаи шахсӣ дар Фейсбук
Рустам Гулов. Акс аз саҳифаи шахсӣ дар Фейсбук

Рустам Гулов, муассиси сомонаи Factcheck.tj, мегӯяд, дар ҷараёни баҳсҳо корбарон аз ҳамдигар тамғакоғазҳои гуногун меовезанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, дар баҳсҳо ҷонибҳо ҳамагуна маълумот, аз ҷумла, маълумоти бардуруғро ҳамчун далел истифода мебаранд ва аксар вақт аз ҷониби мардуми оддӣ бардошта мешаванд.

Ба ақидаи Раҷаб Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ва муассиси гуруҳи «Ахбор барои афкор» дар Facebook, шаҳрвандон ба чанд гуруҳ ҷудо шудаанд – онҳое, ки Руссияро ҷонибдорӣ мекунанд ё ин ки Украинаро; онҳое, ки мехоҳанд аз ин ҷанг барои Тоҷикистон нафъи бештар гиранд ва ҷонибдороне, ки бархурди эҳтиёткорона доранд.

Ба қавли вай, баҳсҳо дар мавриди ҷанги Руссия ва Украина дар фарҳанги ҷомеаи тоҷик унсурҳои қавии «мустамликадорӣ»-ро ошкор кардааст. Зеро ҷонибҳо дар бораи авлавияти манофеи Тоҷикистон хеле кам суҳбат  мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Мирзо, ҷонибҳо бештар ба суханҳои бадбинӣ даст мезананд.

Раҷаби Мирзо. Акс аз саҳифаи шахсӣ дар  Фейсбук
Раҷаби Мирзо. Акс аз саҳифаи шахсӣ дар  Фейсбук

«Ҷанг дар ҷомеаи Тоҷикистон мизони баланди рӯ ба Русияро нишон дод, аммо дар муҳлати зуд ин вазъ тағйир меёбад, зеро Руссия ҷанги иттилоотии Ғарбро мебозад»», – мегӯяд Мирзо.

Дар суҳбат бо CABAR.asia ҷомеашиноси тоҷик, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд, вокуниши шадид ба муноқиша ба он аст, ки мардум аз афзоиши мушкилоти дохилии иҷтимоӣ, ки аз гуфтани онҳо ба таври оммавӣ метарсанд, норозианд, ба ин васила «буғро сард дода, руҳро сабук мекунанд».

Ба қавли вай, омили асосии рӯ ба Русия овардан таъсири таблиғоти Русия ба ҷомеаи Тоҷикитон аст. Инчунин тоҷикистониёни оддӣ муътақиданд, ки аз Русия қарздоранд ва то ҳол худро шаҳрванди як давлати ягона ва бе ин ҳам вуҷуд надоштаи Иттиҳоди Шӯравӣ эҳсос мекунанд.

«Қисми бештари воситаҳои ташаккули афкори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон (расонаҳои маъруф ва блогнависон) бештар ҷонибдори ғарбанд. Аз ин рӯ, онҳо (ин расонаҳо ва блогнависон) чанд муддат то андозае мувозинатро нигоҳ дошта, ба таблиғоти ҷонибдори Руссия пурра нашуданд», – мегӯяд ҷомеашинос

Ба қавли вай, сабаби пуштибонии табақаи миёна ва қисме аз зиёиёни тоҷик аз Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки ин афрод тафаккури интиқодӣ доранд ва дарк мекунанд, ки Маскав низ метавонад алайҳи ҳар ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ аз ҳамин хушунат истифода кунад.

«Аммо онҳое, ки мавқеи бетарафиро дар ин баҳсҳо қарор додаанд, бештар ба зиндагии  ва мушкилоти худ машғуланд. Ва маҳз ҳамин гурӯҳи одамон дар ҳама ҳолатҳо бурд мекунанд», – хулоса кард ҷомеашинос.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: