Натиҷаи дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоии се даҳсола нишон дод, ки ҷараёни ташаккули иқтисоди бозаргонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз анҷом наёфтаанд. Дар миёни омилҳо – сифати пасти муассисаҳо ва сармояи инсонӣ, инчунин шароити пасти шурӯшавӣ, ки хеле пеш аз соли 1991 ташаккул ёфта буданд, мебошанд, – мегӯяд иштирокчии Мактаби таҳлилии CABAR.asia Азиз Тимуров.
Акс: CABAR.asia
Дар бораи дастовардҳои оддии иқтисоди Тоҷикистон сухан гуфта, мансабдорон, намояндагони ҷомеаи илмӣ ҳамеша чунин далелҳо меоранд, ки раванди гузариш аз иқтисодиёти нақшавӣ ба бозор ва афзоиши минбаъда бо сабаби ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1997 қатъ гардида буд. Рушди иқтисодии кишвар замоне мутаваққиф щуд, ки ҳамсоякишварҳо дар минтақа баъди истиқлолият иктисодиёти худро рушд доданд. Ин даъво, сарфи назар аз паҳншавӣ ва ҳам аз нигоҳи аввал, далелҳо онқадар равшан нест.
Дар ҳақиқат, таназзули гузариш аз иқтисодиёти нақшавӣ ба бозаргонӣ хеле ногаҳонӣ буд: паст шудани фаъолияти соҳибкор, сатҳи истеҳсолот ва даромад ба ноустувории сиёсӣ, афзудани зўроварӣ ва бад шудани сифати сармояи инсонӣ пайваста буд. Вале муқовимати шаҳрвандӣ сабаби воқеии нишондоди иқтисодиёти паст ва поин рафтани сатҳи зиндагӣ дар давраи пас аз ҷангӣ набуд.
Ҳатто дар сурати набудани муқовимати мусалаҳона, Тоҷикистон наметавонист аз оқибатҳои манфие, ки барои гузаштан ба низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ хос аст, канорагиӣї кунад. Паст шудани истеҳсоли саноат, афзоиши бекорӣ , нарх ва қашшоқӣ бешубҳа мушоҳида мешуд. Ба монанди фарсуда шудани фондҳои асосӣ ва кам будани маблағгузорӣ дар даҳҳаи аввали соҳибистиқлолият.
Ҳатто агар ҷанг ҳам намебуд, бекорӣ ва коҳиш ёфтани даромад ба афзоиши ҳаракати иҷтимоии аҳолӣ мусоидат мекард: оҳиста ба хориҷ рафтани кормандони соҳибихтисос ва муҳоҷирати мехнатии дохилӣ ва хориҷӣ ҷузъи стратегияи молиявии хонаводаҳо мегардид. Танҳо дар он сурат динамикаи равандҳои муҳоҷират аз ҷумҳурӣ муътадил мебуд ва наздик ба солҳои 2000-ум аз ҳисоби афзоиши иқтисодиёти Русия ва талабот ба қувваи кории хориҷӣ дар бозори меҳнати маҳаллӣ меафзуд.
Баҳогузориҳое вуҷуд доранд, ки агар даргириҳои дохилӣ намебуд, коҳиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давраи гузариш дар Тоҷикистон тақрибан ба суръати коҳиши ММД-и Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мувофиқат мекард.
Ҷараёни афзоиши ММД-и Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоби фоиз нисбат ба соли базавӣ (1991). Эъзоҳ : таназзули ибтидоии иқтисодӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии низоми иқтисодӣ ва гузариш ба бозор дар кишварҳои ҳамсоя ба вуҷуд омадааст, дар соли 1995 ба поён расид ва баъдан боло рафт. Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон поин рафтани хати афзоиши ММД идома дошт.[1]
Метавон ин андешаро давом дод ва бо Ҷумҳурии Қирғизистон таҳлил гузаронд. Ин кишвари ҳамсоя аз рӯи ҳаҷм, захираҳо, иқтидори иқтисодӣ ва динамикаи рушд бештар бо Тоҷикистон шабоҳат дорад, ки ҳамзамон дар замони ташаккули иқтисоди бозорӣ таҷрибаи даргириҳои низомӣ надошт. Ҳарду кишвар норасоии энергетикӣ доранд, на аз нафт ва на аз газ бой нестанд.
Диаграмма 2. Ҷараёни афзоиши ММД дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикитон (1986-2020)
Нишондиҳандаҳои иқтисоди Қирғизистон ба ҳисоби миёна дар сӣ соли истиқлолият каме беҳтар ба назар мерасанд, аммо тафовут чандон назаррас нест ва рақамҳо қобили муқоиса ҳастанд. Агар барои демография ислоҳ кунем, 6,6 миллион нафар дар Қирғизистон ва 9,3 миллион нафар дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, пас фарқияти ММД ба ҳар сари аҳолӣ комилан ночиз мешавад.
Диаграмма 3. ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доллари ИМА (1990-2020)
Мисоли Қирғизистон нишон медиҳад, ки агар Тоҷикистон метавонист аз ҷанги шаҳрвандӣ канорагирӣ кунад, он вақт иқтисодиёти он низ чунин динамикаи рушди иқтисодӣ дошт. Танҳо дар ин сурат хатти таназзули дигаргунсозӣ ҳамвортар мегардид ва дар ёди коллектив хотира дар бораи осебе, ки баъдтар ба гуфтугӯи сиёсию идеологӣ асос гузошта буд, намемонд.
Яке аз омилҳои дигаргунсозии сусти бозаргонӣ дар иқтисодиёт ва паст будани сатҳи зиндагии шаҳрвандонро бояд дар замони пеш аз ҷанг ҷустуҷӯ кард; ба шароити ибтидоӣ ва иқтидори иқтисодии ҷумҷурии соҳибистиқлол, яъне солҳои охири мавҷудияти Тоҷикистони Шӯравӣ нигаред.
Дар бораи ибтидои мавқеъҳои иқтисодии Тоҷикистони соҳибистқлол
Дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри 20 дар иқтисодиёти Тоҷикистони Шӯравӣ ва дар дигар ҷумҳуриҳои иттиҳод нишонаҳои буҳронӣ пайдо шуданд. Ин ба коҳишёбии суръати рушди иқтисодӣ, сатҳи зиндагӣ ва нишондоди самарабахши истеҳсолоти иҷтимоӣ таъсир гузошт. [2]
Диаграмма 4. Ҷараёни афзоиши суръати миёнаи Тоҷиистони Шӯравӣ дар се панҷсола 1976-1990
Назар ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ дараҷаи некуаҳволии моддии аҳолии Тоҷикистон пастарин буд. Дар соли 1989 ҳаҷми даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ 916,6 рублро ташкил медод ё 33,1% даромади миёнаи ҷумҳурӣ буд. [3] Дар ҳамин ҳол, дар давоми тамоми мавҷудияти ҳукумати Шӯравӣ тамоюли устувори зиёд шудани дараҷаи даромад ва беҳтар шудани дараҷаи зиндагии аҳолии Тоҷикистони Шӯравӣ ба мушоҳида мерасид. Ба ин бевосита афзоиши зиёди табии аҳолӣ шаҳодат медиҳад. Дар соли 1988 он ба 1000 нафар аҳолӣ 35,2 нафарро ташкил дод, ки ин назар ба тамоми Иттифоқи Шӯравӣ қариб 4 баробар зиёд аст. [4]
Зиёда аз чоряки аҳолии Тоҷикистон (26,3%) дар колхоз кор мекард. Ба ҳисоби миёна дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин нишондод қариб ду маротиба камтар (14,9%) буд[5]. Кор дар колхозу совхозҳо бо усули экстенсивии истифодабарии замин асос ёфта, ба категорияи меҳнати беихтисос ва дастӣ мансуб буда, ихтисос ва мутахассисро талаб намекард.
Ба як сокини ба кишоварзӣ машғулбуда дар як рӯз 1,83 рубл рост меомад.[6] Ин нишондиҳандаи сатҳи нисбатан пасти зиндагӣ мебошад. Агарчӣ оморҳои шӯравӣ аз истифодаи калимаҳои «камбағалӣ» ё «бекорӣ» худдорӣ карда бошад ҳам, ин ҳодисаҳои иҷтимоӣ махсусан дар минтақаҳои деҳоти ҷумҳурӣ васеъ паҳн шуданд. Аллакай дар охири солҳои 1980 ҳар як сеюмин сокини қобили меҳнат ҷои кор надошт. Дар баъзе ноҳияҳои алоҳида ҳар дуввумин дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ иштирок намекард. [7] То ҳол мушкилоти изофаи нерӯи корӣ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон ҳалношуда боқӣ мемонад.
Аксарияти кулли коргарони кишоварзӣ танҳо маълумоти мактаби ибтидоӣ доштанд ва ин ҳам барои мардон ва ҳам барои занон дахл дошт.[8] Сатҳи пасти маълумот ҳаракати меҳнатро ба бахшҳои баланди технологӣ ва муздноки иқтисодӣ маҳдуд кард.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистони Шӯравӣ дар байни аҳолии маҳалӣ кадрҳои ихтисоснок намерасанд, дар ҳоле, ки вилоятҳо бо захираҳои меҳнатӣ хеле таъмин буданд. Дар саноат ва сохтмон фақат 21 фоиз аз шумораи умумии аҳолии дар хоҷагии қишлоқ машғули кор буда, кор мекарданд.[9] Агар тартиби этникии коргаронро ба назар гирем, пас тоҷикон қариб нисфи ин категорияро ташкил медиҳанд. Дар Душанбе ҳамагӣ 8 фоизи ҷавонони меҳнаткаш аз деҳот, 19 фоизашон аз дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, асосан аз Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Русия омаданд. [10]Корҳои дар корхонаҳои саноатӣ ташкилшуда асосан аз ҳисоби қувваи корӣ аз дигар минтақаҳо, асосан аз қисми аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ пурра карда мешуд.
Масалан, дар Душанбе – пойтахт ва бузургтарин маркази саноатии кишвар охири соли 1970-ум тамоми ҳиссаи тоҷикон 31,66% -и аҳолии шаҳрро ташкил медод, ки нисфи зиёди онҳо русҳои муқимӣ, украинҳо, тоторҳо, еврейҳо ва намояндагони дигар миллатҳо буданд.[11]
Шуруъ аз миёнаҳои солҳои 1979 хуруҷи аҳолии русзабон аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон оҳиста-оҳиста рух медод, ки дар соли 1992 ба авҷи худ расида буд. Дар охири Ҳокимияти Шӯравӣ ба шаҳрҳо рафтани ҷавонони деҳот, инчунини насли нави ҷавонон, коргарону мутахассисони соҳибмаълумот ва кордонро аз ҳисоби аҳолии бумӣ ба бозори меҳнат овард. Аммо ин насл натавонист норасоии кадрҳоро, ки дар солҳои 90-ум ташаккул ёфта буд, ҷуброн кунад.
Дар солҳои 2000-ум ҷараёни барқарорсозии иқтисодиёт оғоз гардид; ислоҳоти фаъоли бозори иқтисодӣ ба амал бароварда мешуд. Ҷомеаи тоҷик ва насли нави пешвоёни сиёсӣ, ки бештари онҳо дар замони Шӯравӣ иҷтимоӣ шуда буданд, бо тағйироте, ки дар бораи онҳо тасаввуроти норавшан доштанд, рӯ ба рӯ шуданд. Маълум буд, ки баргаштан ба намунаи пештараи нақшавии идоракунии иқтисодиёт имконнопазир аст. Аммо анъанаи дахолати фаъолонаи шӯравӣ ва падаронаи давлатӣ ба сиёсати иқтисодӣ ва сотсиалӣ давом дошт. Кайфияти вобаста , ки дар шуури ҷамъиятӣ ҳукмфармо буданд, талабот ба адолати иҷтимоӣ вазъияти навро аз поён пурзӯр намуданд.
Дар гузашта набудани анъанаҳои муносибатҳои капиталистӣ (бозаргонӣ), баъзан дар қисми зиёди ҳудуди Тоҷикистон ба тартиб андохтан ва аз нав тақсим кардани захираҳо ва неъматҳо, инчунин назорат аз болои дастрасии онҳо роҳҳои тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистонро муайян кард. Муҳаррики иқтисодиёт худи давлат шуд. На соҳаи хусусӣ ва на ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Боби 3. Тағайроти дурудароз ба сӯи иқтисоди бозаргонӣ
Суръати сусти ислоҳоти бозор ва сифати ниҳодҳо як сабаби дигари паст будани некуаҳволии шаҳрвандон дар Тоҷикиситони пасошӯравӣ мебошад.
Аз оғози солҳои 2000-ум муносибатҳои иқтисодии хориљӣ шиддат гирифт, сомонӣ ба муомилот ворид шуд, хусусигардонии моликияти давлатӣ сураъат гирифт. Аммо сарватҳои калони давлатӣ фурӯхта нашуданд. бо истифода аз афзалиятҳои ҳукумат, дороиҳои давлатӣ бесамар буда, захираҳои маҳдудро аз худ мекунанд. Қарзи умумии онҳо то авали соли 2021 қариб ба 8,5 миллиард доллар афзудааст, ки ин нисбат ба ММД дар соли 2020 500 миллион доллар бештар аст. Дар маҷмуъ, иқтисод суръати хуби рушдро нишон дод, ки аз таъсири оғози паст ба вуҷуд омадааст: дар мамлакат суст шудани дараҷаи некуаҳволӣ ва паст шудани камбизоатӣ сар шуд.
Дар давраи солҳои 2000-2010 ҳисаи саноат ва хоҷагии қишлоқ кам шуда, соҳаи сохтмон, инчунин соҳаи хизматрасонӣ, алоқа, нақлиёт ва хӯроки умумӣ меафзояд. Дар соли 2013 истеҳсолоти саноатӣ ба сатҳи базавӣ, соли 1991 мерасад. Ба таври расмӣ аз ҳамин давра бозсозии иқтисодиёт ба охир расид – марҳилаи барқароршавӣ оғоз ёфт.
Диаграмма 5. Нархи маҳсулоти саноатӣ бо млн. сомонӣ дар соли 2020
Дар саноат коркарди маҳсулоти кишоварзӣ: саноати сабук ва хӯрокворӣ бартарӣ дошта, дар онҳо асосан молҳои истеъмолии мардум ва унсурҳои фонди муомилотӣ истеҳсол карда мешаванд.[12] Дар соҳаи саноати истихроҷӣ бошад, ғайр аз қувваи барқ, он асосан аз ҳисоби истеҳсоли консентратҳо барои металлургияи ранга истифода мешавад.
Аз нуқтаи назари сарчашмаҳо, афзоиши иқтисодиёти Тоҷкистон аз дигар ҳамсояҳо фарқ мекард. Барои Чин ва дигар кишварҳои рӯ ба тараққиёти дар Осиё содирот муҳаррики асосии рушд буд.
Муҳаррики рушди иқтисоди Тоҷикистон содироти нерӯи корӣ буд. Сарчашмаҳои дигар барномаҳои дастгирии муассисаҳои рушд ва қарзҳо буданд. Сармоягузории мустақими хориҷӣ ночиз аст. Дар иқтисод сармоягузории ҳукумати Чин ё сармояи ширкатҳои вобаста ба ҳукумати Чин бартарӣ дорад. Тақрибан нисфи сармоягузориҳо ба бахши энергетика рост омаданд: нисфи дигараш ба таъмири инфраструктура, коронаҳои саноатӣ ва алоқа, комплексҳои меҳмонхонаю хонаҳои истиқоматӣ равона карда шуд.
Сиёсати ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти энергетикӣ ва ба як маркази транзитӣ табдил додани он давлатро ба омили асосии рушди иқтисодӣ табдил медиҳад. Модели рушди «аз боло ба поён» захираҳои ҷомеаро, ки аз ҷониби бахши хусусӣ тавлид мешаванд, ҷалб мекунад. Тавассути аз нав тақсимкунии маблағҳо, ҳукумат онҳоро аз ҷумла, барои маблағгузории лоиҳаҳои бузург ва гаронбаҳои инфрасохторӣ бо мақсади роҳандозии индустрикунонии нав равона мекунад.
Чунин модел муносибати истеъмолкунандаро ба тиҷорат, синфи соҳибон ҳамчун донор ташаккул медиҳад. Тааҷҷубовар нест, ки бист сол пас сифати муҳити инститсионалӣ паст боқӣ мемонад – ҳеҷ гуна ангеза барои эҷоди қоидаҳои возеҳи бозӣ вуҷуд надорад. Бо дастӣ идораи иқтисодиёт ба онҳо лозим нест, зеро қоидаҳо чунин сиёсати иқтисодиро аз чандир ва манёврӣ маҳдуд мекунанд, Аз ин рӯ, ҳифзи ҳуқуқи моликият, додгоҳҳои мустақил, рафъи монеаҳои маъмурӣ ва мубориза бо коррупсия – тадбирҳое, ки фазои сармоягузорӣ ва соҳибкориро беҳтар мекунанд, аксаран хусусияти декларативӣ доранд.
Ба ғайр аз иниститутҳои заиф худи бозор дар давраи дигаргунсозӣ ва азнавташкилёбӣ ҳанӯз ба дараҷаи иқтисоди бозаргонӣ пухта нарасидааст. Иқтисодиёти бозаргонӣ (капиталистӣ) аз агентҳо (ширкатҳо, бонкҳо, кормандон) иборат аст, ҳавасмандии қавӣ доранд ва тибқи қоидаҳои муқарраршуда дар рақобат иштирок мекунанд. Ин шартҳо ба қадри кофӣ иҷро намешаванд.
Метавон муддати зиёд баҳс кард, ки чӣ бояд омили афзоиш гардад, ба кадом консепсия ё модели рушд бояд бартарӣ дода шавад. Бигзор ин саноатикунонии босуръат, табдил додани кишвар ба як маркази транзитї ё дониши иқтисодии бар асоси технологияҳои телекомуникатсионӣ ва хизматрасонӣ бошад. Аммо дар ниҳоят, муҳим нест, ки маҳз кадом соҳаҳо пешсаф мешаванд. Танҳо бо нишон додани стратегияҳои пурихтисос рушди иқтисоди бозаргонӣ имконнопазир аст. Барои тоҷирон дараҷаи фазои мусоиди соҳибкорӣ хеле муҳимтар аст. Агар ҳукумат роҳи ислоҳот ва тағйироти бозорро пеш гирад ва дар онҷо муҳити институтсионалӣ инкишоф ёбад, соҳаҳои иқтисодиёт дорои бартариҳои рақобатпазирро худашон муайян мекунанд.
Хулосаҳо
- Ҳарчанд ҷанги шаҳрвандӣ гузаштан аз иқтисоди фармонравоӣ ба иқтисоди бозаргониро душвор карда бошад ҳам, вале онро мушкилоти воқеии суст барқарор шудан ва афзоиши иқтисодиёт ва некуаҳволии давраи баъд аз ҷанг ҳисоб кардан мумкин нест;
- Барномае, ки дар Тоҷикистон бояд ҷанг намешуд, иқтисоди он, ҷараёни рушди он ба иқтисоди Қирғизистон, ки таҷрибаи даргириҳои низомӣ надошт, монанд мешуд;
- Тоҷикистон дар давраи шӯравӣ ҳам нишондиҳандаҳои пастарини самаранокии иқтисодӣ дошт. Дар кишвар бекории пинҳонӣ вуҷуд дошт. Аксарияти аҳолии қишлоқҳои Тоҷикистони Шӯравӣ дар қашшоқӣ зиндагӣ мекарданд;
- Шуруъ аз солҳои 2000 Тоҷикистон фаъолона ба барқароркунии иқтисодиёт оғоз кард ва ислоҳоти бозаргониро ба амал баровард. Сатхи истеҳсолот бо нишондодҳои соли базавӣ (1991) дар соли 2013 муқоиса карда шуд. Аз ин давра марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ба марҳилаи афзоиш табдил меёбад;
- Ҳадафҳои стратегии расидан ба амнияти энергетикӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, инчунин сиёсати саноатикунонии маҷбурӣ ба лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ нисбат ба рушди институтҳо ва меъёрҳое, ки фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишварро беҳтар мекунанд, афзалият доранд.
Тавсияҳо
- Ҳукуматро зарур аст муносибати худро бо як табақаи хурди синфи миёна ва соҳибони тиҷорат ҳамчун ба донор барои лоиҳаҳои худ дигар кунад, зеро бе иштироки фаъолонаи онҳо ҷара ёни дигаргунсозӣ ва технологӣ муваффақиятнок намешаванд.;
- Ҳимояи ҳуқуқи моликият, додгоҳҳои мустақил, рафъи монеаҳои маъмурӣ ва мубориза бо коррупсия барои иқтисод нуқтаҳои нави афзоишро фароҳам мекунанд. Вазифаи давлат аз он иборат аст, ки дар бораи фароҳам овардани шароит барои тараққиёт ғамхорӣ кунад, на кӯшиши хуб ба манбаи афзоиш табдил ёбад.
[1] Раҳимов Р.К., Довгялло Я.П., Шарипов Б.М., Юсуфбеков Ю.Р.,
Таносуби макроиқтисодӣ ва механизмҳои рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Мушкилот ва роҳҳои асосии такмил додан). Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ. Душанбе, Дониш, 2016, саҳ. - 30
[2] Раҳимов Р.К., Довгялло Я.П., Шарипов Б.М., Юсуфбеков Ю.Р.,
Таносуби макроиқтисодӣ ва механизмҳои рушди иқтисоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Мушкилот ва роҳҳои асосии такмил додан). Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ. Душанбе, Дониш, 2016, саҳ. – 18
[3] Бархе нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон барои соли 1989. Кумитаи давлатии омори Тоҷикистони Шӯравӣ (1990). Душанбе.Саҳ. – 3
[4] Хоҷагии халқи Тоҷикистони Шӯравӣ дар соли 1988: Солномаи оморӣ. Кумитаи давлатии омори Тоҷикистони Шӯравӣ (1990). Душанбе: Ирфон. Саҳ. – 23
[5] Хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1982. Солномаи оморӣ (1983). М.: Молия ва омор. Саҳ. – 7
[6] Хоҷагии халқи Тоҷикистони Шӯравӣ дар соли 1988: Солномаи оморӣ. Кумитаи давлатии омори Тоҷикистони Шӯравӣ (1990). Душанбе: Ирфон. Саҳ. – 54
[7] Суръати зуди афзоиши захираҳои меҳнатӣ ва самаранокии истифодаи онҳо (1988) // Тоҷикистон дар комплекси ягонаи хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ. Душанбе: Дониш. С. 111–121
[8]Касымова С.Р., Ҷанбаҳои гендерии муҳоҷират дар Тоҷикистон: чолишҳои замон ва роҳҳои интихоб. Душанбе: «Ирфон» 2020. Саҳ. – 65
[9] Хоҷагии халқи Тоҷикистони Шӯравӣ дар соли 1988: Солномаи оморӣ. Кумитаи давлатии омори Тоҷикистони Шӯравӣ (1990). Душанбе: Ирфон. Саҳ. – 27
[10] Умаров Ҳ., Деҳаи меҳнаткаш: Мушкилот ва роҳи ҳал // Масоили иқтисодӣ. Душанбе. № 4, 1986. Саҳ. 99–108.
[11] Касымова С.Р., Ҷанбаҳои гендерии муҳоҷират дар Тоҷикистон: чолишҳои замон ва роҳҳои интихоб. Душанбе: «Ирфон» 2020. Саҳ. – 38
[12] Рахимов Р.К., Довгялло Я.П., Шарипов Б.М., Юсуфбеков Ю.Р.,
Таносуби макроиқтисодӣ ва механизмҳои рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Мушкилот ва роҳҳои асосии такмил додан). Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ. Душанбе, Дониш, 2016, саҳ. – 135