© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон-Эрон: тамоюлҳои нав дар пасманзари тағйири ҳукумат дар Афғонистон

Баъди ба қудрат расидани Толибон (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон таваҷҷӯҳ ба геополитикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дигар шуд, ки ба таҳкими нақши Эрон дар минтақа сабаб гардид. Ин нуктаро Рустами Суҳроб, номзади илмҳои сиёсӣ ва узви Мактаби таҳлилии CABAR.asia дар як матлаби таҳлилӣ таъкид мекунад. Ба андешаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон бояд бо дарназардошти ин омил ҳамкориҳоро бо Теҳрон тақвият бидиҳад.

ИМА ва шарикони ғарбии он, ки минтақаро тарк кардаанд, бо ҳеч баҳонае ба Афғонистон баргаштан намехоҳанд. Ҷаҳони Ғарб ба бесамар будани давраи бистсолаи ҳузур, харҷи ҳазинаҳои ҳангуфт ва талафоти ҷонӣ аз ҳар ду тараф муросо кард.

Муқоисаи ММД Тоҷикистон ва Эрон

Аз ин лиҳоз,  нуфузи Эрон дар минтақа босуръат афзоиш хоҳад ёфт ва дар Душанбе ин тамоюлро ба эътибор мегиранд. Бидуни шак, Эрон дар миёни қудратҳои минтақавӣ, ки тасмим гирифтаанд дар Афғонистони нав ҷойи Амрикоро ишғол кунанд, мақом хоҳад гирифт. Ба ин тартиб, ҳангоми эҳтимоли шиддати нав дар равобити Эрону Тоҷикистон, Теҳрон ба эҳтимоли зиёд метавонад нуфузи худро дар Кобул барои фишор ба Душанбе истифода кунад.

Ба сари қудрат расидани Толибон дар Кобул дар маҷмуъ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон паёмадҳои зерро дар пай дорад:

– Тоҷикистон бо далели ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар ҳамсоягии Афғонистон ба нуқтаи баҳс табдил ёфта, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст. Доштани тӯлонитарин сарҳад бо Афғонистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, яке аз сабабҳои аслии ин таваҷҷуҳ ба шумор меравад.

Мушкил инҷост ки марз хеле осебпазир буда, ба таври лозим муҳофизат намешавад. Илова бар ин, артиши Тоҷикистон амалан бо аслиҳаи муосир муҷаҳҳаз нест. Бо назардошти он ки пешгӯӣ кардани рафтори Толибон дар робита бо ҳамсояҳояш ғайриимкон аст, Тоҷикистон бояд барои ҳар сенарияи эҳтимолие омодагӣ дошта бошад.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон бояд боназардошти он ки Теҳрон дар ҷомеъаи Афғонистон аз нуфузи муайяне бархӯрдор аст ва фишангҳои таъсиррасонӣ ба ҳукумати нави Кобулро дар ихтиёр дорад, равобити худро бо Эрон тақвият бахшад ва дар масъалаи Афғонистон ба созишҳое даст ёбад:

1) дар қаламрави Афғонистон беш аз 3 миллион (9-10%-и аҳолии он кишвар) аҳли ташаюъ зиндагӣ мекунад, ки эътиқоду забонашон бо Эрон як мебошад;

2) Эрон бузургтарин шарики тиҷоратии Афғонистон дар соли 2019 аст ва бо нишондиҳандаи 1 миллиарду 240 миллион доллари амрикоӣ дар бахши интиқоли молу коло ба Афғонистон дар ҷойи аввал қарор дорад;

3) Барои тарғиби “қудрати нарм” миёни ҷавонони Афғонистон Теҳрон ба бунёди донишгоҳҳо ва боз кардани филиалҳои донишгоҳҳои пешрафтаи худ дар Афғонистон шурӯъ кард. Масалан, бузургтарин донишгоҳи исломии Кобул “Донишгоҳи исломии Ҳотамал-Набиъин”, филиали Донишгоҳи Озод. Илова бар ин, теъдоди донишҷӯёни афғоне, ки то поёни соли 2018 дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил кардаанд, ба 19 ҳазор мерасад;

4) Эрон нашрияҳои маъруфи Афғонистон, монанди “Инсоф”, “Рушд”, “Ансор”, ширкатҳои телевизионии “Тамаддун”, “Нур”, “Роҳи фардо” ва “Нигоҳ”-ро маблағгузорӣ ва назорат мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон изҳор дошт, ки Душанбе ҳукумати Толибонро дар Афғонистон эътироф намекунад. Президент Раҳмон далели ин тасмимро ба ҳамашумул набудани ҳукумати Толибон, аз ҷумла роҳ наёфтани тоҷикон рабт дод. Дар ин бастагӣ,  райисҷумҳури Тоҷикистон ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон, бо ҳузури намояндагони тоҷикон, ҳазораҳо, узбекҳо ва дигар миллатҳои муқимии он кишвар таъкид кард.  

Мавқеи Эрон дар масъалаи зикршуда вазъро мураккабтар кардааст. Аз як тараф Теҳрон равобиташро бо Толибон барқарор мекунад, аз сӯи дигар ҷонибдори таъсиси ҳукумати фарогир аст. Чунин бархӯрди мақомоти эронӣ, ҳамдигарфаҳмиро бо раҳбарияти Тоҷикистон мушкил мекунад. Беҳтарин роҳи ҳалли масъала музокироти сатҳи олӣ мебошад. Эрон бояд мавқеи Душанберо дар масъалаи эътироф накардани ҳукумати нав дар Кобул ба инобат бигирад. Эътирофи ҳаракати Толибон аз ҷониби раҳбарияти Тоҷикистон метавонад барои бахши ифротии мухолифони тоҷик, ки дер боз дар орзуи таъсиси ҷумҳурии исломӣ ҳастанд, паёме бошад. Илова бар ин, пуштибонии раҳбарияти Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд низ мустақиман ба амнияти кишвар рабт дорад.  

Мақомоти кишварҳо ба ҳамдигар чӣ пешниҳод карда метавонанд?

Дар сатҳи сиёсат:

а) Тоҷикистон метавонад ба ҳамгироии Эрон дар созмонҳои мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ, ки “вуруд”-и Теҳрон бо далоили мухталиф мамнӯъ аст (таҳримҳои Ғарб, ихтилофи баъзе кишварҳои арабӣ), мусоидат кунад. Мисоли мусбат метавонад ҳимояти Тоҷикистон аз вуруди Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай бошад.

Қобили тазаккур аст, ки ҳанӯз соли 2005 Эрон дар СҲШ мақоми нозирро дарёфт кард ва соли 2008 барои узви комилҳуқуқи ин созмон шудан дархост фиристод. Бар асоси оинномаи СҲШ, кишвари таҳти таҳрим қарордошта наметавонад ба он шомил шавад, аз ин рӯ, дари СҲШ ба рӯи Эрон баста буд. Соли 2015 таҳримҳо алайҳи Эрон лағв шуданд ва чунин менамуд, ки Теҳрон ба зудӣ узви комилҳуқуқи СҲШ мешавад. Аммо ғайричашмдошти Эрон монеаи навбатӣ Тоҷикистон гардид, ки бо роҳандозии сиёсати зиддиэронӣ бо ҳар роҳе садди пайвастани Эрон ба СҲШ шудан гирифт.

б) Илова бар ин, Тоҷикистон метавонад омили ҳамкории танготанги Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад. Ҳарчанд имконияти  Тоҷикистонро боназардошти зарфияти иқтисодӣ ва дараҷаи нуфузаш дар минтақа муболиға кардан мумкин нест.

в) Инчунин, Тоҷикистон метавонад шарики муҳими Эрон дар СММ бошад. Дар иваз Эрон метавонад кафили амнияти Тоҷикистон шавад (дар мисоли равобити Туркия бо Озарбойҷон). Тоҷикистон бо шартҳои мусоид метавонад конҳои ураниумашро ба ихтиёри Эрон бигзорад, ба шарте ки уран танҳо бо ҳадафҳои осоишта ва бо иштирок ва назорати намояндагони МАГАТЭ истифода шавад.

дар сатҳи иқтисодӣ:

а) кишварҳо бояд табодули молро ба сатҳе, ки Эрон яке аз панҷ кишвари воридкунандаи Тоҷикистон буд, барқарор кунанд;

б) Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи эҷоди монеаҳои сунъӣ барои колоҳои воридотӣ аз Эрон даст бикашад. Соли 2015 Тоҷикистон воридоти тақрибан ҳама навъи колои воридотии Эронро ба таври оҷил қатъ кард. Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тасмимро чунин шарҳ дод: 1.маҳдудиятҳо ба сифати пасти маҳсулоти эронӣ (чойи хушк, гӯшти мурғ ва гӯшти мурғи қимакардашуда) иртибот доранд; 2. набудани аломатгузории мол бо забони тоҷикӣ (кириллӣ). Дар ин маврид суоле ба миён меояд, ки чаро Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли ин қадар сол нисбат ба истеҳсолкунандаҳои эронӣ даъвое накард ва аз онҳо аломатгузорӣ бо забони тоҷикиро талаб нанамуд?

в) Тоҷикистон метавонад барои сармоягузорони эронӣ, ки ба таъсиси корхонаҳои мухталиф дар кишвар таваҷҷӯҳ доранд, як минтақаи махсуси озоди тиҷоратӣ фароҳам кунад. Ин амал дар навбати худ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди бисёре аз соҳаҳои саноат дар кишвар гардида, фазои рақобатро бо сармоягузорони чинӣ фароҳам мекунад, ки ба иқтисоди кишвар низ таъсири мусбат мерасонад.

Муқоисаи сатҳи камбизоати Тоҷикистон ва Эрон дар 2018 с.

Эрон барои бунёди корхонаҳои истихроҷи маъдан дар қаламрави Тоҷикистон тамоми имконотро дорад. Агар имконоти иқтисодии Эрон ва Чинро муқоиса кунем, натиҷа ба нафъи аввалӣ нахоҳад буд. Маълум аст, ки Эрон дар марҳалаи аввал наметавонад дар баробари Чин рақобат кунад, аммо худи далели ҳузури иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон метавонад такони мусбате барои коҳиши нақши Чин ба унвони қудрати иқтисодӣ дар кишвар шавад.

г) Тоҷикистон метавонад бандарҳои Эронро ҳамчун яке аз роҳҳои алтернативии интиқоли колоҳои худ ба кишварҳои Ховари Миёна ва Иттиҳоди Аврупо истифода кунад;

д) дар оянда эҳтимоли созиши Душанбе ва Теҳрон дар мавриди сохтмони лӯлаи гази Эрону Тоҷикистон мавҷуд аст. Ҳамин тариқ, Душанбе алтернативаи гази Узбекистон ва Русияро пайдо мекунад.

дар сатҳи шаҳрвандон: а) кишварҳо метавонанд низоми бидуни раводидро ҷорӣ намуда, ба ин васила шеваҳои вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони ҳар ду кишварро содда кунанд. Аз тобистони соли ҷорӣ парвозҳо ба Эрон аз сар гирифта шуданд, ҳоло ширкати ҳавопаймоии эронии “Ворис” аз Душанбе ба Машҳад ҳафтае як парвоз анҷом медиҳад.

Ҳамин тариқ, низоми бидуни раводид сабаби рушди авиатсияи шаҳрвандӣ ва афзоиши парвозҳои ҳавоӣ миёни кишварҳо мегардад. б)  Эрон метавонад барои муҳоҷирони кории тоҷик ба як кишвари мавриди таваҷҷуҳ табдил ёбад.

Дар ҷадвали №1 муқоисаи ММД-и ду кишвар нишон дода шудааст. Эрон аз рӯи тамоми параметрҳо бартарӣ дорад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони эронӣ бояд харитаи роҳро барои муҳоҷирони кории тоҷик, ки мехоҳанд дар Эрон кор кунанд, омода кунад; в) дар соҳаи маориф кишварҳо метавонанд дар бораи ҷудо намудани квотаҳо барои қабул ба донишгоҳҳои ҳамдигар созишномаҳо ба имзо расонанд.

Русия, Қазоқистон, Чин, Туркия, Узбекистон, Швейтсария, Олмон, Ҷопон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Италия, Туркманистон ва ИМА шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Соли 2020 ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба Эрон ҳамагӣ 6,2 миллион доллар ва воридот 29,1 миллион долларро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ, тиҷорат бо Эрон 1,1 дарсади нишондиҳандаи умумии гардиши моли Тоҷикистонро ташкил додааст.

 

Ба он чӣ гуфта шуд, бояд илова кард, ки дар давраи аз соли 2007 то соли 2019 ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 63 кишвари ҷаҳон сармоя ҷалб карда шудааст. Чин аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ – 2 миллиарду 863,6 миллион доллари ИМА (намудҳои хизматрасонӣ: алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, иктишофи геологӣ ва истихроҷ, насби таҷҳизоти техникӣ, саноат ва ғайра) дар ҷойи аввал аст. Эрон бо 281,8 миллион доллар дар зинаи ҳаштум қарор дорад (намудҳои хизматрасонӣ: саноат, сохтмон, хадамоти молиявӣ, тиҷорат). Ба ҳисоби фоиз саҳми Пекин 29 ва саҳми Теҳрон 2,9 фоизи умуми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Омилҳои дохилӣ ва беруние, ки ҳамкориро маҳдуд мекунанд

  • Низомҳои сиёсии гуногун – Эрон ҷумҳурии исломӣ аст, Тоҷикистон бошад бар асоси Конститутсия давлати дунявӣ мебошад. Гуногун будани низомҳои сиёсӣ муносибатҳои байни кишварҳоро мушкилтар мекунад. Махсусан барои Душанбе, ки таҷрибаи ғамангези ҷанги шаҳрвандӣ ва талоши хушунатомез барои таъсиси ҷумҳурии исломиро дорад. Мақомоти Тоҷикистон дар чанд маврид Эронро ба пуштибонӣ аз мухолифини тоҷик ва омода кардани ҷангиёни зиддиҳукуматӣ муттаҳам кардааст. Дар натиҷа, раҳбарияти Тоҷикистон аз таъсири режими Эрон ба шаҳрвандони кишвараш ҳазар мекунад.
  • Як ислом, аммо мазҳабҳои гуногун аҳолии Эрон аксаран пайрави мазҳаби шиа ҳастанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд (ба истиснои сокинони ВМКБ, ки бештари аҳолӣ исмоилианд) мусулмонони суннимазҳаб мебошанд. Мақомоти Тоҷикистон аз идеологияи исломи мӯътадили равияи суннӣ – Ҳанафия пуштибонӣ мекунад. Раҳбарияти кишвар мисли бисёре аз кишварҳои дигари минтақа намехоҳад, ки ҷараёнҳои дигари исломӣ вориди кишвар шаванд. Ҳадафи бештари онҳо барҳам задании низоми давлатдории кунунӣ ва ташкили “хилофати исломӣ” мебошад.
  • Омили Арабистони Саудӣ, ки дар Тоҷикистон нуфуз дорад. Риёз душмани Эрони шиъа аст. Саъудиён ба беҳбуди равобити Душанбеву Теҳрон манфиатдор нестанд, аз ин рӯ Риёз тамоми талош (маблағгузории сохтмони масоҷид, додани грант, қарз ва ғайра)-ро ба харҷ медиҳад, то аз таҳкими нақши Эрон дар Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад.
  • Низоми раводид, ки миёни Эрон ва Тоҷикистон муқаррар шудааст. Ин омил монеаи ҷиддӣ дар равобити дуҷонибаи кишварҳо, бахусус намояндагони тиҷорат ва шаҳрвандони одӣ мебошад. То соли 2016 миёни ду кишвар ба истилоҳ “визаи фурудгоҳӣ” вуҷуд дошт, ки шаҳрвандони ҳарду давлат имкон доштанд визаро ҳангоми расидан ба фурудгоҳ дарёфт кунанд. Аммо аз соли 2016 Тоҷикистон шакли гирифтани раводид барои шаҳрвандони Эронро тағйир дод. Гузашта аз ин, шаҳрвандони Эрон метавонистанд раводиди тоҷикиро мустақиман дар сафорат ё консулгарии Тоҷикистон дар Эрон дарёфт кунанд. Қабули раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Эрон – равобити Душанбеву Теҳронро сард кард. Раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2015 дар хориҷи кишвар ба сар мебарад.

Ин ба он далел аст, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби зери раҳбарии ӯро террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кардааст. Моҳи декабри соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби Теҳрони расмӣ ба конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” даъват шуд. Онҷо Муҳиддин Кабирӣ бо раҳбари руҳонии Эрон – Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мулоқот кард. Душанбе Теҳронро ба пуштибонӣ ва эътирофи созмонҳои терористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва раҳбарони онҳо муттаҳам кард.

Тавсияҳо

Дар поёни ин навишта тавсияҳои хурде (харитаи роҳ) пешниҳод менамоем, ки ба назари мо, барои аз байн бурдани монеаҳо ва таҳкими равобити Эрону Тоҷикистон мусоидат мекунад:

  • Тоҷикистон ва Эрон бояд корро дар заминаи ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид, ки бар нафъи ҳарду ҷониб бошад, оғоз кунанд. Сабабҳое вуҷуд доранд, ки тахмин зада мешавад, ин хавфҳои муайянеро ба бор биёрад, пеш аз ҳама барои Тоҷикистон ва бо назардошти он ки ҷамъияти Эрон аз аҳолии Тоҷикистон чанд маротиба бештар аст. Аммо мавриди тазаккур аст, ки эрониҳо чандин сол аст имкони бидуни раводид ба Арманистонва Озарбойҷон рафтанро доранд ва ин барои Ереван ва Боку ҳеч мушкили ҷиддиеро халқ накардааст.
  • Ҳарду кишвар набояд ба тиҷорати дуҷониба монеъ шаванд, баръакс барои соҳибкорони ҳамдигар имтиёзҳо пешниҳод кунанд;
  • Ба Теҳрон тавсия мешавад, ки танҳо бо ҳукумати расмии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад ва ба корҳои дохилии кишвар дахолат накунад;
  • Дигарбора баррасӣ кардани идеяи таъсисишабакаи радио ва телевизиони муштарак мувофиқи мақсад аст;
  • Бо назардошти таҷрибаи мусбат ва манфии тарҳҳои қаблӣ (нақби “Истиқлол”, НБО Сангтӯда-2) мешавад ба Эрон тавсия дод, ки ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад ва ширкат дар сохтмон ва иҷрои тарҳҳои бузургро дар Тоҷикистон аз сар бигирад;
  • Созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии (адибон, шоирон, варзишгарон, ҳунармандон ва ғ.) ҳарду кишварро зарур аст барои ҳамгироии фарҳангии Тоҷикистону Эрон чорабиниҳои муштарак гузаронанд;
  • Эрон бо шартҳои мутақобилан судманд метавонад дастрасии бидуни мамониат ва бидуни боҷ ба бандарҳои худ дар Халиҷи Форсро ба Тоҷикистон фароҳам намояд;
  • Барои ҳарду кишвар мувофиқи мақсад мебуд, агар амалҳои минбаъдаи худро вобаста ба Афғонистон ҳамоҳанг намоянд;

Душанбе ва Теҳрон набояд таҷрибаи қаблии ҳамкорӣ ва равобити фарҳангии чандинасраро фаромӯш кунанд. Эрон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф намуда, сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ  кард. Ҳангоми бастани созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи неруҳои мухолифини Тоҷикистон Эрон дар баробари Русия нақши кишвари кафилро дошт.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: