© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Чаро Тоҷикистон ба хусусигардонии фаврии корхонаҳои давлатӣ ниёз дорад?

Марат Мамадшоев, сардабири Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон дар як матлаби таҳлилӣ мегӯяд, корхонаҳои давлатӣ фоидаовар нестанд, молиёт намепардозанд, пайваста имтиёз талаб мекунанд, рақобатро аз байн мебаранд ва ба истеъмолкунандаҳо хуб хидмат намерасонанд. Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон бояд барои ҳарчӣ зудтар халос шудан аз корхонаҳои бесамар раванди хусусигардониро суръат бахшад.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Ширкати Алюминийи Тоҷик - бузургтарин корхона дар Тоҷикистон. Аксҳо: Reuters
Ширкати Алюминийи Тоҷик – бузургтарин корхона дар Тоҷикистон. Аксҳо: Reuters

Нақши корхонаҳои давлатӣ дар иқтисоди Тоҷикистон

Корхонаҳои давлатӣ аслан дар бахши саноати Тоҷикистон бартарӣ доранд. Бар асоси иттилои[1] Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи майи соли 2019, қисмати асосии бахши саноатии Тоҷикистон ба корхона ва ширкатҳои давлатӣ рост меояд. Бештар аз 70 дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишварро онҳо истеҳсол кардаанд.

Соли 2016 шумораи муассиса ва корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи иштироки давлат дар он аз 50 дарсад зиёд аст, тақрибан ба 908 мерасид.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, “корхонаҳои давлатӣ дар он соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон фаъолона кор мекунанд, ки иштироки бахши хусусӣ имконпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд аст”. Аз 28 бахши иқтисоди Тоҷикистон ба 21-тои он мавҷудияти корхонаҳои давлатӣ хос аст, ки ин аз нишондиҳандаи миёнаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ба таври қобили мулоҳиза баланд аст (13,7). | Ширкатҳои давлатӣ аз нигоҳи назариявӣ ба ҳама шаҳрвандони кишвар тааллуқ доранд, ки бояд ғайримустақим аз фаъолияти онҳо манфиат гиранд. Масалан, дар шакли афзоиши маблағҳои буҷа, ки дар навбати худ бояд ба афзоиши нафақа, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, суръат бахшидани сохтмони роҳҳои замонавӣ, гирифтани хизматрасониҳои баландсифат ва ғайра оварда расонад.

Ҷомеа ҳуқуқи комил дорад аз роҳбарони корхонаҳои давлатӣ шаффофият ва самаранокиро талаб кунад.

Дар ин асос, хеле муҳим аст, таҳлил карда шавад, ки ин корхонаҳо то чӣ андоза самаранок идора мешаванд ва дар асл манфиатбардори асосӣ кист?

Нигоҳҳои мухталиф ба мавзӯи хусусигардонӣ

Дар ибтидои солҳои 2000-ум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба  аҳамияти хусусигардонӣ пайваста таъкид мекард. Масалан, дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2005 раисҷумҳур изҳор,[2] дошта буд, “яке аз шартҳои асосии гузариш ба иқтисоди бозорӣ хусусигардонии моликияти давлатӣ мебошад”. Аммо дар паёмҳои баъдӣ мавзӯи хусусигардонӣ матраҳ намешавад.

Дар паёми соли 2020 вобаста ба хусусигардонӣ танҳо дар як ҷумла зикр шудааст. Дар паёмҳои дигар, аз соли 2010 то 2019 умуман чунин калима вонамехӯрад.

Моҳи феврали соли 2009 бошад, парлумон қонун “Дар бораи хусусигардонӣ”-ро қабул[3] кард, ки бар асоси он НБО Нораку Роғун, инчунин корхонаи “ТАЛКО” иншооти дорои аҳамияти давлатӣ ва стратегӣ эътироф гардида, хусусӣ гардонидани онҳо манъ карда шуд.

Расман нақшаи дар ояндаи наздик хусусигардонии “монополистҳо”-и калонтарин – ҶСК “Барқи Тоҷик”, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан”, ширкати “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Тоҷиктелеком”, ҶСК “Телерадиоком”, ҶСК “Тоҷикхимпром” эълон[4] шудааст.

Аммо дар ин самт ягон пешравие дида намешавад.

Солҳои ахир чанд иншооти хурд хусусӣ гардонида шудаасту халос.

Ҳоло талош мекунем, ҷиҳатҳои манфии корхонаҳои давлатиро маълум намоем.

Барои ширкатҳои давлатӣ – имтиёзҳо, барои дигарон – қонун

Моддаи 12-и Конститутсияи Тоҷикистон “баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ”-ро кафолат медиҳад.

Аммо бо вуҷуди ин, корхонаҳои давлатии Тоҷикистон дар муқоиса бо ширкатҳои хусусӣ аз имтиёзҳои гуногун бархӯрдоранд.

Масалан, онҳо нерӯи барқро аз “Барқи Тоҷик” бо нархҳои арзонтар мегиранд. Ширкати алюминиуми тоҷик (ТАЛКО), ки яке аз бузургтарин корхонаҳои давлатӣ мебошад, аз 25 то 50 дарсади тамоми нерӯи барқи дар Тоҷикистон тавлидшударо масраф мекунад. Он аз моҳи май то сентябр барои як квт/соат нерӯи барқ 7,2 дирам (тақрибан 0,006 доллар) ва аз октябр то апрел 11,8 дирам (тақрибан 0,010 доллар) пардохт мекунад, дар ҳоле ки барои муштариёни дигари саноатӣ (ки маъмулан ба шабакаҳои шиддаташон паст пайваст мешаванд) як квт/соат барқ 40,99 дирам (наздики 0,04 доллар) муқаррар шудааст.

Корхонаҳои давлатии Тоҷикистон инчунин дар дастрасӣ ба замин ва ашёи хом аз имтиёз бархӯрдоранд[5], баъзеи онҳо бо қоидаҳои махсуси пардохт маблағ дарёфт мекунанд, ки барои ширкатҳои хусусӣ дастрас нестанд. Аммо бо вуҷуди ин, корхонаҳои давлатӣ “илоҷе ёфта” қарзҳоро пардохт намекунанд. Ӯҳдадориҳои умумии ҳашт корхонаи калонтарини давлатӣ дар соли 2016-ум 5 миллиард сомониро ташкил медод, ки муодили тақрибан 9,2 дарсади ММД дар соли 2016 мебошад. Танҳо қарзи ширкати “Барқи тоҷик” тақрибан 97 дарсади ҳаҷми умумии маблағҳои қарзии пардохтнашударо ташкил медиҳад.

Имтиёзҳо барои корхонаҳои давлатӣ институтҳои бозории кишвар, аз ҷумла механизми нархгузориро таҳриф менамоянд.

Бидуни баробарии ҳама шаклҳои моликият рақобат ғайриимкон аст. Ҳамчунин ворид шудани сармоягузориҳои хусусӣ ба иқтисоде, ки онҷо онҳоро табъиз интизор аст, ғайривоқеӣ мебошад.

Монополистҳои давлатӣ аз рӯи принсипиҳамин хел ҳам мешавад” кор мекунанд

Як қатор корхонаҳои калонтарини давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамзамон монополист мебошанд. Ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар бахши ҳамлу нақли роҳи оҳан бартарӣ дорад, “Барқи Тоҷик” дар истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ​​монополист аст.

Ширкатҳои монополисти давлатӣ ба як қатор молу хидматҳое, ки барои истеъмолкунандагон муҳиманд, беасос нархи баланд муқаррар мекунанд. “Тоҷик Телеком” монополияи телефонҳои статсионарии миллӣ ва инфрасохтори магистралиро дар даст дорад. Аз соли 2018 танҳо ба ин ширкат иҷозат дода шудааст, ки аз кишварҳои ҳамсоя интернет бихарад ва сипас онро ба дигар провайдерҳои интернет ва иртиботи мобилии Тоҷикистон фурӯшад. Дар натиҷа, нархи Интернет дар Тоҷикистон[6] яке аз баландтаринҳо дар дунё буда, интернети мобилӣ яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон мебошад.

Дар шабакаҳои ширкати “Барқи Тоҷик” пайваста садама рух медиҳанд. Ҳамчунин шикоятҳои истеъмолкунандаҳо аз хидматрасонӣ ва нархҳои як корхонаи дигари давлатӣ – “Тоҷик эйр” низ зиёд аст. Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб бошанд, аз ҷумлаи 4 фурудгоҳи гаронтарин дар минтақа ба ҳисоб мераванд.

Мавҷудияти ширкатҳои давлатӣ, ки тақрибан ҳамеша аз дастгирии дастгоҳи давлатӣ бархурдоранд, рақобатро пахш мекунад ва ба рушди муносибатҳои бозорӣ халал мерасонад.

Корхонаҳои давлатӣ ҳатто наметавонанд андоз супоранд

Бо вуҷуди тамоми имтиёзҳо ва дастгириҳои маъмурӣ, тақрибан ҳамаи корхонаҳои давлатӣ зиёновар ва бесамар мебошанд.

Масалан, корхонаи алюминиюми тоҷик, ки дар гузашта яке аз корхонаҳои пуриқтидортарин маҳсуб мешуд, дар даҳсолаи охир мунтазам ҳаҷми истеҳсолотро кам мекунад.

Агар дар соли 2007 корхона 421,5 ҳазор тонна алюминий истеҳсол[7] карда бошад, пас дар соли 2019, бино ба омори худи ТАЛКО, ҳаҷми истеҳсол ба 100,8 ҳазор тонна расидааст, ки дар қиёс ба нишондоди соли 2007 чор маротиба камтар аст.

Бисёре аз корхонаҳои давлатӣ ҳатто наметавонанд андоз супоранд.

Тақрибан тамоми қарздорони калон дар пардохти молиёт ба буҷаи Тоҷикистон ширкатҳои давлатӣ мебошанд[8].

Миёни онҳо “Тоҷиктелеком”, НБО “Роғун”, ширкати алюминиюми тоҷик, “Сангтӯда-1”, Фурудгоҳи Душанбе, “Талко Ресурс” ва “Алюминсохтмон” ҳастанд. 

Ҳамин тариқ, аз ҳафт корхонаи қарздор шаштои он (ба истиснои “Сангтӯда-1”, ки танҳо 25 дарсади саҳмияҳои он ба давлати Тоҷикистон тааллуқ дорад) ширкатҳои давлатӣ мебошанд. 

Қарзи умумии корхонаҳои дар боло зикршуда 291 миллион сомонӣ (беш аз 25,5 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки баробар ба 33 дарсади ҳаҷми умумии қарзи андоз (75 миллион доллар) мебошад. Ҳаҷми қарзи андоз дар давоми соли 2020 ба 303 миллион сомонӣ (тақрибан 26,5 миллион доллар) зиёд шуд. Дар ҳамин ҳол, мақомот пайваста қарзи ин ширкатҳоро мебахшанд ё ба онҳо муҳлат медиҳанд.

Масалан, моҳи сентябри соли 2015, Ҳукумати Тоҷикистон пардохти қарзи андозро барои таъминкунандаи давлатии алоқаи телефонӣ ва мобилии ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ҳаҷми 12,1 миллион доллар ба таъхир гузошт.

17 феврали соли равон Ҳукумати Тоҷикистон қарзи ширкати “Барқи Тоҷик”-ро дар ҳаҷми тақрибан 500 миллион доллар аз эътибор соқит намуд. Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми тамоми қарзҳои ин ширкат аз Вазорати молия 22 миллиард сомонӣ (тақрибан 2 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад. Бонки Ҷаҳонӣ бар ин аст, ки қарзи корхонаҳои давлатӣ барои суботи молиявӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад ва аз ин рӯ зарур аст, ки назорат дар сатҳи баландтарин ба роҳ монда шавад.

Ношаффофӣ ва фасод

Корхонаҳои давлатии Тоҷикистон комилан ношаффофанд. Ба унвони мисол, метавон аз фурӯши ихтиёрӣ-маҷбурии саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” ёд овард. Он вақт мақомот итминон доданд, ки замоне саҳмдорон дивиденд ё фоида мегиранд. Аммо бо гузашти 10 сол касе ягон дивиденд нагирифтааст[9] ва мардум дар бораи тақдири маблағҳои гузошташуда чизе намедонанд.

Намунаи беҳтарини ин ношаффофӣ бахши “Муносибатҳои молиявӣ”-и сомонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун” мебошад[10], ки дар он ба се забон навишта шудааст (айнан): “Саҳифа дар ҳолати пуркунӣ қарор дорад”.

Набудани шаффофият дар навбати худ барои коррупсия шароит фароҳам меорад, ки ҳаҷми воқеии онро танҳо тахмин задан мумкин аст.

Мешавад гуфт, ки мушкилро тавассути такмил додани идоракунии амвол ҳал кардан мумкин аст. Масалан, бо роҳи таъсиси додани як ниҳоди ягонаи идоракунӣ, барои ҳар корхона дар асоси озмун интихоб кардани шӯрои директорон, баланд бардоштани дараҷаи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷомеа ва ғайра.

Аммо маълум нест, ки вазъро чӣ гуна ва аз ҳисоби кадом маблағҳо ислоҳ кардан муяссар мегардад?

Кадрҳои роҳбарикунанда тақрибан яксонанд, сатҳи маълумот ва ҳавасмандии онҳо тақрибан якхел аст. Пас, аз чӣ ҳисоб метавон ба натиҷаҳои мусбат ноил шуд?

Мебинем, ки чораҳои ҳамсон дар Қирғизистони ҳамсоя натиҷа надоданд. Моҳи декабри соли 2017, Жогорку Кенеш (парлумон)-и Ҷумҳурии Қирғизистон қарор[11] “Дар бораи самаранокии идоракунии амволи давлатӣ”-ро қабул кард, ки дар он нокомии сиёсатро дар ин самт эътироф намуд.

“Таҷрибаи Қирғизистон дар соҳаи идораи амволи давлатӣ чоряк асрро ташкил медиҳад, аммо ин соҳаро самарабахш ва муваффақ унвон кардан душвор аст. Тавре таҷриба нишон медиҳад, мушкилоти асосии идоракунии самаранок дар ин бахш ҳалношуда боқӣ мондаанд”,-гуфта мешавад дар ин қарор.

Боз як иқтибос аз санади мазкур: “теъдоди зиёди корхонаҳои давлатӣ дар баробари шароити ношаффофи фаъолият ва натиҷаҳои фаъолияти барои ҷомеа номаълум аз заифии истифодаи маблағҳои давлатӣ ва назорати нокифояи онҳо шаҳодат медиҳанд”.

Моҳи май мақомоти Қирғизистон аз хусусигардонии васеъ хабар доданд[12].

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири иқтисод ва молия Улуғбек Кармишаков рӯзи 10 май дар мусоҳиба бо “Биринчи радио” (“Радиои якум”)  бори дигар эътироф кард, ки “таҷрибаи Қирғизистон дар давраи истиқлолият нишон дод, ки муассисаҳои давлатӣ наметавонанд самаранокии худро нишон диҳанд”.

“Аз ин рӯ, субъектҳои хусусӣ тавонистанд фоидаи бештар ба даст оранд”,- изҳор дошт Кармишаков.

Сабаби даст кашидан аз хусусигардонӣ дар чист?

Дар асл, ҳама он чизе, ки пештар гуфтем, аёну рушан ҳастанд. Инҷо саволе ба миён меояд: чаро мақомот моликияти бесамари давлатиро хусусӣ намекунанд?

Пеш аз ҳама, барои он ки моликият қудратест, ки касе ихтиёран аз он даст намекашад. Худи институти моликият се ваколат мебошад - соҳибӣ, истифода, ихтиёрдорӣ. Дар мавриди моликияти давлатӣ, мебинем, ки соҳибони воқеии он сатҳи болоии мансабдорони корхонаҳо ҳастанд, ки салоҳияти истифода ва ихтиёрдории онро доранд.

Масалан, зоҳиран, ҳамаи шаҳрвандон соҳиби автомобили марбут ба ин ё он мақомоти давлатӣ мебошанд. Аммо онро дар беҳтарин ҳолат як масъули ин ниҳод ва дар беҳтарин ҳолат барои хидмат, истифода мебарад. Аксар вақт, ин мошинро хонавода ё дӯстони хуби ҳамон масъул истифода мебаранд. Барои боқимондаи шаҳрвандон, соҳибият ба ин мошин танҳо як ҳарзаест. Як замони муайян вазир ҳамроҳ бо дигар шахсони ваколатдор метавонад ин мошинро аз ҳисоб бароварда, ба дӯстонаш фурӯшад.

Дар мавриди моликияти давлатӣ шахсони мансабдор аз хавф озоданд. Баръакс, соҳибкории хусусӣ ҳамеша як хавф аст. Хавфи муфлисшавӣ ва аз даст додани ҳама чиз.

Дар мавриди моликияти давлатӣ бошад, шахсони мансабдор аз хавф озоданд. Онҳо онро идора мекунанд, аксар вақт аз ин ҳолат фоида ба даст меоранд, дар ҳоле ки шахсан бо ҳеч чиз таваккал намекунанд ва масъулият бар дӯш намегиранд.

Барои мансабдорон муҳим нест, ки зарари фаъолияти ин корхонаҳоро ҷомеа мепӯшонад. Муҳим он аст, ки шахсан метавонанд онро истифода баранд ва давра ба давра порае аз онро “канда”, ба ҷайби худ андозанд. Масалан, бо супоридани фармоиш ба одамони мувофиқ, тасмимгирӣ дар бораи фурӯши ашё ва ғайра. Бо ин сабабҳо, масъулин талош доранд вазъро якмаром нигоҳ дошта, қабули қарорро ба таъхир андозанд.

Ҳадафи мансабдорон маълум аст. Ҳадафи шаҳрвандон чӣ?

Ба назари ман, худдории мансабдорон аз додани моликият мушкилоти калонтарин нест. Бадтар аз ин стереотипи дар байни бисёр шаҳрвандон паҳншуда аст, ки бояд бо ҳар василае институти моликияти давлатӣ, пеш аз ҳама, воситаҳои истеҳсолот муҳофизат ва хусусигардонӣ пешгирӣ карда шавад.

Дар ин мавзӯъ ягон тадқиқоти сотсиологӣ вуҷуд надорад. Аммо чунин мулоҳизаҳоро аксар вақт дар шарҳҳои коршиносон мушоҳида[13] кардан мумкин аст, ки дар хабарҳои марбут ба хусусигардонӣ ё саҳҳомикунонии корхонаҳои давлатӣ аз эҳтиёт кор гирифта шуда, ҳатман дар бораи нигоҳ доштани “ҳиссаи назоратии” давлат гуфта мешавад.

Як саволи оддӣ: кадом сармоягузор розӣ мешавад ба корхонае сармоягузорӣ ва бо мансабдорони он кор кунад, ки “бастаи назоратии саҳмияҳо”-ро доранд ва аз ин сабаб сармоягузорро ба иҷрои иродаи худ водор сохта метавонанд?

Албатта дар кишварҳои дигари ҷаҳон мешавад намунаҳои ширкатҳои муассири давлатиро пайдо кард. Масалан, дар кишварҳои Скандинавия. Аммо барои ин сатҳи тамоман дигари шаффофият ва идоракунӣ лозим аст. Дар воқеиятҳои мавҷудаи кишвар, ҷомеа наметавонад назорати фаъолияти корхонаҳои давлатиро таъмин кунад.

Мо наметавонем кафолат диҳем, ки мақомоти маъмурӣ ба ҳама субъектҳои хоҷагидории ҳама намуди моликият муносибати яксон мекунанд.

Барои ин дар ҷомеа бояд ниҳодҳои шаҳрвандӣ хеле рушдёфта бошанд ва фарҳанги сиёсии иштирок[14] дар сатҳи олӣ шакл гирифта бошад.

Бо ҳамин сабабҳо, таъмини ба қадри имкон шаффоф ва муассир гузаштани хусусигардонӣ душвор хоҳад буд. Албатта барои шаффофияти равандҳои баҳогузории моликияти давлатӣ ва баргузории тендерҳо бо ҳама роҳҳои қонунӣ мубориза бояд кард.

Аммо бо пешниҳоди талаботи баръало ғайривоқеӣ барои хусусигардонӣ, мо амалан онро ба таъхир меандозем ва вазъиятро “карахт” менамоем.

Гузашта аз ин, корхонаҳои каму беш фоидаовар аллакай аз ҷониби “одамони даркорӣ” хусусӣ шудаанд. Корхонаҳое боқӣ мондаанд, ки сармоягузории асосӣ, талошҳои бузурги ташкилӣ ва ҳатто зеҳниро талаб мекунанд, дар ҳоле ки хавфҳои ҷиддие дар мавриди тақдири ояндаи онҳо мавҷуданд. Ва тахмин кардан мумкин аст, ки аз ҳамин сабаб нақшаи хусусигардонии ин корхонаҳо ҳамеша барои вақти номаълум ба таъхир гузошта мешавад.

Аз ин рӯ, тавсияи асосӣ чунин аст: бо афкори ҷамъиятӣ кор кардан, афсонаҳои кӯҳнаву навро, ки ба моликияти давлатӣ будани воситаҳои истеҳсолот алоқаманданд, аз байн бурдан лозим аст.

Мардум бояд дарк кунанд, ки дар ҳоли ҳозир амволи азиме, ки ба давлат тааллуқ дорад, бесамар истифода мешаванд ва ҳатто бекор хобидаанд. Инҳо устохонаҳо ва таҷҳизотҳои корношоям, ҳавопаймоҳое, ки парвоз намекунанд, биноҳои бекор ва ғайра мебошанд. Ба ҷойи ба даст овардани даромад барои ҷомеа, ин амвол ҳар рӯз ба он зарар мерасонад. Бидуни назорати ҷамъиятӣ, ин раванд бемайлон рушд карда, рақобатро дар иқтисод дар марҳилаи ибтидоияш нобуд мекунад.

Бо гузашти солҳо, худи ин корхонаҳо мутахассисонашонро аз даст медиҳанд, инфрасохтори онҳо фарсуда ва ҳаҷми истеҳсоли молҳо ва хидматҳо коҳиш меёбад. Пас аз чанд сол онҳо ҳеч арзише нахоҳанд дошт.

Ҳамон МЯК[15] (маркази ягонаи коммуникатсионӣ)-ро ба ёд биёрем, ки дар натиҷаи симбиози манбаи маъмурӣ ва корхонаи давлатӣ ба вуҷуд омадааст.

Аз ин ҷомадони бедаста зудтар халос бояд шуд. Агар дар сатҳи коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ин масъала як тавофуқ ҳосил карда шавад, пас таъсир расонидан ба сиёсат дар ин соҳа имконпазир хоҳад шуд. Бале, моликияти давлатӣ дар ҷойе лозим аст. Масалан, дар иншооти инфрасохторӣ. Масалан, идораи ягона роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро ба як ширкати хусусӣ вогузор кардан мумкин нест. Аммо ҳар дафъа зарурати моликияти давлатӣ бояд собит карда шавад.

Ва шаклҳои моликияти хусусӣ ва коллективӣ, ки ба идоракунии давлатӣ дастрасӣ надоранд ва ба онҳо монополия кардани бозорҳо мушкилтар аст, бояд дар иқтисодиёт бартарӣ дошта бошанд.

Хусусигардонӣ дар фазои Тоҷикистони имрӯз на фақат барои беҳбуди вазъи молиявии кишвар зарур аст, балки он барои камтар кардани зарари аз ҷониби корхонаҳои бузурги монополист ба иқтисодиёт воридшаванда лозим мебошад.


Ин матлаб дар доираи тарҳи “Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project” нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: