© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон: Чӣ чиз бояд дар авлавият қарор бигирад?

Мақомоти Тоҷикистон интизор доранд, ки ислоҳоти ВКД зарфияти милитсияро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти дохилӣ таҳким мебахшад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ умедвор аст, ин тағйирот ҳамчунин гоме дар мубориза бо шиканҷа ва бадрафторӣ хоҳад буд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Анҷоми ислоҳоти милитсия соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. То анҷоми муҳлат камтар аз як соли дигар боқӣ мондааст, аммо ҳанӯз натиҷаҳои назаррас мушоҳида намешаванд;

Фаъолияти асосӣ дар самти ба роҳ мондани иртибот миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳолӣ ҷараён дорад;

Ҳоло натиҷаҳои ислоҳотро мешавад ҳамчун раванди омодагӣ арзёбӣ кард;

Дар самти беҳтар кардани вазъи вобаста ба риояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби милитсия таъкидҳои нокофӣ мушоҳида мешавад;

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти анҷоми ислоҳот мусоидат мекунад, аммо барои мушкил дар самти риоя нашудани ҳуқуқи инсон ҳеч фишоре намеоварад.

Муаррифии либоси нави милитсияи тоҷик дар ҷаласаи ҳамоҳангии донорҳо, Душанбе, марти 2019. Акс аз osce.org

Мушкили шоистагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳоло хеле доғ аст. Вазъро проблеммаҳои интиқоли маводи мухаддир, амнияти наздимарзӣ ва фаъолияти гуруҳҳои ҷиноӣ печидатар мекунад. Ҷомеа умедвор аст, ки ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад мушкили амниятиро бо роҳи баланд бардоштани салоҳияти кормандони милитсия ҳал кунад.

Ҳукумат низ интизориҳои зиёде дорад, ки талош мекунад имиҷи намояндагони ҳифзи ҳуқуқро баланд бардорад. Дар ин мақола муаллиф талош кардааст, натоиҷи феълии ислоҳотро, ки тақрибан даҳ сол мешавад идома дорад, арзёбӣ кунад.

Ислоҳот барои чӣ лозим аст?

Дар Тоҷикистон баррасии ҷараёни ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раванди роҳандозии он аз оғози соли 2010 идома дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ қаблтар аз ҳама манфиатдор аст, ки ислоҳот зарфияти қудратии ВКД-ро таҳким бахшад, то мақомот барои таъмини амнияти дохилӣ имконоти бештар дошта бошанд.

Аз ҷониби дигар, ислоҳоти милитсия бояд ба мушкили риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ва баланд бардоштани мизони боварии аҳолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам дахл кунад. Дар пасманзари хабарҳои зиёд перомуни шиканҷа аз ҷониби намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ин масъала хеле муҳим ба ҳисоб меравад[i].

Муҳимияти ислоҳот ҳамчунин ба мушкили афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар, ки аз омори расмӣ бармеояд, рабт дорад[ii]. Барои мисол, худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мушкили ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳарф зад[iii].

Ҳукумат он замон бо ҷалби мақомоти қудратӣ ва неруҳои низомӣ чораҳои фаврӣ андешид. Ҳолати истифодаи неруи низомӣ дар минтақаи мушаххас барои аввалин бор нест, ки анҷом мешавад.  

Қарор аст, соли оянда – 2020 стратегияи баргузории ислоҳоти милитсия, ки соли 2013 қабул гардида буд, анҷом ёбад[iv].

Давлат имконият ва таҷрибаи гузаронидани чунин ислоҳотро надорад, аз ин рӯ ба ин раванд ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) ҳамроҳ шуданд.

Ҷаласаи ҳамоҳангӣ оид ба ислоҳоти ВКД бо иштироки САҲА. Акс аз mvd.tj

Барои САҲА нишон додани ҷалби таваҷҷуҳ ба рушди сиёсии Тоҷикистон, эҳтимолан новобаста аз муваффақияти баргузории ислоҳот, муҳим аст. Барои Тоҷикистон ислоҳоти мазкур метавонад қадами аввал ҷиҳати таҳкими иртибот миёни аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин баланд бардоштани мизони боварӣ ба милитсия гардад.

Лоиҳаи пешниҳодшудаи ислоҳоти милитсия аз қонуни қабулшуда дар бораи милитсия дар соли 2004 тафовути зиёд надорад[v]. Барои мисол, дар ин санад нигоҳ ба мушкили риояи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, ки аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд нақз мешавад, тағйир наёфтааст.   

Бо назардошти ин нукта, тасаввуре пайдо мешавад, ки ислоҳоти мазкур қадами муҳиме барои ҳалли ин мушкил шуда наметавонад.

Гуфтумонҳо атрофи стратегияи роҳандозии ислоҳот асосан аз масоили дастрасӣ ба хизматрасониҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар навоҳии алоҳидаи Тоҷикистон, намояндагии гендерӣ миёни ҳайати шахсии милитсия ва манъи душаҳрвандӣ барои кормандони ВКД иборатанд.

Дар чунин вазъ, таҳлили комили лоиҳаи ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон зарур аст. Дар дурнамо ин метавонад дастгирии коршиносии лоиҳаро таъмин намояд, инчунин ба аҳолӣ имкон медиҳад аз ҳар ҷониб бидуни ҳадсу гумонҳои зиёд ба чунин ташаббусҳо нигоҳ кунанд.  

Дар ниҳоят, ҳоло кори аслӣ перомуни ислоҳот дар бахши ба роҳ мондани иртибот миёни аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараён дорад. Дар ин замина давлат талош мекунад бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намояд, ки дар ҳоли ҳозир мешавад инро натиҷаи аз ҳама назаррас дар самти ислоҳот ном бурд.

Аммо дар давоми тақрибан 10 соли ислоҳот чунин чораҳо бештар ҳамчун иқдомҳои аввалия ба назар мерасанд. Ин дар ҳолест ки бар асоси нақша мебоист соли 2020 ислоҳот ба итмом расад.

 То имрӯз чӣ натиҷаҳое ба даст омадаанд?

Дар бораи натиҷаҳои то имрӯз бадастомадаи ислоҳот чизи зиёде маълум нест. Дар сомонаи амрикоии Бюрои назорати байналмилалии маводи мухаддир ва ҳифзи тартибот (Bureau of International Narcotics and Law Enforcement Affairs), ки дар чорчуби ислоҳоти милитсия ба сифати ташкилоти ҳамкор иштирок мекунад, аз 32 гуруҳи корӣ ва 49 маркази ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ дар тамоми кишвар хабар дода мешавад[vi].

Шарики дигар дар роҳандозии ислоҳот, ташкилоти байналмилалии ғайритиҷоратии Saferworld ба амалӣ сохтани лоиҳаҳои дигари марбут ба омӯзиши кормандони марказҳои мусоидат бо ҷомеа дар 4 ноҳияи кишвар машғул аст. Дар маҷмӯъ, дар ҳоли ҳозир ин ислоҳот чӣ тавассути расонаҳо ва чӣ тавассути шабакаҳои ҳукуматӣ ҳамчун василаи ба роҳ мондани иртибот миёни аҳолӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод мегардад. Он чӣ ба масоили вобаста ба муқобила бо коррупсия ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон марбут аст, ҳоло раванди роҳандозии ислоҳот онро фаро намегирад.

Иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ дар раванди иҷрои ислоҳот нақши хеле муҳим доранд. Барои мисол, дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасиҳои ислоҳоти милитсия иштироки фаъол дошта, бо мақомоти давлатӣ ҳамкории танготанг ба роҳ мондаанд. Дар Тоҷикистон ҳам чунин як равандро мешавад мушоҳида кард. 

Соли сипаришуда ҳукумати кишвар барои қабули шаҳрвандон ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия озмун эълон кард. Ин қадамро мешавад, ҳамчун гоми иҷборӣ – чораҳои дикташуда аз ҷониби донорҳои байналмилалӣ барои демократикунонии институтҳо, тавсиф кард.  

Давлат ташабуси ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо аҳолиро дар чорчуби ислоҳот нишон дод. Ин васила ҳамчунин иштироки сиёсии ҷомеаро дар маҷмӯъ баланд мебардорад, ки барои Тоҷикистон чандон маъмулӣ нест, махсусан бо назардошти он ки фаъолнокии шаҳрвандон то чӣ ҳад поин аст. 

Аммо алъон дар бораи кадом як ҳамкории самарабахш гуфтан барвақт аст, маълумотнокии аҳолӣ дар мавриди ислоҳот ҳанӯз хеле поин ва мизони нобоварӣ ба мақомот бошад, ҳанӯз баланд мебошад.

Як ҳолати мусбати дигар ин аст, ки мақомоти давлатӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо тавассути шарикони байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои ислоҳот[vii], ки ба муносибати аҳолӣ ва милитсия марбутанд, ҷалб мешаванд.

Ҳадафи чунин ҷаласаҳо ба роҳ мондани муколамаи баробар мебошад, аз ин рӯ ба онҳое ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқро намояндагӣ намекунанд, шаҳодатномаи ВКД дода шуд[viii].

Ин нишондиҳандаи хуб аст, зеро намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҷомеаи шаҳрванди иртиботи қавӣ доранд ва метавонанд манфиатҳои онҳоро дар чорчӯби ислоҳот пешниҳод намоянд. Чунин як равандҳои рушдро мешавад дар Қазоқистону Қирғизистон мушоҳида кард, ки барои ислоҳот “нуқтаи назари ҷомеаи шаҳрвандӣ”- ро ҷалб мекунанд, ки сабаби баланд шудани мизони фарогирии раванди қабули хулосаҳо мешавад.

Мизи гирди Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти милитсия дар вилояти Хатлон. Акс аз mvd.tj

Ислоҳоти феълии милитсия дар Тоҷикистон бо ҳамбастагии зичаш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои ғайриҳукуматӣ фарқ мекунад. Ин бешак як раванди мусбат мебошад, зеро он ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳад, дар раванди амалишавии ислоҳот ба натиҷаҳои бештаре ноил гарданд.

Аз ин рӯ мешавад гуфт, ки ислоҳот аллакай нигоҳи институтҳои ҳукуматиро ба муҳимияти ҷалби гуруҳҳои мухталиф, афроди алоқаманд дар ҳолати амалисозии кадом як лоиҳа, ислоҳот ё стратегия тағйир медиҳад. Дуруст аст, ки ҳадафи асосии ислоҳот ин нест ва чунин раванд мутаасифона ин далелро ки ислоҳот алъон ягон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, ҷуброн намекунад.

Як ҳолати муҳими дигар: лоиҳаи Saferworld соли 2016 оғоз ёфт ва то соли 2021 идома мекунад. Агар ин лоиҳа як бахши амалисозии ислоҳоти милитсия бошад, пас мешавад хулоса кард, ки ба эҳтимоли зиёд муҳлати амалишавии ислоҳот тамдид мегардад. Ин имкон медиҳад, ки ташаббусҳои шарикони ислоҳот нисбатан интегратсия шуда, дастгирии ташаббусҳои ғайридавлатӣ намоиш дода шавад.

Бо назардошти он ки ҳоло то анҷоми ислоҳот роҳ дароз аст, мешавад пешгӯӣ кард, ки стратегияи роҳандозии он ҳадди ақал барои се соли дигар дароз карда мешавад.

Таноқузот миёни мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ

Дар навбати аввал зарур аст таъкид шавад, ки роҳандозии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон василаи ихтилофи назари ҳукумати маҳаллӣ ва донорҳои байналмилалӣ аст. Ба андешаи коршиносон, Душанбе ба таҳким бахшидани худи мақомот дар самти омодагии касбии онҳо, чӣ дар ҳолатҳои ҷустуҷӯ ва боздошти ҷинояткорон ва чӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани авзои буҳронӣ манфиатдор аст.

Шарикони байналмилалӣ бошанд, дар ислоҳот имкони демократикунонии фаъолияти институтҳои ҳифзи ҳуқуқ, беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ва решакан намудани коррупсия дар мақомотро мебинанд[ix].

Чунин вазъият метавонад ба натиҷаҳои муассири худи ислоҳот таъсир расонад, зеро адами нигоҳи умумӣ ба мушкил худ аз худ рискҳоро ба вуҷуд меоварад. Бо ин ҳол, ҳамкории ҳукумати ҷумҳурӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар ин мавзӯъ равандии аслии амалишавии он маҳсуб меёбад. 

Мавқеи САҲА дар ҷумҳурӣ вобаста ба риояи ҳуқуқи инсон бештар пасив буд. Коллаж аз osce.usmission.gov

Адами таваҷҷуҳи вижа ба демократикунонӣ ва ҳуқуқи инсонро мешавад дар муносибати мураккабшудаи Тоҷикистону САҲА, шарики аслии ислоҳоти милитсия маънидод кард. Ин ҳам дар ҳоле ки мавқеи САҲА дар ҷумҳурӣ вобаста ба риояи ҳуқуқи инсон бештар пасив буд[x].

Вазъи баҳсбарангези марбут ба иштироки намояндагони мухолифин дар ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башар дар Варшава сабаби тира шудани муносибат бо САҲА гардид. Дар натиҷа панҷ дафтари саҳроии САҲА дар минтақаҳои кишвар баста шуда, танҳо дафтари барномавии он дар Душанбе боқӣ монд.

Бо ин, фаъолияти созмон дар масоили марбут ба ҳуқуқи инсон коҳиш ёфт. САҲА талош дорад, ки бо ҳукумат вориди баҳсҳои нав нашавад, зеро масъалаи комилан бастани дари ин созмон дар Тоҷикистон хеле зиёд садо медиҳад.

Ҳамаи ин аз он далолат мекунад, ки шояд дар мавриди ислоҳоти ҳамаҷонибаи милитсия иқдоме сурат нагирад ва ҳуқуқи инсон яке аз бахшҳои муҳими он нахоҳад шуд. Маҳз дар пасманзари чунин сенариёҳо, ҷалби созмонҳои дигар барои ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ мусбат менамояд.

Ҳамзамон, намояндагони мақомот аз тасмимҳо дар мубориза бо бадрафторӣ ва шиканҷа мегӯянд. Вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки насби дурбинҳо дар утоқҳои хидматии шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар назар аст, аммо масъалаи маблағгузории иловагӣ барои ин иқдом суолест беҷавоб[xi].

Аз ҷониби дигар, чунин иқдомҳо наметавонанд мушкилро дар кулл ҳал намоянд. Дар мавриди кадом як тренинг ва ё чорабиниҳои марбут ба баланд бадоштани огоҳии кормандони мақомот дар бораи ҳуқуқи инсон ва усулҳои муфиди кор бо шаҳрвандон дар дохили шӯъбаҳо дар доираи ин ислоҳот чизе гуфта нашудааст.

Давоми соли 2018 дар Тоҷикистон 44 ҳолати истифодаи шиканҷа ва бадрафторӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба қайд расидааст[xii]. Вобаста ба 38 ҳолат бо дархости Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳукумат барои қабули як қатор чораҳое омодагӣ мебинад, ки баргузории ҷаласаҳо ҷиҳати баланд бардоштани иттилоънокии судияҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи онҳо мебошад. Барои ин нақшаи иҷрои тавсияҳои Кумитаи мубориза алайҳи шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 қабул гардид[xiii].

Аммо маълум нест, ки оё дар роҳандозии ин нақша созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок мекунанд ё на ва ҳам ислоҳоти милитсия то куҷо ба ин нақша ворид карда мешавад. Дар чорчуби ислоҳот аллакай масъалаи маблағгузории иловагӣ ба миён омада буд, бо назардошти камбуди буҷаи давлатӣ рӯшан нест, ки нақшаи нав чӣ гуна амалӣ мешавад.

Анҷом

Вазъи вобаста ба ислоҳот дар бештари ҷанбаҳо номуайян аст. Аз матлабҳои дар расонаҳо нашршуда ва иттилоияҳои давлатӣ чунин хулоса мешавад, ки институтҳои давлатӣ ва байналмилалӣ дар ин самт кори муассире анҷом медиҳанд. Аммо ин таасурот танҳо шабаҳ аст. Кадом як натиҷаи назаррасе дида намешавад.  

Ҳолатҳои мусбате, ки дар болотар ишора шуд, ҳамчунон дар сатҳи ҷаласот ва баррасиҳо боқӣ мемонанд. Имиҷи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамон гуна боқӣ мондааст – он бештар метарсонад, аз он ки бовариро афзояд. Дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва демократикунонии кори мақомот пешравие дида намешавад.

Аз ҷониби дигар, мешавад мушоҳида кард, ки дар самти ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иқдомҳое сурат мегиранд. Барои мисол, 10 сол қабл ин ҳолат тасаввурнокарданӣ буд. Маҳз ҳамин, умедеро бедор мекунад, ки давлат арзиши нуктаи назари алтернативӣ, аз ҷумла дар масъалаи ҳуқуқи инсонро дарк мекунад. 

Агар ин тааасурот ростин аст, пас намояндагони мақомоти давлатӣ метавонистанд тавсияҳои зерро дар мавриди баргузор намудани ислоҳот баррасӣ намоянд:

Бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, коршиносони мустақил ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баррасӣ кардани стратегияи ислоҳоти милитсия. Барои мисол, тавассути баргузор кардани гуруҳҳои корӣ, ки вазифаашон таҳлили санадҳои ҳуқуқӣ ва худи стратегияи роҳандозии ислоҳот мебошад. Ба ин гуруҳҳои корӣ набояд намояндагони ҳифзи ҳуқуқ шомил карда шаванд, то нигоҳи шаҳрвандӣ ба мушкил пурра таъмин гардад.   

Дар ҳар се моҳ созмон додани мулоқотҳои мунтазам оид ба натиҷаҳои баргузории ислоҳот. Дар чунин ҷаласот бояд гузориши мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ шунида шаванд. Ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд имкони озоди гуфтани андеша ва интиқод дар ҳар ҳолате дода шавад. Чунин ҷаласаҳо ҳатман бояд барои намояндагони расонаҳо озод бошанд.

Ниҳоят, ҳамгироии дастури кори марбут ба ҳуқуқи инсон ва демократикунонии институтҳои ҳифзи ҳуқуқ ба стратегияи ислоҳот. Барои анҷом додани иқдомҳои шаффоф, ки ба бозомӯзии кормандон марбут аст, иштироки намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ муҳим аст.    

Ба унвони охирин роҳ, баррасӣ намудани масъалаи қабул ба кор дар ВКД бо истифодаи усулҳои нави омӯзиши кормандон.

Ҷалб кардани мутахассисон аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки раванди ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо самар тай кардаанд. Ҳамкорӣ дар шакли форумҳо барои табодули таҷриба ҳам мумкин аст, инчунин ҷалби бевоситаи чунин мутахассисон ҳамчун узви гуруҳҳои корӣ.  


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.


 [i] Коалиция против пыток подвела итоги деятельности в 2018 году http://notorturetj.org/news/koaliciya-protiv-pytok-podvela-itogi-deyatelnosti-v-2018-godu

[ii] Число зарегистрированных преступлений, 1998-2017, https://www.stat.tj/ru/database-socio-demographic-sector

[iii]  Буриев., М. 2018, Результаты спецоперации на Памире: главные акторы и дальнейшее развитие, CABAR.ASIA

[iv] Стратегия реформы милиции в Республике Таджикистан на 2013- 2020 годы, https://mvd.tj/index.php/ru/postanovlenie-rt/prikazy-mvd-rt/2-uncategorised/11680-strategiya-reformy-militsii-v-respublike-tadzhikistan-na-2013-2020-gody

[v] Закон Республики Таджикистан «О Милиции», 2004 http://base.spinform.ru/show_doc.fw

[vi] Bureau of International Narcotics and Law Enforcement Affairs: Tajikistan Summary, https://www.state.gov/bureau-of-international-narcotics-and-law-enforcement-affairs-work-by-country/tajikistan-summary/

[vii] В Хороге укрепляют доверие между милицией и населением, Радио Озоди, 04.06.2019, 

[viii] Комментарий Олимджона Бахталиева, Проектного координатора Saferworld в Таджикистане

[ix]  Марат., Э. 2012 Полицейская реформа ОБСЕ в Кыргызстане и Таджикистане: прежние трудности и новые

[x] Foroughi. P. 2012, Politics and Human Rights in Tajikistan: Squandered Opportunities, Uncertain Future, OSCE Yearbook, https://ifsh.de/file-CORE/documents/yearbook/english/11/Foroughi-en.pdf

[xi] В Таджикистане готовятся реформировать МВД. Но прежде чем превратить милицию в полицию и менять работу силовиков, Душанбе стоит учесть опыт соседних стран. 29.07.2019 Спутник

[xii] Коалиция против пыток подвела итоги деятельности в 2018 году. http://notorturetj.org/news/koaliciya-protiv-pytok-podvela-itogi-deyatelnosti-v-2018-godu

[xiii]  http://notorturetj.org/tjun/v-tadzhikistane-prinyat-nacplan-deystviy-po-vypolneniyu-rekomendaciy-komiteta-oon-protiv-pytok?fbclid=IwAR1z5uUsnCGkFJRfKKysXKck6SsEyFDPvon3LcDss67rYwd90wYkjJdmZgk

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: