© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Зиндагӣ дар талу теппаҳои атрофи Душанбе

Душанбе аз се тараф дар иҳотаи куҳу теппаҳо қарор дорад, ки онҷо ҳазорон нафар зиндагӣ мекунанд. Аммо ба фарқ аз маркази пойтахт, ки ҷойи биноҳои куҳна манзилҳои наву муоссир қад меафрозанд, дар атрофи шаҳр вазъ ҳузнангез аст.  


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


English На русском

Чанд сол қабл, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳо таъкид намуд, ки “дар атрофи пойтахт теппаҳои холӣ намондааст, ҳамаро фурӯхтаанд”.

Қаротегин, Зайнаббибӣ ва Калинин маъруфтарин минтақаҳои пойтахт ҳастанд, ки дар теппаҳо ҷойгиранд. Ҳар қадар дар кӯчаву пасткӯчаҳои ин манотиқ ҷониби боло ҳаракат мекунед, ҳамон андоза лой ва харобаҳо ба чашм мехӯранд.

Кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт ҳар рӯз симои нав ба бар мекунанд. Аммо навоҳии канортар аз марказ дар ҳоли фаромӯшӣ қарор доранд. 

Набиҷон, падари панҷ тифли ноболиғ аст. Ҳашт сол аст ки дар маҳаллаи Калинин зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, барои зиндагӣ дар ин минтақа доштани мошин ва обанбор барои захираи об хеле муҳим аст. Дар ин маҳалла ҳафтае як маротиба ва барои як соат об интиқол дода мешавад.

“Обанбори ман тавони захираи 12 тонн обро дорад, ки барои 4-5 рӯз кофӣ аст. Мо ин обро бо ду ҳамсояи худ қисмат мекунем”,-мегӯяд Набиҷон.

Нарасидани об ягона мушкили сокинони ин маҳалла нест. Кӯчаҳо ҳанӯз ном ва суроғаи расмӣ надоранд, аз ин сабаб бошандаҳои он дар ҷойиҳое расман сабт шудааанд, ки то кӯчидан ба ин ҷо зиндагӣ мекарданд. Як мушкили дигар  — набудани мақомоти маҳаллӣ ва шӯъбаи пулис мебошад.

Ҷавонони маҳаллӣ бо дидани дастгоҳи наворбардории мо фикр карданд, ки билохира мақомоти маҳаллӣ дар фикри онҳо шудааст. Нахустин саволи онҳо ин буд: “Барои мо майдончаи футбол месозанд?”

Феълан, кӯдакони маҳаллӣ дар ҳудуди яке аз манзилҳои сохтмонаш нотамом футбол бозӣ мекунанд. Мегӯянд, агар ҳангоми бозӣ либосҳояшонро ифлос кунанд, аз ҷониби волидон “гап” мешунаванд. Аммо онҳо ба футбол шавқу рағбат доранд, модаронашон бошанд, намехоҳанд, оби камёфтро исроф кунанд.

Кӯдакон на танҳо ҳангоми футбол либосҳояшонро ифлос мекунанд. Рӯзҳои боронӣ роҳҳо ба садди лойӣ табдил мешаванд.

Давлатмоҳ, ки дар маҳаллаи Калинин зиндагӣ мекунанд, мегӯяд, рӯзҳои боронӣ ба пойафзоли кӯдакони мактабхонаш бастаҳои селофанӣ мепӯшонад, то дар кӯчаҳо пури лой нашаванд. Се фарзанди ӯ мисли дигар кӯдакони ин маҳалла дар мактаби ҳамагонии №33-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд. Дар маҳалла кӯдакистон ва мактаб мавҷуд нест.   

 

Сафар ва Хушдил низ барои тадрис ба ҳамин мактаб мераванд. Хушдил хонандаи синфи 7 аст. Мегӯяд, ҳангоми ба мактаб рафтан ё аз онҷо ба хона баргаштан шимашро то зону боло мекунад.

“Агар рафту шимҳоямон ифлос шавад, муаллимон мепурсанд, ки барои чӣ шиму туфлиҳоятон пури лой ҳаст? Мегӯем, аз теппаҳо омадем. Инро шунида, чизе намегӯянд”.

Роҳ то мактаб ҳудуди 3 километр фосила дорад. Кӯдакон онро дар ним соат тай мекунанд, аммо аснои баргашт барои баромадани талу теппаҳо як ва ё якуним соат сарф мешавад.

Сокинони маҳаллаҳои воқеъ дар теппаҳои атрофи Душанбе ҳамеша дар орзуи мумфарш шудани роҳҳо, бартараф гардидани мушкили беобӣ ва бунёди кӯдакистон, мактаб ва майдончаҳои варзишӣ барои фарзандонашон ҳастанд.

01
11
07
17
08
18
19
15
20
03
09
02
21

Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project, ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, таҳия шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.