© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

«То расидан ба осмон»: коршиносон ва мансабдоронро зарур аст, ки муколамаи бунёдиро ба роҳ монанд

Дар клуби баҳсу мунозараи cabar.asia таҳлилгарон ва коршиносон аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ сифати матлабҳои коршиносона ва механизми иҷрои онҳоро баррасӣ карданд.

English На русском


Ин баррасӣ дар доираи мулоқоти минтақавии Мактаби таҳлии cabar.asia баргузор шуда, дар он таҳлилгарони ҷавон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Чорабии мазкур бо дастгирии Вазорати умури хориҷии Норвегия ва сафорати Бритониё дар шаҳри Бишкек баргузор карда шуд.

Тафсилоти бештар оиди вохӯрии минтақавӣ

Дар умум, дар кори марказҳои таҳлилии чаҳор кишвари мазкури Осиёи Марказӣ раванди ҳамгун (якхела) дида мешаванд. Созмонҳои давлатӣ, марказҳои ғайридавлтиву таҳлилгарон ва коршиносони мустақил дар ин ин масир фаъолият мекунанд.

Марказҳои таҳлилӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли  ниҳодинасозии фаъолияти худ, беҳсозии коммуникатсия бо ниҳодҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳлилу ташхисҳои худанд.

Қазоқистон

Аскар Мукашев, хатмкунандаи Мактаби таҳлилии cabar.asia мегӯяд, Институти таҳқиқоти иқтисодии назди Вазорати рушди иқтисоди миллии Қазоқистон соли 1961 таъсис дода шуд. Пас аз соҳибистиқлол шудани Қазоқистон дар соли 1991 дар кишвар марказҳои таҳлилии мустақилу давлатии дигар таъсис ёфтанд.

Мукашев мегӯяд, наметавон тасдиқ кард, ки марказҳои таҳлилӣ ба қарорҳои қабулшуда таъсир расонда метавонанд.

“Вале тамоюлҳои ҷолибе мушоҳида мешаванд: бештари марказҳои таҳлилии мустақилу давлатӣ дар интернет сомонаҳои худро доранд, ки дар онҳо гузориш ва ҳисоботҳоро нашр мекунанд”, – изҳор дошт  Мукашев.

“Дар мавриди мушкилиҳое, ки марказҳои таҳлилӣ рӯбарӯанд, бояд гуфт, ки марказҳои таҳлилии ватанӣ ҳоло хеле ҷавонанд ва мушкили норасоии матлаб ва мутахассисонро доранд”, афзуд Мукашев.

Қирғизистон

Дар ин кишвар “маркази асосии зеҳнӣ”- Институти миллии таҳқиқоти стратегии назди ҳукумати Қирғизистон ба шумор меравад, ки соли 1994 аз тарафи президенти пешин Аскар Акаев таъсис дода шудааст. Дар баробари институти мазкур даҳҳо созмонҳои ғайридавлатие фаъолият доранд, ки худро маркази таҳқиқоту таҳлилӣ меноманд. Вале шумори ками онҳо фаъолияти мунтазам доранд.Дар рафти қабули қарорҳо дар кишвар монополияи марказҳои таҳлилӣ дида намешавад. Раҳбари давлат ва мансабдорони калидии дигари кишвар дар миёни коршиносону кормандони расонаҳо шахсони наздикро доранд, мегӯяд, иштирокчии Мактаби таҳлилии cabar.asia аз Қирғизистон Тимур Токтоналиев.

“Дар бештари маврид фаъолияти ин созмонҳо аз грантҳо, сармоягузорӣ ва фармоишҳое вобастаанд, ки онҳо дарёфт мекунанд. Бештари ин марказҳо як коршинос доранд, ки ӯ ҳамзамон мудир ҳам ҳаст”, – афзуд Токтоналиев.

Яке аз марказҳои мустақили таҳлилии нисбатан бузург дар таърихи истиқлолияти Қирғизистон “Институти сиёсати ҷамъиятӣ” (IPP) буд, ки аз соли 2005 то соли 2014 фаъолият дошт. Он дар асоси грантҳои гуногун кор карда, фаъолияти доимӣ дошт. Мавзуъҳои мубрами кишварро баррасӣ карда, дар сомонаи он матлабҳое нашр мешуданд ва ҳамчунин институт дар робита ба мушкилиҳои кишвар маҷмуи матлабҳоеро таҳия карда, ба ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ирсол мекард.

Чанде пеш президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуруҳи бузурги намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварро ба ҳузур пазируфт, ки дар миёни онҳо коршиносони маъруфи соҳаҳои гуногун низ буданд.  Раисҷумҳур гуфт, дар робита ба ин ё он мушкили кишвар ниёз ба назар ва тавсияҳои воқеъбинона дорад. Ин умед мебахшад, ки таъсири коршиносон, матлабҳои онҳо ва марказҳои таҳлилӣ меафзояд ва онҳо дар низоми қабли қарорҳо дар бахши давлатӣ ҷои худро пайдо хоҳанд кард, – афзуд гузоришгар аз Қирғизистон.

Тоҷикистон

 Таҳлилгарон мегӯянд, солҳои ахир дар ин кишвар шумори “марказҳои зеҳнӣ” тадриҷан афзоиш меёбанд. Ба гуфтаи сиёсатшинос аз Душанбе Муслимбек Бӯриев, агар соли 2014 ин гуна марказҳо ҳамагӣ 4-то буд, пас дар соли 2017 шумори онҳо ба ҳафт адад расидааст.Бӯриев дар гузориши худ қайд кардааст, ки ҳамкориҳо миёни марказҳои таҳлилии давлативу ғайридавлтӣ бояд пурзӯр карда шавад. Ба гуфтаи сиёсатшинос, то ҳадди имкон пажӯҳиш ва таҳлилҳои марказҳо бояд боз бошанд, то ҷомеа тавонад бо онҳо шинос шавад ва хуосаҳои худро барорад.

Муовини сардори Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон Рустам Азизӣ мегӯяд, вақте мақомот бо дархости расмӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, пас он марбут ба қабуле қароре аст ва онҳо ниёз ба дастгирии ташхисиву таҳлилӣ доранд.

“Мо навиштаҳои таҳлилӣ ва тавсиявиро ба дастгоҳи иҷроияи президент, вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои гуногуни дигари давлатӣ мефиристем. Баъзан қарорҳо дар асоси тавсияҳои мо гирифта мешаванд ва баъзан онҳо барои такмил бозпас фиристода мешаванд”, – гуфт Азизӣ.

Ӯзбекистон

Сиёсатшинос аз Тошканд Шоҳрух Абдуллоев мегӯяд, дар донишгоҳҳои ин кишвар ҳанӯз ҳам кафедраҳои сиёсатшиносӣ бастаанд, ки он ба фаъолияти марказҳои таҳлилӣ таъсири мусбат нахоҳад расонд.

Дар ҳоли ҳозир, фаъолияти марказҳои таҳлилии давлатӣ ё марказҳои назди ниҳодҳои давлатӣ каме “ҷон” гирифтаанд.Пас аз марги президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, сар аз соли 2017 дар ин кишвар як қатор марказҳои таҳлилие арзи вуҷуд карданд, ки худро “мустақил” меноманд.

“Дар мавриди таъсири онҳо ба қабули қарорҳо метавон гуфт, ки иттилоъ ва таҳлилро маркази таҳлилии назди идораи давлатие пешниҳод мекунад, ки аз фармоишгар — давлат вобастааст”, – мегӯяд Абдуллоев.

Вазъ дар Русия ва Аврупо

Дар робита ба таъсири марказҳои таҳлилии Русия (давлатӣ ва ғайридавлатӣ) метавон чаҳор абзорро ҷудо кард: ҳифзи тамосҳои ғайрирасмӣ бо шахсони қабулкунандаи қарорҳо, иштирок дар формати мунозаравии гуфтугӯ бо сиёсатшиносон, иштирок дар равандҳои расмӣ: ҷаласаҳои порлумон, иштирок дар баррасии расонаҳо ва ҷомеаи коршиносӣ, – мегӯяд Аскар Мукашев.

Таҳлилгар аз Қирғизистон  Нурбек Бекмурзаев, дар асоси таҷрибаи иштироки худ дар пажӯҳишҳои Маркази Женева дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ (GenevaCentreforSecurityPolicy) ва Институти муносибатҳои байналмилалии Норвегия (NorwegianInstituteofInternationalAffairs) мегӯяд, дар робита ба таъсир дар қабули қарорҳо ягон формулаи комёб дида намешавад, аз муҳтаво ва манобеи марказҳо бисёр чиз вобастааст.

Фарҳод Мирзобоев, рӯзноманигор аз Ӯзбекистон дар бораи кори худ бо марказҳои таҳлилии хориҷӣ нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, дар аввал ӯ хост, назари ӯзбеконро дар робита ба ин ё он масъалаи минтақавии Осиёи Марказӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонад. Ӯ шарҳ дод, ки ба нигоҳи доираҳои таҳлилии ғарбӣ дар робита ба кишварҳои минтақа назари алтернативиеро пешниҳод кунад.

 

Қаҳрамон Бақозода, муассис ва раҳбари маркази таҳқиқотии “Зеркало” дар шаҳри Душанбе аст, ки беш аз 25 коргар дорад. Маркази ӯ беш аз 20 сол аст, ки фаъолият дорад ва гуруҳаш дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он таҳқиқотҳоеро анҷом медиҳанд. Мирзобоев, мегӯяд, сабаби нашри матлабҳо дар расонаҳои таҳлилӣ он аст, ки мехоҳанд, ба шахсони қабулкунандаи қарорҳо кӯмак кунанд ва тамолҳои минтақавиву дохилии кишварҳои Осиёи Марказиро хубтар фаҳманд.

Бақозода дар баромади худ дар бораи хусусиятҳои кори марказҳои таҳлилӣ дар Тоҷикистон суҳбат карда, бархе аз назару андешаҳояшро ба ширкатдорон баён дошт.

“Таҳлилгар ин “сарбози универсалӣ”-ест, ки бояд аз зарфиятҳои бузург  бархурдор бошад”, – изҳор дошт Бақозода.

 

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: