© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Дар остонаи фақр…

Бар пояи омори расмӣ, 29,5 дарсади тоҷикистониҳо зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.  Аммо ба ҳисоби коршиносон, дар асл ин рақам дасти кам ду баробар бештар аст.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Муҳаббат Ҳасанова, сокини шаҳри Ваҳдат буда, ба танҳоӣ панҷ фарзандро тарбия мекунад. 600 сомонӣ ($63,28) музди меҳнат, ки барои тамизкории роҳу кӯчаҳо мегирад, ба таъмини  хонаводаи иборат аз шаш нафар намерасад. Барои пешбурди зиндагӣ хешовандон ба ӯ кумак мекунанд. Бар илова, ба сифати ёрии иҷтимоӣ солона аз давлат 400 сомонӣ ($42,18) мегирад. Ин маблағ чор тақсим шуда, ҳар се моҳ дар ҳаҷми 100 сомонӣ ($10,55) дода мешавад.

“Дар як моҳ тақрибан 1000 сомонӣ ($105,46) масраф мешавад. Ҳоло танҳо як халта орд 200 сомонӣ ($21,09) нарх дорад. Ёрии солона танҳо барои як халта орд, 5 литр равған ва 3 килоӣ қанд, макарон, картошка, пиёз ва сабзӣ мерасад. Ин танҳо захираи якмоҳа мебошад. Ба назар мерасад, ки 11 моҳи дигар мо бояд аз баҳри ғизо ва хариди либос бароем”,-мегӯяд Ҳасанова.  

Ба иттилои сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори Тоҷикистон Абдувалӣ Қулов, давоми 20 соли ахир мизони камбизоатӣ дар кишвар бештар аз ду баробар коҳиш ёфтааст.

Абдувалӣ Қулов. Акс аз RFE/RL

“Бори аввал соли 1999 Бонки ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо Агентии омор мизони камбизоатиро дар Тоҷикистон муайян намуд, ки 83 дарсадро ташкил медод. Ҳоло он то 29,5 дарсад коҳиш ёфтааст”,-мегӯяд Қулов.

Аммо муътамад будани омори расмӣ ҳатто дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ мавриди шубҳа қарор дорад. Моҳи июни соли сипаришуда раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар як ҷаласаи парлумон нишондиҳандаи коҳиши мизони камбизоатиро дар кишвар аз 73 дарсади соли 2013 то 31 дарсади соли 2015 зери шубҳа бурд:

“Ин маълумотҳо аз куҷо ҳастанд ва бо чӣ роҳ ба даст омадаанд?”,-пурсид Зуҳуров.

Худамон ҳисоб мекунем

Тибқи методикаи Бонки ҷаҳонӣ, зери хатти фақр ҳолатест, ки агар даромади рӯзонаи як нафар камтар аз 16,6 сомонӣ ($1,9) (ё наздики 498 сомонӣ ($57) дар як моҳ) бошад.    

Бар пояи баррасии Барномаи ғизои СММ дар соли 2018, тақрибан ними аҳолии кишвар дар ҳолати фақр зиндагӣ мекунад:

“Тоҷикистон яке аз кишварҳои нисбатан фақири ИДМ мебошад, ки 47 дарсади аҳолии он рӯзона бо камтар аз 1,33 доллар ва 17 дарсад бошанд, бо камтар аз 0,85 доллар зиндагӣ мекунанд”,-гуфта мешавад дар ин гузориш.

Аммо аз соли 2008, бар асоси қарори №379-и ҳукумат, дар Тоҷикистон танҳо хонаводае камбизоат шуморида мешавад, ки ба ҳар узви оила камтар аз 50 дарсади музди камтарини меҳнат  – 400 сомонӣ ($42,18) рост меояд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов, дар ин сурат оилаҳо метавонанд барои дарёфти кумак ва имтиёз аз давлат талош кунад.

“Шаҳрвандон дар аризаи худ тамоми даромад – музди меҳнат, нафақа, стипендияро ҳисоб карда, менависанд. Агар ҳангоми ҳисоби умумии даромад, ба ҳар аъзои оила беш аз 250 сомонӣ рост биёяд, пас он камбизоат ҳисоб карда намешавад. Ҳоло 77 ҳазор оилаи камбизоат дар пардохти истифодаи неруи барқ имтиёз доранд. Онҳо дар мавсими тобистон 200 КВ/соат ва дар мавсими зимистон 200-250 КВ/соат неруи барқро ройгон мегиранд”,- мегӯяд Қурбанов.

Як роҳи дигари муайян кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст. Соли 2014 ҳукумат қарори №437-ро қабул кард, ки низоми имтиёзии арзёбии некуаҳволии шаҳрвандонро дар назар дорад. Барои ин бояд ба ҷамоати ҷойи истиқомат муроҷиат намуда, дар варақа маълумот дар бораи дороиҳои худ, монанди телевизор, яхдон, мошин, чорво ва монанди инро навишт. 

Баъдан, давоми 10 рӯз котиби масъули ҷамоат дархостҳои гирдомадаро ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ мебарад. Онҷо ин маълумотҳо ба шакли электронӣ ворид шуда, пурсишномаи иборат аз 101 банд, бо нишон додани даромади оила, пур карда мешавад. Барои ҳар банд, балҳои муайян гузошта мешавад. Як оила дар ҳоле камбизоат ҳисобида мешавад, ки агар шумораи балҳояш ба 222 бирасад. Дар ин сурат, барои ӯ дар филиалҳои Амонатбонк ҳисоби бонкӣ боз мекунанд. 

“Котиби масъул бояд дархости воридшударо биомӯзад. Дар сурати маълум шудани фиребкорӣ дархосткунанда ҳақ надорад, давоми соли оянда барои дарёфти ёрии молӣ муроҷиат намояд”,-таъкид мекунад Қурбонов. 

Маҳз аз рӯи ҳамин низом Муҳаббат Ҳасанова ва 85 ҳазор хонаводаи дигар солона 400 сомонӣ ($42,18) кумакпулӣ мегиранд.

Маълумоти (но)муътамад

Мақомдорон мегӯянд, шеваи балгузории арзёбии камбизоатӣ ройгон буда, эҳтимолияти ба вуҷуд омадани коррупсияро аз миён мебарад. Аммо аҳолӣ ба одилона будани ин низом бовар надорад.

Ҷамила, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, чанд ҳамсояи ӯ новобаста ба зиндагии хуб доштан, ёрии молӣ мегиранд. 

“Чанд писари ҳамсояи ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва ҳар моҳ пул равон мекунанд. Бар илова, онҳо боз ёрии иҷтимоӣ мегиранд. Ман боз чанд чунин хонаводаҳоро мешиносам. Аз ин рӯ, бовар надорам, ки бидуни доштани шинос мешавад, ба гирифтани ёрии молӣ муваффақ шуд”,-меафзояд Ҷамила.   

Дар ҳамин ҳол, бархе нафароне ки дархост додаанд, мегӯянд, харҷҳои гирдовардии ҳуҷҷатҳо аз маблағи ёрии молӣ зиёдтар мешавад.

Аз ин рӯ, коршиносон ба муътамад будани омори мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон шубҳа доранд. Шореҳи иқтисодӣ Зулфиқор Исмоилиён мегӯяд, Тоҷикистон бо кам нишон додани маълумотҳо мехоҳад нишон бидиҳад, ки ба кумак ниёз надорад.

Зулфиқор Исмоилиён. Акс аз RFE/RL

“Бино ба таҳлилҳои ман, мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон 62 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳукумат мегӯяд, сатҳи зиндагӣ беҳтар шуда, музди меҳнат боло рафтааст. Аммо агар музди меҳнат боло бурда шуд, нархи маҳсулот ҳам афзуд ва қурби сомонӣ поин рафт. Агар тоҷикистониҳо аз 500 то 1000 сомонӣ ($52,97–105,94) ҳам кор кунанд, ҳамоно дар зери хатти фақр қарор доранд”,-таъкид мекунад Исмоилиён.

Соли сипаришуда, Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, мизони таваллудро коҳиш бидиҳад. Ин ниҳод афзоиши босуръати аҳолиро сабабгори аслии камбизоатӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ унвон кард.

Ба андешаи Зулфиқор Исмоилиён, дар навбати аввал бояд бо бекорӣ мубориза бурд, ки ин дар навбати худ имкон медиҳад, мизони камбизоатӣ коҳиш ёбад. Ӯ мегӯяд, бояд ба ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи бештар карда шавад, то одамон имкони пул кор кардан пайдо кунанд.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.  

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: