Чӣ тавр дар шаҳре, ки раисияшро принсинноктарин мансабдори Ҳукумати феълӣ ба уҳда дораду эҳтироми кӯчарубонаш сиёсати муҳими шаҳрдорӣ аст, пули буҷетӣ бо истифода аз “ҷонҳои мурда” дуздӣ мешавад?
Коргаре, ки 3 сол ҷойи кораш нарафтааст
Кӯчаруб Юсупов Муллораҷаб (Юсуфзода Муллораҷаб Розиқ) ҳарчанд давоми 3 сол ба кор нарафта буд, аммо масъулини Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино (МДИР) ҷойи кори ӯро ҳифз карда, ӯро аз кор озод накардаанд.
Бале, ӯ расман кӯчаруб буд, аммо намедонист, ки бо вуҷуди ба кор нарафтанаш, ҳоло ҳам корманди МДИР-и ноҳияи Сино аст. Расо баъд аз 3 сол, вақте ба ӯ хабар расид, ки ҳоло ҳам фармони аз кор озод кардани ӯ содир нашудааст, ӯ бовар накард. Барои санҷиш ба онҷо рафта, хоҳиш кард, то барояш маълумотнома ва ҳуҷҷат дар бораи маошаш бидиҳанд. Кормандони МДИР бидуни ягон шубҳа ба ӯ маълумотномаро дод. Дар маълумотномаи ӯ омадааст: «Дода шуд ба Юсупов Муллораҷаб ҳақиқатан дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Шӯъбаи обёрикунӣ кор мекунад. Аз 08.07.2013 бо маоши … сомонӣ.”
Дар маълумотномаи дигари МДИР-и ноҳияи Сино омадааст, Юсупов Муллораҷаб дар соли 2015 ҳудуди 12.066 (дувоздаҳ ҳазору шасту шаш) сомонӣ ва дар шаш моҳи аввали соли равон 6127 (шаш ҳазору як саду бисту ҳафт) сомонӣ маош гирифтааст.
Ҳол он ки кӯчаруби собиқ Муллораҷаб мегӯяд, 1 сомонӣ ҳам аз ин маблағ ба дасти ӯ нарасидааст ва маълум нест, ки ин маблағро кӣ гирифтааст. Аҷоибот!
Аммо қиссаи ба кор даромадани Муллораҷаб аҷибтар аст: Ӯ дар ҳақиқат соли 2013 замоне, ки бекор буд ба идораи МДИР-и ноҳияи Сино муроҷиат кардааст, то ӯро ба кор қабул кунанд. Аз ӯ 2 дона акси 3х4, ариза барои ба кор қабул кардан, нусхаи шиноснома ва маълумотномаи тиббӣ талаб карда, ӯро ба кор қабул намуданд.
Муллораҷаб мегӯяд: «Баъди ҳамин дигар касе занг ҳам назад ва ман фикр кардам, ки онҳо аз баҳри ман баромаданд. Аммо намедонистам, ки масъулини МДИР аз номи ман ҳар моҳ маош мегирифтаанд. Ҳатто ба номи ман дар “Тоҷиксодиротбонк” корти бонкӣ кушода, ҳар моҳ аз буҷет ба номи ман музди меҳнат мегиранд. Илова бар ин дар иду ҷашнҳо кӯмакпулӣ низ мегирифтаанд, аммо кӣ гирифтааст?, -суол мегузорад ҳамсӯҳбати мо.
Дар нусха аз фармони қабули Муллораҷаб, ки дастраси мо шуд омадааст, ки ӯ дар асоси аризааш аз 3.07.2013 ба ҳайси коргар ба МДИР-и ноҳияи Сино қабул карда шудааст.
Қаҳрамони мо дар идома гуфт, “охирон бор 31-уми августи соли равон, вақте барои кадом ҳуҷҷате ба Шуъбаи кадрҳои МДИР-и Сино рафтам, онҳо нохост аз ман суол карданд, саркор ва бригадират кӣ ҳастанд. Табиӣ буд, ки ман инро надонистам ва мудири шуъбаи кадрҳо талаб кард, аризаатро навис туро аз кор озод мекунем. Ман ҳам бе ягон шикоят ариза навиштам. Баъди як ҳафта рафта, дафтарчаи меҳнатиамро гирифтам,-мегӯяд Муллораҷаб.
Юсуфзода Муллораҷаб ягона шахсе нест, ки бо номаш дар МДИР-и ноҳияи Сино маблағҳои буҷет азхуд карда мешаванд.
Ҳол онки манобеи мо дар МДИР-и Сино мегӯянд, ба монанди Муллораҷаб “коргарон”-и сохта кам нестанд ва барои ошкор кардани ин нафарон танҳо як иқдоми шаҳрдорӣ дар намуди комиссияи ногаҳонӣ кифоя аст. Яъне шаҳрдорӣ метавонад танҳо бо ташкили як комиссияи бехабар аз масъулини МДИР ҷойҳои кориро тафтиш намояд ва дақиқ кунад, ки онҳо то куҷо ҳақиқӣ ҳастанд.
Дар давоми таҳқиқот ба мо муяссар шуд, ки дар умум ба шахсияти 5 коргари сохта равшанӣ андозем.
Биёсмои 17 ҳазора
Биёсмо Ҳусайнова, ҳамсари Фахриддин Файзов, саркори МДИР-и ноҳияи Сино мебошад. Давоми соли 2015 ва 3 моҳи аввали соли равон яъне дар 15 моҳ ӯ ҳамчун корманди МДИР-и ноҳияи Сино ба қайд гирифта шуда буд. Ҳар моҳ ба номи номи 802 (ҳаштсаду ду) сомонӣ маблағ ва инчунин дар 3-4 моҳ як маротиба кӯмакпулӣ ҷудо мешуд. Дар табелҳои корӣ чунин қайд мешуд, ки гӯё Биёсмо ҳамарӯза ба кор меояд. Шавҳари ӯ саркор Фахриддин ба маошу кӯмакпулӣ қаноат накарда, барояш аз МДИР-и ноҳияи Сино ашёи корӣ аз қабили ҷорӯб, собун, хокаи либосшӯӣ, камзули корӣ, мӯза ҷудо кард. Бо ин роҳ Биёсмо бо мусоидати шавҳараш давоми соли 2015 ва 3 моҳи аввали соли 2016 соҳиби қариб 17 ҳазор сомонӣ гардид. Шояд барои ҳамин кор буд, ки шавҳараш Фахриддин Файзов аз кор озод шуд.
“Ба нафақааш 3 соли дигар монда буд”
Гулинор Давлатова, сокини шаҳри Душанбе бояд ба нафақа мебаромад. Тибқи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон нафақа аз рӯи ду низом таъин карда мешавад. Барои муқаррар кардани нафақаи миёна 2сол ва ё 5 соли ахирӣ корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Шаҳрванд дар ин ҳолат ихтиёр дорад, ки худ интихоб кунад ки нафақаи ӯ аз рӯи маоши 2 соли ахири ӯ ҳисоб карда шавад ва ё 5 сол.
Ба ҳамин хотир, Гулинор Давлатова бо саркор Саид Мискинов маслиҳат мекунад, ки ӯро ҳамчун коргар ба қайд гирад, вале маблағи маош ва кӯмакпулӣ миёни ҳардуи онҳо тақсим хоҳад шуд.
Номи хонум Гулинор дар табели бақайдгирии и вақти корӣ бо мусоидати Саид Мискинов навишта мешуд. Аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бо номи Гулинор Давлатова дар давоми қариб 3 сол зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ маош ва мукофотпулӣ ҷудо шудааст.
“Худаш рафту номаш монд”
Қиссаи роҳруб Наргис Ғафурова дигар аст. Аз миёни 5 қаҳрамони мо танҳо ӯ баъди аз кор рафтан ҳам номаш ҳамчун коргар мондааст. Наргис Ғафурова аз моҳи марти соли 2008 дар МДИР-и ноҳияи Сино кор мекард. Дар кор иштирок дошт ва маошу кӯмакпулиҳоро ба ивази заҳматаш ба даст меовард.
Моҳи январи соли 2015 ӯ аз кор рафт, вале бо саркор Саид Мискинов маслиҳат карданд, ки бигзор номи ӯ дар табели бақайдгирӣ рафтан гирад, чун ҳам барои ӯ собиқаи корӣ мешавад ва ҳам маошро тақсим мекунанд. Бо ин усул Наргис Ғафурова бо Саид Мискинов тавонистанд дар давоми 15 моҳ қариб 15 ҳазор сомонӣ маблағи буҷетро ғайриқонунӣ аз худ кунанд.
“Аз зиёд будани теъдоди кормандон сӯистифода кард”
Фарзона Қаҳҳорова, қаҳрамони дигари матлаби мо худ намедонист, ки коргари МДИР-и ноҳияи Сино аст. Манобеи мо дар МДИР-и ноҳияи Сино мегӯянд, дар зери дасти Нормаҳмад Бобоев, саркори ин муассиса 134 нафар кор мекард ва Фарзона ҳам яке аз онҳо буд. Ҷаноби Бобоев тахмин кард, ки донистани ҳамаи кормандони зертобеаш барои роҳбарон ғайриимкон аст ва аз ин ҳисоб Фарзонаро ҳам ба рӯйхати коргарон ворид карда, маош ва кӯмакпулиҳои ӯро соҳиб мешудааст. Роҳрӯб албатта бидуни ҷоруб, собун, жилет ва мӯза фаъолият карда наметавонад. Дар МДИР-и ноҳияи Сино чизро хуб медонистанд ва ба ҳамин хотир ба номи Фарзона Қаҳҳорова низ ашёҳои корӣ аз қабили ҷорӯб, собун, хокаи либосшӯӣ, жилет, мӯза ва ғайраро аз ҳисоб бароварданд. Ин маводҳоро саркор Бобоев фурӯхта 731 сомонӣ маблағро азхуд кардааст. Давоми 15 моҳ масъулини МДИР-и Сино тавонистанд, ки ба номи Фарзона Қаҳҳорова қариб 10 ҳазор сомонӣ маблағи буҷетро аз худ кунанд.
Усулҳои ҷолиби ҷалби коргарони сохта
Сохтакории ҷойҳои корӣ аз ҷониби масъулин бахусус саркорон дар МДИР-и ноҳияи Сино бо тарзу усулҳои аҷибе ба роҳ монда шудааст. Тадқиқоти журналистии “Нигоҳ” нишон дод, ки ташкили ҷойҳои кории сохта бо чанд усул амалӣ карда мешавад. “Ҷонҳои мурда” яке аз усулҳост. Усулҳои дигари ҷалби коргарони сохта, ки мо тавонистем ошкор кунем, чунин аст:
- Саркорон наздикони худро ба кор қабул мекунанд.
Бо ин роҳ онҳо ду фоида ба даст меоранд. Нахуст дар хона нишаста ҳам соҳиби 660 сомонӣ (ҳоло 790 сомонӣ) мешавад ва ҳам собиқаи корӣ мегиранд, ки барои нафақаи баланд кӯмак мекунад. Манобеи “Нигоҳ” дар ин муассиса мегӯянд, наздикони онҳо танҳо рӯзҳое ба муассиса омада, либоси коргарӣ ба бар мекунанд, ки агар комиссия аз Ҳукумати шаҳр барои додани кӯмакпулӣ ё мукофотпулӣ ба МДИР ояд. Ин усул аз як коргари сохта то 10 ҳазор сомонӣ фоидаи солона меорад.
- Ваъдаи собиқаи корӣ.
Масъулини МДИР мардони аз 60-сола боло ва занони аз 55-сола болоро ваъдаи собиқаи корӣ дода, аз онҳо ариза ва дигар ҳуҷҷатҳояшонро барои ба кор қабул кардан мегиранд. Чун дар системаи нафақаи Тоҷикистон маоши 2 соли ахир ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба ин гуруҳ коргарон маош лозим нест, ба онҳо танҳо собиқаи корӣ лозим аст. Фоидаи миёнаи ин истифодаи ин усул то 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
- Коргар аз кор озод мешавад, аммо аз рӯйи ҳуҷҷат ҳамоно корманд ҳисоб мешавад.
Таҳқиқи мо нишон дод, ки ин усули аз ҳама ҷолиб ва осони таъсиси ҷойи кории сохта аст. Ин кор бо ду усул амалӣ мешавад:
а) Бехабар аз коргар ва ё бо маслиҳати пешакӣ миёни корманд ва масъулини корхона. Коргар бо сабабҳои гуногун аз қабили ихтисор, содир кардани ягон камбудӣ ва ё сабаби дигар аз кор меравад. Агар корманд ягон гуноҳ карда бошад ба мулоимӣ аз ӯ талаб мекунанд, ки аризаи аз кор рафтанашро нависад. Ӯ менависад ва хотирҷамъ мешавад, ки аз кор рафт. Аммо бехабар аз он ки ҳоло ҳам номи ӯ дар табели бақайдгирии кормандон рафта истодааст, вале маошу кӯмакпулии ӯ аллакай насиби дигар кас мешавад. Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳарчанд ӯро аз кор ҷавоб додаанд, вале то ҳол ҳуҷҷатҳояшро бо ҳар баҳона намедиҳанд.
б) Бо маслиҳати пешакӣ миёни корманди озодшуда ва саркор.
Коргар мехоҳад бо сабабе аз кор равад. Ҳарчанд мехоҳад аз ин кор равад, вале имкони соҳиби маош ва ҳам собиқаи корӣ шудан баъди рафтанро дар ин корхона медонад.Дар ин ҳол ӯ бо ягон масъули корхона “маслиҳат” мекунад ва кор “ҳал мешавад”: маош миёни масъулин ва “коргар” тақсим мешавад. Як моҳ аз “коргар” ва як моҳи дигар аз “боло”. Ҳисоби фоидаи бедардимиён аз истифоди ин усулҳо барои мо номумкин буд, аммо мақомот метавонанд онро ҳисоб кунанд.
Ин роҳу воситаҳое буданд, ки мо зимни таҳқиқоти журналистӣ ошкор кардем. Чандин роҳҳои дигар низ мавҷуд будаанд, ки бо сабаби тасдиқи худро наёфтан мо аз овардани онҳо худдорӣ мекунем.
Ҷойҳои кории сохта ва ғайриқонунӣ азхуд кардани маблағи буҷет танҳо дар МДИР-и ноҳияи Сино ва ё шаҳри Душанбе нест. Қаблан ҳолатҳои мазкур дар чандин минтақаҳои Тоҷикистон низ ошкор шуда буд. Аммо мақомот бо сабабҳои гуногун аз ифшои ин маълумотҳо худдорӣ мекунанд, танҳо ишора мекунанд, ки бале чунин ҳолатҳои мавҷуданд.
Мақомот ин масъаларо ҷиддӣ намегиранд
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб, ниҳоди назораткунандаи сарфшавии маблағи буҷет дар посух ба суоли “Нигоҳ” гуфт: “Мо дар якчанд корхонаҳо чунин ҷойҳои кории сохтаро ошкор кардем, ки роҳбарон номи хешу таборҳои худро ҳамчун коргар навишта, маошҳои онҳоро азхуд кардаанд.” Зоҳиран Раиси Палатаи ҳисоб инро мушкили ҷиддӣ ҳисоб накард ва гуфт, “ин камбудиҳоро дар вақти тафтишҳо бартараф мекунем.”
Коршиносон мегӯянд, ташкили ҷойҳои кории сохта ин агар аз як тараф маблағи буҷетро нобуд кунад, аз ҷониби дигар ба захираҳои меҳнатӣ дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Азимҷон САЙФИДДИНОВ, коршиноси масоили иқтисодӣ дар суҳбат ба мо гуфт, ҷойи корӣ барои шахс ташкил карда мешавад, вале дар ҳолате, ки дар инҷо коргари сохта қабул карда мешавад, пас натиҷаи кор ба сифр баробар аст. Яъне кори муайяншуда иҷро намешавад.
Ба назари ин коршиноси тоҷик, “аз ин ҳисоб ҳамчунин захираҳои инсонӣ дар кишвар зарар мебинанд. Зеро коргарони сохта дар сари кор нестанд ва табиист, ки натиҷаи кор ба даст намеояд. Шумораи шахсоне, ки бо кор таъмин мешаванд дар кишвар кам намешавад. Агар ҳамин самти хизматрасонии комуналиро гирем тозагӣ ва экологияи шаҳр беҳбудӣ намеёбад.”
Ҳамсуҳбати мо мегӯянд, бо иваз шудани роҳбар дар корхонаҳо ҷойҳои кории сохта дар аксар ҳолат ошкор намешавад. Чунки ин амал раиси навро аз манбаи даромад маҳрум карда, роҳбари қаблӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Азимҷон Сайфиддинов инро ҳолатро “занҷири сарбаста” меномад.
Ӯ мегӯяд, “дар ҳолати иваз шудани роҳбар ду вариант метавонад амалӣ шавад. Ё ҷойҳои кории сохта ошкор мешаванд ва ё ин чиз боз такмил меёбад. Лекин инҳо якдигарро ошкор намекунанд, чун агар ошкор кунад худаш аз даромад мемонад ва пешинааш ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”.
Оё касе ҷаобгар шудааст?
Огоҳони ҳол мегӯянд, вақти ошкор шудани чунин ҳолатҳо ду роҳ мавҷуд аст: ё маблағи зарар барқарор карда мешавад ва ё роҳбари он муассиса ба вазифааш хайрбод мегӯяд.
Роҳбари МДИР-и ноҳияи Сино Бозоралӣ Ҳаётов, шояд баъди ошкор шудани камбудиҳо буд, ки аз мақомаш барканор шуд, аммо аҷиб аст, ки ӯ “ба боло рафт”: муовини аввали раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таин гардид.
Ҷаноби Ҳаётов дар суҳбат ба “Нигоҳ” гуфт, “ин камбудиҳо аз пештар буданд. Пештар каме камбудиҳояшон будааст. Баъде ки ин корҳо ошкор шуданд нисбати шахсони содиркарда ҳар кадомаш барои кори кардааш ҷазо гирифт.”
Оё танҳо саркорон гунаҳкоранд?
Роҳбари собиқ ва масъули имрӯзаи МДИР танҳо саркоронро дар ташкили ҷойҳои кории сохта муттаҳам мекунанд. Бозоралӣ Ҳаётов ва ҳам муовинаш Хуршед Мирзоев дар суҳбат ба мо гуфтанд, дар ташкили ҷойҳои кории сохта асосан саркорон даст доранд, чун онҳо табелҳои омаду рафти кормандонро пур мекунанд. Аммо таҳқиқи мо маълум кард, ки дар ин кор танҳо саркорон даст надоранд, ё ҳаддиақал дигарон инро медонанд, вале чора намебинанд.
Дар ташкили ҷойҳои кории сохта чандин ҷиноят ҷой дорад, аз ҷумла сохтакории ҳуҷҷатҳо.
Юсуфзода Муллораҷаб гӯё аз моҳи июли соли 2013 дар МДИР-и ноҳияи Сино кор мекунад. Аз моҳи июни соли 2014 то моҳи марти соли 2016 маоши ӯро кадоме аз масъулини МДИР тариқи корт мегирифт. Баъдан аз моҳи марти соли 2016 бо пайдо шудани мушкилӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” маош аз хазина дода мешуд. (Дар бораи корт мо дар поён мегӯем). Аммо чигуна ва кӣ аз моҳи марти соли 2016 то 5-уми сентябри соли 2016 ба ҷойи Муллораҷаб дар ҳуҷҷатҳо имзо гузошта, маош гирифтааст? Ин саволест, ки бояд масъулин ҷавоб гардонанд. Дар ин кор на танҳо бригадир ё саркор, балки шуъбаи кадр ва ҳатто муҳосибот низ даст доранд. Мо инҷо касеро гунаҳкор намекунем, аммо чигуна бояд бовар кард, ки муҳосиб ва ё хазиначӣ давоми 6 моҳ як маротиба ҳам напурсиданд, кӣ чаро худи корманд омада имзо намекунад ва маошро намегирад?
Илова бар ин дар ҳамаи ҷашнҳо барои кормандони МДИР кӯмакпулиҳо аз тарафи шаҳрдори Душанбе тариқи комиссия пардохт мешавад. Барои мо номаълум буд, ки масъулини МДИР чи гуна намояндагони шаҳрдориро ҳам фиреб дода, кӯмакпулии “ҷонҳои мурда”-ро ҳам мегиранд. Шояд санҷишгарон низ ҷузъе аз низоми мавҷуда шудаанд? Суолест, ки посухи расӣ мехоҳад, аммо дар ин кор “санҷишгарон” танҳо нестанд.
Нақши бонкҳо дар сохтакорӣ
Дар ташкили ҷойҳои кории сохта на танҳо МДИР-ҳо балки бонкҳои Тоҷикистон низ даст ба қонуншиканӣ мезадананд. Тибқи қонунгузории бонкӣ корти плостикӣ танҳо дар асоси шартнома миёни бонк ва шахси воқеӣ кушода мешавад. Ҳатто агар корхона низ дархости кушодани корт барои кормандашро карда бошад, пас бонк бо худи корманд шартнома мебандад ва кортро мекушояд.
Дар ин ҳолат бонк бояд кортро ба дасти корманд бидиҳад, на ба дасти ягон нафар. Корти бонкӣ ва тамоми маълумотҳои он сиррӣ бонкӣ ба ҳисоб мераванд ва касе ҷуз бонк ва соҳиби корт ҳақ надорад онро бидонад. Лекин таҳқиқоти “Нигоҳ” маълум кард, ки “Тоҷисодиротбонк”ин қонуни бонкиро вайрон карда, иҷозат додааст, ки корти шаҳрванд аз ҷониби шахси дигар истифода шавад. Бо номи Юсуфзода Муллораҷаб яке аз қаҳрамонҳои мо дар ин бонк корти плостикӣ кушода шуда ҳазорҳо сомонӣ маблағ ба он вориду хориҷ шудааст. “Тоҷиксодиротбонк” бо дархости МДИР-и ноҳияи Сино аз 1 январи соли 2014 ба номи Юсуфзода Муллораҷаб Розиқ корти бонкӣ кушодааст ва то моҳи марти соли 2016 ба номи ӯ ҳар моҳ 740 сомонӣ сомонӣ маблағ ворид ва хориҷ гардидааст.
Чаро прокуратура хомӯш аст?
Масъулини Прокуратураи шаҳри Душанбе аз ироаи маълумот дар бораи чӣ қадар ошкор шудани ҷойҳои кории сохта дар соли гузашта ва соли равон худдорӣ карданд. Мо барои гирифтани маълумот дар бораи чӣ қадар ошкор шудани ҷойҳои кории сохта дар муасссаҳои буҷетии пойтахт расман ба Прокуратураи шаҳри Душанбе аз санаи 8.08.2016 муроҷиат кардем. Аммо масъулини ин ниҳод аз посух додан суолҳои зерини мо расман худдорӣ карда, далел оварданд ки ҳоло тафтишот нисбати 4 саркор идома дорад. Мо инро қабул кардем, аммо мақсади ҷавоб гирифтан ба суолҳои зерин буд:
- Дар нимсолаи аввали соли равон ва соли гузашта дар дигар муассисаҳои истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе ҳолатҳои ҷойҳои кории сохта ошкор шудааст?
- Чанд масъули ин муассисаҳо барои ташкили ҷойҳои кории сохта ва азхудкунии маблағи буҷет ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд?
- Ҷойҳои кории сохта боз дар кадом муассисаҳои буҷетии шаҳри Душанбе аз ҷониби Прокуратура ошкор карда шудааст?
- Ин раванд нисбат ба солҳои гузашта кам шудааст ё зиёд? Чӣ қадар?
- Бештар дар кадом муассисаҳои буҷетии пойтахт ҷойҳои кории сохта ошкор шудааст?
Аммо Прокуратураи шаҳри Душанбе бо такя ба талаботи моддаи 14-и Қонуни ҶТ “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” аз посух ба суол худдорӣ кард.
Бори дуюм мо санаи 19.08.2016 бо мактуби расмӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиат кардем. Аммо ин навбат Прокуратураи шаҳри Душанбе дар асоси Қонун “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мукотибаро бо мо қатъ намуд.
-Прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиати такрории Шуморо оиди пешниҳод намудани маводҳо оиди ташкили ҷойҳои корӣ дар муассисаҳои буҷетии пойтахт ва ҳолатҳои аз ин ҳисоб ғайриқонунӣ аз худ намудани маблағҳои буҷетиро баррасӣ намуда, бинобар беасос будани муроҷиат мукотибаро қатъ менамояд, -омадааст дар посухи Прокуратура.
Ҳуқуқшинос Абдулмаҷид РИЗОЕВ, мегӯяд, посух ба суолҳои боло ба ягон сирри давлатӣ дохил намешавад. Ин маълумотҳоро на танҳо рӯзноманигорон, балки шаҳрвандон ҳам ҳақ доранд, фаҳманд. Зеро масъалаҳои буҷет бояд сирри давлатӣ надошта бошад, зеро буҷет аз кисаи шаҳрвандон аст ва онҳо ҳақ доранд бифаҳманд, ки пули онҳо ба куҷо сарф мешавад. Инчунин ин ҳуқуқшинос мегӯяд, Прокуратура ҳақ надорад мукотибаро бо рузноманигорон қатъ намояд. Ҳамин аст, муносибати мақомоти таъминкунандаи иҷрои якхелаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ба дархости як институти ҷомеаи шаҳрвандӣ, куҷо расад ба номаи кадом як шаҳрванди одӣ…
Дар Тоҷикистон ҷойи кор яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ аст ва ба хотири набудани ҷойи кор ҳамасола зиёда 1 млн. шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд. Коршиносон мегӯянд, сохтакории ҷойҳои корӣ даҳҳо ва шояд садҳо нафарро аз ҷойи кор дар ватан маҳрум мекунад.
Ба ҷои хулоса
Тадқиқоти “Нигоҳ” маълум кард, ки дар Тоҷикистон масъалаи ҷойҳои кории сохта дар сатҳи зарурӣ баррасӣ намешавад.
Масъулин дар ин бора суҳбат кардан намехоҳанд, ниҳодҳо онро ҷиддӣ намегиранд. Ҳол он ки ин амал ҷиноят буда, боиси ғайриқонунӣ азхудшавии маблағи буҷет мешавад.
Дархостҳои беҷавоби “Нигоҳ” ба Прокуратураи шаҳри Душанбе, Суди ноҳияи Сино, Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва аз посух гурехтани раиси Палатаи ҳисоб баёнгӯи ин ҳақиқат мебошанд. Шояд роҳбарони ин ниҳодҳо фаромӯш кардаанд, ки худи онҳо низ назди қонун, ҷамъият ва Президенти Тоҷикистон, ки онҳоро ба ин вазифаҳои пурмасъулият таъин кардааст, масъулият доранд?
Бознашр аз ҳафтаномаи «Нигоҳ«№24(507), аз 14-уми сентябри соли 2016