© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR Tajikistan: Шералӣ ва Ҷурахон салафӣ нестанд!

Дар Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб  карда шуд. Ба ин васила пайравони ин равия, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар фаолияти  ошкоро мекарданд ва ҳатто масҷид бунёд карда буданд, боздошта шуданд. Баъди судури ин фармон ҳар нафаре, ки ба ин равия дар ҳудудиТоҷикистон шомил шавад, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонида мешавад. Вале коршиносони улуми динӣ ҳадс мезананд, ки пайравони ин равия, барои таблиғу ташвиқи равияи салафия манфиати молӣ доранд. Дар баъзе ҳолатҳо пайравони аслии ин ҷараён дар озодӣ мемонанду ба ҷои онҳо ҷавонони бегуноҳ муҷозот мешаванд. Шояд бо ин васила нақшаи боздошти ин тоифаи иртиҷоиву ҷангандаро пур мекунанд.  Як моҳ қабл, пас аз як баҳс бо имом хатиби масҷиди деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъ, ду тан аз сокинони ин минтақа бо гумони пайравӣ ба равияи салафия боздошт шуданд.

Ҳоло ҳам деҳагони ин ду гумонбар иддао доранд, ки онҳо ба ин ҷараён шомил  набуданд ва нишонаҳои фаолияти ин ҷараёнро низ дар онҳо намедиданд.  Мегўянд, то ҷое, ки шунидаанд пайравони ин ҷараён ба таблиғу ташвиқ машғуланд. Пас чӣ ангезае пушти ин ду боздоштшуда пинҳон мемонад?  Баъди боздошти ин ду нафар бо моддаи 189, қисми 2, банди «г» парвандаи ҷиноӣ оғоз  шуда, тафтишот  идома дорад.

Салафиҳо камбағал нестанд           

Раҳмоналӣ Раҷабов, ҳимоятчии Холов Шералӣ, ки як моҳ боз  бо гумони пайравӣ аз ҷараёни салафия боздошт шудааст, мегўяд ў ба ягон ҷараён шомил набуда, танҳо намозҳояшро бо таври бобоӣ мехондааст: «Ҳангоми вохўрдан бо зерҳимояам маълум гардид, ки ў ҷиноят содир накардааст, ва танҳо баъди баҳс бо имомхатиб ўро бо гумони пайравӣ аз ҷараёни салафӣ боздошт карда, ба ҳабс гирифтаанд. Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки ҳимоятчии ман дар ягон ҷо таблиғу ташвиқ намекард ва танҳо ба масҷид рафта, намозҳояшро хонда, аз мазҳаби Имоми Аъзам пуштибонӣ мекард»,-илова кард ҳимоячӣ.

То мамнуъ эълон шудани фаъолияти ҷараёни салафӣ дар Тоҷикистон, ҳатто дар баъзе масҷидҳо баҳсҳо ба занозанӣ табдил меёфт ва миёни мардум ба ҷуз тафриқа дигар коре надоштанд. Ҳатто рўҳониён тоҷик мегўянд, ки пайравони ин ҷараён суннати пайғамбари Худоро рад мекунанд. Ин буд, ки муфтии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода  дар як мулоқот бо фаъолону имомхатибони шаҳри Кўлоб  аз фаъолияти ин ҷараён ҳушдор дод ва  гуфт, ки пайравони ин  ҷараён акнун дар корҳои давлатӣ роҳ ёфтаанд. Боздошти ин ду сокини ноҳияи Восеъ, пас аз баҳс бо имомхатиб дар ҳоле буд, ки Шариф Миров, капитани милиса ва корманди шуъбаи корҳои дохилии истгоҳи роҳи оҳани Айнӣ дар Душанберо бо гумони таблиғи ақидаҳо исалафӣ аз ҷониби мақомоти интизомӣбоздошт карда буданд.

ШералӣХолов ва Ҷурахон Шарофов, сокинони деҳаи Гулисойи ҷамоати Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ, як моҳ пеш дар пайи он ки бо имомхатиби масҷид сари тарзи намозгузорӣбаҳс карданд, баъди чанд рўз аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии минтақаи Кўлоб боздошт шуданд. 

Баъди як моҳ бародарамро дар барномаи «Сипар»-и Шабакаи аввал дидам.

Ҷонибек Холов, бародари ШералӣХолов дар сўҳбат гуфт, ки баҳси бародараш бо имомхатиб, ки тағояш будааст, як баҳси маъмулӣбуд, аммо ғайринтизор бо боздошти бародараш анҷом ёфт. Ҳатто баъди як моҳи боздошт ўро дар барномаи «Сипар»-и ВКД, ки ҳафтае як маротиб аз шабакаи авали телевизион намоиш дода мешавад, дидааст.  

-Баъди намоз бародарам дар чанд масъалаи оддӣбо имомхатиб, ки тағоям мешавад, баҳс кард. Имомхатиб тағои мост, ҳарчӣгўяд, ҳақ дорад. Баъди ин кассе хабар додаст ва омада, бародарамро бурданд. Хонаашро низ бе ягон асос ду бор кофтанд, вале ҳеҷ чиз наёфтанд. Бовар кунед, ин ҳама дар ҳаққи бародарам  тўҳмат аст ва кассе қасд дошт ва қасос гирифтан хост.Ҳоло нисбат ба ў ҳеҷ факту далел надоранд. Мо 1 моҳ шуд, меравем, меоем, вале бароямон нишонаш ҳам намедиҳанд. Чанд рўз пеш додарамро дар Шабакаи аввал дар барномаи «Сипар» дидам, ҳатто Ҷурахон гап мезад, ки мо намозро мехондем, аммо намедонистем, ки салафия ҳаст, ҳатто қонунҳоро намедонист. Пас худ тасаввур кунед, ки бисёриҳо гап мезананд, ки салафиҳо пул доранд, аммо шароити зиндагии онҳоро бинӣ, бовар намекунӣ, ки онҳо салафиянд.

Боздошти «салаф»-ӣ баъди гусели фарзанд ба сафи артиш!

Муродбегим Каримова, моиндари Ҷурахон Шарифов бо ашки чашм аз фарзанди ўгайи худ қисса мекард, ва мегуфт, ки агар ў дар равия дохил мебуд, ҳатман ўро бо чаҳор фарзандаш кайҳо несту нобуд мекард. Ў мегўяд, бо падариҶурахон аз соли 2005 хона бунёд намуда, зиндагии фақиронаро пушти сар мекунанд. Падараш бошад аз замони боздошти писараш рўҳан сахт осеб диду дигар роҳгашта наметавонад.

Ҳамсояҳо низ мегўянд, ки Шералӣва Ҷурахон ба ҷараёни Салафия ё дигар равияҳои тундрав шомил будани ин дуҳамдеҳаашонро бовар надоранд.  

Дар ҳаминҳол Султонмурод Мирзоев, вакили деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъ мегўяд, баъд аз боздошти он ду тан кормандони милиса  аз ў хостаанд, то дар робита ба ҳодиса баёнот диҳад, аммо ў аз ин кор худдорӣкардааст ва гуфтааст, ки он рўз дар баҳси ў бо имомхатиб иштирок надоштааст, бинобар ин чизе гуфта наметавонад: «Гуфтам, ки ў як марди оромтабиат буд ва ҳеҷнишонаҳо иифротгароӣ дар ў дида намешуд. Ҳатто ба қарибӣбоздоштшуда ду писарашро ба хизматиМодар-Ватан равон кард. Ў агар ягон андешаи дигар медошт, намегузошт, ки писаронаш ба хидмати артиш раванд».

ИмомхатибБаҳси ман  ҳеҷ  иртибот дар боздошти онҳо надорад

Акнун наздикон ва ҳамдеҳагони Шералӣ ва Ҷурахон шубҳа аз имомхатиби масҷиди деҳа доранд, ки баъди баҳс бо ҷияни худ онҳоро бо ҷурми равияи мамнуъ боздошт кардаанд. Аммо Саидмуртазо Раҷабов, имомхатиби масҷиди деҳаи Гулисой гуфт, ҳама аз ў гумонбаранд, ки ин ду нафарро вай  ба мақомоти интизомӣ «фурўхтааст», аммо ў ҳеҷ гоҳ ин корро накардааст. Ба гуфти имомхатиб, агар ин ду нафар воқеан зидди сиёсат ва ё мазҳаби имомиАъзам ҳарфмезаданд, худи ў ба мақомот хабар медод, вале баҳси онҳо ҷиддӣнабуд, зеро ҷиянаш Шералӣ ҳангоми хондани «Ат-Таҳиёт» ё дуои ташаҳҳуд ангушташро боло мекард, ки пас аз яке намозҳо атрофи ин баҳси хурде рухдодааст, вале ин баҳс зидди мазҳаб ва сиёсат набудааст: Агар кассе нисбат ба мазҳаб ё Ҷаноби Олӣягон гап мегўяд, ман худам ҳатман ба мақомот хабар медиҳам, аммо ин ду нафар чунин гап назада буданд. Агар гап мезаданду ман хабар намедодам, нони ҳукумат кўрам мекард. Фикр мекунам, ки кадом бадхоҳе ин корро кардааст ва ин ду нафар гуноҳ надоранд».

Дар ҳоли ҳозир имомхатиби деҳаи Гулисой аз мақомот хоҳиш дорад, то афроде, ки баҳси онҳоро ба мақомот хабар додааст ба мардум ошкор кунанд, вагар на аксарият аз имомхатиб гумонбар буда, ўро барои «ба мақомот додани ду нафари бегуноҳ» чашми дидан надоранд. Чанде аз сокинони деҳа гуфтанд, ҳеҷ кадоми онҳо ҳозир нашудааст, гувоҳӣдиҳад, ки боздошт шудагон пайрави салафияанд. Баъд аз ин воқеъа ҳамдеҳагони Шералӣ ваҶурахон тасмим гирифтанд, то ба Додситони кулл шикоят баранд, ва онҳоро аз ҳабс озод кунанд.

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ,  участник проекта по журналистиким расследованиям IWPR в Таджикистане

Аз редаксия:

Воқеан ҳам аҷибаст, ки салафиҳо асосан дар шаҳрҳои калон фаолияти озод доранд ва ба тиҷорати густарда машғуланд. Боришҳои паҳну парешон, тарзи намозхонӣ ва дигар ҳаракот салафӣ буданашонро ёдрас карда меистанд. Касе ҳам ба онҳо кордор нест, аммо ду нафар кишоварзи оддиеро, ки ба ҷуз каланду замин ва хуронидани фарзандон ҷаҳони дигаре надоранд, боздошт ва террорист буданашонро исбот карданӣ мешаванд. Дастикам як нафар аз атрофиён, ҳатто душманонашон шаҳодат намедиҳанд, ки ин ду салафӣ ҳастанд. Ба ақидаи ин мардум касеро дар телевизион салафӣ гуфта нишон диҳанд, ҳатман салафӣ аст. Ба андешаи мо дар ин қазия мўйро аз хамин ҷудо кардан лозим. Агар салафӣ будани ин ду нафар исбот нашуд, боке нест, раҳо кунед онҳоро. Кори органҳои тафтишот ҳаминаст, бояд боздошт ва таҳқиқ кунанд.

Махмаджон Рахматов, 24 года. Корреспондент радио « Свобода» в Кулябском регионе, Хатлонской области. Выпускник Кулябского государственного университета. Работу в качестве журналиста начал в 2009 году,  будучи еще студентом в независимой и известной своей резкой критичностью газете «Пажвок», которую из-за этого уже закрыли. За свою смелость и бескомпромиссность был насильно (путем «облавы») призван в армию, хотя имел отсрочку. Служба в армии, по его собственным словам,  пошла ему на пользу. Он познал все тонкости нынешней армейской службы и стал еще смелее. В 2011 году прошел тренинг по международным стандартам в IWPR, после чего стал собственным корреспондентом  республиканской газеты «Фараж» в Кулябе.  С 2013 по апрель 2014  — корреспондент региональной газеты «Пайк». В апреле 2014  был приглашен работать на радио «Озоди» («Свобода»), где работает по сей день.  Махмуджон — неоднократный участник тренингов IWPR, в том числе проекта по журналистским расследованиям, реализуемым IWPR в Таджикистане. 


Его расследование «Шерали ва Джурахон салафи нест» («Шерали и Джурахон» — не салафиты») помогло доказать, что двое молодых людей, незаконно обвиненных в членстве запрещенного в Таджикистане движения «Салафия» и просидевших несколько месяцев  в СИЗО под следствием, на самом деле, не являлись таковыми. После публикации этого расследования, двое его героев были выпущены на свободу.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: