© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR Tajikistan: «Председатель района оставил бездомными десять семей»

 
Расследование доказывает, что один председатель района незаконно отменил постановление своего предшественника о выделении земельных участков этим десяти семьям. История о перипетиях 10 крестьянских семей из Вахшского района, которые из-за чрезмерной перенаселенности в своем районе,  хотели переехать в другой, Яванский, район этой же области, где давали новые участки для заселения. Расследование показывает, что все документы и постановления суда, касающиеся судьбы этих семей, были приняты незаконно. Отобранные у них земельные участки также незаконно переданы другим лицам, которые уже начали там строительство домов.  Журналист выражает надежду, что суд даст правильную оценку нарушению прав пострадавших граждан и справедливо разберется с этим делом. 

SairahmonИтогом этого расследования стало то, что суд отменил постановление председателя района об аннулировании земельных участков и решил вернуть их законным хозяевам.

Расследование  создано Сайрахмоном Назриевым. Сайрахмон Назриев – житель Бохтарского района Хатлонской области, 45 лет. Выпускник  факультета физики Таджикского Государственного Национального университета  1993 года. Журналистскую деятельность начал с  2005 года, в качестве регионального корреспондента ИА «Азия Плюс» по Хатлонской области, где и продолжает работать. Сотрудничал также с такими изданиями «Бомдод», «Фараж»   «Пажвок» «Пайк» Наклиёт» журнал «Бонувони Точикистон «,  «Даво». Член Союза журналистов Таджикистана с 2007 года.

Представляем вниманию читателей текст расследования на таджикском языке: 

Раиси ноҳия 10 оиларо саргардон кард

Ё чаро Тағоев қарори раиси пешини ноҳияро беасос бекор кард?

Зимни қабули сайёри раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ноҳияи Вахш, ки р
ӯзи 23-юми августи соли равон сурат гирифт, як сокини ин ноҳия — Ҷӯрабек Обидов аз он шикоят кард, ки тайи чанд сол аст бо айби собиқ роҳбари ноҳияи Ёвон Раҷабалӣ Тағоев сарсону саргардонанд.

Ин шаҳрванд гуфт: «Мо 10 оила ба раиси вақти ноҳияи Ёвон, Бароталӣ Юсупов ариза навишта, хоҳиш кардем, ки мехоҳем аз ноҳияи Вахш ба ноҳияи Ёвон барои зиндагии доимӣ кӯч бандем. Аз ин хотир бароямон замини наздиҳавлигӣҷудо намоед. Аризаи моро раиси ҷамоати Чоргул омӯхта, ба комиссияи ҷамъиятии ноҳия пешниҳод кард. Дар асоси хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замин, бо қарори раиси ноҳия бароямон аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ замини наздиҳавлигӣҷудо карда шуд. Баъди ба имзо расидани қарор мо ҳуҷҷатҳоямонро барои омода намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба Кумитаи заминсозии ноҳияи Ёвон супоридем. Барои ин маблағҳои лозимаро низ супорида, расидҳояшонро бо ҳуҷҷатҳо пешниҳод кардем. Рафти омодасозии ҳуҷҷатҳо тӯл кашиду раиси вақти ноҳия Бароталӣ Юсуповро аз вазифа озод карданд ва ба дигар ноҳия таъин намуданд. Раиси нави ноҳия Раҷабалӣ Тағоев қарорҳои моро оид ба ҷудо кардани замин бекор кард. Суди ноҳияи Ёвон ҳуҷҷатҳои моро бозпас гардонид».
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода — раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки қарори раиси ноҳия ин як ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқист, чӣ гуна мешавад ҳамту гирифту онро бекор кард? Гулмаҳмадзода ба кумитаи заминсозии вилоят супориш дод, то сабаби бекор шудани қарори раиси ноҳияи Ёвон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои ин шаҳрвандонро омӯхта, ба раиси вилоят ахборот пешниҳод намояд.
Ин эроди раиси вилоят то андозае моро низ ба андеша водор намуд ва тасмим гирифтем як тадқиқотро ба анҷом расонем, то муаяйн намоем, ки сабаби бекор шудани қарори раиси ноҳия чӣ бошад?
Шаҳрванд Обидов Ҷӯрабек мегӯяд, ки «ман худ дар ноҳияи Ёвон ба воя расидаам ва аз онҷо ба хизмат рафтаам. Баъди аз хизмат баргаштан ба ноҳияи Вахш омадему зиндагиро инҷо давом додем. Соли 2010 мо 10 оила аз ноҳияи Вахш ба раиси онвақтаи ноҳияи Ёвон Бароталӣ Юсупов бо ариза аз 20-уми июли соли 2010 муроҷиат кардем. Бо ин аризаи худ хоҳиш кардем, ки барои мо замини наздиҳавлигӣҷудо намоянд. Раиси ноҳияи онвақта дар асоси пешниҳоди раиси ҷамоати Чоргул аз 5-уми августи соли 2010 ва санади комиссияи ҷамъиятии ноҳия оид ба ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ қарор дар бораи ҷудо намудани заминро 29-уми октябр ба имзо расонд. Мо баъдан ҳуҷҷатҳои худро барои омодасозии сертификати истифодаи замин ба кумитаи заминсозии ноҳия супоридем. Ҳар як оила ба маблағи 164 сомонӣ ҳаққи хизматрасонии КВД «Маркази замин»-и ноҳияро супорид. Мо дар қитъаҳои замине, ки бароямон ҷудо шуда буд, сохтмонро оғоз накардем, ки аввал ҳуҷҷатҳоямонро омода кунему мувофиқи қоидаҳои шаҳрсозӣ сохтмон кунем. Бояд бигӯям, ки ҳамзамон дар хоҷагии Ваҳдат корро шурӯъ кардем. Шабҳо дар ҷаркӯҳҳо хоб мекардем ва рӯз дар саҳро кор мекардем. Мутаассифона, баъд аз он, ки Бароталӣ Юсуповро аз ноҳияи Ёвон ба ноҳияи Вахш гузарониданду ба ҷойи ӯ Раҷабалӣ Тағоев раиси ноҳияи Ёвон таъин шуд, мушкили мо низ сар шуд. Мо вақте ба кумитаи заминсозӣ барои гирифтани сертификатҳои худ рафтем, онҷо гуфтанд, ки қарорҳои мо бояд бекор карда шаванд. Ман шахсан ба назди раиси ноҳия Раҷабалӣ Тағоев бо ду нафари дигар даромадем. Тағоев рӯирост он рӯз гуфт, ки «мо ҳаракат мекунем қарорҳои шуморо бекор кунем». Сабаб пурсидем, вале афсӯс, дигар моро шунидан нахост. Ва бо ҳамин қарорҳои моро Тағоев бе асос бекор кард. Мо аз болои қарорҳои раиси ноҳия бо имзои Тағоев аз 9-уми ноябри соли 2011 таҳти рақами 907 ва 16-уми ноябри соли 2011 таҳти рақами 922 оиди бекор намудани қарорҳои мо ба Суди ноҳияи Ёвон бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудем.Мутаассифона, суд ариза ва ҳуҷҷатҳои моро бозпас гардонид. Мо ба кумитаи заминсозии вилоят, ба раиси собиқи вилоят Ғайбулло Авзалов шикоят бурдем, аммо натиҷае набахшид. Бовар кунед, то ба имрӯз тайи 30 ҳазор сомонӣ аз роҳхарҷӣ то дигараш хароҷот кардем”.
Раиси вақти ноҳияи Ёвон Бароталӣ Юсупов зимни сӯҳбат гуфт: «Ноҳияи Ёвон ноҳияест, ки ба қувваи корӣ ниёз дорад. Ба ҳамин хотир, мо кӯшиш мекардем, ки мардумро ба ин ноҳия ҷалб намоему қувваи кориро зиёд намоем. Ин буд, ки аризаи 10 оиларо аз ноҳияи Вахш омӯхта, лозим шуморидем, ки онҳоро қабул кунем. Баъди омӯхтани аризаи шаҳрвандон ва мактуби раиси ноҳияи Вахш аз тарафи ҷамоати деҳоти Чоргул ва комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ барои ин 10 оила аз як қисм заминҳое, ки ғайрикишоварзӣ буданду мо онро ба фонди манзил гузаронида будем, замин ҷудо кардем. Худ чун зодаи ноҳияи Вахш ҳастам, ин оилаҳоро хуб мешиносам, мардуми одии деҳқонанд. Онҳо худи ҳамон сол ба хоҷагии деҳқонии «Ваҳдат» аъзо шудаю кор мекарданд. Мо пеш аз имзои дилхоҳ қарор, онро бо ҳуқуқшиносон меомӯхтем ва баъдан имзо мекардем. Ва он қарорҳое, ки ба ин шаҳрвандон замин ҷудо кардем, дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ буд. Намедонам аз чӣ бошад, ки ҷаноби Раҷабалӣ Тағоев ин қарорҳоро бекор кард. Банда, ки солҳои зиёд дар мақомоти иҷроия фаъолият дорам, бо боварии комил гуфта метавонам, ки қарорҳои ин 10 оила ғайриқонунӣ бекор карда шудаанд. Барои бекор кардани онҳо ягон асоси қонуние набуд”.
Мо ба кумитаи заминсозии вилоят муроҷиат кардем, то бифаҳмем, ки то куҷо дастури раиси вилоятро иҷро кардаанд ва ба чӣ хулосае омадаанд. Дар кумитаи заминсозии вилоят ба мо гуфтанд, ки «дар асоси супориши раиси вилоят ба Кумитаи заминсозии ноҳияи Ёвон супориш додем, то шикояти шаҳрвандонро санҷида бароянд”. Агар хулоса карда гӯем, кумитаи идораи замини вилоят ба ин шаҳрвандон тавсия додааст, ки «масъалаи шумо баҳснок буда, метавонед ба суд муроҷиат кунед”.
Мо аз мутахассисони кумитаи идораи замин суол кардем, ки истиқоматкунандаи як ноҳия ба роҳбарияти ноҳияи дигар муроҷиат кунаду ин ноҳия барояш замин ҷудо намояд, ягон қонунгузории кишвар дар самти замин вайрон мешавад? Мутахассисони ин кумита бо боварӣ гуфтанд, ки «на, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад дар кадом ноҳияи Тоҷикистон хоҳад, зиндагӣ кунад”.
Инҷо бояд ёдовар шуд, ки дар қарор омадаст, ки қарори раиси ноҳия бинобар хилофи талаботҳои қонунҳои амалкунанда ҶТ ҳуҷҷатнигорӣ шуданаш бекор карда шавад.
Яке аз ин қарорҳоро пура пешкаши хонанда мекунем:
Дар бораи бекор кардани қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон №1296, №1297, №1298, аз 29-уми октябри соли 2011 «Дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандони ноҳияи Вахш»
Тибқи талаботи моддаи 19, 20 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ»
Қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон №1296, №1297, №1298 аз октябри соли 2011 бинобар хилофи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатнигорӣ намуданашон бекор карда шаванд.
Тибқи талаботи моддаи 39 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замини бекоршуда ба фонди захиравии ноҳия гузаронида шавад.
Ба кумитаи заминсозии ноҳия супорида шавад, ки оиди қарори қабулшуда ба шаҳрванд ба тариқи хаттӣ огоҳ намояд.
Мӯҳри раиси ноҳия ва имзои Раҷабалӣ Тағоев. Ин қарор таҳти №922 аз 16-уми ноябри соли 2012 мебошад.
Мутаассифона, дар қарори мазкур ба таври мушахас наомадааст, ки кадом қонунҳо зимни ҳуҷҷатнигорӣ вайрон карда шудаанд. Ва чӣ далелу арқоме дар ин қарор замима шудааст.
Аз мутахассисони кумитаи заминсозии вилоят пурсидем, ки кадом талаботи қонунгузорӣ вайрон шудааст? Мутахассисони ин кумита бо боварӣ гуфтанд, ки ягон қонун дар ҳуҷҷатнигории ин шаҳрвандон вайрон нашудааст. Ва мо низ дар ҳайратем, ки Р. Тағоев талаботҳои кадом қонунгузории кишварро дар назар дорад?
Раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Ёвон Мирзо Зарипов зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки «воқеан ин 10 оила аз ноҳияи Вахш ба раиси ноҳия муроҷиат карданд ва раиси ноҳия муроҷиати онҳоро қонеъ карда, дар доираи талаботҳои қонун ба онҳо замин ҷудо кард. Онҳо барои омода намудани сертификаташон ба КВД «Маркази замин» ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намуда, маблағи сертификатро, ки 164 сомониро ташкил медиҳад, супориданд. Ин корхона аллакай парвандаҳои онҳоро омода карда буд. Дар ин байн раиси ноҳия Бароталӣ Юсуповро ба ноҳияи Вахш гузарониданд. Баъди омадани Тағоев аз ман талаб карданд, ки пешниҳод дар бораи бекор намудани қарори раиси ноҳия оиди ҷудо намудани қитъаи замин ба 10 оила аз ноҳияи Вахш нависам. Аммо ман ба раиси ноҳияи онвақта Раҷабалӣ Тағоев гуфтам, ки ман наметавонам пешниҳод нависам, чунки ягон асоси қонунӣ надорам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳо дар асоси қонун ва Кодекси замин тартиб дода шудаанд. Бо ман чандин маротиба ҷанҷол карданд, вале ман пешниҳод ирсол накардам. Ба худи раиси ноҳия ва раиси дастгоҳи ноҳия гуфтам, ки қарори бекорнамудани қарорҳои раиси ноҳия оиди ҷудо намудани қитъаи замин ба ин даҳ оила ғайриқонунӣ аст».
Мо бо ду нафар намояндаи кумитаи заминсозӣ ба мавзее, ки барои ин 10 оила замин ҷудо шуда буд, рафтем. Дар нисфи зиёди ин заминҳо аллакай сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз шуда, дар баъзеашон аллакай сохтмон ба анҷом расидааст. Ба гуфти намояндагони кумитаи заминсозӣ ва шӯъбаи меъмории ноҳия, он нафароне, ки инҷо сохтмон кардаанд, худсарона заминҳоро ғасб кардаанд. Ягон нафарашон ҳуҷҷат надоранд. Чанд нафар барои худсарона ғасб намудани замин аз тарафи кумитаи заминсозии ноҳия ва вилоят ҷаримабандӣ шудаанд. Роҳбаладони мо хонаеро нишон дода гуфтанд, ки «барои ҳамин замин раиси вақти ҷамоат ҷаноби Назаров аз тарафи Агентии мубориза бо коррупсия дастгир шуда буд».
Аз як нафар зан, ки аллакай дар ин заминҳо зиндагӣ мекард, пурсидем, ки оё барои ин заминатон ҳуҷҷат доред? Дар ҷавоб зан гуфт: «Назаров моро ваъда кард, ки ҳуҷҷатҳои заминатонро дуруст карда медиҳам, вале гурехта гум шудааст».
Вақте ба Суди ноҳияи Ёвон муроҷиат кардем, то сабаби бебарасӣ гузоштани шикояти шаҳрвандонро шарҳ бидиҳанд, моро муовини раиси суди ноҳия Сафаров Ш. қабул намуд. Баъди фаҳмидани мақсади мо ба наздаш судя Қурбоновро, ки 17-уми июли соли 2013 таъинот оиди аризаи ин шаҳрвандон қабул кардааст, даъват карда, аз ӯ хоҳиш намуд, то нусхаи таъиноти қабулкардаашро гирифта биёрад. Судя Қурбонов аз назди муовини раиси суд баромада, бо ҳамин на нусхаи таъиноташро пешниҳод карду на дигар назди муовини раиси суд даромад. Баъдан яке аз кормандони суд ба муовини раис хабар дод, ки судя Қурбонов баромада рафтааст. Ин рафтори судя Қурбонов муовини раиси суд Сафаровро каме дар хиҷолат гузошт ва ба мо таъинотеро, ки худи Сафаров баъди маротибаи дуюм муроҷиат кардани ин шаҳрвандон қабул кардааст, пешниҳод намуду ваъда дод, ки баъдан бароямон таъиноти аввалро мефиристад.
Ҷаноби Сафаров ба ваъдааш вафо намуда, баъди ду рӯз таъиноти қабулкардаи ҷаноби Қурбоновро бароямон фиристод, ки дар қисми хулосавии он омадааст: «Баррасии парвандаи гражданӣ бо даъвои Обидов Азимҷон, Саъдуллоев Ҳабибулло, Манонов Раҳматулло, Абдулманонов Абдулҳанон, Саимов Шодихуҷа, Назаров Ислом, Қосимов Муқим, Давлатов Абдулло, Азимов Маҳмадулло ва Азимов Ҳикмат бо ҷавобгарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон «Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 9-уми сентябри соли 2012 таҳти рақами №907 ва аз 16-уми ноябри соли 2013 таҳти рақами №912 бебаррасӣ мононда шавад. Ба даъвогарон фаҳмонда дода шавад, ки ҳуқуқ доранд даъвои мазкурро ба суд тибқи тартиби умумӣ барои ариза муроҷиат кунанд. Аз болои таъинот шикоят оварда намешавад».
Ҳамчунин дар таъиноти судии мазкур омадааст, ки баррасии парвандаи мазкур ба рӯзи 8-уми июли соли 2013 таъин карда шудаву аз он даъвогарон огоҳ карда шудаанд. Вале даъвогарон ба суд ҳозир нашудаанд. Мурофиаи судӣ ба рӯзи 12-уми июл таъин карда шуда, имрӯз низ онҳо наомадаанд ва рӯзи 17-уми июл низ дар мурофиаи судӣ ширкат накардаанд. Гарчанде даъвогарон бо даъватномаи судӣ огоҳонида шуда бошанд, ҳам бе сабабҳои узрнок ба суд ҳозир нашудаанд. Бинобар ин, суд дар асоси талаботи моддаи 228, сархати 6 КМГ ҶТ парвандаро бе баррасӣ мегузорад, зеро даъвогарон дар ғоибашон баррасӣ намудани парвандаро аз суд хоҳиш накардаанд ва баъди дубора даъват намудан низ даъвогарон ба суд ҳозир нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрванд Обидов Ҷӯрабек мегӯяд, ки «ваҷҳҳои дар таъиноти номбурда овардашуда, ки гӯё мо ба мурофиаи судӣ ҳозир нашудаем, мутлақо дурӯғ аст. Моро ягон маротиба ба мурофиаи судӣ даъват накардаанд. Худ тасаввур кунед, ки мо тайи чанд сол аст барои ҳаққи худ мубориза бурда истодаему моро ба суд даъват кунанду наравем!? Агар дигарон ҳам намерафтанд, ман ҳатман мерафтам. Мо ягон даъватнома аз Суди ноҳияи Ёвон нагирифта будем. Ин як баҳонаи ҳамон судя Иброҳим Қурбонов буд, на аз ин зиёд”.
Таъиноти дуюми Суди ноҳияи Ёвон бо имзои судя Сафаров аз 17-уми августи соли 2013 ба дасти мо расид. Дар ин таъинот омадааст, ки аризаи даъвогии шаҳрвандон бе риояи талаботҳои моддаи 134-135 КМГ ҶТ пешниҳод шудааст. Аризаи аз тарафи даъвогарон пешниҳодшуда нусха буда, имзои аслии даъвогарон гузошта нашудааст. Ба суд даҳ даъво пешниҳод шудааст, вале боҷи давлатӣ супорида нашудааст. Аз ин рӯ, суд мувофиқи талаботи моддаи 139 КМГ ҶТ амал карда, лозим донист, ки аризаи пешниҳодшударо беҳаракат монда, ба аризадиҳандагон барои бартараф намудани камбудиҳои қайдкардашуда мӯҳлат дода шавад. Дар акси ҳол, аризаи даъвогӣ баргардонида мешавад».
Дар мавриди ин таъинот бошад, Обидов мегӯяд, ки «аризаи пешниҳоднамудаи онҳо асл буд ва онро дар худи суди ноҳия нусха кардаанд. Мо дигар ба Суди ноҳияи Ёвон бовар надорем. Аз ин хотир, нисбати ин суд раддия навиштаем. Дар раддияи худ мо қайд кардем, ки аризаи мо дар Суди ноҳияи Ёвон ҳалли худро пайдо накард. Мо дигар имконияти рафтуомадро аз ноҳияи Вахш ба ноҳияи Ёвон надорем».
Раҷабалӣ Тағоев — собиқ раиси ноҳия, ки қарорҳои заминҳои ин шаҳрвандон бо имзои ӯ бекор карда шудааст, дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, ки «мо қарорҳои ин нафаронро дар асоси пешниҳоди Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия, ки гуфта мешавад тартиби муайяннамудаи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи муҳоҷирати дохилӣ риоя нашудааст, бекор кардем. Ман ягон манфиате надоштам ва надорам ва ин заминҳоро ба ягон наздикам надодаам. Равед, дар қабати ҳуҷҷатҳо дар ноҳия сабаби бекор кардани қарорҳои ин шаҳрвандон дарҷ шудааст».
Директори Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Сатторов Қосимҷон, ки мактубе дар қабати ҳуҷҷатҳои ин шаҳрвандон бо имзои ӯ мавҷуд аст, изҳор дошт, ки «мо ҳуқуқи пешниҳод карданро дар бораи бекор кардани қароре дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин надорем. Мо танҳо дар мактуби худ гуфтаем, ки ин шаҳрвандон бо сабаби риоя накардани тартиби пешбининамудаи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи муҳоҷирати дохилӣ, имтиёз барои гирифтани кӯмакпулие, ки барои муҳоҷирони дохилӣ пешбинӣ шудааст, надоранд. Мо танҳо ҳаминро дар мактуби худ дарҷ кардаем. Дар бораи бекор намудани ягон қарор чизе нагуфтаем, зеро қонунгузории кишвар моро чунин ваколат надодааст».
Тадқиқот нишон медиҳад, ки барои бекор намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон оиди ҷудо намудани қитъаи замин ба ин 10 оила асоси қонуние вуҷуд надошт. Ва Раҷабалӣ Тағоев бо қарори ғайриқонунии худ ин 10 оиларо сарсону саргардон кардааст.
Мо аз ҳуқуқшинос Қиёмиддин Неъматов суол кардем, ки дар кадом асос раиси ноҳия метавонад қарори раиси пешинро бекор кунад? Ҳуқуқшинос гуфт, ки «албатта, раисони ноҳияҳо дар баъзе ҳолатҳо ҳуқуқи бекор кардани қарори худро доранд, аммо бекор намудани қарори раиси ноҳия бояд асоснок карда шавад. Агар баҳс вобаста ба замин бошад, албатта бояд пешниҳоди кумитаи замисозӣ бошад, ки сабаби бекор кардани қарорро асоснок намояд. Аз ҷумла бояд нишон дода шавад, ки замин аз ҳисоби кадом заминҳо ҷудо шудааст. Баъзан мешавад, ки бо пешниҳоди муовини раиси ноҳия ё кумитаи заминсозӣ ва ё кадом як шӯъбаи ҳукумат раиси ноҳия қарорро бекор мекунад. Баъдан мебинед, ки ин қарори раиси ноҳия бекор карда шуд. Бубинед, ки замини наздиҳавлигӣ дар асоси пешниҳоди комиссияи назди мақомоти иҷроия ҷудо шудааст, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ шомиланд. Ва қарори раиси ноҳия дар асоси пешниҳоди ҳамин комиссия ба имзо расидааст. Аммо баъди он, ки раиси ноҳия иваз мешавад, раиси нав омада қарори раиси пешини ноҳияро бекор мекунад. Инҷо бояд мақомот ҷавобгар бошад, зеро раиси ноҳия аз номи мақомоти иҷроия имзо гузоштааст, на ҳамчун шахси инфиродӣ. Ин оилаҳо бояд ҳақашонро дар суд даъво кунанд”.
Умед дорем суд мӯйро аз хамир ҷудо намудаю ба сарсонии ин даҳ оилаи деҳқон, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандиашон аз тарафи мансабдорон

поймол шудааст, хотима мебахшад.

Сайраҳмон НАЗРИЕВ, участник проекта  IWPR в Таджикистане по журналистским расследованиям  

 
Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: