Озмуни мазкур аз ҷониби Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод”, ки ба рушди муколамаи миёни мазҳабҳо ва озодии андеша, виҷдон ва дин нигаронида шудааст, баргузор мешавад.
Ҳадафи аслии озмун мусоидат ба рушди таҳаммулпазирии динӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути дастгирии муколамаи миёни динҳо, гуногунии диниву мазҳабӣ ва ҳуқуқи озоди пайравӣ аз дин мебошад.
Талабот ба аксҳо:
— Ҳадди аксари шумораи аксҳо аз як иштирокчӣ – 1
— Аксҳо дар шакли JPG қабул карда мешаванд.
— Андозаи акс ба дарозӣ на камтар аз 1024 пиксел ва на бештар аз 5700 пиксел (на бештар аз 20Mb) бошад.
— Номи файл бояд бо ҳуруфи лотинӣ навишта шуда, номи иштирокчӣ, номи акс ва соли аксбардориро дар бар гирад.
— Аксҳо бояд мавзӯи таҳаммулпазириро нисбат ба дигар динҳо, аз ҷумла аққалиятҳои диние, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ифшо намоянд.
Шартҳои озмун:
- Ба озмун аксҳое қабул карда мешаванд, ки чӣ дар дастгоҳи аккосии касбӣ ва чӣ дар телефони мобилӣ бардошта шудаанд.
- Иштирокчиёни аз 16-сола боло, ки дар Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, метавонанд дархост ирсол намоянд.
- Корҳои ба озмун пешниҳодгардида баргардонида намешаванд.
- Созмондиҳандаҳо ҳаққи истифодаи минбаъдаи маводи ба озмун пешниҳодшударо бо нишон додани ҳуқуқи муаллифӣ доранд. Ҳамаи корҳои иштирокдорон дар дастрасии озод дар сомонаи belief.cabar.asia қарор хоҳанд дошт.
- Корҳое ки ба мавзӯи озмун мутобиқат надоранд, дар озмун иштирок намекунанд.
- Иштирок дар озмун ихтиёрӣ ва ройгон аст.
Ҷараёни интихоб:
Интихоб дар озмун дар чанд марҳила сурат мегирад.
- Дар марҳилаи аввал қабули дархост ва корҳо ба озмуни аксҳои иҷтимоӣ таҳти унвони “Таҳаммулпазирӣ: Ман эътиқоди туро эҳтиром мекунам” амалӣ карда мешавад.
- Баъдан, тамоми аксҳое, ки ба талаботи озмун мутобиқат мекунанд, дар сомонаи belief.cabar.asia нашр мешаванд ва овоздиҳии озод оғоз мегардад. Яъне, ҳар нафар метавонад як маротиба аз як IP-нишонӣ ба ҷонибдории кори писандидааш раъй диҳад.
- Аксҳое ки теъдоди бештари овозҳоро соҳиб гардидаанд, барои баррасӣ ба аъзои ҳакамон ирсол мешаванд ва ғолибон онҷо муайян хоҳанд шуд.
Беҳтарин корҳои озмунӣ тибқи меъёрҳои зер муайян мешаванд:
- мутобиқат ба ҳадафҳои озмун
- муҳимият ва диди тоза
Қабули дархостҳо — то 4 марти соли 2019.
Овоздиҳии озод дар сомона — то 15 марти соли 2019.
Интихоби корҳо аз ҷониби ҳакамон ва натиҷагирӣ — то 27 марти соли 2019.
Эълони ғолибон — 29 марти соли 2019.
Аз рӯи натиҷаҳои озмун аз ҳар кишвар ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм муайян карда мешаванд.
Ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд аз ҷониби IWPR Central Asia қадр мешаванд.