© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Озмун барои таҳияи филми мустанад

Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) барои таҳияи филми мустанад дархост қабул мекунад.

Русский

Муҳлати охирини пешниҳоди дархост: 31 августи соли 2019.

Номи лоиҳа: Giving Voice, Driving Change – From the Borderland to the Steppes.

Маълумоти кутоҳ

Дар филм бояд мушкилоти умдае, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Молдов ва Украина аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлол аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба он рӯбарӯ шуданд, инъикос ёбанд.

Мавзӯоти филм метавонад гуногун бошанд: сар аз ҳуқуқи инсону низоъҳои мусаллаҳона то мушкилоти экология, буҳрони иттилоотӣ, баҳсҳои марбут ба захоири фаромарзӣ, тандурустӣ ва маориф.

Пешниҳодот дар доираи лоиҳаи феълии “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes”, ки аз ҷониби намояндагиҳои IWPR дар минтақа роҳандозӣ мегарданд, қабул карда мешаванд.

Ҳадафи ин тарҳ ташаккули ҳамкориҳои танготанг миёни Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ тавассути таъмини ёрмандиҳои байниминтақавӣ ва муколамаҳои сиёсии созанда мебошад.

Ташкилоти интихобшуда бояд тамоми раванди марбут ба таҳияи филмро бигзарад ва метавонад дилхоҳ нуқтаи филмро, ки ба талаботи IWPR мувофиқ аст, пешниҳод кунад.

Иттилои бештарро дар бораи лоиҳа инҷо дарёфт мекунед.

IWPR ташкилоти интихобшударо барои таҳияи филм пурра дастгирии молиявӣ мерасонад.

Маълумоти иловагӣ ва дархостҳо

Маълумоти муфассал перомуни талабот ва раванди интихоб >>

Барои иштирок дар озмун ташкилотҳоро зарур аст дархостнома, смета ва ҳолномаи тамоми иштирокдорони лоиҳаро бо суроғаи  caucasusprogramme@iwpr.net ирсол намоянд.

Саволҳои марбут ба дархостномаро на дертар аз 17 июли соли 2019 тавассути почтаи электронии caucasusprogramme@iwpr.net аз менеҷери лоиҳа Ана Дабрундашвили бипурсед.

Ҷавобҳо ба RFQ бояд тавассути почтаи электронии caucasusprogramme@iwpr.net на дертар аз 31 августи соли 2019 ба Ана Дабрундашвили ирсол карда шаванд.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: