Данное расследование рассказывает о коррупции и воровстве ценных природных ресурсов, которые процветают на юге страны.
Оно о том, сколько денег уплывает мимо государственной казны из-за безответственности местных чиновников и безнаказанности предприимчивых дельцов, которые разбазаривают природное богатство источника лечебной грязи «Темурмалик» в южной Хатлонской области, обеспечивающего почти все санатории и профилактории страны. Это расследование было опубликовано в декабре 2014 года в газете и на сайте «Фараж».
Автор расследования Билол Шамсов, журналист из Кулябской зоны Хатлонской области. Журналистскую деятельность начинал в 1986 году на ТВ «Мавджи озод», в Восейском районе. Работал региональным корреспондентом различных СМИ, таких как «Рузи нав», ИА «Авесто», «Фараж», «Азия Плюс», сотрудничал в проектах «Открытая Азия», «Интерньюс Нетворк». В настоящее время, Билол Шамсов является представителем нескольких СМИ в своем регионе, в частности, ИА «Азия Плюс», журнала «Бонувони Точикистон», и газеты «Фараж». Постоянный контрибьютор IWPR в Кулябе.
Предлагаем вниманию читателей текст расследования на таджикском языке:
Қочоқи лой дар Темурмалик
Ҳанӯз аз замони шӯравӣ лойи шифобахши Темурмалик таъминкунандаи асосии истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва шифохонаҳое ба шумор мерафт, ки бо лой табобат мекунанд. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин мавзеъ аз назорати масъулин берун монду аз мавзеи табобатӣ ба майдони тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Сабабҳои ин печидагиҳоро зери таҳқиқ қарор додем, ки ҳоло ин лойи шифобахш манбаи даромади нафарони алоҳида шудааст.
Ҳавзи лойи шифобахши Темурмалик дар масофаи 18 км дуртар аз маркази ноҳияи Темурмалик дар байни кӯҳ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ ва ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик қарор дорад. Майдони умумии ҳавз 4 гектарро ташкил медиҳад. Дар даврони собиқ шӯравӣ лойи ин ҳавзи шифобахш ба Институти физиотерапиаи шӯравӣ бурда шуда, аз ташхис гузаронида, муайян гардид, ки он аз якчанд элементи химиявӣ иборат буда, хусусиятҳои табобатӣ дорад. Ҳамон замон Миралӣ Маҳмадалиев нақшаи сохтмони санаторияи Тосқалъаро кашид ва онро барои табобат ва истироҳати колхозчиён бунёд кард. Он пештар бо номи Осоишгоҳи «Тосқалъа»-и ноҳияи Восеъ машҳур буд. Ҳоло бошад, он расман бо номи ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» муаррифӣ мешавад. Ин муассиса соҳиби сертификати ҳавзи лойи табобатидошта мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисон, лойи шифобахши Темурмалик дар Осиёи Миёна аз ҷиҳати табобати чанд намуди беморӣ дар ҷойи аввал меистад. Барои касалиҳои дил, буғумдард, брутселёз, тарбод, безурётӣ ва чанд намуди дигари бемориҳо дармон аст. Аз даврони шӯравӣ лойи ҳавзи мазкур ба санаторияҳо тариқи техникаи махсус фиристода мешуд ва баъдан мавриди истифода қарор мегирифт.
Ҳамчунин, ба ҳавзи табобатии мазкур Муассисаи солимгардонӣ ва профилактории «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик низ сертификат дорад. Дар наздикии ин ҳавз боз айнан чунин як ҳавзи лойи табобатии дигаре низ мавҷуд аст. Майдонаш қариб 4 гектарро ташкил медиҳад ва он пурра дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик мебошад. Лекин лойи ин ҳавз аз ташхиси лабараторӣ нагузаштааст. Аз соли 1972 бо Қарори ҳукумати ҶШС Тоҷикистон гили макони мазкур ҳамчун гили табобатӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз он солҳо то замони барҳамхӯрии Ҳукумати шӯравӣ ин лой мавриди истифода ва табобати муштариёни Тоҷикистону дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ қарор дода мешуд. Баъди соҳибистиқлол гаштани кишвар низ аз ин гил ба таври васеъ ва дар тамоми шифохонаву истироҳатгоҳҳои кишвар истифода мекарданд.
Тӯли бисту се сол аст, ки дилхоҳ осоишгоҳ ва табобатгоҳҳои кишвар аз гили шифобахши ноҳияи Темурмалик истифода мебаранду ба таври расмӣ ба буҷаи ноҳияи Темурмалик ва ё Восеъ ягон дирам намесупоранд, ҳатто фоида намеоранд. Ин лой ҳоло ба таври қочоқ ба баъзе аз осоишгоҳҳои кишвар бурда мешавад.
Саидаъзам Турақулов — ҷонишини сардухтур оид ба табобати ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» (осоишгоҳи Тосқалъа)-и ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки “аз соли 2012 мо соҳиби сертификати лойи шифобахши мавзеи Танобчӣ ҳастем. То соли 2012 ин лойи шифобахш бесоҳиб буд, ҳар нафаре аз он истифода мекард ва аз он ба таври қочоқ ба тамоми ҳудуди кишвар бурда мешуд. 3 сол мешавад, ки мо соҳиби сертификат ҳастем, аммо ҳоло ҳам мисли солҳои пешин лойи ҳавзи шифобахши мазкур ба таври қочоқ ба дигар осоишгоҳҳо ва санаторияҳову курортҳо бурда мешавад. Сабаби назорат ва посбонӣ карда натавонистани ҳавзи лойи шифобахш — ин мавқеи ҷойгиршавиаш мебошад. Барои ҳамин, мо онро назорат карда наметавонем. Дар даврони шӯравӣ осоишгоҳи Зумрад, Исфара ва дигар осоишгоҳҳои вилояти Суғд омада, расман ҳуҷҷат карда, аз лойи шифобахши ин ҳавз барои истифода мебурданд. Ҳоло бошад, расман худи осоишгоҳи мо ва муассисаи солимгардонӣ ва профилактории «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик аз ин лойи шифобахш истифода мебаранд. Ба дигар осоишгоҳҳову санаторияҳои ҶТ ин лойи шифобахш ба таври қочоқ бурда мешавад. Дар нақша аст, ки минбаъд ягон нафарро дар ҳавзи захиравии лой посбон гузорем, то ин ки онро ба таври қочоқ ба дигар санаторияву осоишгоҳҳои кишвар набаранд”.
Дар мавриди он, ки лойи шифобахш беназорат аст ва он ба таври қочоқ ба ҳар санаторияву осоишгоҳҳои Тоҷикистон бурда мешавад, чӣ паёмадҳоеро дар худ дошта бошад, аз Саидаъзам — ҷонишини сардухтур оид ба табобати ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» пурсидем. Ӯ гуфт, ки “дар ҳақиқат даврони иқтисоди бозоргонист, даврони соҳибкорист ва ҳар кор шуданаш ҳам аз эҳтимол дур нест. Даврони рақобат аст, барои ҳамин бояд ҳавз посбони доимӣ дошта бошад, то ки аз ҷониби касе қочоқу заҳролуд нашавад. Чӣ тавре ман дар боло ишора кардам, дар ҳақиқат мо дар андешаи посбон таъин кардан дар он мавзеъ ҳастем”.
Саидаъзам ишора кард, ки лойи мо қариб ба ҳама санаторияҳои ҷумҳурӣ ҳоло ҳам ба таври қочоқ бурда мешавад ва ягон маблағе онҳо ба мо намесупоранд. Масалан, ба шаҳри Душанбе, ки ба онҳо сокинони ноҳияи Темурмалик дар наздикии ҳавз ҳастанд, кӯмак ва роҳбаладӣ мекунанд.
Ҳамчунин, Турақулов ишора кард: “Лойе, ки аз ҳавзи мо ба таври қочоқ бурда мешавад, дар дилхоҳ санаторияҳо ва осоишгоҳҳои кишвар тарзи дуруст истифода кардани он риоя намешавад ва беморон табобати хуб гирифта наметавонанд. Инчунин, маълум нест, ки лойи аз ҳавз ба таври қочоқ бурда, чи гуна аст. Шояд аз ҷойи камтаъсири ҳавзи шифобахш лой ба линчаҳо бор карда бубаранд, ки таъсири табобатиаш камтар аст. Зеро ҳавз ҷой ва мавзеи пурраи лойи пухта табобатишуда дорад, дигар мавзеҳои атрофи он ҳама ҷойҳояш пурра лойи табобатӣ нашудаанд. Онҳо бо мурури вақт лойи табобатӣ мешаванд. Ин нофаҳмӣ, бепарвоӣ харидории лой ба таври қочоқ боис мегардад, ки нафарони табобат меёфта дуруст табобат намеёбанду пули дода ва вақти дар осоишгоҳ гузаронидаашон бефоида меравад. Боз ҳолатҳое вомехӯранд, ки баъзе аз беморон бе ташхис ва маслиҳати табиб худсарона ба он ҳавз рафта, соатҳо дар он лой мешинанд. Ин чиз ба онҳо дар бештар ҳолатҳо ба ҷои фоида зарар меорад. Бахусус барои нафароне, ки дар худ нишонаҳои касалии сил, саратон, варамии асаб доранд, баръакс, зараровар аст”.
Наҷмиддин Каримов — сармуҳосиби муассисаи солимгардонӣ ва профилактории «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик зимни сӯҳбат гуфт, ки “мо майдони ҳавзи шифобахшро ҳамроҳи “Оби шифо”, ки дар маркази ноҳия дорем, соли 2010 пеш аз сертификат кардани ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» (Осоишгоҳи «Тосқалъа) сертификат карда будем. Лойи шибофахши мо ҳанӯз ҳам ба дигар осоишгоҳҳову санаторияҳои ҷумҳурӣ қочоқ мешавад. Аз ҷумла ба осоишгоҳи табобатии “Оби гарм” ва Маркази табобатии «Ромашка»-и шаҳри Душанбе лойи мо тариқи қочоқ бурда мешавад. Дар давраи раиси пештара Сафаров мақсад буд, ки дар ҳавз посбон гузоранд, лекин ин нақша амалӣ нашуд. Як маротиба посбон гузошта будем ва ду-се моҳе истоду дигар ин корро ба ӯҳда нагирифт. Баъзе аз шиносҳо, ки дар осоишгоҳҳои вилояти Суғд табобат мегиранд, гуфтанд, ки аз лойи шифобахши Темурмалик истифода мекунанд”.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки “ҳамагӣ дар таърихи фаъолияти муассиса ва соҳиби сертификат будан, як маротиба як мошини камаз бо нафаре аз осоишгоҳи “Оби гарм”барои харидани лойи шифобахш омада буд. Ҳама ҳуҷҷатҳояшро мо дуруст кардем, онҳо розӣ шуданд ва шабона рафта, дар мошин барои худ лой бор карда, ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои дуруст кардаашон гурехта рафтанд. Бо ҳамин на маблағ супориданду на даромад гирифтем”.
Барои исботи он, ки воқеан ҳам лойи шифобахши Темурмалик қочоқ мешавад, мо ҳамчун муштарӣ аз усули таҷриба истифода карда, ба Маркази табобатии “Ромашка” ва истироҳатгоҳи табобатии “Оби гарм” тамоси телефонӣ гирифта, савол додем, ки лойи табобатии онҳо аз куҷо аст?
Ҷонишини сардухтури муассисаи ташхисӣ-табобатии физиотерапевтии «Ромашка»-и шаҳри Душанбе Файз Убайдов дар сӯҳбати телефонӣ гуфт: “Дар муассисаи МТТФ «Ромашка» тақрибан 30 намуди бемориҳои гуногунро табобат мекунем. Мо гиёҳдармонӣ (грязолечение), табобати лойи шифобахшӣ дорем». Убайдов қайд кард, ки «лойи табобатии мо аз ноҳияи Темурмалик оварда мешавад». Ба пурсиши он ки чӣ тавр онро меоред, он кас посух дод, ки «мо аз ноҳияи Темурмалик лойро тариқи мошин оварда, дар инҷо дар дохили лингчаҳо мегирем ва дар ҷойи махсус мегузорем. Баъдан об рехта, онро ҳамеша намнок нигоҳ медорем ва танҳо вақти табобат онро гарм карда, баъд барои беморон истифода мекунем». Инчунин, ӯ гуфт, ки «мо дар Темурмалик одам дорем, бо он кас шартнома мекунем ва баъдан ӯ барои мо лой меорад”.
Бо як занги телефонӣ муаяйн кардем, ки дар осоишгоҳи “Оби гарм” низ мавзеи табобатии “Санавбар” аз лойи шифобахши Темурмалик бурда, барои табобат истифода мекунанд.
Дар вақти сӯҳбат масъулони муассисаи «Оби шифо» гуфтанд, ки ҳавзи шифобахш ду тақсим шуда, аз як қисмаш ба ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» (Осоишгоҳи «Тосқалъа»)-и ноҳияи Восеъ ва қисми дигараш ба Муассисаи солимгардонӣ ва профилактикии «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик дода шудааст. Имрӯз ҳамаи осоишгоҳҳо ба таври қочоқ аз лойи шифобахши ҳавзи Темурмалик бурда истифода мекунанд. Барои як ҳавзи лойи шифобахш дошта ба ду нафар сертификати истифода дода шудааст. Ҳавз аз рӯйи сарҳад тақсимбандӣ шуда, нисфаш ба Муассисаи солимгардонӣ ва профилактории «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик дода шуда, нисфи дигараш ба сарҳад ва ҳудуди ноҳияи Восеъ дохил буда, ба осоишгоҳи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ дода шудааст. Аз ҳама ҷолибаш маконе, ки ду соҳиб дорад, вале то ҳанӯз посбон надорад!
Аксаран дар мавсими тобистон ниёзмандон аз ноҳияҳои гирду атрофи минтақаи Кӯлоб ва дигар ноҳияҳои кишвар ба ин мавзеъ омада, дар назди ҳавз чуқуриҳои ба шакли ванна канда, аз лойи табобатӣ бо бел пур мекунанд ва ба ҳамин усул табобат мегиранд. Вақте мо 13-уми ноябр ба ҳавз ташриф овардем, гирдогирди ҳавз чунин чуқуричаҳоро дидем. Инчунин, мавзеи ҳавзи мазкур дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дорад.
Дар ҳолати ғайрисанитарӣ дидани мавзеи лойи табобатӣ, мо ба сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъ М. Юлдошев муроҷиат кардем. Аз Юлдошев оид ба ҳолати ғайрисанитарӣ ва посбон мондан ба лойи табобатии Темурмалик пурсидем. Инчунин савол кардем, ки оё намояндагони ин ниҳод барои назорат ба ин мавзеъ ташриф овардаанд?
Ӯ зимни сӯҳбат гуфт, ки “ман қариб як сол шудааст роҳбарии ин муассисаро ба ӯҳда дорам, аммо ин ҳавз дар ҳисоби ноҳияи Темурмалик аст”.
Вақте ба Юлдошев дар мавриди ба ду соҳибмулк тааллуқ доштани мавзеи лойи шифобахши Темурмалик гуфтем, ӯ изҳори бехабарӣ кард ва гуфт: “Ростӣ, ман нав фаҳмидам, ки қисмате аз мавзеи лойи шифобахш ба ҳисоби ноҳияи Восеъ дохил аст».
Айнан чунин ҷавобро аз масъули МНДСЭ-и ноҳияи Темурмалик гирифтем. Дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштан ва бе посбон будани мавзеи лойи шифобахш худ исботи ин гуфтаҳост.
Назорати ин мавзеъро натанҳо масъулони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъ ва Темурмалик фаромӯш кардаанд, балки аз мадди назари кормандони МНДСЭ-и минтақаи Кӯлоб низ дур мондааст. Беназорат мондани ин мавзеъро мо аз забони сардухтури МНДСЭ-и минтақаи Кӯлоб Саид Аламов шунидем. Ӯ гуфт, ки “ростӣ, ин мавзеъ аз мадди назари кормандони мо дур мондааст. Дар ҳақиқат мо лойи шифобахши Темурмаликро дар санатория санҷидем, вале ростӣ, умуман ба худи ҳавзи шифобахш нарафтем, то ки дар кадом вазъи санитарӣ қарор доштани онро бифаҳмем ва ҳудуди бехатарии санитарии онро низ санҷем ва посбон доштан, ё надоштанашро муайян кунем. Ташаккур ба шумо, ки ин камбудиро ба мо гуфтед, мо аз пайи санҷиши он мешавем”.
Ҷой доштани камбудӣ ва қоҷоқ шудани лойи шифобахш он аст, ки ҳанӯз ин мавзеъ бесоҳиб буда, касе барои назорат кардану пурра ба фоидаи худу давлат истифода бурдани он чора наандешидааст.
Билоли ШАМС, аз минтақаи Кӯлоб