Расследование рассказывает о неэффективности строительства и эксплуатации мини-ГЭС, построенных частными лицами. В Таджикистане, где основным энергетическим источником является электроэнергия, вырабатываемая ГЭС, в зимнее время, когда в реках спадает водосток, остро ощущается ее нехватка. Чтобы решить эту проблему, в стране принята государственная программа по строительству мини ГЭС.
Как показывает расследование, эта программа выполняется неэффективно. В большинстве случаев при строительстве малых ГЭС не учитывается, кто и как будет в дальнейшем их эксплуатировать, ремонтировать, покупать запасные части, кроме того, не учитывается водосток рек, на которых они строятся, поэтому при снижении потока воды электростанции останавливаются. Помимо всего, для того, чтобы включить малые ГЭС в единую энергосистему, частным предпринимателям приходится проходить очень длительные бюрократические процедуры и собирать большое количество различной документации, из-за чего часто они просто прекращают их эксплуатацию. Работа многих малых гидроэлектростанций не включается в единую энергосистему страны, поэтому никто не отвечает за их деятельность.
Автор расследования Тилав Расулзаде – известный таджикский журналист, живет и работает на севере Таджикистана, в Согдийской области. Выпускник Таджикского Государственного Национального Университета (г.Душанбе.1981). Работал во многих международных и таджикских независимых СМИ, таких как ИА «Вароруд», газеты «Нигох», «Озодагон», «Импульс», ИА «Азия-плюс», долгое время писал для ИА «Fergana.ru». Сотрудничал с таджикской службой ВВС.
В настоящее время работает специальным корреспондентом журнала «Бонувони Точикистон». Отличник печати Республики Таджикистан. Член Международной Конфедерации Журналистских Союзов.
Предлагаем вниманию читателей текст расследования на таджикском языке:
Умри кӯтоҳи НОБ-ҳои хурд
Ё худ, мушкили ба дарозо кашидаи бебарқӣ
Соли чандум аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар фаслҳои пойизу зимистон бинобар камбуди нерӯи барқ меъёри истифодаи барқ ҷорӣ мегардад. Ин меъёр хосатан дар ноҳияву деҳа ва шаҳракҳои дур аз марказ шадид гардида, гоҳе аз 3 то 9 соатро дар як шабонарӯз ташкил мекунад. Дар маркази вилоятҳову шаҳрҳои саноатии кишвар барқ ҳамарӯза таври интихобию бонавбат барои чанд соат қатъ мегардад.
Назар ба иттилои дар расонаҳо мунташиршаванда, камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон аз 2,2 то 2,5 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад. Ҳарчанд манобеи расмӣ ин рақамро дар ҳудуди 1,5 млрд. кВт/соат мешуморанд.
Тавре коршиносону мутахассисин иброз медоранд, тайи бист соли ахир мардуми кишвар аз ночорӣ даст ба буридани дарахтону ҷангалзорон зада, дар натиҷа аз 70 то 80 дар сади хатҳои ҷангал нобуд гардидаанд. Аз байн рафтани хатҳои ҷангал дар навбати хеш боиси биёбоншавию тахриби таркиби хок ва дар минтақахои кӯҳистон муҷиби селу тармафароӣ ва ворид шудани хисороти зиёде ба рӯзгору иқтисоди мардуми деҳнишин ворид мегардад. Як қисми аҳолии шаҳрнишин ҳатто маҷбур шудаанд барои гарм кардани хонаву манзили хеш аз ангишт истифода намоянд. Вале, тавре соҳибназарон огоҳанд, нафарони зиёде аз дуди заҳрафгани ангишт ҳатто ҷони худро бохта, ё ба фалокатҳои гуногун гирифтор шудаанд. Гузашта аз ин, ҳамасола нархи ин навъи сӯзишворӣ боло рафта, дастрасии мардуми камбизоат ба он маҳдуд мегардад.
Ҳамон тавре, ки сокини ноҳияи Конибодом Раҳими Ашроф иброз дошт, агар моҳи ноябри соли гузашта як кило ангишт 45-50 дирам нарх дошт, пас ҳоло он ба қимати як сомониву бист дирам ба фурӯш меравад.
Соли равон қимати нерӯи барқ 15 дар сад боло рафта, якҷоя бо андоз аз арзиши илова 12,6 дирам барои як киловатро ташкил медиҳад. Имсол, тибқи қарори ҳукумати кишвар, маҳдудияти интиқоли барқ дар сартосари ҷумҳурӣ аз 12-уми октябр ҷорӣ гардид.
Барномаҳо амалӣ намешаванд?!
Раҳбарони дараҷаи аввал як роҳи берунрафт аз мушкили бебарқиро дар бунёди НОБ-ҳои хурд диданд. 2-юми феврали соли 2009 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» қабул гардид.
Тавре сардори шӯъбаи таҳлил, мониторинги нерӯгоҳҳои хурди Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вайсиддин Тиллоев иброз дошт, ҳадаф аз қабули Барномаи мазкур «ин таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикии кишвар, бо нерӯи барқ таъмин намудани як қатор маҳалҳои аҳолинишини калону хурди ноҳияҳои дурдаст ва тавлиди нерӯи барқ дар НБО-и хурд бе таъсири манфӣ ба муҳити зист ба шумор меравад. Барномаи мазкур бояд дар се марҳила татбиқ гардад».
Ҳоло метавон дар мавриди иҷроиши марҳилаҳои якум ва дуввуми Барнома, ки фарогири солҳои 2009-2014 мебошанд, ҳарф зад. Чунончи, мӯҳтарам Вайсиддин Тиллоев иброз дошт, ки тайи ин панҷ соли сипаришуда 42 адад НБО-и хурд бо иқтидори аз 5 то 4300 кВт бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки иқтидори умумиашон 13 285кВт мебошад. Нерӯгоҳҳои мазкур 5717 хоҷагӣ ва 169 адад иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро бо нерӯи барқ таъмин менамоянд. Дар бунёди НБО-ҳои мазкур наздик ба 91 млн. 753 ҳазор сомонӣ маблағҳо, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ наздик ба 67 млн. 470 ҳазор, маблағҳои грантӣ 12 млн. 356 ҳазор сомонӣ ва сармоягузорони ватанӣ 11млн. 927,2 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Дар маҷмӯъ, аз иҷроиши Барнома метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки ҳамагӣ аз шумораи умумии 136 адад НБО-и хурди ба нақша гирифташуда то ба имрӯз 42 адад бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки наздик ба 31 дарсади нақшаро ташкил менамояд. Вале мушкил на дар таъхири бунёди нерӯгоҳҳои нав, балки аз фаъолият бозмондани НОБ-ҳои то кунун бо маблағҳои ҳангуфт бунёдшуда аст.
Ба андешаи Вайсиддин Тиллоев, дар мавсими тирамоҳу зимистон бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам шудани об дар иншооти обқабулкунанда, НБО-ҳои хурд наметавонанд бо иқтидори лоиҳавияшон кор кунанд. НБО-ҳои хурд мисли НОБ-ҳои бузург обанбор надоранд, ки дар сурати кам шудани сатҳи об аз он истифода баранд. Илова бар он, НОБ-и хурд генераторҳо ва трубинаҳои эҳтиётӣ надоранд, ки дар як вақти муайян ҳамдигарро иваз намуда тавонанд. Аз ин рӯ, ҳангоми ба шабакаҳои марказӣ пайваст намудан, онҳо метавонанд низоми ҳамзамони корро вайрон намоянд. Дар навоҳии дурдаст мутахассисони варзидае нестанд, ки дар сурати аз кор бозистодани нерӯгоҳ онро таъмир ва дубора фаъол созанд.
Суоли матраҳ ин аст, ки агар чунин мушкилоти воқеӣ вуҷуд доштаву доранд ва ашхоси масъул онро медонистанд, пас, чаро барои бунёди он НОБ-ҳо иҷозат доданд?
Бояд зикр кард, ки бунёди НОБ-и ҳои хурд то қабули Барномаи давлатӣ, яъне барвақттар, баробари касби истиқлолият шурӯъ шуда буд. Агар он ҳама нерӯгоҳҳоро дар маҷмӯъ бигирем, теъдоди умумии онҳо 311 ададро ташкил медиҳад, ки ҳар яке аз онҳо метавонанд 5 то 4300 кВт нерӯи барқ истеҳсол намоянд. Вале аз он нерӯгоҳҳо 171 адад дар ҳама фаслҳои сол ва боқӣ таври мавсимӣ фаъолият менамоянд ва ё умуман аз фаъолият бозмондаанд.
Барқе, ки фурӯхтани он имкон надорад
Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳоҷӣ Зуҳур Раҳимов дар маҷрои рӯди Деҳмой аз ҳисоби пасандозҳои хеш бо маблағи 520 ҳазор сомонӣ нерӯгоҳи барқии иқтидораш 60кВт/соат бунёд карда, беш аз 60 хонавода ва чанд муассисаи иҷтимоиро бо нерӯи барқи ройгон таъмин месозад. Ҳама гуна масрафҳои лозим барои таъмири нерӯгоҳ бар дӯши худи соҳибкор Зуҳур Раҳимов аст.
— Мо маҷбур ҳастем ҳар рӯз як нафарро аз ҷумлаи истифобарандагони нерӯи барқи нерӯгоҳи худ навбатдор монем,- мегӯяд соҳибкор.- Дар сурати ғайр, моро лозим меояд, ки лоақал се нафарро ба кори доимии музднок қабул намоем. Мо низ хостем нерӯгоҳи хешро расман сабти ном карда, фаъолияти пайвастаи онро таъмин созем. Вале давутоз аз як идора ба идораи дигар ҷиҳати дарёфти муҷаввиз ва пардохтҳои ҳангуфт моро дилгир кард ва аз баҳраш гузаштем. Бинобар он, ҳар гоҳе лозим донистем, онро кор мефармоем ва агар лозим набошад, аз фаъолият бозмемонем,- мегӯяд ӯ.
Чуноне ки сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Панҷакент Мисирбой Раҳматуллоев иброз дошт, дар ин шаҳр ду нерӯгоҳи нисбатан калон — НОБ-и «Артуч» ва «Панҷрӯд» фаъолият мекунанд, ки тобистон тақрибан барои се моҳ барои таъмир корашонро қатъ менамоянд. Зеро, чун оби дарё лойолуд аст, таҷҳизот зуд фарсуда мешаванд. Соҳибмулки нерӯгоҳи «Панҷрӯд» як нафар соҳибкор буда, ҳоло онро ба шахси дигар интиқол додааст. Бинобар мавҷудияти мушкилот ба ҳангоми дигаргунии сохторӣ, даҳ моҳ аст, ки кормандони нерӯгоҳ маош нагирифтаанд. Ҳамчунин, се нерӯгоҳи дигаре ҳаст, ки таври дастҷамъона бунёд шудаанд. Онҳо низ фасли баҳор кор намекунанд.
Сарвари барқчиёни ноҳияи Панҷакент иброз дошт, ки онҳо барқро аз НОБ-и «Панҷрӯд» мехаранд ва баъдан ба мардум бо нархномаи муқарраршуда мефурӯшанд. Ҳар моҳ байни онҳо санади харид тартиб дода мешавад ва ҳар се моҳ «Барқи тоҷик» пули аз муштариён ҷамъкардаи хешро ба соҳибмулки «НОБ-и «Панҷрӯд» интиқол медиҳад.
— Чаро бо вуҷуди имкониятҳои васеъ мардум барои бунёди нерӯгоҳҳои хурд камтар майлу рағбат зоҳир мекунанд? Ҳароси онҳо дар чист?,- мепурсам аз ҷаноби Мисирбой Раҳматуллоев.
— Онҳо тарс аз он доранд, ки дар сурати ба касе фурӯхтани нерӯи барқ маҷбур мешаванд андоз супоранд,- мегӯяд ӯ.
Ҳамон тавре, ки муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ Акрамҷон Қосимов иброз дошт, дар ноҳияи мазкур се НОБ-и хурд аз рӯйи лоиҳа бунёд шуда, онҳо фаъол ҳастанд. Фақат аз НОБ-и «Марзич» аз се чарха танҳо якеаш фаъол аст. Илова бар он, дар деҳаи Яғноб 27 адад НОБ-ҳои хурде ҳастанд, ки аз 1 то 5кВт иқтидор доранд.
Тавре муҳандиси пешбари шӯъбаи манобеи барқии энергитикии ҶКСХ «Барқи Тоҷик» Ҷӯра Бобоев иброз дошт, соҳибкор барои бунёди НОБ-и хурди иқтидораш аз 5 кВт/соат боло бояд як силсила корҳоро анҷом бидиҳад: ҷойро интихоб намояд, маълулотҳои чандсолаи гидротехникӣ, гидрологӣ ва иқлимӣҷамъ оварад, назари расмии хадамоти обуҳавосанҷӣ, кумитаи ҳифзи муҳити зист, раёсати захираҳои обро бигирад. Бидонад, ки мавҷудияти об дар фаслҳои сол чӣ гуна аст. Бояд ба сохторҳои марбута мактуби расмӣ навишта, аз онҳо маълумотнома талаб намояд. Он ҳама маълумоти ҷамъовардаашро ба мутахассисҳо нишон бидиҳад. Баъдан вай бояд аз қайди Вазорати энергетика ва захираҳои об гузарад. Соҳибкор баъдан ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин муроҷиат мекунад. Ҳуҷҷатҳои лозимро барояшон пешкаш менамояд. Баъдан онҳо барояш сертификати замин омода месозанд. Агар соҳибкор худаш аз ӯҳдаи лоиҳакашӣ ва харҷномаҳо набарояд, бояд ба ширкатҳо ва муассисаҳои лоиҳакашӣ муроҷиат кунад.
— Бояд қайд кард, ки баъзе аз ҳуҷҷатҳо ройгон ва баъзеи дигарашон пулакӣ омода карда мешаванд,- иброз медорад Ҷӯра Бобоев.- Соҳибкор аввал бояд биандешад, ки баъди бунёди нерӯгоҳ хати барқро то ба истеъмолкунанда кӣ бояд кашад? Оё худаш ин корро ба танҳоӣ анҷом дода метавонад ва ё барояш пудратчӣ лозим аст? Вақте вай ҳамаро ба иҷро расониду тасмими фурӯхтани барқ кард, бояд андоз аз даромад бисупорад. Соҳибкор агар бихоҳад, ки барқро тавассути шабакаҳои барқии «Барқи тоҷик» бифрӯшад, бояд бо он шартнома бибандад. Пеш аз бастани шартнома вай бояд аз хадамоти зиддиинҳисорӣ хулосаи нархномаи муқарраркардашударо бигирад. Агар арзиши аслии барқи истеҳсолшаванда аз меъёр зиёд бошад, пас ба ҳукумат муроҷиат мекунад. Ҳукумат фарқияти арзиши аслӣ ва қимати барқи фурӯхташаванда аз ҳисоби фонди ҷубронии хешро, ки бояд таъсис гардад, бояд пардохт бикунад. Таври мисол, қимати барқи ба аҳолӣ фурӯхташаванда 12,6 дирам аст. Агар арзиши аслии нерӯи барқи истеҳсолнамудаи соҳибкор таври мисол 15 дирамро ташкил бидиҳад, пас ҳукумат фарқияти 2,4 дирами боқимонда аз ҳар як киловат/соатро ба соҳибкор бояд бипардозад. Вале барои дарёфти ин маблағ қоидаҳое ҳастанд, ки соҳибкор онро бояд риоя кунад.
Ин мутахассиси ботаҷриба изҳор дошт, ки се омил боиси он мегарданд, ки НОБ-ҳои хурд зуд аз кор бозмемонанд:
1). Бе ташхиси гидрологиву гидротехникиву иқлимӣ сохта шудаанд.
2). Аксарияти он НОБ-ҳо таҷҳизоти стандартӣ надоранд.
3). Мақоме нест, ки тамоми раванди бунёди НОБ-ҳои хурдро назорат бикунад.
Ба андешаи коршиноси собиқадори соҳаи энергетика Ғуломиддин Сайфиддинов, соҳаи энергетика фасодзада мебошад. Аз боло то зинаҳои поёнтарин касбияти паст доранд ва ё бекасбият мебошанд.
— Мутахассисони варзида ва нафарони ҳирфаӣ, ба иллати маоши ночиз, ки он ҳам ҳатто то 5-6 моҳ пардохт карда намешавад, анқариб ҳама (бештар ба Русия) рафтанд. Истгоҳҳои хурди барқии обӣ саросемавору нимкола бунёд ва нимбунёд шуда, маблағҳо ғайриҳадафмандона масраф мегарданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ сохтор ё ниҳоди мушаххасе нест, ки аз болои раванди бунёдкунӣ ва фаъолияти кормандони низоми энергетикӣ умуман ва истгоҳҳои барқии хурд, назорат бикунад. Умури назорати давлатӣ оид ба энергетика маълум нест, бо он маошхӯрони бисёрнафарааш бо кадомин «назоратҳо» машғуланд. Далелҳо ва аломатҳои бисёре мавҷуданд, ки барқдуздон аз ҷониби қувваҳое «ҳимоят» (крышевать) мешаванд…,- мегӯяд ӯ.
Як нафар корманди масъули мақомоти давлатӣ бо шарти ифшо накардани номаш иброз дошт, ки маҳз мушкили ҷамъ кардани санадҳои зиёд аз мақомоти гуногун, давутози хастакунанда, гарон будан ва тамом шудани арзиши аслии нерӯи барқи истеҳсолшаванда ва ҷуброн нашудани он аз ҷониби мақомоти марбута одамонро аз бунёд ва дар ҳолати фаъол нигоҳ доштани нерӯгоҳҳои то кунун бунёдшуда дилсард сохтааст.
Коршиносони мустақил иброз медоранд, ки бунёди НОБ-и хурд то ҳол ба як манбаи боэътимоди тиҷорати хуб мубаддал нагардидааст. Аз ин рӯ, қонунҳои марбута амалӣ намешаванд.
Тилав РАСУЛЗОДА