© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR барои имом-хатибони се шаҳри Тоҷикистон машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор кард 

Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон 71 имом-хатиб аз шаҳрҳои Турсунзода, Хуҷанд ва Конибодомро ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифт. Дар ин машғулиятҳо имом-хатибон аз навоҳии наздимарзӣ, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон иштирок карданд.   

English Hа русском


Машғулиятҳои омӯзишӣ дар Конибодом. Акс аз cabar.asia
Машғулиятҳои омӯзишӣ дар Конибодом. Акс аз cabar.asia

Ин машғулиятҳо дар доираи лоиҳаи “Субот дар Осиёи марказӣ тавассути муколамаи озод” баргузор шуданд. Дар чорчуби ин тарҳ қаблан давраҳои омӯзишии монанд барои имом-хатибони навоҳии наздимарзии Қирғизистону Қазоқистон, инчунин тренингҳо оид ба меъёрҳои байналмилалии инъикоси масоили диннӣ барои рӯзноманигорони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуда буд.    

Дар сомонаи вижаи Belief.cabar.asia мақолаҳои иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ барои журналистон нашр шуда, ҷараёни баргузории тренингҳо барои имом-хатибон пайваста инъикос мегардад. 

Омӯзиш барои Имом Хатибон дар шаҳри Хуҷанд Акс: cabar.asia
Омӯзиш барои имом хатибон дар шаҳри Хуҷанд Акс аз cabar.asia

Машғулиятҳои омӯзишӣ бо ҳадафи баланд бардоштани саводи расонаӣ, балад будан аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки озодиҳои динӣ ва фаъолиятҳои зиддитундгароиро танзим мекунанд, инчунин омӯзиши равишҳои муосири мубориза бо тундгароии хушунатомез созмон дода шуданд.  

Ҷалб намудани руҳониён дар тавсеаи таҳаммулпазирӣ ва муколамаи байнимазоҳиб яке аз дигар ҳадафҳои чорабинии мазкур буд.

Имом-хатибони Тоҷикистон ҳанӯз аз фаъол будани ба истилоҳ “имомони интернетӣ”, ки идеологияи тундгароии хушунатомез ва ҳаракату ташкилотҳои фаъолияташон дар кишвар мамнӯъро таблиғ намуда, монеи муколамаи байнимазоҳиб мешаванд ва дар ҷомеа хало эҷод мекунанд, нигарон ҳастанд.   

Бо вуҷуди доштани донишу малакаи лозим руҳониёни Тоҷикистон дар муқобала бо паҳн шудани идеологияҳои хавфнок ва тавсеаи таҳаммулпазирии байнидинӣ бо мушкилиҳо рӯбарӯ мешаванд.

Барномаи вижаи омӯзишӣ барои имом-хатибон — “Абзорҳои расонаӣ барои тавсеаи таҳаммулпазирӣ ва мубориза бо таблиғи тундгароии хушунатомез”, ки бо назардошти ниёз ва хостаҳои пешвоёни дин дар Тоҷикистон таҳия шудааст, барои таҳкими зарурати ривоҷ додани таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва беҳтар намудани малакаи муқобала бо таблиғи тундгароии хушунатомез равона гардидааст.    

Дар ин барнома меъёрҳои ҳуқуқие, ки озодиҳои диниро танзим намуда, барои фаъолиятҳои экстремистӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад, инчунин мафҳуми давлати дунявӣ хеле соддаву возеҳ фаҳмонда шудааст. 

Яке аз мавзӯъҳои калидии тренингҳо баланд бардоштани саводи расонаии имом-хатибон, баррасии шеваҳои дасткории ташкилотҳои экстремистӣ, инчунин абзорҳои муосири расонаӣ барои иртибот бо аҳолӣ буд.

Кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров ва Умедҷон Ҳақназаров нуктаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба фаъолияти созмонҳои динӣ ва мубориза бо паҳн шудани идеологияи тундгароии хушунатомез рабт доранд, ба таври муфассал пешниҳод карданд.  

Онҳо бо шарҳ додани мафҳуми дунявият ба зарурати ҳаётии имкони назорат бар фаъолияти созмонҳои динӣ аз ҷониби давлат таъкид намуданд.

Рустам Азизӣ, муовини сардори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон дар навбати худ аз таърихи гуногунии фазои динии кишвар ва арзиши таҳаммулпазирии динӣ, ки таърихан собит шудааст, суҳбат намуд.   

Ӯ ба иштирокдорони машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҳузури осоишта ва босамари динҳои зиёде монанди зардуштӣ, бутпарастӣ, масеҳият ва яҳудият дар гузаштаи кишвар нақл кард.      

Тренинги ҷаноби Азизӣ баҳсу баррасӣ ва саволҳое зиёдеро дар мавриди таноқузи миёни меъёрҳои дунявият ва тафсири конунҳои адён, мавҷудияти таҳамулпазирӣ дар мазҳаби Ҳанафӣ, таърифи вожаи “кофар” ва ғайра дар пай дошт. 

Ӯ тавонист ба тамоми пурсишҳои имом-хатибон посух бидиҳад ва бо ин дар фаҳмиши онҳо зарурати ривоҷ додани таҳаммулпазирии байнидиниро миёни пайравонашон таҳким бахшад.  

Рустам Азизӣ, муовини сардори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон
Рустам Азизӣ, муовини сардори Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон. Акс аз cabar.asia

Рустам Азизӣ мегӯяд: “Ин чорабинӣ як майдони муфид барои табодули андеша ва таҷриба миёни иштирокдорон гардид. Дастоварди муҳим ба назари мо ин буд, ки созмондиҳандаҳо тавонистанд мувозинати иштирокдоронро таъмин намоянд. Инчунин, бояд муносибати боварибахш ва фазои озодро ҳангоми баҳсу баррасиҳо таъкид намуд. Фикр мекунам, чунин иқдомҳо сабаби таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон дар сатҳҳои гуногун мегардад”.   

Тренинги коршиноси расонаӣ Рустам Гулов ба мавзӯи саводи расонаӣ ва абзорҳо барои муқобала бо тундгароии хушунатомез рабт дошт. Машғулиятҳои ӯ бо санҷиши донишҳои иштирокдорон оид ба саводи расонаӣ бо истифода аз платформаи plickers.com оғоз гардид. Ба суоли ӯ иштирокдорон бо боло кардани рамзҳои махсуси QR ҷавоб доданд. Бо чунин шева оғоз кардани омӯзиши ҷаноби Гулов таваҷҷуҳи ҷиддии имом-хатибонро дар таҳлилил видеоҳои ҷаълӣ, ки дар минтақа паҳн шудаанд, инчунин омӯзиши усулҳои шинохти маводи дурӯғин бедор кард.      

Инчунин дар ин қисмати тренинг дар мавриди вазифа ва имконияти расонаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати тавсеаи таҳаммулпазирӣ ва нақши имомҳо дар огоҳсозии ҷомеа аз тундгароии хушунатомез, ба таври муфассал суҳбат карда шуд.

Коршиноси соҳаи ВАО Рустам Гулов. Аксҳо: cabar.asia
Коршиноси соҳаи ВАО Рустам Гулов. Акс аз cabar.asia

Рустам Гулов: “Бо таваҷҷуҳ ба вокуниши иштирокдорон дар ҷараёни тренинг маълум гардид, ки барояшон ҷолиб аст. Маълум мешавад, ки сину сол, вазъи иҷтимоӣ ва мақоми инсон дар ҷомеа монеи баланд бардоштани сатҳи саводи расонаӣ намешавад. Имом-хатибон одат кардаанд, ки онҳо дигаронро тарбия мекунанд ва одамон барои маслиҳат наздашон меоянд, аммо бисёре аз онҳо дар ҷараёни тренинг дар баҳсу баррасии саволҳои пешниҳодшуда, санҷишнома ва назарпурсиҳо иштироки фаъол доштанд.

Барои ман бо онҳо кор кардан хеле писанд омад, зеро як фазои эҳтироми тарафайн ва талош барои омӯхтан, ки яке аз талаботҳои дину боварҳояшон аст, ба сатҳу сифати тренинг таъсири мусбат мерасонад”. 

Дар поёни машғулиятҳои омӯзишӣ имом-хатибон ба кори тренерҳо баҳогузорӣ намуда, инчунин аз мушкилоти мавҷуда дар ҷомеа суҳбат карданд. Пешниҳод шуд, ки дар оянда чунин машғулиятҳо идома пайдо кунанд. 

Таассуроти имом-хатибон аз тренингҳои омӯзишӣ  дар шакли видеоӣ инҷо аст.

Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон моҳҳои оянда баргузории чунин тренингҳоро идома медиҳад. Ин навбат давраҳои омӯзишӣ дар вилояти Хатлон ва вилояти мухтори куҳистони Бадахшон доир мегарданд.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: