© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Чаро сокинони Исфара «Ҷиҳодӣ» мешаванд? (Чандрасонаӣ)

Таҳқиқоти журналистии мо маълум кард, ки «шароити иқтисодӣ, камбудии маблағ ва муҳоҷирати меҳнатӣ» аз омилҳои асосии ифротӣ шудани бархе аз сокинони Исфара мебошад.Судшавандаҳо гуфтанд, ки дар ватан озодии диниашон маҳдуд мешуд.


Муаллиф: Ҷамшед Маъруф, Душанбе: Ин таҳқиқоти журналистӣ дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон таҳия гардида, аз сомонаи Оҷонсии иттилоотии «Азия плюс» бознашр  шудааст.  

English На русском

ВИДЕО: 7 узви як оила бо ҷурми «қасди ҷиҳод» паси панҷара рафтанд

Ҳафт узви як оила, ки ҳама сокинони ҷамоати деҳоти Навгилеми Исфара мебошанд, бо ҷурми «қасди ҷиҳод» дар Сурия аз 12 то 17 сол паси панҷара рафтанд. Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми онҳоро 18-уми апрели соли равон эълон кард.

Ба гуфтаи додгоҳ, ин аъзои оиларо Баҳодур Насриддинов, писари 47-солаи хонадон гумроҳ намуда, барои рафтан ба Сурия даъват кардааст. Бар пояи ҳукми додгоҳ, ў 17 сол аз озодӣ маҳрум гардида, модари 71-солааш Мавлудахон Насриддинова 12 сол, набераи ин зан Ҳайдархон Насриддинов ва домодаш Насруллохон Абдувалиев ба 12 солу 6-моҳӣ ба калонияҳои ислоҳии низоми сахт маҳкум шуданд. Ҳамчунин, духтари ин зан Фарзонахон Насриддиноваи 19-сола, ҳамсари Насруллохон Абдувалиев, ки дар батн кўдаки 7-моҳа дорад, 12 сол ва хешовандони ин хонавода – Шоҳинахону Мушоҳирахон Нуриллоеваҳо, низ ҳар яке ба 12 соли калонияҳои ислоҳии низоми умумӣ маҳкум гардиданд.

Ду узви дигари хонавода – Шоҳидахон Нуриллоеваи 24-сола ва Маърифат Насриддиноваи 16-сола, қаблан ба далели бемории рўҳӣ ва ноболиғ будан, аз ҷавобгарӣ озод шуда буданд.

Бар пояи иттилои Додгоҳи Суғд, алайҳи 28 нафар хешу табори ин узви оила аз Исфара, ки дар алоҳидагӣ ба Сурия сафар карда буданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ин хонавода бошандагони ҷамоати деҳоти Навгилеми Исфара буда, ба гуфтаи пайвандони онҳо, ҳамаи 7 узви хонавода аз хидмати вакили дифоъ даст кашидаанд ва дар мурофиаи додгоҳӣ ба гуноҳҳои кардаашон иқрор ва изҳори пушаймонӣ кардаанд.

Мурофиаи додгоҳӣ, ки 11-уми апрел шурўъ гардид, таҳти раёсати Фирўза Аҳмадзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд сурат гирифт.

Бар пояи ҳукми додгоҳи Суғд, Баҳодур Насриддинов пеш аз кўшиши сафар ба қаламравҳои таҳти назорати гурўҳи тундрави «ДИИШ», ба ҳайси сармуҳосиб дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ дар шаҳри Роғун кор кардааст.

Тибқи тафтишот, зимни як амалиёти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Туркия дар марз бо Сурия охири соли 2017 танҳо қисме аз аъзои ин хонавода боздошт шуд. Вале ягона духтари ин хонавода Замира Насриддинова аз сафар ба Сурия худдорӣ карда, дар Исфара мондааст.

ХАРИТА: Аз 28 узви хонавода, 19 нафар марзи Сурияро убур карданд

Ҳодисае, ки бисёриҳоро ба ҳайрат овард, ҳанўз дар соли 2017 рух додааст. Бар пояи ҳукми додгоҳ, маҳз Баҳодур Насриддинов аъзои хонаводаро гумроҳ намуда, барои рафтан ба давлати арабии Сурия ва фаъолият намудан дар ҳайати ташкилоти террористӣ аҳли оилааш, аз ҷумла модараш Мавлуда Насриддинова, ҳамсараш Зўҳро Насриддинова, фарзандонаш Носирхон Насриддинов, Ҳайдархон Насриддинов, келинаш Ниссо Самадзода, духтаронаш Фарзонахон Насриддинова, Маърифат Насриддинова, бародарону дигар хешовандонаш Назирхон Насриддинов, Рухсорахон Насриддинова, Зоҳирхон Насриддинов, Шокирхон Насриддинов, Умархон Насриддинов, Зайнабхон Насриддинова, Камолхон Насриддинов, Таҳминахон Насриддинова, Маликахон Насриддинова, Аюбхон Насриддинов, Исмонхон Насриддинов, Оминахон Раҳмонзода, Абдураҳмон Насриддинов, Оишахон Насриддинова, Содирхон Насриддинов, Асрорхон Насриддинов, Мушоҳирахон Нуриллоева, Шоҳидахон Нуриллоева, Шоҳинахон Нуриллоева ва Насруллохон Абдувалиев, ҷамъ 28 нафарро давоми соли 2017 роҳбаладӣ кардааст.

Бино ба хулосаи тафтишот, ин афрод бо тарғибу ташвиқи Баҳодур Насриддинов аз Тоҷикистон нахуст ба Қазоқистон ва аз он ҷо ба Туркия рафтаанд. Онҳо дар Қазоқистон давоми 2 моҳ ва дар Туркия 4 моҳ ба сар бурда, тахминан охири моҳи июни соли 2017 дар се мусофирбари хурд 19 нафар аъзои ин хонавода бо нияти иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар Сурия марзи Туркияро убур намуда, ба ҳудуди давлати Сурия ворид гаштаанд. Вале мусофирбари сеюм, ки аз 9 нафар иборат буд, аз сўйи нерўҳои Туркия боздошт карда шуда, тавассути давлатҳои Озарбойҷон ва Қазоқистон моҳи феврали соли равон ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Судшавандаҳо гуфтанд, ки дар ватан озодии диниашон маҳдуд мешуд (АКС+САДО)

Бар асоси ҳукми додгоҳ, Баҳодур Насриддинов тибқи 3 банди Кодекси ҷиноятӣ – «Иштирок дар иттиҳоди ё ташкилоти ҷиноятӣ» (187, қ. 2), «Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ» (3073, қ. 2), «ҷалб ва иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» (4011), парванда боз карда шуд.

Шаш нафари дигар бар асоси моддаҳҳои 32, қ. 3 – «Сўйиқасди ҷиноят» ва 4011 – «ҷалб ва иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо», гунаҳгор дониста шуданд.

Дар мурофиаи додгоҳӣ судшавандаҳо гуфтанд, ки дар ватан озодии диниашон, аз ҷумла дар мавриди ба бар намудани либоси мазҳабӣ маҳдуд мешуд.

Вале Дилмурод Азизов, сармутахассис оид ба корҳои дини ҷамоати деҳоти Навгилем мегўяд, ҳарчанд ин оила ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ иддао дошт, ки озодии диниашон маҳдуд мешуд, вале ҳини суҳбат бо ҳамсояву ҳамдеҳагони онҳо маълум шуд, ки ин оила он қадар ҳам саводи динии хубе надошт ва ба онҳо фишор ҳам намеовард: «Ҳангоми суҳбат бо ҳамсояву ҳамдеҳагони ин оила маълум гардид, ки ин афрод аз ҷиҳати ақидаи динӣ он қадар диндори сахт ҳам набуд. Умуман, вақте суҳбат мекунед, касе аз онҳо ин ҳолатро умед надошт, ки якуякбора оилавӣ ба давлати Сурия баромада мераванд. Мо бо ҳамроҳии имомхатиби деҳаи ин оила ҳамсуҳбат шудем, ки онҳо ҳатто ба масҷид низ он қадар зиёд намерафтаанд».

Азизов дар суҳбат ба мо гуфт, чунин рўйдод бори аввал аст, ки як узви калони оила бо чунин теъдод берун аз кишвар рафтанд.

САДО: «Аз партаи мактабӣ то муҳоҷирати меҳнатӣ»

Дар ҳамин ҳол, Дилмурод Азизов яке аз омилҳои асосии «ҷиҳодӣ» шудани бархе аз сокинони Исфараро ба шароити иқтисодӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ рабт дод. Ў ҳамчунин, аз беназоратию бепарвоии волидайн нисбат ба фарзандони худ изҳори норизоӣ намуд: «Имрўз падару модарон намедонанд, ки фарзандонашон дар кадом шаҳри Русия ҳастанду бо чӣ кор машғуланд. Мо имрўз фарзандони худро аз мактаб мегирем ва ё аз партаи мактабӣ гирифта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристем. Онҳо бошанд, ҳоло таҷрибаи ҳаётӣ надоранд, ягон вазниниро надидаанд. Дар муҳоҷират на ҳамеша барои ману шумо кори тайёр мавҷуд аст, ки мо равему аз паси он шавем».

Обидбой Аҳмадов, коршиноси маҳаллӣ зимни як суҳбат афзуд, ки ҳоло аз сўйи маъмурияти шаҳри Исфара ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сафи ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб гардидани ҷавонон пешгирӣ карда шуд. Вай омили асосии ифротгароии ҷавонон аз шаҳраку деҳоти Исфараро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинад. «Аксар ҷавононе, ки имрўз ба муҳоҷират мераванд, на забонро медонанду на ихтисос доранд. Аз ин ҳолат гурўҳҳои манфиатҷў истифода намуда, барои онҳо ҷойи хобу маблағ пешкаш мекунанд. Пас аз як-ду моҳ мебинед, ки ин ҷавононро ба Сурия ва минтақаҳои осебпазири дунё мефурўшанд»,- афзуд ў.

Зимнан, Аҳмадов аз паст будани маърифати динии ҷавонон низ изҳори нигаронӣ намуд.

АКС: Навгилем, ягона ҷамоати деҳоти осебпазири Исфара нест…

Навгилем, ягона ҷамоати деҳоти Исфара нест, ки бо чунин теъдоди зиёд бошандагони он «ҷиҳодӣ» шуда бошанд.

Соли 2014 аз рафтани ҳудуди 20 сокини деҳаи дурдасти Чорқишлоқи Исфара, аз ҷумла бархе ҳамроҳ бо аҳли хонаводаи худ барои «ҷиҳод» дар ҷангҳои Сурия гузориш дода шуд ва ин минтақаро борҳо дар сархати расонаҳо қарор дод.

Бархе аз сокинони ин ду деҳа ҷангиёни Сурияро «гумроҳшуда» мехонанд, ки ба ақидаи онҳо, аз бехабарӣ аз дину оини хеш ва ноогоҳӣ аз ҳаводисе, ки дар Сурия мегузарад, тарки хонаву дар ва зану фарзандон кардаанд.

Ҳоло мақомоти Исфара ва сокинони фаъоли ин ду деҳа дар пайи баргардонидани сокинонашон аз Сурия ҳастанд.

Калонзода: «Таълими «Одоби дин» дар макотиби миёнаву олӣ зарур аст!» (САДО)

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода, аз рўҳонии шинохтаи тоҷик дар суҳбати ихтисосие аз гароиши ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳои тундрав ҳарф зада, гуфт, вақте дар бораи омилҳо сухан мекунем, бояд маърифати ҳуқуқии ҷавононро аз имрўз баланд кард. Ў бар ин назар аст, ки вақте дар оила хавфи шомил шудан ба ҷараёнҳои ифротӣ мавҷуд аст, падару модар ин қисмати тарбиявии оилавии худро бояд ҷоннок намоянд. «Дар синни мактабӣ, донишгоҳ, донишкада аз тарафи волидон нуқтаи назари мазҳабии мо, бигзор сода бошад ҳам, лекин фаҳмонида шавад. Изофа бар ин, ҳамеша вақте телефонӣ суҳбат мекунанд, фарзандони худро огаҳ созанд, ки ба хотири пул ё мол ба доми ифротиҳо гирифтор нашаванд. Чун ҷавонон вақте дар дигар шаҳру навоҳӣ ва ё хориҷи кишвар мераванд, аз назорати волидон дур мешаванд»,- гуфт ў.

Ин рўҳонии шинохтаи тоҷик таълим додани «Одоби дин» дар макотиби миёнаву олиро ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои тундгаро медонад.

Бафоев: «Агар ҳар як инсон 70-80% ҳисси ватандўстӣ дошта бошад, ҳеч гоҳ ифротӣ намешавад» (САДО)

Мансурхоҷа Бафоев, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Исфара мегўяд, имрўз мардум анқариб китобу маҷалла мутолиа намекунанд, баръакс вақти холӣ, ки ёфтанд, онро ба шабакаҳои интернетӣ сарф менамоянд. «Нахуст, шабакаҳои иҷтимоӣ, баъдан, бесаводию бинобар надониста мондани «лайк» ва шароити оилавӣ – аз омилҳои муҳимтарин ифротгароӣ аст».

Бафоев бар ин назар аст, ки сарчашмаи ҳамаи ин аз даврони мактабхонӣ шурўъ мешавад. Ў мегўяд, ҳисси ватандўстии мардуми мо бениҳоят паст аст: «Бояд ҳар як инсон ақаллан 70-80% ҳисси ватандўстӣ дошта бошад. Вақте ҳисси ватандўстӣ зиёд мегардад, бовар кунед, ҳеч гоҳ ифротӣ намешавад».

САДО: «Мо бояд гўем, ки ин сиёҳ, ин сафед аст!»

Вале Содиқзода Ашўрбой, сардори Шўъбаи тафтишоти Раёсати ВКД дар Суғд ҷалбшавӣ ба тундгароӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва шароити иқтисодиро рад карда, афзуд, ки имрўз аксарият ҳангоми муҳоҷират ва бинобар надонистани дини мубини Ислом, ба ҳар гуна равияҳои ифротиву тундгаро дохил мешаванд.

Таҳлилҳои ин ниҳод нишон додааст, ки шомилшавии ҷавонон асосан дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба амал омадааст. «Имрўз мо пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ барномаи махсус бо зикри тартиби будубош дар кишвари хориҷа, даст ба гумроҳӣ назадан, нишонӣ ва рақамҳои бовариро ба нашр расонидем, ки ҳар як муҳоҷир дар сурати дучори ҳодисае метавонад, бевосита ба мо муроҷиат намояд»,- афзуд Содиқзода.

Ба гуфтаи ў, мо имрўз ба ҳар кас тавсия диҳем, ки ба роҳи рост равад: «Бояд гўем, ки ин сиёҳ, ин сафед аст, хусусан дар шароити кунунӣ ва вақте шахсони фаъол ҳамкорӣ намоянд, ҳамаи ин аз байн бардошта мешаванд».

630 нафар аз Суғд дар самти терроризм ва экстремизм гумонбаранд (САДО)

Раёсати умури дохилии Суғд дар нишасти солонаи хабариаш рўзи 2-уми феврали соли равон аз 630 сокини вилоят хабар дод, ки дар самти терроризм ва экстремизм гумонбар дониста мешаванд.

Машраф Истамзода, сардори Шўъбаи кофтукови ҷиноии Раёсат гуфт, дар умум 1041 нафар дар кофтукови расмӣ қарор доранд: «Аз ин шумора 630 нафар дар самти терроризм ва экстремизм мебошад».

Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии Суғд мегўяд, дар натиҷаи амалинамоии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни волидайн ва хешовандони онҳо 34 нафар ихтиёран ба шўъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии вилоят ҳозир шуданд.

Ҷаноби Назарзода дар идома аз 7 шаҳру навоҳии осебпазири шимоли кишвар – Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт, ном бурд, ки маҳз сокинони ин ҷо бештар ба гурўҳҳои ифротӣ пайвастаанд.

САДО: Баррасии 96 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 123 нафар оид ба тундгароӣ

Бахтиёр Оқилзода, раиси Додгоҳи вилояти Суғд мегўяд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ вобаста ба ҷиноятҳои терроризму экстремизм 96 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 123 нафар аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардидааст ва ба мўҳлатҳои гуногуни ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи ў, ин шумора назар ба 6 моҳи соли 2017 коҳиш ёфта, 107 адад парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи 135 нафар баррасӣ гардидаанд. «Аз нигоҳи ман, шаҳрвандоне, ки имрўз ба сафи гурўҳҳои ифротӣ пайвастаанду алайҳи онҳо ҳукми айбдоркунӣ баромад, асосаш аз ҷавонии онҳо истифода бурдаанд ва онҳое, ки дар хориҷи кишвар меҳнат мекунанд, дар ҳамон ҷо шомил мешаванд»,- афзуд Оқилзода.

470 ҷангҷўи тоҷик дар Ховари Миёна кушта шуд

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, аксар шаҳрвандони кишвар, ки ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гурўҳҳои ифротӣ пайвастаанд, кушта шудаанд. Гуфта мешавад, сафари ҷавонони тоҷик ба манотиқи ҷангзадаи Ховари Миёна аз соли 2013 шурўъ шудааст.

Абдулхайр Абдулҳасаниён, як масъули ин ниҳод 17-уми июли соли равон дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе афзудааст, «то имрўз дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ беш аз 470 ҷангҷўи тоҷик кушта шуд».

Ба гуфтаи ў, бештар аз 450 ҷангҷўи дигари Тоҷикистон дар зиндонҳои хориҷӣ қарор доштаанд.

Зимнан, ба ҳисоби расмии мақомоти Тоҷикистон, беш аз 1000 шаҳрванди кишвар дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар ба сафи гурўҳҳои тундраве чун «ДИИШ» пайвастаанд.

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз пайвастани ҷавонони Исфара ба гурўҳҳои тундрав

Исфара – ноҳияе, ки дар шимоли Тоҷикистон бо кишварҳои Қирғизистону Ўзбекистон ҳаммарз аст, мақомоти дахлдор онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози мазҳабӣ осебпазири ҷумҳурӣ унвон мекунанд. Ин минтақаро мардум низ бештар ҳамчун як «навоҳии мазҳабӣ» мешиносанд ва бархеҳо иллати пайвастшавии бошандагони ин минтақаро маҳз ба «маҳдудияти озодиҳои диниашон» вобаста медонанд. Соле қабл мақомоти Суғд гуфтанд, ки 322 сокини вилоят дар ҷангҳои Сурия қарор доранд, ки 62 нафари онҳо аз Исфара мебошанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон низ ҳанўз моҳи марти соли 2016 бо нигаронӣ аз гароиши ҷавонони Исфара ба гурўҳҳои тундрав аз мақомоти маҳаллӣ хост, то муборизаро бо «нерўҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд».

Бино ба иттилои сомонаи Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара гуфтааст, «ин амалҳои нангин ба шаъну шарафи зодагони шаҳри бостонии Исфара иснод меоранд ва бояд ҳар чӣ зудтар пеши роҳи чунин тамоюли номатлуб гирифта шавад».

Ў аз ҷумла аз мақомоти маҳалӣ ва аҳли зиёву фаъолони Исфара даъват кардааст, ки «дар байни ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати дарки дурусти ҳадафу ниятҳои нерўҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд».

Раисҷумҳур дар идома аз таъсири «ҳама гуна ғояҳои бегона ва гурўҳҳои ифротгаро» эмин доштани насли ҷавон ва наврасон аз як гиребон сар баровардани мактабу оила, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа, бахусус шахсони обрўманду рўзгордидаро зарур шуморида, гуфтааст, «дар ин раванд, бисёр муҳим аст, ки аҳли ҷомеа ба ин масъала бояд бетараф набошад».


Ин таҳқиқоти журналистӣ дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: