© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

«Қара-Боғ» – бозоре, ки мардуми Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад

Маъмулан дари ин бозор фақат рӯзҳои панҷшанбе боз аст ва мардуми Тоҷикистону Қирғизистон ба далели ҷойгиршавии муносиби ҷуғрофиёии он барои хариду фурӯш ба ин макон меоянд.


Кыргызча На русском English

Бозори Қара-Боғ дар рустои ҳамноми устони Бодканди Кирғизистон ҷойгир шудааст ва ҳамагӣ чанд килумтер бо Тоҷикистон фосила дорад. Рустои Лаккон наздиктарин маҳалли сукунат мебошад.

 

Аммо мардуми Тоҷикистон бештар аз ноҳияи Исфара ва ҳатто шаҳри Конибодом ба ин бозор меоянд. Агар нархи харид камтар аз 50 ҳазор сом ( ҳудуди 714 доллар) бошад, борро осону роҳат меташавад аз марз гузаронд.

Бозор дорои бахшҳои гуногун аст. Дар инҷо маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзии тавлиди Тоҷикистон низ фурӯхта мешаванд.

Бавижа шӯрбои яхнии (холодец) тоҷикӣ дар ин бозор хеле маҳбуб аст

 Вилояти Бодканди Кирғизистон бошад, бо зардолӯи худ шӯҳрат ёфтааст. Қара-Боғ макони аслии фурӯши зардолӯи хушкшуда ба мардуми тоҷик мебошад. Дар бозори мазкур дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ҳафтае аз 50 то 80 тонна зардолӯ ба фурӯш меравад. Тоҷикҳо зардолӯро ҷудо ва бастабандӣ карда, ба Қазоқистону Русия содир мекунанд.

Барои муошират байни мардум забонҳои тоҷикӣ, кирғизӣ ва узбекӣ баробар ба кор мераванд.

Қара-боғ ҳамчунин яке аз бузургтарин маконҳои тиҷорати чорво дар устони Бодканд маҳсуб мешавад. Тоҷикон аз харидорони аслии чорпои хурду бузурги чорводорони қирғиз мебошанд. Қассобони тоҷик бахусус аз табииву покизагии гӯшт таъриф мекунанд.

Тиҷорат дар ин бозор бо «сом»-и қирғизӣ сурат мегирад. Аммо саррофиҳо ҳам барои ивази асъори қирғизӣ, тоҷикӣ ва русӣ дар ин бозор фаъолият мекунанд.

Бо наздик шудани мавсими арӯсиҳо матоъҳои пахтагини тавлиди Тоҷикистон ва Узбекистон пурхаридор мешаванд.

Вилояти Бодканд ҳамчунин бо қолиҳои пуртақшу нигор, мутафовит ва хоси ин минтақаи Қирғизистон, ки бештар ранги сурх доранд, маъруф аст.

Фотогалерея:

009
011
003
005
007
008
012
006
004
001
010
002

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кӯмаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия амалӣ мешавад, омода шудааст. Назароти овардашуда дар ин мавод баёнкунандаи мавқеъи расона ва сарпараст нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: