© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Додгоҳи Тоҷикистон: шаш моҳ бидуни ҳукми сафед

Ҳабси додрас ё судяе, ки “ҳукми сафед” бароварда буд, бори дигар баҳсҳоро дар мавриди мустақилияти додгоҳҳои Тоҷикистон доғ кард. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар додгоҳҳои Тоҷикистон “сафед” кардани муттаҳам дар ҷиноят тақрибан ғайриимкон аст.


Бинои Суди Олии Тоҷикистон. Акс: Asia-Plus.tj
Бинои Суди Олии Тоҷикистон. Акс: Asia-Plus.tj

29 июни соли ҷорӣ Рустам Саидаҳмадзода, додраси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо “ҳукми сафед”-аш маъруф аст, боздошт гардид. Пас аз як ҳафта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне Саидаҳмадзодаро “дар робита ба содир кардани кирдоре, ки шаъну шарафи судяро паст мезанад” аз мақом барканор кард. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён рӯзи 14 июл зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, алайҳи Рустам Саидаҳмадзода бо иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” ва “дидаву дониста расонидани хабари дуруғ” парванда боз шудааст.  

Рустам Саидахмазода. Акс: озодi.org
Рустам Саидахмазода. Акс: озодi.org

Мақомот бо таъкиди ин ки феълан тафтишот идома дорад, аз пешниҳоди маълумоти бештар дар ин замина худдорӣ карданд.  Номи Рустам Саидаҳмадзода моҳи майи соли 2021 ба сархати расонаҳо роҳ ёфт. Гуфта мешуд, аснои муҳокимаи парванда ӯ Афзал Маҷидӣ, сокини 32-солаи шаҳри Хуҷандро бегуноҳ эълон кардааст. Маҷидӣ соли гузашта аз ҷониби додситонии нақлиёти вилояти Суғд бо иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт шуда буд. Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷаримаи ҳангуфт ва ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо Рустам Саидаҳмадзода даъвои додситониро рад карда, бо таъкиди “бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар кирдораш” Афзал Маҷидиро бегуноҳ донист.

Баъди як моҳи эълони ин “ҳукми сафед” Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи Рустам Саидаҳмадзода барои нақзи интизоми корӣ “парвандаи интизомӣ” боз кард. Моҳи июли соли гузашта бошад, худи Саидаҳмадзода дар номае унвонии Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кулли кишвар аз таҳқир шуданаш аз ҷониби додситони нақлиёти вилояти Суғд шикоят кард.

Дар ин нома Рустам Саидаҳмадзода навиштааст, додситони нақлиёт Бобур Олимов бидуни иҷоза вориди утоқи кориаш шуда, нисбаташ суханони қабеҳ гуфт ва талаб кард, то замони супурдани нусхаи ҳукм аз утоқи кории худ берун нашавад. Худи Бобур Олимов, ки масъули парвандаи ҷиноии аз сӯи Рустам Саидаҳмадзода қатъшуда буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамаи ин иттиҳомоти додрасро рад кард.

Чанд рӯз қабл аз боздошти додрас Саидаҳмадзода мақомоти интизомӣ котиби ӯ Азиза Ҳайдароваро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карда буданд. Ҳайдарова дар нахустин мулоқот бо модараш дар СИЗО гуфтааст, ба ӯ фишор меоваранд, то алайҳи Рустам Саидаҳмадзода шаҳодат бидиҳад.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас кор мекунад ва додгоҳҳои кишвар ҳамасола ҳудуди 11 ҳазор парвандаи ҷиноиро баррасӣ мекунанд. Аммо теъдоди “ҳукмҳои сафед” дар ин миён тамоман ночиз гуфта мешавад. Соли 2020 додгоҳҳои кишвар ҳамагӣ 2 ва соли 2021 бошад, 10 “ҳукми сафед” содир кардаанд.  Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ додрасҳои тоҷик ягон “ҳукми сафед” содир накардаанд.  Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 14 июл зимни нишасти хабарӣ таъйид кард, ки соли ҷорӣ ягон “ҳукми сафед”  содир нашудааст.

Шермухаммад Шохиен. Акс: ozodi.org
Шермухаммад Шохиен. Акс: ozodi.org

“Ин аз кори хуби мақомоти тафтишоти пешакӣ шаҳодат медиҳад. Яъне, агар шахс ҷиноят содир накарда бошад ва ё гуноҳаш исбот нагардида бошад, зарурати оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ, тафтиш ва пешниҳоди он ба мақомоти судӣ вуҷуд надорад”,-гуфт ӯ.Аммо бархе додрасҳои тоҷик мегӯянд, дар асл розӣ нашудан бо иттиҳоми эълоншуда барояшон хеле мушкил аст. Як додрас аз Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш ба CABAR.asia гуфт, вақте ҳукми айбдорӣ ба додгоҳ мерасад, бояд тасдиқ ва ҳукм содир шавад, “вагарна ба додситон “гап” мерасад”.“Як қоида вуҷуд дорад, ки агар судя “ҳукми сафед” содир кунад, ин барои прокурор “минус”-и калон аст. Дар ин ҳолат ё прокурор ҷазо мегирад ё аз судя қасос мегирад. Худатон шоҳид будед, ки бо судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз “ҳукми сафед”-аш чӣ шуд. Бечора беш аз як сол натавонист оромона кор кунад”,- гуфт манбаъ.

Дар ҳоле ки раиси Додгоҳи олӣ шумораи кам ва ҳатто набудани “ҳукмҳои сафед”-ро аломати беҳтар будани кори мақомоти тафтишотӣ медонад, вакилони мудофеъ назари дигар доранд.

Шуҳрат Қудратов, собиқ вакили мудофеъи маъруф, ки дар бисёре аз парвандаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ба ҳайси вакили дифоъ кор кардааст, кам будани “ҳукмҳои сафед”-ро далели мустақил набудани додгоҳҳо медонад.

Гузоришгарони Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон соли 2020 пас аз чанд моҳи ҳузур дар Тоҷикистон, изҳор доштанд, ки додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд ва мақомот ба кори онҳо дахолат мекунанд.  Судяҳоро дар Тоҷикистон раисҷумҳур таъин мекунад. Додрасҳои Додгоҳи Олӣ аз ҷониби  президент интихоб ва аз сӯи палатаи болоии парлумони кишвар тасдиқ карда мешаванд.

Шуҳрат Қудратов мегӯяд, ин вазъ додгоҳҳои Тоҷикистонро ба ҳокимияти иҷроия вобаста кардааст. Ҳарчанд тибқи Конститутсия низоми судӣ дар кишвар мустақил аст.

“Рустам Саидаҳмадзода барои он боздошт шуд, ки ҳангоми қабули қарор ва баровардани “ҳукми сафед” мустақилона амал кард, на бо салоҳдиди роҳбари худ. Бо боздошти ӯ ба тамоми додрасҳои дигар хотиррасон карданд, ки “дар қабули қарор мустақил нестед. Ва агар мустақилона қарор қабул кунед, шуморо низ сарнавишти додраси боздоштшуда интизор аст”, – мегӯяд Шуҳрат Қудратов.

Шухрат Кудратов. Акс: facebook.com
Шухрат Кудратов. Акс: facebook.com

Ҳанӯз соли 2017 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони кишвар зимни тасдиқи номзадии Шароф Аланазарзода ба мақоми додраси Додгоҳи Олӣ дар бораи “ҳукмҳои сафед” суол карда буд. Дар посух Аланазарзода гуфт, ки давоми ду сол 50 парвандаро баррасӣ карда, ягон “ҳукми сафед” набаровардааст. Ин ҷавоб раиси палатаи болоии парлумонро нигарон кард ва аз додрасҳо хост, ҳукмҳои одилона содир кунанд. Ба таъкиди Шуҳрат Қудратов, низоми додгоҳии Тоҷикистон ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад.

“Қонунгузорӣ бад нест, аммо худи система ба ислоҳот ниёз дорад. Дар таъини ҳукм додрасҳо бояд мустақил бошанд”,-гуфт ӯ.

Ба андешаи ӯ, додрасҳо бояд на ба муҳлати 10 сол, балки барои як умр таъин карда шаванд.“Ҳар додрас бояд мутмаин бошад, ки ӯ мустақил аст ва ҳеч кас наметавонад ӯро аз ин мақом барканор кунад. Ин чиз дасти додрасҳоро барои қабули қарорҳои одилона боз мекунад”,-хулоса кард Шуҳрат Қудратов.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: