© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҷавонони шаҳри Турсунзода дар як бозии зеҳнӣ таҳаммулпазирии диниро омӯхтанд

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар барои ҷавонони шаҳри Турсунзода дар мавзуи “Таҳаммулпазирии динӣ ва пешгирии тундгароии хушунатомез” бозии зеҳниеро баргузор кард. Дар ин бозӣ 57 писару духтари аз 16 то 25-сола иштирок карданд.


Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Бозӣ аз ду давр иборат буда, дар ҳар давре ба иштирокдорон 10-суолӣ пешниҳод шуд. Суолҳо ба динҳои ҷаҳонӣ, қонунгузорӣ дар бахши дин ва мубориза бо ифротгароии хушунатомез марбут буданд. Ҳамин тариқ ҷавонони шаҳри Турсунзода ба воситаи бозӣ тафаккури интиқодиро омӯхтанд ва донишҳои худро дар бораи ифротгароӣ ва озодии динӣ мукаммал гардониданд.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Созмондиҳандагон умедворанд, ки чунин бозиҳо ба ҷавонон ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ташвиқу таблиғоти созмонҳои мамнуи тундрав дар интихоби дуруст кумак мекунанд.

Дар фарҷоми бозӣ ҳайати ҳакамон ба ғолибони ҷойҳои якум, дувум ва севум туҳфаҳои хотиравӣ доданд. Бозиҳо хеле шавқовар баргузор шуда, аз сӯи иштирокдорон низ хуш қабул гаштанд.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Бархе аз иштирокдорон, барои намуна Шаҳноза Ашуралиева ва Исмоил Аминов ҳатто аз созмондиҳандагон дархост карданд, ки барояшон брошюраҳои намунавӣ ва таблиғотӣ диҳанд, то онҳо тавонанд, дар мактабу коллеҷҳои манотиқи худ барои ҳамсолонашон чунин бозиҳо ташкил намоянд.

IWPR мизҳои мудавар ва бозиҳои зеҳниро дар доираи лоиҳаи “Субот дар Осиёи Марказӣ тариқи муколамаи озод” баргузор мекунад. Ингуна вохӯриҳо пештар дар ноҳияҳои дигари наздимарзии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор карда шуданд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: