© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR бо фаъолони ноҳияҳои наздимарзии Суғд мушкили ифротгароӣ ва таҳаммулпазирии динӣро баррасӣ кард

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар аз 17 то 20 сентябри соли равон дар се ноҳияи наздимарзии вилояти Суғди кишвар мизҳои гирд баргузор кард.


Кор дар гуруҳҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз CABAR.asia
Кор дар гуруҳҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз CABAR.asia

Дар ин муколамаҳои озод коршиносони IWPR бо фаъолони ноҳияҳои Панҷакент, Зафаробод ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сабабу омилҳои афзоиши таҳаммулнопазирии динӣ ва гароиши ҷавононро ба гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ баррасӣ карданд. Дар оғоз видео дар бораи модаре намоиш дода шуд, ки ягона писари худро дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия аз даст додааст.

Иштирокдорони мизи мудаввар – омӯзгорон, табибон, соҳибкорон, раисони ҷамоатҳо ва руҳониён омилҳоеро ном гирифтанд, ки ба афзоиши тундгароӣ миёни ҷавонон мусоидат мекунанд. Тақрибан дар ҳамаи ноҳияҳои мазкур мушкилиҳо якранганд: сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ, надоштани дониши аввалияи динӣ, таълимоти дунявии нокофӣ, мавҷуд набудан ё норасоии боғча, мактаб, маркази забономӯзӣ, толори варзишӣ, корҳои тарбиявию идеологии нокофӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва оила.

Фаъолони шаҳри Панҷакент роҳҳои пастшавии ифротгароиро пешниҳод мекунанд. Акс аз Cabar.asia
Фаъолони шаҳри Панҷакент роҳҳои пастшавии ифротгароиро пешниҳод мекунанд. Акс аз Cabar.asia

Фаъолони навоҳии назди марзии Суғд талош карданд, роҳҳои ҳалли ин мушкилиҳоро ҳадди ақал дар сатҳи ҷамоат ва ноҳияҳои худ пайдо кунанд.

Сокинони Панҷакент пешниҳод карданд, ки дар ноҳия бо таъсиси корхонаҳои консервабарорӣ ва сехҳои хурди хонаводагӣ ҷойҳои кории бештар ташкил карда шавад, то ҷавонони маҳаллӣ тавонанд шуғлеро пайдо кунанд. Ҳамчунин бонувон низ хостанд, ки муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои мусиқиву варзишӣ бештар таъсис дода шавад, то кӯдакон дар вақти холигии худ бо касби маҳоратҳои муфид машғул гарданд.

Ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили хондани китобҳои бадеӣ, таъсиси китобхонаҳои ҷамъиятӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи шеваҳои ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротгароӣ барои муқобилият, ҳузури бештари имому имом-хатибон дар Интернет аз зумраи пешниҳодҳое буданд, ки фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов барои ҳалли мушкили ифротгароӣ ва таҳаммулнопазирии динӣ ироа карданд.

“Фаъолияти равоншиносони ҳирфаӣ дар тамоми муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёна низ метавонад барои коҳиши сатҳи ифротгароии ҷавонон ва пешгирии ҷалби онҳо ба гуруҳҳои экстремистӣ мусоидат кунад. Зеро равоншинос метавонанд вазъи равонии кӯдакро саривақт муайян карда, дахолат кунад”
, – гуфт Дилбар Илҳом, омӯзгори коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод.

Сокинони ин ноҳия, ки дар ҳамсоягӣ бо Ӯзбекистон ҷойгир аст, гуфтанд, минтақаи онҳо ягон вижагии таърихӣ ва сайёҳӣ надорад. Вале ба гуфтаашон, бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ноҳия метавон аз ҳисоби рушди гардишгарии кишоварзӣ ҷойҳои нави корӣ ташкил карда, ҳамчунин коркарди меваи хушк ва интиқоли онро ба бозорҳои маҳаллӣ ба роҳ монд.

Коршиносон Саидаҳмад Қаландаров, Боғигул Исломова ва Лола Олимова бо сокинони ноҳияҳои наздимарзии шимоли кишвар дар бораи таҳаммулпазирии динӣ суҳбат карданд. Фаъолон дар навбати худ гуфтанд, дар ноҳияҳои онҳо ба намояндагони динҳои дигар, ки бо як қатор сабабҳо теъдодашон хеле кам мондааст, эҳтиром қоиланд.

Бозиҳои зеҳнии ҷавонон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз Cabar.asia
Бозиҳои зеҳнии ҷавонон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз Cabar.asia

Дар ноҳияҳои Панҷакент ва Ҷаббор Расулов барои ҷавонон низ чорабиниҳое баргузор карда шуд. Дар бозиҳои зеҳнӣ дар мавзуи “Таҳаммулпазирии динӣ ва пешгирии тундгароии хушунатомез” 84 писару духтари аз 16 то 25-сола иштирок карданд.

Иштирокдорон, ки ба гуруҳҳо тақсим шуда буданд, барои дарёфти ҷоиза бо ҳам рақобат карда, ба суолҳо посух гуфтанд. Бозиҳо аз ду давра иборат буда, дар ҳар кадоме ба иштирокдорон 10-суолӣ дода шуд. Суолҳо ба динҳои ҷаҳонӣ, қонунгузорӣ дар бахши дин ва мубориза бо ифротгароии хушунатомез марбут буданд. Ҳайати доварон дар охир ғолибонро муайян карда, бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.

IWPR мизҳои мудаварро бо фаъолони мадании маҳаллӣ ва бозиҳои зеҳниро барои ҷавонон дар доираи лоиҳаи “Субот дар Осиёи Марказӣ тариқи муколамаи озод” баргузор мекунад. Ингуна вохӯриҳо пештар дар ноҳияҳои дигари наздимарзии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор карда шуданд.

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: