© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҷамъияти баптистии Тоҷикистон: 90 соли умеду орзӯҳо

Бар пояи иттилои мухталиф, дар Тоҷикистон аз 0,005 то 0,02 дарсади аҳолӣ аз ҷараёни баптизм пайравӣ мекунанд. Намояндагони ин равияи масеҳӣ 90 сол аст, ки қисми ҷудонопазири ҳаёти динии кишвар маҳсуб мешаванд.


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


 

Ҷарима барои тақвим

Аснои азнавбақайдгирии соли 2009 бо талаби мақомот ҳар калисои баптистӣ дар макони ҳузураш ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном шуд. Аммо маркази ҳамоҳангсози баптистӣ дар Тоҷикистон ҳамоно калисои Душанбе боқӣ мондааст.  

Моҳи феврали соли 2019 зиндагии якмароми ҷамъияти баптистҳои Тоҷикистонро хабари ҷаримаи 4000 сомонӣ ($423) ва маҳви 5 ҳазор тақвим вайрон кард. Ин тақвимҳо, ки ба ҷамъияти мазкур таалуқ дошт, моҳи декабри соли 2018 аз сӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе гирифта шуда буд.

Ба иттилои Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, ташхиси Вазорати фарҳанг дар ин тақвимҳо нишонаҳои таблиғи дини бегонаро маълум кардааст.

Диншинос Рустам Азизӣ мегӯяд, танҳо як маҳдудият вуҷуд дорад: дар Тоҷикистон фаъолияти динии созмонҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ, ки феҳристи онро Додгоҳи олӣ муайян мекунад, манъ аст. 

Мавҷудияти сабтӣ расмӣ ба калисои баптистии Тоҷикистон ҳаққи анҷоми фаъолиятҳоеро бо шумули паҳн кардани тақвимҳо ва дигар маводи чопӣ, ки матнҳое аз Китоби муқаддасро доранд, медиҳад. Дар тамоми кишварҳо, намояндаҳои тамоми адёни расмӣ хутба мехонанд ва маводи чопии иборат аз навиштаҳое аз Китоби муқаддасро барои ба дини худ ҷалб сохтани тамоми хоҳишмандон тақсим мекунанд.
Шарҳи муҳаррир: Бар пояи гузориши Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ, Тоҷикистон мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ дар мавриди озодиҳои эътиқод (IRFA) ба феҳрасти “кишварҳои мавриди нигаронии хос” шомил мешавад.  

“Дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ давлат ба гуруҳҳои аққалиятҳои масеҳӣ, махсусан вақте онҳо барои паҳн кардани динашон талош мекунанд, бо шубҳаи зиёд муносибат мекунад. Ҳарчанд, таъқиби онҳо одатан бо баргузории рейдҳо, ҷаримаҳо ва боздоштҳои муваққатӣ маҳдуд мешавад, масеҳиёнро метавонад ҳукми зиндон таҳдид кунад”.

Бино ба фарзияи созмони ҷаҳонии “Open doors”, ки ба масеҳиёни мавриди таъқиб қароргирифта кумак мерасонад, Тоҷикистон дар қатори се кишвари дигари Осиёи Марказӣ ба феҳрасти давлатҳое шомил шудааст, ки “ибодати Исо аз ҳама хавфноктар аст”. 

Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон дар зинаи 29 қарор дорад. Дараҷаи дуввум – “мизони баланди таъқиб” ба гуфтаи муаллифони пажуҳиш дар ҳамаи чор кишвари Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон дида мешавад. 
 

Саргармии модарбузург

Имрӯз ба Калисои масеҳиёни инҷилии баптистӣ “Хонаи ибодат барои ҳамаи халқҳо”-и шаҳри Душанбе мунтаззам 500 нафар меоянд. Ин бузургтарин ҷамъият дар Тоҷикистон аст. 

Максим, Миралӣ, Комил. Соли 1999. Акс аз бойгонии шахсӣ

Роҳбари феълӣ (диянкони бузург)-и калисо Комил Абдуллоев ва муовини ӯ Максим Давлатовро ба ин равия ҳамсинфашон ҷалб намудааст. Миралӣ, як ҷавон аз шаҳри Ваҳдат тасмим гирифт, то ба дӯстонаш калисои баптистии Ваҳдатро, ки модарбузургаш онҷо мерафт, нишон бидиҳад. Мехост, танҳо ба саргармии модарбузурги худ нигоҳ кунанд.

Аммо ин саргармӣ ба як чизи ҷиддӣ табдил ёфт. Максим пас аз хидмати артиш дубора барои хидмат ба калисо баргашт. Комил барои таҳсил ба мактаби махсуси динӣ рафт ва пас аз анҷоми он дар калисоҳои баптистии кишварҳои пасошуравӣ ба хидмат пардохта, баъди андӯхтани таҷриба ба ватан баргашт.

Максим Давлатов:

Максим Давлатов. Акс аз бойгонии шахсӣ

– Сароғози каломи Худо – конунии Аҳди қадим ва Аҳди ҷадид —  танҳо асоси эътиқодот маҳсуб меёбанд. Барои баптистҳо ҳеч ривоят, китоби дуо ва дигар санади хаттӣ, ки ба каломи Худо баробар шавад, вуҷуд надорад.

Ба ҷуз ин, барои баптистҳо ба ҷуз аз ҳазрати Исо ҳеч миёнарави дигаре байни Худо ва инсон вуҷуд надорад.

Баптистҳо бештар ба озодии интихоби инсони диндор ва баробарии тамоми аъзои калисои маҳаллӣ такя мекунанд. Бо ин ҳол, кашиш ва диянконҳои дар маҷлиси умум интихобшуда ихтиёрӣ барои хидмати тамоми аъзои ҷамъият, ки ба теъдоди ками ҳуқуқҳо ва шумораи зиёди масъулиятҳо далолат мекунад, розӣ мешаванд.   

Ибодатҳои рӯзи якшанбе. Аксро ҷамъияти баптистии Душанбе пешниҳод кардааст

Комил Абдуллоев:

-Ҳадафи баптист – руҳан худро ба камол расонидан ва пайравӣ аз Масеҳ аст. Сиёсат, мубориза барои қудрат, мансаб, роҳҳои таъсиррасонӣ ва монанди инҳо барои баптистҳо ҷолиб нестанд. Мо шаҳрвандони бар пояи қонун зиндагӣ мекарда ҳастем. Аз ин рӯ ҳатто дар кишварҳое ки ҷамъияти бузург зиндагӣ мекунанд, баптистҳо дар рақобатҳои сиёсӣ иштирок намекунанд.

Комил Абдуллоев. Акс аз бойгонии шахсӣ

Муҳимтарин рӯйдод барои ҳамаи мо дар соли 2019 ин ҷашнгирии 90-солагии ҷамъияти баптистии Тоҷикистон мебошад. Ман ва ҳамаи бародаронам умед дорем, ки дар чорабиниҳои банақшагирифтаи мо на танҳо аъзои собиқи ҷамъият, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, иштирок мекунанд, балки меҳмонон – намояндаҳои ҷамъиятҳои баптистии Осиёи Марказӣ, Русия, Аврупо, Амрико, инчунин намояндагони ҳукумат, мақомоти давлатӣ ва муфтиёти Тоҷикистону намояндагони тамоми созмонҳои диннии расмии кишвар ҳузур пайдо хоҳанд кард.

Калисои мо комилан аз ҳисоби хайрияи аъзои ҷамъият фаъолият мекунад. Аммо бо вуҷуди маҳдудияти молӣ, ҷамъияти баптистӣ давоми солҳои тӯлонӣ ба хонаи кӯдакони маъюби Чорбоғ кумак мерасонад. Бар илова, калисо ҳамеша ба иботадкунандаҳои худ, ки дар вазъияти бад қарор доранд, фақиру бенаво ҳастанд ё маълул мебошанд, ёрӣ медиҳад.

Бо ин вуҷуд ки намояндаҳои баптистҳо омодаанд дар мавриди дин ва фаъолиятҳои хайриявии худ суҳбат кунанд, талош меварзанд, ба суолҳои зиёде ҷавоб нагӯянд. Барои мисол, дар мавзӯъҳои манъи ғайрирасмии марбут ба фаъолиятҳои динии ҷамъият, паҳн кардани Инҷил, таълими озоди динӣ миёни наврасони душвортарбия, хонаводаҳои номуваффақ ва монанди инҳо. Суҳбат дар ин мавзӯъҳо як навъ “табу” ва мизони худсонсурии намояндагони аққалиятҳои динӣ бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: