© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикони бурунмарзӣ дар пешрафти Тоҷикистон чи саҳме метавонанд дошта бошанд?

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Муслимбек Буриев дар мақолае вижа барои торнамои CABAR.asia навиштааст: «Тоҷикони бурунмарзӣ мехоҳанд барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ёрии худро дареғ надоранд, аммо бо мавонеъи бисёре рӯбарӯ ҳастанд. Давлат сиёсати худ дар мавриди ҳамтаборони бурунмарзиро то кунун ғолибан бар пояи садоқатсолорӣ пеш бурдааст.

Русский English


Хулосаи мақола:

  • Ҳангоме ки аз нақши тоҷикони бурунмарзӣ дар пешрафти иқтисодии Тоҷикистон суҳбат мекунем, қабл аз ҳама фаъъолияти муҳоҷирони корӣ дар назар барҷаста мешавад;
  • Феълан пайрезии сиёсате дақиқу мушаххас дар иртибот бо ҳамтаборони бурунмарзӣ дар Тоҷикистон ҳануз матраҳ нест;
  • Дар бархе маворид мақомоти тоҷик ба ҳамтаборони бурунмарзӣ ҳамчун харидорони билқувваи саҳоми нерӯгоҳи “Роғун” ва куллан барои ҷалби садоқати бештар ба дастгоҳи ҳокима нигоҳ мекунанд;
  • Таҷрубаи Арманистон дар заминаи кор бо ҳамтаборони бурунмарзӣ метавонад барои Тоҷикистон судманд бошад, чун ҳарду кишвар вуҷӯҳи муштараки бисёре бо ҳам доранд.

Дар ҳоли ҳозир тавсеъаи иқтисодии Тоҷикистон дар маҳофили коршиносӣ бештар ба фаъолияти шаҳрвандоне марбут дониста мешавад, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд. Бавижа, яке аз роиҷтарин тафсирҳо пулҳои интиқолии коргарони муҳоҷир аст, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд. Кумакҳои онҳо ба шукуфоии кишварашон ба лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ бисёр муҳим аст.

Бо ин ҳол, метавон ба гузинаҳои дигаре ҳам нигоҳ кард, бе он ки аз мавзӯъи ҷалби ҳаммеҳанони бурунмарзӣ аз гӯшаву канори ҷаҳон ба фароянди тавсеъаи иқтисодии кишвар фориғ бошем. Тоҷикони бурунмарзӣ аз саросари ҷаҳон метавонанд чунин олтернотив ё гузинаи дигаре дар ихтиёрамон гузоранд.

Дар ин мақола саъй бар ин аст, ки ба дарки сиёсати мавҷуд дар мавриди тоҷикони бурунмарзӣ ё ҳамтаборон аз кишварҳои дигар бирасем ва бибинем, ки онҳо чигуна метавонанд дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон таъсир гузоранд.

Оё дар мавриди ҳамтаборон сиёсате вуҷуд дорад?

Ин пурсиш, ки оё равобит бо ҳамтаборони бурунмарзӣ метавонад ҷузъе аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишварҳо бошад ё хайр, дар авохири даҳаи 1990 матраҳ шуд [1] Ragazzi., F. 2014 A comparative analysis of diaspora policies, Political Geography 1 – 16,https://www.sciencedirect.com/science/article/pii/S0962629814000043. Барои аъзои Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд ин давра бо таваҷҷуҳ ба шурӯъи равандҳои муҳоҷиратӣ ва иҷрои барномаҳои мухталиф барои бозгашти ҳамватанон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ даврае сарнавиштсоз буд.

Тоҷикистон дар ин замина истисно набуд. Имрӯз, ҳангоме ки аз нақши тоҷикони бурунмарзӣ дар пешрафти иқтисодии Тоҷикистон суҳбат мекунем, қабл аз ҳама фаъъолияти муҳоҷирони корӣ пеши назар барҷаста мешавад. Пулҳои интиқолие, ки онҳо барои бастагони худ ба Тоҷикистон мефиристанд, имкон медиҳад, ки давлат аз мардум молиёт бистонад ва тавлиди нохолиси дохилияшро таъмин кунад. Дар ин сурат давлат аз пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ суди фаровоне ҳосил мекунад. Ин қолаби ҳамкорӣ бо шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои дигар ба сар мебаранд, ба сиёсати хоссе ниёз надорад. Аз сӯи дигар, ин вазъият боъис мешавад, ки давлат таҳти сайтараи мустақими кишварҳои муҳоҷирпазир қарор бигирад.

Дар чунин шароите, ҷамъияти ҳамтаборони бурунмарзӣ метавонад гузинаи дигаре (дар баробари муҳоҷирон) бошад, ки аз зарфиятҳои онон метавон барои тавсеъа ва шукуфоии кишвар баҳра гирифт. Ин дар ҳолест, ки феълан мавзӯъи пайрезии сиёсате дақиқ дар мавриди ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз матраҳ нест. Чиро? Посухи ин суол дар таърифи ин мафҳум нуҳуфтааст.

Агар ҷамъияти тоҷикони бурунмарзиро бо коргарони муҳоҷир муқоиса кунем, мебинем, ки гурӯҳи аввал аз сохтори мунсаҷимтаре ташкил шуда ва аъзои он дорои ҳувияти муштараке ҳастанд, ки дар эҷоди созмонҳо, анҷуманҳо ва расонаҳои мухталиф инъикос меёбад [2]Harnessing the Diaspora for Development in Europe and Central Asia, 2011 Migration and Remittances Peer Assisted Learning (MIRPAL) Discussion … . Як тафовути муҳимми дигар ин аст, ки дар миёни намояндагони ҷамъиятҳои бурунмарзӣ андешаи бозгашт ба кишвар мумкин аст вуҷуд дошта бошад, аммо на ба андозае, ки дар миёни муҳоҷирон роиҷ аст.

Бурунмарзиҳо ағлаб дар ҷавомеъи маҳаллӣ идғом шудаанд, тобеъияти кишвареро доранд, ки онҷо ба сар мебаранд, вале дар айни ҳол саъй мекунанд забону ҳувият ва фарҳангу суннатҳои миллии худро ва ҳамчунин иртибот бо сарзамини торихии худро ҳифз кунанд. Намояндагони ҷамъиятҳои бурунмарзӣ ағлаб аз машоғил ва шароити кории беҳтаре бархурдоранд, ки ин амр ба навбаи худ, дар баррасии зарфияти онҳо барои мушорикат дар тавсеъаи иҷтимоъию иқтисодии сарзамини торихияшон ба унвони назарияи аслӣ хидмат мекунад.

Масалан, чунин тарҳҳоеро метавон бо кумаки ҳамтаборон иҷро кард: созмондеҳии муҳоҷиратҳои гурӯҳӣ аз кишварҳои фиристанда, ибтикороти шуғлию тиҷорӣ дар марзҳо, тарҳҳои ғайри тиҷорӣ дар бахши иҷтимоъӣ ва роҳҳои дигари тавсеъа [3]Ҳамон ҷо. Ҷамъияти ҳамтаборони бурунмарзӣ падидае мураккаб, вале аз ҳар қайду банде озод аст. Дар айни ҳол, эҷоди пайвандҳо ва иртиботи қавӣ бо ин ҷавомеъ метавонад дурнамоҳои рӯшану муфиде дар ихтиёри давлат гузорад.

Бо ин ҳама, ҳеч як аз ибтикороти ҷамъиятҳои бурунмарзӣ барои кумак ба тавсеъаи кишварашон бидуни ҳамкории наздик бо давлат имконпазир нест. Дар ҳоли ҳозир сухан гуфтан аз сиёсати давлатии Тоҷикистон дар мавриди ҳамтаборони бурунмарзӣ душвор аст: барномаҳо ва роҳкорҳои қонунии собите вуҷуд надорад. Вале дурнамои ҳамкории жарф ҳанӯз ҳам мавҷуд аст ва таҷрубаи кишварҳои дигар метавонад дар дарки чунин чашмандозе кумак кунад.

Бо чи метавон муқоиса кард?

Муқоисаи фарогири таҷрубаҳои ба истилоҳ муваффақи эҷоди равобити наздик байни меҳан ва ҳамтаборони бурунмарзӣ бо вазъияти мушобеҳ дар Тоҷикистон бисёр душвор аст. Шароити торихӣ ва кунунии ҳар кишваре мутафовит аст, аммо метавон бархе аз нукоти марбут ба ниҳодина кардани равобит бо ҳамтаборони бурунмарзиро дар маҷмӯъ мешавад ба баррасӣ гирифт.

Як намуна аз Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд: дар Арманистон аз соли 2008 ба ин сӯ Вазорати кор бо ҳамтаборони бурунмарзӣ фаъолият мекунад [4]На сегодняшнем заседании правительства одобрен проект закона ра «о структуре правительства республики … – муассисае, ки масъулияти иртибот ва таъомул бо арманиҳои бурунмарзӣ дар саросари ҷаҳонро ба уҳда дорад. Барномаҳои ин вазоратхона дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамгироӣ ва идғоми арманиҳо дар кишварҳои дигар, боло бурдани сатҳи омӯзиши забони арманӣ дар миёни ҷавонони арманӣ дар хориҷ аз кишвар, ва тадобири мухталифи дигар барои ҳифзи фарҳанги миллӣ, иҷро мешаванд.[5] Программа деятельности Министерства Диаспоры РА на 2017 год,http://www.mindiaspora.am/ru/Programs_2017

Ба хотири ҳамкории наздики давлат бо ҳамтаборони бурунмарзӣ ин ҷамъиятҳо тавонистаанд сохтори дақиқу мунсаҷиме барои худ эҷод кунанд ва дар таркиби кумитеҳо ва анҷуманҳои синфии мухталифе гирдиҳам оянд. Аз эҷоди пайвандҳои наздик бо ҳамтаборони бурунмарзӣ худи давлат ҳам суд бурдааст. Бино бар ин, арманиҳои хориҷ аз кишвар ҳамроҳ бо ниҳодҳои давлатии Арманистон аз тариқи сандуқҳои хайрия тарҳҳои иҷтимоъӣ ва башардӯстонаро иҷро мекунанд. Тарҳҳои ҷудогонае ҳам ба тавсеъаи зарфиятҳои инсонӣ ва боло бурдани сатҳи омӯзишу парвариш тамаркуз доранд, масалан, Мадрасаи Байналмилалии Дилиҷон (UWC Dilijan College), марокизи фанноварии ҷадиди «Тумо» (Ирвон, Гумрӣ, Дилиҷон, Истепонокирт), мадрасаи «Айб», Бунёди илму фанноварии Арманистон ё FAST (Foundation for Armenian Science and Technology).[6]https://www.fergananews.com/articles/9745

Таҷрубаи Арманистон мумкин аст барои Тоҷикистон бисёр муҳим бошад, чун ҳарду кишвар вуҷӯҳи муштараке доранд. Ҳамчунин, монанди бисёре аз атбоъи Тоҷикистон, бисёре аз арманиҳо низ барои анҷоми корҳои мавсимӣ ва касби даромад ба Русия мераванд ва аз онҷо ба хонаводаҳои худ пул мефиристанд. Зарфияти ҳамтаборони бурунмарзӣ ҳам бисёр болост, чун бештарашон омӯзиши олӣ дидаанд ва дар заминаҳои кору корофаринӣ, тиҷорат ва илму ҳунар сатҳи тахассусӣ ва салоҳияту маҳоратҳои барҷастае доранд.

Агар ба дарки ин нукта бирасем, ки зарфияти ҳамтаборони бурунмарзӣ чи андоза болост ва нақши муассисоти давлатӣ дар баҳрабардорӣ аз ин зарфият чи андоза муҳим аст, пас метавон ба ин натиҷа расид, ки истифода аз таҷрубаи Арманистон барои Тоҷикистон муассир хоҳад буд. Бо ин ҳол, баррасии ҷудогонаи сохтори дохилии ҷамъиятҳои тоҷиктабор метавонад нишон бидиҳад, ки равобити онҳо бо давлати Тоҷикистон дар ҳоли ҳохир дар чи сатҳе устувор аст.

Тоҷиктаборони Русия

Ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ дар бисёре аз кишварҳои ҳамсуд вуҷуд доранд. Бештарин шумори онҳо дар Узбакистон – 1 милюну 544 ҳазор нафар [7]Демографическая ситуация в республике узбекистан, 2017, государственный комитет республики узбекистан по … , Русия – 200 ҳазор [8]Всероссийская перепись населения 2010 г. Национальный состав населения Российской Федерации … ва Қазоқистон – 31 ҳазор [9]Tajiks in Kazakhstan 2015 https://joshuaproject.net/people_groups/15201/KZ нафар ба сар мебаранд. Ҳамчунин, тоҷиктаборон дар Омрико 72 ҳазор [10]Tajiks in United States, 2016, https://joshuaproject.net/people_groups/15201/US нафаранд. Барои баррасии муфассали ин мавзӯъ ба чанд далел ҷамъияти тоҷикони Русия интихоб шуд.

Дар оғоз метавон ишора кард, ки иттиҳодияҳо ва анҷуманҳои бисёре дар Русия аз сӯи тоҷикони муқими он кишвар таъсис дода шудаанд. Метавон гуфт, ки сохтори ин ҷамъият дар муқоиса бо тоҷиктаборони кишварҳои дигар рӯшантар аст. Илова бар ин, Русия барои Тоҷикистон дар заминаҳои сиёсиву иқтисодӣ бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, фарз бар ин аст, ки тоҷиктаборони Русия метавонанд тарафи муҳимме барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бошанд. Ва нуктаи охир, вале бисёр муҳим иртиботи тоҷиктаборони Русия бо коргарони муҳоҷири тоҷик аст, ки осудагию рифоҳи онҳо низ аз ҷумлаи авлавиятҳои умдаи Тоҷикистон ба шумор меояд.

Дидори соли 2017-и сафири Тоҷикистон бо тоҷиктаборони манотиқи Сибрӣ ва Шарқи Дури Русия. Акси: tajembassy.ru

Ташхиси вазъияти иҷтимоъию фарҳангии тоҷиктаборон дар Русия кори содае нест. Тибқи яке аз таърифҳои тоза, истилоҳи ҳамтаборони бурунмарзӣ (=диаспора) заруратан ба ин маъно нест, ки аъзояш ҳатман бояд шаҳрвандоне бошанд, ки барои иқомати доим аз кишвари худ муҳоҷир шудаанд. Ин мафҳум афродеро ҳам дар бар мегирад, ки ба таври муваққат дар кишвари бегона ҳузур доранд. Аммо агар қарор бошад аз онҳое сухан бигӯем, ки аз зарфияти болои кумак ба тавсеъаи Тоҷикистон бархурдоранд, пас бояд ба афроде тамаркуз дошт, ки ба истилоҳ «ҳастаи» ҷамъияти тоҷикони бурунмарзиро ташкил медиҳанд [11]Diaspora – Partner in the Development of Tajikistan, 2014, International Organization for Migration, https://publications.iom.int/system/files/pdf/diaspora_tajikistan.pdf. Ин «ҳаста» шомили ҳоли тоҷиктабороне мешавад, ки ҳам тобеъияти Русияро доранд, ҳам омӯзиши олӣ дидаанд, ҳатто шояд унвону дараҷаҳои илмӣ ҳам доранд, ва аз тахассус ва маҳоратҳои ҳирфаӣ ва шароити кории бартаре бархурдоранд.

Ин даста аз тоҷиктаборони Русия бо моя гузоштан аз манобеъи худ ва ба кор андохтани маҳоратҳои созмонёбие, ки доранд, тавонистаанд пайвандҳои дохилии ҷамъияти тоҷиктаборро устувор созанд. Дар айни ҳол, онҳо саъй мекунанд бо баргузории рӯйдодҳои фарҳангӣ ҷавонону донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар Русия таҳсил мекунанд, ба фаъъолиятҳои худ ҷалб созанд. Яъне «ҳастаи ҳамтаборон» бо ҳимоят аз ҳаммеҳанони худ, аз ҷумла коргарони муҳоҷир, нақши «бародари бузург»-ро иҷро мекунад.

Ба ин тартиб, дар талош барои таҳаққуқ бахшидан ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои худ, намояндагони ҷамъияти тоҷиктабор аз даҳаи 1990 ба ташкили созмонҳои ғайридавлатии мухталифе дар шаҳрҳои бузурги Русия шурӯъ карданд [12]Olimova, S. Kumar. K and N. Baruah, 2010 Migration and Development in Tajikistan – Emigration, Return and Diaspora,2010 International Labour … . Зимоми раҳбарии чунин созмонҳо маъмулан дар дасти касонест, ки дорои рутбаҳои тахассусии болое ҳастанд, монанди пизишкон, тоҷирону корофаринон ва ё донишмандони арсаҳои мухталиф. Коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистон, ба навбаи худ, мустаҳиққи ёрии ин созмонҳо ҳастанд ва дар умури ҳуқуқӣ, корёбию иштиғол, таъмини манзилу маскан кумакҳое аз онҳо дарёфт мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе мушкилот ва печидагиҳо дар шеваи кори ин созмонҳо вуҷуд дорад. Барои мисол, огоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар мекунанд, дар бораи созмонҳои тоҷиктаборон ва амалкарди онҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ, баҳрабардории лозим аз зарфияти ин созмонҳо сурат намегирад. Теъдоди андаке аз коргарони муҳоҷири ниёзманди кумак дар бораи фаъъолияти созмонҳо ва анҷуманҳои тоҷиктаборон хабар доранд. Дар чунин шароите муҳоҷирон ба суроғи гурӯҳу созмонҳои ғайрирасмӣ мераванд ё аз дӯстону пайвандонашон ва ё намозгузороне, ки ба масҷид мераванд, дархости кумак ва мусоъидат мекунанд.

Албатта, зарфияти созмонии тоҷиктаборони Русия бисёр зиёд аст. Аммо дар ҳоли ҳозир онҳо фақат бо манобеъи маҳдуди худ фаъъолият мекунанд, дар ҳоле ки корҳои хайрия ва фаъолиятҳои фарҳангияшон ағлаб ба шуғли доимияшон гиреҳ хӯрдааст. Ҳанӯз ҳам бисоти муштараке барои ҳамкорӣ байни намояндагони созмонҳои тоҷиктабор аз шаҳрҳои мухталифи Русия вуҷуд надорад. Дар ҳоле ки чунин ибтикорзое метавонад ба ҳамоҳангии фаъъолияти онҳо ва таъйини авлавиятҳои умда барои тавсеъаи созмонҳои тоҷиктаборон дар Русия, ва дар дарозмуддат, барои иҷрои тарҳҳои муштарак дар Тоҷикистон мусоъидат кунад.

Дар чунин шароите, фаъъолияти сохторҳои диплумотики Тоҷикистон бояд тақвият дода шавад. Онҳо мумкин аст манобеъ ва пойгоҳи иттилоъотии қавитаре дошта бошанд, ки дар маҷмӯъ метавонад ба беҳбудии равобити байни коргарони муҳоҷир ва тоҷиктаборони Русия кумак кунад. Ин шеваи кор метавонад ба ҷузъе аз сиёсати кулллии Тоҷикистон дар иртибот бо шаҳрвандонаш дар хориҷ аз қаламрави ин кишвар табдил шавад.

Равобити тоҷиктаборон бо Тоҷикистон

Дар моҳи октябри соли 2018 дар Душанбе бо мушорикати созмонҳои тоҷиктаборони бурунмарзӣ ва намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҳамоише баргузор шуд [13]Таджикские диаспоры призваны к участию в развитии страны, 2018, Народная … . Дар ин нишаст, ниҳодҳои давлатӣ тамоюли худро ба афзоиши ҳамкорӣ бо анҷуманҳои тоҷиктаборон дар хориҷа дар остонаи 30-юмин солгарди иқтиқлоли Тоҷикистон нишон доданд. Аммо ин тамоюл суолбарангез аст. Аслан баъид нест, ки суҳбат аз ҳамкории байни тоҷикон на ба зарурати баргузории ҷашни истиқлол, балки ба таҳкими равобит бо ҳамтаборон барои баргузории муассири интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ дар соли 2020 марбут бошад.

Сафари намояндагони ҷомъияти тоҷиктаборони Русия ба Тоҷикистон дар соли 2018 ба муносибати фаъол сохтани воҳиди аввали нерӯгоҳи «Роғун» ва Рӯзи раисҷумҳурии Тоҷикистон. Акси: avkd.tj

Дар солҳои гузашта намояндагони муассисаҳои давлатии Тоҷикистон пайваста дидорҳое бо ҳамтаборони бурунмарзӣ, аз ҷумла дар Русия ва Укройн, баргузор мекарданд. Ҳукумат он замон тамаъ дошт, ки намояндагони ҷамъияти тоҷиктабор саҳоми нерӯгоҳи «Роғун»-ро харидорӣ кунанд [14]Таджикская диаспора Челябинской области провела мероприятия по реализации акций Рогунской ГЭС среди … . Мақомот дар маҷмӯъ ба дунболи ҷалби садоқати тоҷиктаборон ба низоми мавҷуд ё табақаи ҳоким буданд [15] Встреча Посла Таджикистана с соотечественниками, представителями таджикских диаспор и студентами, … [16]Глава МВД Рахимзода передаст Рахмону послание таджикских мигрантов из РФ, 2017, Спутник … .

Чунин тамоюл ба дарку пазириши ҳукумати феълӣ дар миёни ҳамтаборони бурунмарзиро метавон ба ҳузури онҳо дар хориҷ аз ҳавзаи иттилоъотии Тоҷикистон рабт дод. Ба ин тартиб, давлат саъй мекунад онҳо таҳти таъсири ақоиди мухолифон ё афроде, ки ба далоили мухталиф режими Раҳмонро қабул надоранд, қарор нагиранд ва ин хатарро мехоҳад ҳарчи коҳиш бидиҳад.  

Дар ин маврид, ҳамтаборон дар нақши омилоне зоҳир мешаванд, ки аз тариқи онҳо мақомоти Тоҷикистон саъй доранд шиъорҳои худро дар миёни шаҳрвандон тарвиҷ кунанд. Аммо ин воқеъиятро ҳам, ки ҳамтаборони бурунмарзӣ аз зарфияти молии юболоне бархурдоранд, мақомот дарк мекунанд.  

Сарфи назар аз ин ки тоҷикони бурунмарзӣ дар дидорҳои мухталиф бо мақомоти Тоҷикистон ширкат меварзанд, барои онҳо бештар ҳувият ва ҷанбаҳои фарҳангии ҳифзи иртибот бо сарзамини торихияшон муҳиммтар аст. Масалан, пешниҳодҳое барои таъсиси мактабҳои тоҷикӣ (форсӣ) дар Русия матраҳ шудаанд [17]Таджикская диаспора попросила об открытии в Москве школы с обучением на родном языке, 2018, Агенство … , ки нишон медиҳад ҳифзи ҳувияти тоҷикӣ чи андоза барои онҳо муҳим аст.

Дар мавриди тамоюли бурунмарзиҳо ба мушорикат дар фарояндҳои тавсеъаи Тоҷикистон метавон гуфт, ки аксари ҳамтаборон дар ин замина мавонеъи зиёдеро пеши рӯи худ мебинанд. Нигаронии онҳо бештар аз сатҳи фасод, бурукросӣ ё девонсолории даступогир дар Тоҷикистон аст, вале боз ҳам бисёре моиланд дар масоили тавсеъа ба ватани худ кумак кунанд [18]Diaspora – Partner in the Development of Tajikistan, 2014, International Organization for Migration, https://publications.iom.int/system/files/pdf/diaspora_tajikistan.pdf.

Вазъият печида аст – бурунмарзиҳо мехоҳанд кумак кунанд, вале мавонеъи зиёде пеши рӯ мебинанд, дар ҳоле ки давлат дар сиёсати худ дар мавриди ҳамтаборон бештар ба дунболи ҷалби садоқати бештар ба худ аст.

Натоиҷ ва пешниҳодҳо

Ҷамъиятҳои тоҷики бурунмарзӣ аз инсиҷоми созмонии муассире бархурдоранд. Онҳо кумакҳои худро аз ҳамватанони ниёзманд ба мушовара, кор ва маскан дареғ намедоранд. Вале онҳо ҷудо аз якдигар амал мекунанд ва иртибот байни ин созмонҳо заъиф аст. Давлати Тоҷикистон аз ҳамтаборони бурунмарзӣ бештар ба унвони ҷорчӣ ё мунодии шиъорҳо ва сиёсати худ баҳра меҷӯяд, на ба унвони як тарафи ҳамкорӣ, ки аз зарфияти болои кумак ба тавсеъаи кишвар бархурдор аст – ин ҷанбаи равобити онҳо чандон барҷаста нест.

Таҷрубаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки созмонёбии ҷамъиятҳои бурунмарзӣ бо кумаки сохторҳои давлатӣ то чи ҳад имконпазир аст ва ин амр дар чи сатҳе метавонад ба моя гузоштани ҳамтаборон дар иҷрои тарҳҳои мухталиф барои тавсеъаи сарзамини ниёконашон мусоъидат кунад. Масалан дар Арманистон, кумакҳои ҳамтаборон якҷо бо пулҳои интиқолии муҳоҷирон ирсол мешавад ва дар натиҷа аз зарфияти арманиҳое, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, баҳрабардории комил сурат мегирад. Ба иборати дигар, барои Тоҷикистон ҳам ин шеваи мутанаввеъ сохтани кумакҳои молии ҳамватанон имконпазир аст.

Барои ин ки ташхис бидиҳем анҷоми чи тадобире метавонад ба эҷоди чунин танаввуъ кумак кунад, бояд аввал бидонем, ки:

  • Чи бахшҳое аз иқтисод ё иҷтимоъ дар оянда мумкин аст таваҷҷуҳи ҳамтаборони бурунмарзиро ба мушорикат дар фарояндҳои тавсеъа дар кишвар ҷалб созанд.
  • Бо аҷоми мутолеъае жарф ва фароҳам сохтани иттилоъоти лозим бояд зарфияти молии онҳоро арзёбӣ кард, зеро мутолеъоте, ки қаблан муассисоти байналмилалӣ анҷом дода буданд, дигар посухгӯи замон нест.

Барои ҳаракат ба сӯи ҳамкории наздиктар бо ҳамтаборони бурунмарзӣ анҷоми тадобири мазкур метавонад судманд бошад:

  • Басиҷ (сафарбар) кардани сохторҳои диплумотик барои тақвияти равобит бо ҳамтаборони бурунмарзӣ.
  • Кумак ба созмонҳои тоҷикони бурунмарзӣ барои беҳбуд бахшидан ба ҷанбаи иттилоърасонии онҳо, яъне муъаррифии бештари фаъъолияти онҳо ва афзоиши огоҳӣ дар миёни ҳамватаноне, ки аз вуҷуди ин созмонҳо хабар надоранд.
  • Эҷоди платфурм ё ҷулгае доимӣ ва фаъол бо мушорикати намояндагони ҷамъиятҳои бурунмарзӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ барои пуштибонӣ аз шабакаҳои ҳамкорӣ дар оянда.
  • Пайрезии сиёсати миллии дақиқ дар мавриди тоҷикони бурунмарзӣ дар ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Узбакистон, Қазоқистон, кишварҳои урупоӣ ва Омрико.

Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо сарпарастии молии Вазорати умури хориҷии Нурвеж иҷро мешавад, таҳия шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин мақола баёнгари мавзеъи расона ё сарпарасти молӣ нест.


 

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

 Ragazzi., F. 2014 A comparative analysis of diaspora policies, Political Geography 1 – 16,https://www.sciencedirect.com/science/article/pii/S0962629814000043
Harnessing the Diaspora for Development in Europe and Central Asia, 2011 Migration and Remittances Peer Assisted Learning (MIRPAL) Discussion Serie,http://siteresources.worldbank.org/INTECA/Resources/DiasporaPaper10112011.pdf
Ҳамон ҷо
На сегодняшнем заседании правительства одобрен проект закона ра «о структуре правительства республики армения», 12 июнь 2008, Armenpres, https://bit.ly/2PoDsbL
 Программа деятельности Министерства Диаспоры РА на 2017 год,http://www.mindiaspora.am/ru/Programs_2017
https://www.fergananews.com/articles/9745
Демографическая ситуация в республике узбекистан, 2017, государственный комитет республики узбекистан по статистике https://stat.uz/ru/433-analiticheskie-materialy-ru/2055-demograficheskaya-situatsiya-v-respublike-uzbekistan
Всероссийская перепись населения 2010 г. Национальный состав населения Российской Федерации http://www.demoscope.ru/weekly/ssp/rus_nac_10.php
Tajiks in Kazakhstan 2015 https://joshuaproject.net/people_groups/15201/KZ
Tajiks in United States, 2016, https://joshuaproject.net/people_groups/15201/US
Diaspora – Partner in the Development of Tajikistan, 2014, International Organization for Migration, https://publications.iom.int/system/files/pdf/diaspora_tajikistan.pdf
Olimova, S. Kumar. K and N. Baruah, 2010 Migration and Development in Tajikistan – Emigration, Return and Diaspora,2010 International Labour Organization,https://www.ilo.org/wcmsp5/groups/public/—europe/—ro-geneva/—sro-moscow/documents/publication/wcms_308939.pdf
Таджикские диаспоры призваны к участию в развитии страны, 2018, Народная газетаhttp://www.narodnaya.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=7751:2018-10-25-06-41-16&catid=63:obshestvo&Itemid=170
Таджикская диаспора Челябинской области провела мероприятия по реализации акций Рогунской ГЭС среди таджикистанцев, 2010, Азия-Плюс,https://www.news.tj/ru/news/tadzhikskaya-diaspora-chelyabinskoi-oblasti-provela-meropriyatiya-po-realizatsii-aktsii-rogunsk
 Встреча Посла Таджикистана с соотечественниками, представителями таджикских диаспор и студентами, приуроченная Посланию Президента Республики Таджикистан к Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2019, Посольство РТ в Украине,http://tajemb.kiev.ua/embassynews/vstrecha-posla-tadzhikistana-s-sootechestvennikami-predstavitelyami-tadzhikskih-diaspor-i-studentami-priurochennaya-poslaniyu-prezidenta-respubliki-tadzhikistan-k-madzhlisi-oli-respubliki-tadzhikistan/
Глава МВД Рахимзода передаст Рахмону послание таджикских мигрантов из РФ, 2017, Спутник Таджикистан https://tj.sputniknews.ru/russia/20170516/1022328293/tadzhikistan-rossiya-sochi-mvd-poslaniey-prezident.html
Таджикская диаспора попросила об открытии в Москве школы с обучением на родном языке, 2018, Агенство Интерфакс  https://www.interfax.ru/moscow/635230
Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: