© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҳукумати электронӣ: навбатпоӣ дар Тоҷикистон, фармоиши ҳуҷҷат тариқи интернет дар Гурҷистон

Дар бораи пешрафти ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мешавад, аз навбатпоиҳо пушти дари идораҳои САҲШ (ЗАГС) хулосабарорӣ кард.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


* Ин матлаб дар доираи барномаи тобистонаи коромӯзии рӯзноманигорони торнамои таҳлилии CABAR.asia дар Тифлис (Гурҷистон) таҳия шудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин идораҳо барои дарёфт 16 навъи санад: шаҳодатномаи таваллуд, иваз кардани ному насаб, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, дарёфти санади дар ақди никоҳ будан ё набудан, шаҳодатномаи марг, барқарор кардани санадҳои гумшуда ва ғайра муроҷиат ва соатҳо навбат мепоянд ва ҳамчунин даҳҳо сомонӣ харҷ мекунанд. Аммо дар Гурҷистон мешавад, аз манзил берун нашуда, ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро тариқи интернет таҳия кард.

Навбатпоӣ дар идораи шиносномадиҳӣ дар шаҳри Душанбе. Акс аз news.tj
Навбатпоӣ дар идораи шиносномадиҳӣ дар шаҳри Душанбе. Акс аз news.tj

Ҳукумати электронӣ чист? Бисёриҳо, ҳарчанд дар бораи ин падида ё мафҳум иттилои зиёд надоранд, аммо фикр мекунанд, ки ин ҳукумат ҷойи ҳукумати воқеиро мегирад. Вале чунин нест. Ба таври мухтасар онро мешавад, ин гуна шарҳ дод: ҳукумати электронӣ маҷозӣ буда, барои аз байн бурдан ё ҳадди ақал кам кардани бюрократияи ҳукумати воқеӣ, аз байн бурдани фасод дар ниҳодҳои давлатӣ, тезонидани суръати кор дар мақомоти давлатӣ, рушди тиҷорат ва ғайра ташкил шуда, тариқи интернет амал мекунад.

Ҳукумати электронии Тоҷикистон то соли 2020 бояд комил шавад

Охири соли 2011 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Консепсияи мазкур роҳу равиш ва ташаккули ҳукумати электрониро муайян мекунад. Муҳлати иҷроиши ин консепсия соли 2020 ба охир мерасад. Ин маънии онро дорад, ки то як соли дигар ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон бояд ташаккул ёбад. Аммо воқеият чист?

Муҳаммади Ибодуллоев. Акс аз ozodi.org
Муҳаммади Ибодуллоев. Акс аз ozodi.org

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршинос дар соҳаи технологияҳои муосир мегӯяд, ҳукумати электронӣ асосан се самт дорад:  ҳуҷҷатгузории дохилӣ ва байнимақомотӣ; хизматрасониҳо ба шахсони ҳуқуқӣ; хизматрасониҳо ба шахсони воқеӣ.

“Дар ду самти аввал корҳое анҷом шудааст. Ҳамаи муассисаҳои буҷавӣ имкон доранд, ки трансзаксияҳои бонкиро тавассути системаҳои ягона анҷом диҳанд. Системаи банақшагирӣ ва иҷрои буҷа ба низоми электронӣ гузаштааст”, – афзуд Ибодуллоев.

Дар бахши хизматрасониҳо ба шахсони воқеӣ низ корҳои чашмрасе анҷом шудааст. Барои як соҳибкор ё як шахси ҳуқуқӣ дар утоқи корӣ нишаста, пур кардани эъломияи андоз хеле судманд аст. Сарфаи вақт ва энержӣ мекунад, аз радду бадал ва мубоҳиса бо нозири андоз эмин мемонад, мегӯяд Муҳаммадӣ Ибодуллоев.

Вале вай ҳамзамон савол мегузорад, ки ҳукумати электронӣ дар бахши севум – хизматрасониҳо ба шахсони воқеӣ чи қадамҳоеро гузоштааст?! Посухро ҳам медиҳад: дар ин самт кори зиёде анҷом нашудааст.

“Телефонҳои боварии мақомот ҳаст, месенҷерҳои мақомот ҳаст, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тавассути сомонаҳои мақомот дастрас аст, маркази миллии тестӣ аз натиҷаи имтиҳонҳо ба таври электронӣ ба довталабон иттилоъ медиҳад, барои маошу нафақа корти бонкӣ ташкил шуд, визаи электронӣ дода мешавад, “шаҳри бехатар” хизматрасониҳои электронӣ ташкил кардааст ва амсоли ин. Аммо ҳамаи ин хизматрасониҳо умумӣ ҳастанд, на инфиродӣ. Хизматрасониҳои мушаххаси ба як шахс равонашуда қариб ки мавҷуд нестанд. Мо инро хусусисозии амалиётҳо мегӯем. Яъне, махсус барои як кас, тавассути кабинети инфиродӣ хизмат расонида намешавад”, – шарҳ медиҳад коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон барои амалӣ кардани ҳукумати электронӣ зоҳиран талош дорад, Гурҷистон – узви Иттиҳоди Шӯравии пешин – бар асоси пажуҳишҳои СММ, дар бахши рушди ҳукумати электронӣ дар мақоми болое ҷо гирифтааст. 

Дастовардҳои Гурҷистон дар рушди ҳукумати электронӣ дар як пажӯҳиши СММ дар соли 1918 қайд карда шудааст. Акс аз un.org
Дастовардҳои Гурҷистон дар рушди ҳукумати электронӣ дар як пажӯҳиши СММ дар соли 2018 қайд карда шудааст. Акс аз un.org

Ратӣ Абуладзе, асосгузори Академияи пажуҳишии мудирияти электронии Гурҷистон мегӯяд, кишвараш ба сӯи рушди технологӣ қадам мегузорад.

“Шаҳрвандон метавонанд, шаҳодатномаи қайди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуд, бекорсозии никоҳ, санади фарзандхонӣ, санад дар бораи марг, санади иваз кардани ному насабро тавассути хизматрасониҳои онлайнӣ дарёфт кунанд. Бояд зикр кард, хизматрасониҳои давлатие, ки дар Гурҷистон тавассути интернет анҷом мешаванд, хеле зиёд ва гуногунанд”, – гуфт Ратӣ Абуладзе.

Ратӣ Абуладзе. Акс аз CABAR.asia
Ратӣ Абуладзе. Акс аз CABAR.asia

Ба гуфтаи Абуладзе, вазорати адлияи Гурҷистон Реестри амволи ғайриманқул Реестри тиҷорат ва фаъолиятҳои иқтисодиро ҷамъ овардааст. Ҳамчунин дар он кишвар портали табодули хизматрасониҳои электронӣ, иттилоъ ва ҳуҷҷатҳо роҳандозӣ шудааст. Абуладзе мегӯяд, шаҳрвандон ҳамчунин метавонанд, машварати онлайнӣ бигиранд.

Нуқтаи заъфи ҳукумати электронии Тоҷикистон низ ҳамин ҷост, ки то кунун реестри ягонаи амволи ғайриманқул ва реестри шаҳрвандонро таъсис надодааст.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, корро бояд аз Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ё ЗАГС шуруъ кард. Ба шаҳрванд аз рӯзи таваллудаш бояд рақами ягонаи мушаххас дод. “Ҳоло ҳамин функсияро каму беш ИНН анҷом медиҳад, вале он ҳам номукаммал аст. Шаҳрванд амалан то 16 солагӣ ин рақамро нахоҳад дошт ва ҳам ИНН на дар ҳамаи системаҳо истифода мешавад. Мо ногузир баъди чанд сол ба ин масъала бармегардем. Зеро кишварҳои дигаре, ки дар сохтани ҳукумати электронӣ муваффақ шуданд, аз рақами ягонаи мушаххас шуруъ кардаанд”, – мегӯяд Муҳаммадӣ Ибодуллоев.

Ба гуфтаи вай, реестри фонди манзил ва кадастри замин ҳам барои сохтани ҳукумати электронӣ пояи асосӣ аст. Бояд суроғаи ҳамаи манзилҳои хусусӣ, корӣ, давлатӣ дар реестри ягона сабт гардад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки масъули назорати гузариш ба ҳукумати электронӣ аст, мегӯяд, барои ташкили ин гуна ҳукумат корҳои зиёде анҷом шудааст.

Дар як номаи расмӣ вазорати мазкур гуфт, байни 39 вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ нури нахи (оптическое волокно) гузаронида шудааст, ки барои мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ мусоидат намуда, барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ дар ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ давом дорад. 

Вазорати хабар медиҳад, ки барои дастрасии осон ба ҳамаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дастрасӣ ба тавсифи дақиқ ва муфассали расмиёти савдо ва дастрасӣ ба иттилооти бозорҳо, ба монанди гардиши савдо аз ҷониби вазорати рушди иқтисод портали савдои Тоҷикистон www. tajtrade.tj роҳандозӣ шудааст. Вазорат ҳамчунин аз пешравиҳои дигаре дар бахши молияи кишвар гузориш медиҳад. Вале ин вазорат ба суоли ин ки дар пасманзари маҳдудшавиҳои пайвастаи дастарсӣ ба интернет кори ҳукумати электронӣ чи гуна пеш меравад, посухе надод.

Дар Тоҷикистон сар аз соли 2015 ба ин тараф корбарони интернет пайваста аз маҳдудшавии дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Дар солҳои охир ба хусус интернети мобилӣ дар бештари маврид масдуд мешавад. Ин маҳдудсозиҳо дар маҷмуъ дастрасии Интернетро дар Тоҷикистон душвор кардаанд.

Соли гузашта бештари корафтодагони маркази миллии тестӣ 2-3 рӯз натавонистанд, дар бораи натиҷаи имтиҳонҳо маълумот гиранд. Баъдтар маълум шуд, ки онҳо дар ҳоле мехостанд, вориди утоқи инфиродии худ шаванд, ки дар телефони мобилӣ VPN рушан буд. Ин мисоли рушанест, ки маҳдудсозии интернет чи гуна монеи рушди ҳукумати электронӣ мешавад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, пайваста маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон дар маҷмуъ эътимоди мардумро ба ҳукумати электронӣ коҳиш медиҳад.


 Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: