Кӯдакони аз оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ҳангоми таътили тобистона маҷбуранд барои мактаб ва дигар ниёзҳои худ кор кунанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки солҳои наздик вазъро беҳтар кардан ғайриимкон аст.

Амир (ном иваз шудааст) даҳсола дар яке аз бозорҳои калони Душанбе бо шӯстани чархҳои машинаҳои ба борзор воридшуда маблағ ба даст меорад. Ӯ ба ин кор ду сол аст машғул мебошад. Ҳангоми таътил вай субҳи барвақт ба бозор омада, бегоҳ пас аз махкам шудани бозор меравад. Ҳангоми таҳсил бошад, пас аз дарс ӯ ба инҷо меояд. Амир бовар мекунонад, ки ба ин кораш нигоҳ накарда, вай дарсҳояшро сари вақт тайёр карда метавонад.
Ҳаққи хизматаш як сомонӣ (тақрибан 10 сенти ИМА) мебошад. Дар як рӯз ба қавли ӯ, 20-30 сомонӣ (тақрибан 2-3 доллари ИМА) кор мекунад. Агар рӯзе ӯ 50 сомонӣ (тақрибан 4-5 доллари ИМА) кор кунад, рӯзи бобарораш аст, аммо чунин ҳолат кам рух медиҳад, зеро вай дар ин бозор танҳо нест ва бо ҳамсолони дигараш рақобат дорад.
«Ба наздикӣ яке аз онҳо 100 сомонӣ (тақрибан 10 доллар) кор кард. ва 50 сомони онро «хӯрд», – бо ҳайрат нақл мекунад писарак, яъне рафиқи ӯ нисфи маблағашро барои хӯрданиҳои гуногун барои худ сарф кард.
Худи Амир ва дигар бачаҳо дар як рӯз танҳо як хот-дог бо 5 сомонӣ (тақрибан 40-50 сент) харида метавонанд ва як шиша об бо 2 сомонӣ (тақрибан 20 сент). Ин хӯроки нисфирӯзӣ аст. Пулҳои боқимондаро Амир ба дигар ниёзҳои шахсӣ сарф мекунад. Масалан, бо маблағи дар таътил ба даст овардааш вай лавозимоти мактабиашро харид. Барои тамоми харидаш, аз сару либос, ҷузвдон ва лавозимоти конселиярӣ 350 сомонӣ (35 доллар) сарф шудааст.
Ба гуфтаи Амир, кор кардан қарори худи ӯ мебошад, ки волидонаш ҳам зид набаромаданд, зеро бозор дар наздикии хонаашон мебошад. Худи волидонаш низ кор мекунанд – падараш дар ноҳияи Варзоб хона месозад ва модараш ҳамроҳ дар ҳамон сохтмон барои кормандон хӯрок омода мекунад.
Ҳине, ки ман бо писарак суҳбат мекардам, корманди пулис пайдо шуд ва Амир зуд халтаи кориашро, ки иборат аз зарфи собуноба ва исфанҷ (губка) мебошад, дуртар партофт. Ин асбобҳои оддӣ ба бачаҳо имкон медиҳанд, ки натанҳо диски чархҳо, балки чархҳоро тоза намоянд.
Кодекси меҳнати Тоҷикистон
Моддаи 174. Синне, ки барои меҳнат иҷозат медиҳад
Ба кор қабул кардани шахсони то понздаҳсола манъ аст.
Тарси писарак беҳуда буд – пулис ба самти дигар равона шуд. Ба қавли Амир, пулис на ҳама вақт онҳоро пароканда мекунад, аммо беҳтараш ба дасти онҳо наафтӣ, зеро як маротиба ӯро дастгир карда, се шабонарӯз шинонданд. Кормандони шуъбаи пулиси бозор гуфтанд, ки ӯ боз 15 рӯзи дигар дар зиндон мемонад, аммо як ҳамсояи сарватманд кӯмак намуд, барои вай 2,5 ҳазор сомонӣ (тақрибан 250 доллар) «ҷарима» пардохт намуд.
«Вай бисёр одами хуб аст, ман ҳамеша машинаи вайро мешӯям, барои ҳамин ӯ маро озод кард», – мегӯяд Амир.
Дар шуъбаи пулис, ба қавли вай муносибат бо ӯ хуб буд.
Соҳибкорӣ ё маҷбурӣ?
Дар бозоре, ки Амир кор мекунад, кӯдакони зиёд ба фаъолиятҳои гуногун машғуланд. Касе ароба мекашад, касе дар зарфҳои хӯрд нӯшоба мефурӯшад.
Ба гуфтаи яке аз аробакашҳо, дар як рӯз вай 30-40 сомонӣ ба даст меорад. Ӯ ба он хотир кор мекунад, ки мехоҳад худаш худашро таъмин намояд. Аз ин рӯ, натанҳо дар таътил, балки дар рӯзҳои таҳсил низ кор мекунад. Вай иқрор мешавад, ки баъзан дарс ҳам намеравад.
«Тобистон кам таъқиб мекунанд, ки дар бозор кор накунем, ҳарчанд рейдҳо мегузаронанд, аммо дар давоми таҳсил ман аз пулис пинҳон мешавам. Волидонамро метавонанд бо маблағи калон ҷарима кунанд», – мегӯяд аробакаши хурдсол.
Фурӯшандагони нӯшоба бародарон будаанд, ки яке дар синфи 5 ва дигаре дар синфи 3 таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи ин писаракон, нӯшобаи аз меваи тоза ва ё меваи хушкро бибиашон омода месозад ва онҳо дар бозор мефурӯшанд. Зарфи нимлитра 2 сомонӣ (тақрибан 20 сент) арзиш дорад. Дар як рӯз ҳар кадоме 10-15 зарфи нӯшоба мефурӯшанд.
Ин бачаҳо аллакай лавозимоти мактабӣ доранд. Онҳо танҳо намедонанд, ки бо чӣ қадар маблағ харидорӣ намуданд, зеро онҳо пулҳояшонро ба калонҳои хона медиҳанд ва худашон чизҳои барои мактаб лозимаро мехаранд. Калонҳо – ин модар ва бибиашон мебошанд. Падарашон дар Руссия аст. Ҳарчанд модарашон дар ошхона кор мекунад, аммо маблағ барои зиндагӣ на ҳамеша мерасад, зеро падарашон баъзан агар дар Руссия ягон мушкил шавад, дер маблағ мефиристад.
Дар Душанбе кӯдаконро дар макони шустушӯи мошинҳо (ҳарчанд ин намуди фаъолият барои онҳо хеле кам карда шудааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври қатъӣ ин корро назорат мекунанд), ҳангоми фурӯши молҳои хурд дар дуконҳо, мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои савдо, ҳангоми ба дигарон кӯмак ва баъзан фурӯшандаҳоро иваз мекунанд, дидан мумкин аст. Онҳо кӯмаки худро дар кашонидани халтаҳо дар калонтарин марказҳои савдо мерасонанд, ва бархеи онҳо ҳатто пешниҳод мекунанд, ки пойафзол тоза кунанд.

Коршинос: «Дар воқеияти мо решакан кардани меҳнати кӯдакон мушкил аст» Ба қавли коршиносон, дар оғози соли 2010 созмонҳои байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ корҳои решакан намудани меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистонро суръат бахшиданд.
Дар соли 2012 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи байналмилалии барҳам додани меҳнати кӯдакони Созмони Байналмилаии Меҳнат (СБМ – ИПЕК) аввалин таҳқиқотро оид ба меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон гузарониданд.
Тибқи маълумотҳои ба дастомада, ҳиссаи кӯдакони коргар он вақт 23,4 фоиз (522 ҳазор нафар буд). Сатҳи баландтарини шуғл (45,5фоиз) миёни писарони аз 15 то 17 сола мебошад.
Дар соли 2014 ҳукумат қарор «Дар бораи Барномаи миллии барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»-ро қабул кард.
Дар ин ҳуҷҷат қайд шуда буд, ки «Тоҷикистон омори меҳнати кӯдаконро мунтазам нигоҳ намедорд». Ҳамчунин, мансабдорон иқрор карданд, ки меҳнати кӯдакон дар бештари соҳаҳо ва фаъолиятҳои гуногун истифода мешавад. Дар шаҳрҳо бештари кӯдакон ба ҳайси аробакаш, боркаш, мошиншӯйӣ, ёрдамчии савдогарон, салафанфурӯш ва ғайра кор мекунанд. Барои амалигардонии барнома маҷмӯи тадбирҳо таҳия карда шуданд, аз ҷумла он таъсиси пойгоҳи маълумот дар бораи меҳнати кӯдаконро дар бар мегирифт.
Аммо ҳоло омори дақиқи навшуда, аз ҷумла оид ба миқёси меҳнати кӯдакон вуҷуд надорад. Доир ба ин мавзуъ танҳо маълумоти парроканда мавҷуданд.
Масалан, тибқи маълумотҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, соли 2018 дар натиҷаи чорабиниҳои гуногун аз меҳнати кӯдакон зиёд аз ҳазор кӯдак «ҳифз карда шуданд». Аммо дар хабар шумораи умумии кӯдаконе, ки «ҳифз нашуданд» дақиқ нест. Ба гуфтаи коршиносон, гап ҳамоно дар сари ҳазорон шаҳрванди наврас меравад.
Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Ойниҳол Бобоназарова, одатан қонунҳое, ки барои ҳифзи кӯдакон аз мехнат равона мешаванд, дар кишварҳои рушдкарда амал мекунанд. Дар шароити иқтисодии Тоҷикистон, ба қавли Бобоназарова чунин қонунҳо кор намекунанд.
«То замоне, ки волидон мушкилоти иқтисодиро эҳсос мекунанд, меҳнати кӯдакон ҷой дорад. Ман ёд дорам, чанд сол пеш созмонҳои баналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар ин самт хеле фаъолона кор карданд, аммо ҳоло мо мебинем, ки инро решакан кардан номумкин аст, зеро кӯдакони коргар худашонро таъмин мекунанд», – мегӯяд Бобоназарова.
Ба андешаи ҳомии ҳуқуқ, агар қонун ва санадҳое, ки кӯдаконро аз фаъолият манъ мекунанд, ҷиддӣ амалӣ шаванд, давлатро зарур аст, то дар бораи онҳо ғамхорӣ кунад – барои оилаҳои камбизоат мактаб – интернатҳо таъсис диҳад, барои онҳо маблағ ҷудо намояд.
«Чунин имкониятро давлат надорад ва барои ҳамин кӯдакони аз оилаҳои камбизоат заруранд худашон барои мактаб кор кунанд», – гуфт Бобоназарова.
“Ин мавод дар доираи лоиҳаи барномаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Миёна” таҳия ва аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониё роҳандозӣ шудааст. Муҳтавои маводи мазкур метавонад бо мавқеъи IWPR ва ё Ҳукумати Бритониё ҳамхон набошад”.