© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Таҷрибаи “облава” дар Тоҷикистон: артиши асри XXI чӣ гуна бояд бошад?

Шумо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастед ва писар, бародар, набера ё кадом як шахси наздики синни даъват ба артиш доред. Ин ҷавон метавонад як рӯз аз сӯи шахсони номаълум дар ҷараёни маъракаи ба қавле “облава” — даъвати ривоҷёфта ба сафи артиш, дар кӯча ё хона рабуда шавад. Иштирокдори Мактаби таҳлилии CABAR.asia Муфиза Кенҷаева аз он мегӯяд, ки чаро ҷавонон намехоҳанд дар артиши Тоҷикистон хидмат кунанд, “облава” чӣ хатарҳо дорад ва барои беҳтар шудани вазъ чӣ бояд кард?


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Ба истиснои гуруҳи муайяни ихтиёриҳо, қисми қобили мулоҳизаи наваскарон дар ҷараёни маъракаҳои “облава” гирд оварда мешаванд. Акс аз asiaplustj
Ба истиснои гуруҳи муайяни ихтиёриҳо, қисми қобили мулоҳизаи наваскарон дар ҷараёни маъракаҳои “облава” гирд оварда мешаванд. Акс аз asiaplustj

 “Облава” дар асри дронҳо ва роботҳо

Ҳоло асри 21 аст ва коршиносони СММ масъалаи истифода аз фановариҳои марговар ҳангоми амалҳои низомиро ба миён гузошта, ба манъи тавсеа ва истифодаи чунин роботҳо даъват менамоянд[1]. Дар ин вақт расонаҳои Тоҷикистон сарбозгирӣ ё ба таври маъмул “облава”-и навбатӣ дар кишварро, ки барои пурра кардани сафи неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад, баҳс мекунанд.   

Боздошти ҷавони синни даъват тавассути “облава” дар Душанбе, апрели соли 2019. Акс аз навори Youtube.
Боздошти ҷавони синни даъват тавассути “облава” дар Душанбе, апрели соли 2019. Акс аз навори Youtube.

“Облава” ин шакли ғайриқонунӣ ва маҷбурии даъват ба артиш ҳаст, ки аксар вақт истифодаи зӯр, ғайриқонунӣ ворид шудан ба қаламрави хусусӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайримуҷозро дар пай дорад. Даъватшавандаҳо — ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳастанд. Бар асоси иттилои расмӣ, Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор ҷавони синни даъват дорад ( аз ин теъдод 150 ҳазор барои артиш ноқобил ва 100 ҳазори дигар берун аз марзи кишвар қарор доранд)[2].

Дар натиҷа аз 600 ҳазор даъватшаванда тақрибан 350 ҳазор нафар қобили хидмати ҳарбӣ ҳастанд. Ҳар мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ кишвар дар гирдбоди “облава” мепечад, ки ахиран аз ҷониби ашхосе бо либосҳои мулкӣ анҷом мешавад. Мавриди таъкид аст, дар мошинҳое, ки ҷавононро иҷборан савор мекунанд, ҳеч осоре аз мансуби комиссари ҳарбӣ ё дигар мақомоти давлатӣ будан мушоҳида намешавад. Аз зовия ин ҳолат ба одамрабоӣ мемонад. Аз ин рӯ, пайвандони даъватшаванда, ки дар “облава” боздошт шудааст, намедонанд аз кадом мақомот шикоят бубаранд.    

Дар ҳолати саркашӣ аз хидмат комиссариати ҳарбӣ бояд ба додгоҳ муроҷиат кунад, ки дар натиҷаи баррасии он муҷозот таъин мегардад. Аммо ҳоло баръакс, сабабҳои зиёди ба додгоҳ муроҷиат карданро даъватшавандаҳо доранд. Ҳатто писарони ноболиғ ва яккаписарҳо низ мавриди “облава” қарор гирифтанд. Ҳолатҳои суҳбатҳои “фаҳмондадиҳӣ” бо волидоне, ки писаронашон берун аз Тоҷикистон қарор доранд, ба қайд расидаанд. Дар мавсими сарбозгирӣ зиндагии ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо олуда бо стресс ва хараҷу мараҷ мегардад. Вақтҳои ахир ҳолатҳои “облава” аксаран дар видео сабт мешаванд, ки барои собит кардани муҳимият ва фарогирии мушкил ёрӣ мерасонад.

Интихоби мушкили даъватшавандаи тоҷик

Ба истиснои гуруҳи муайяни ихтиёриҳо, қисми қобили мулоҳизаи даъватшавандаҳо дар ҷараёни маъракаи “облава” гирд оварда мешаванд. Дар кишвар ҳудуди 350 ҳазор ҷавонони қобили хидмат ҳастанд, аммо ҳамасола комиссариатҳои ҳарбӣ 15-16 ҳазор наваскарро бо мушкил ҷамъ меоваранд[3].

Омилҳои зиёде мавҷуданд, ки ҷавонон ва волидони онҳоро аз рафтан ба хидмат дар артиш метарсонанд, таҷрибаи “облава” бошад, тасаввуроти манфиро бештар мекунад. Шароити ҳузури сарбозон дар артиш ҷалбкунанда нест: нарасидани ғизо; мушкили таъмини пушоки ҳарбӣ; сифати нохуби либос, ки аз миёнашон пайдо кардани андозаи зарурӣ душвор аст[4]. Навкаскаронро аксар барои ҳифзи марзҳое мефиристанд, ки на ҳамеша амн аст. Тақрибан ҳар сол дар марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон бархӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ мепайвандад, ки дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб марзбонҳо ва сокинони осоишта ба ҳалокат мерасанд. Моҳи сентябри соли 2019 аз ҷониби Тоҷикистон се марзбон ба ҳалокат расид, ки яке 19 ва дуввумӣ 21 сол дошанд[5]. Бар илова, Тоҷикистон бо Афғонистон ҳам, ки солҳост фазои таниш ҳукмфармо мебошад, марзи муштарак дорад.

Аммо яке аз омилҳои аслии хоҳиши хидмат дар артишро надоштани ҷавонон меҳтарсолорӣ (“дедовшина”) мебошад. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2016 тақрибан 59 ҳолати шиканҷа нисбат ба хидматчиёни ҳарбиро сабт кардааст. Гуфта мешавад, 11 ҷавон ба ҳалокат расидааст[6].

Ин рақамҳо бо назардошти ин ки бисёре аз ҷавонон ҳолатҳои шиканҷа ва фишорҳои равониро пинҳон медоранд, метавон гуфт, ниҳойӣ нестанд. Ҳолатҳои худкушии наваскарон ҳам кам нест: сарбози 19-солае моҳи апрели соли 2018 дар Ҳисор ба ҳалокат расид[7], сарбози дигар, ки 21-сол дошт, моҳи майи ҳамон сол ҷон бохт. Пайвандони баъзе сарбозони фавтида, ки маргашон ҳамчун худкушӣ сабт шудааст, дар бадани онҳо осори латту кӯбро пайдо кардаанд[8]

Давлат ба қурбониёни муносибати ғайриқонунӣ ва пайвандони онҳо  ҷуброн намепардозад. Соли 2017 созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” хабар дод, ки қаблан ҳаҷми ҷуброни маънавӣ на камтар аз 700 доллари амрикоӣ буд, аммо ҳоло аз 200 доллар бештар нест[9]

Комиссариатҳои ҳарбӣ намехоҳанд масъулияти хидматчиёни ҳарбиро бар душ бигиранд, ахириҳо кафолат ва эҳсоси амниятро надоранд. Барои мисол, соли 2014 сарбози 22-сола аз ҷониби ҳамхидматҳояш мавриди зарбу лат қарор гирифт ва дар натиҷа маъюб гардид.

Баъдан, вакили дифои ӯ аз низомиён пардохти ҳудуди 98 ҳазор сомонӣ($10 ҳазор доллар) зарари моддӣ ва 180 ҳазор сомонӣ ($18,500 доллар) зарари маънавиро талаб кард. Додгоҳ чанд маротиба парвандаро аз нав баррасӣ намуд ва дар ниҳоят ҷабрдида танҳо 40,6 ҳазор сомонӣ(наздики $4 ҳазор доллар) дарёфт кард. Аммо ҳатто аз болои ин қарори додгоҳ низ қушунҳои сарҳадӣ шикоят бурд[10].

Насимҷон Қосимов: Акс аз currenttime.tv
Насимҷон Қосимов: Акс аз currenttime.tv
Хонаи Насимҷон, пас аз "облава": Акс аз asiaplustj
Хонаи Насимҷон, пас аз “облава”: Акс аз asiaplustj

“Облава” ба имиҷи артиш таъсири фоҷиабор мерасонад, сокинонро метарсонад ва афроди синни даъватро аз артиш мегурезонад. Насимҷон Қосимов, сокини ноҳияи Рӯдакиро 9 ноябри соли 2019, дар рӯзи таваллудаш, вақте 18-сола шуд, “облава” карданд. Одамони ношинос бо шикастани қулфи дари хона ва бетаваҷҷуҳӣ ба гиряи бародари хурдӣ ва далелҳои ҳамсояҳо, ҷавонро бо зӯр бурданд[11].

12 ноябр кормандони комиссариати ҳарбӣ бидуни пурсишу иҷоза ба хонаи сокини 25-солаи ноҳияи Шаҳринав зада даромаданд, дар ҳоле ки ӯ аллакай дар артиш хидмат кардааст[12]. Хабарнигори “Азия Плюс” – Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам мавриди “облава” қарор гирифт. Вақте вориди мусофиркаш шуд, фаҳмид, ки чанд нафари дохили онро барои хидмат мебаранд[13].

Чунин ҳолатҳои боздошт сабаби мавҷи шарҳҳои хашин дар ҷомеа шуда, волидон аз истибдод шикоят мекунанд. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ғайриқонунӣ будани “облава”-ро тасдиқ мекунад, аммо ҳолатҳои ба амаломадаро шарҳ намедиҳад.

Беэътиноӣ мансабдорон, ки аз даъват ба хизмат дуранд

Сиёсати ҷори даъват танҳо барои як гуруҳ одамони манфитдор муфид аст, ки дар шаклҳои гуногун аз ин кор фоида мебинанд: нерӯи кории ройгон, гирифтани ришва аз хоҳишмандони “раҳоӣ” аз артиш…

Барои мисол, сентябри соли 2019 корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич аз волидони як даъватшаванда барои билети низомии омода 8 ҳазор сомонӣ($830 доллар) талаб намуд. Аммо пас аз гирифтани маблағ ба ваъдаи худ вафо накард[14].  

Инчунин, дар шаҳри Ҳисор корманди мизи ҳарбӣбар ивази 5 ҳазор сомонӣ ($520 доллар) ваъдаи пешниҳоди билети ҳарбии “сафед”-ро дод (“сафед” баёнгари он аст, ки шахс барои хидмат ғайриқобил аст – шарҳи муаллиф)[15].

Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Акс аз asiaplustj
Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Акс аз asiaplustj

Дар Исфара корманди комиссариати ҳарбӣ бар ивази 1,8 ҳазор сомонӣ($185 доллар) ваъдаи озод намудани даъватшавандаро аз хидмат дод[16]. Ин танҳо ҳоллатҳоеанд, ки расонаӣ шуданду гунаҳкорон ҷазо гирифтанд. Аммо дар мавриди миқёси ин мушкил танҳо мешавад, тахмин зад.

Бар иловаи ҳолатҳои марбут бо коррупсия, ба кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ чунин сиёсати даъват аз он ҷиҳат муфид аст, ки лозим нест маъракаҳои бузурги таблиғотӣ роҳандозӣ шавад.

Дар мавсимҳои даъват танҳо чанд навори маъмулиро метавон дар шабакаҳои давлатӣ тамошо кард. Аз ҷониби дигар мешавад хулоса кард, ки аргументҳо барои ҷалби ҷавонон ба эҳтимоли зиёд мавҷуд нест.

Мақомот бо ҷавонон дар муколамаи доимӣ нест ва ин ба имиҷи кишвар ва артиш бетаъсир намемонад. Барои тавсеаи фазои ватандӯстӣ платформаҳои муколамавӣ зарур ҳастанд: форумҳо бо ҷавонон, мизҳои гирд, давраҳои такмили ихтисос дар мақомоти давлатӣ. Намояндагони бахшҳои мухталифи иҷтимоӣ бояд пайваста бо ҳамдигар дар гуфтугӯ бошанд, табодули назар намоянд ва андешаҳои худро баён созанд.  

Ваъдаи ислоҳот дар артиш мунтазам садо медиҳад, аммо тағйироти муҳиме ба назар намерасад. Агар мавсими даъват воқеан ҳам одилона баргузор мешуд, яъне тамоми писарони синни даъватро, бидуни ҳеч истисное фаро мегирифт, элитаи кишвар ин мушкилро давоми як ҳафта ҳал мекард.

Бетаваҷҷуҳии элита – сабаби аслии роҳандозӣ нашудани муборизаи ҷиддӣ бо “облава” мебошад
Фосилаи аз ҳад зиёд миёни элита ва ҷавонон аз хонаводаҳои оддӣ мушкили нофаҳмӣ ва норизоиро баръакс бештар месозад. Ҳарфҳои манс абдорон дар мавриди ватандӯст набудани ҷавонон бемавқеъ аст, вақте писарони “хидматгорони мардум” ҳавои артишро дар сар надоранд. Таҷрибаи анҷом додани “облава” ба фарзандони элитаи кишвар дахл намекунад, кормандони комиссариати ҳарбӣ ба манзили онҳо зада намедароянд ва “ҷавонони тиллоӣ” дар мусофирбарҳо боздошт намешаванд.  

Артиши асри XXI

Харҷҳои расмии буҷа барои артиши Тоҷикистон интишор намешаванд. Аммо метавон ҳадс зад, ки харҷҳо андак нестанд. Ислоҳоти артиш метавонад маболиғи андозсупорандаҳоро  сарфа намуда, таваҷҷуҳ ба ҷалби адои хидматро бештар созад.

Имрӯзҳо дар ҷаҳон мафҳуми уҳдадории ҳатмии низомӣ дар ҳоли куҳна шудан аст. Ба ҷойи ҷалби ҳатмӣ ва масрафи буҷа барои наваскарон давоми ду сол, мешуд меъёри даъватро коҳиш дода, ба сарбозон маблағ пардохт мегардид, бо ин роҳмешкд як артиши шартномавиро шакл дод. Метавон таҷрибаи кишварҳои ғарбӣ (ва натанҳо)-ро  истифода кард ва хоҳишмандонро ба таври шартномавӣ ба артиш ҷалб намуд.

Дар кишваре ки мизони бекорӣ хеле баланд аст, чунин алтернатива ҳамроҳ бо коҳиши муҳлати хидмат тамоми шонсҳои муваффақ шуданро дорад. Дар чунин ҳолат барои ҷавонон тасмими ба артиш рафтан қадами огоҳона хоҳад буд, чун ҳақмузд мегиранд. Бо маблағи сарфашуда кишвар метавонад аслиҳаи муоссир харидорӣ намояд.

Тоҷикистон узви СПАД аст ва бо қудратҳои низомие чун Русия ва Чин ҳамкориҳои танготанг дорад. Дар ҳудуди кишвар пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия мустаққар аст (наздики 7500 хидматчии ҳарбӣ)[17]. Расонаҳои хориҷӣ аз ҳамкориҳои низомии Душанбе ва Пекин хабар доданд, соли 2019 тамринҳои муштараки артиши ду кишвар дар ВМКБ анҷом шуд[18].

Тоҷикистон метавонад ба дастгирии ҳамсояҳо, ки ба амнияти минтақа манфиатдор ҳастанд, умед бубандад. 

Даъватшавандаҳо ба имтиёзҳои воқеӣ ниёз доранд

Дар мавриди мушкили сарбозгирӣ матлаби зиёде навишта шудааст, ки дар онҳо фаъолони ҷомеа талош кардаанд, роҳҳалле пайдо намоянд. Метавон хулоса кард, ки агар дар ҳамсоякишвари мо – Узбекистон “облава” нест ва дар Тоҷикистон ин таҷриба амал мекунад, пас ба эҳтимоли зиёд мушкил дар даъватшаванда ҳо не, балки дар худи хадамот ҳаст[19]

Чанд роҳи ислоҳот мавҷуд аст. Нахуст мешавад муҳлати хидматро аз ду ба як сол коҳиш дод. Ин қадам метавонад мушкили меҳтарсолориро ҳал кунад ё ҳеч набошад коҳиш бидиҳад.

Чунин чораҳо ба ҷавонони Тоҷикистон кумак мекунад, то зиндагии худро беҳтар ба нақша бигиранд. Ҳоло бештари даъватшавандаҳо аз тарси “облава” ба донишгоҳҳое дохил мешаванд, ки дипломи онҳоро зарур наоранд; дар замони маъракаи даъват ба артиш камфаъол мешаванд; барвақт оила бунёд мекунанд ва ғайра. Ба ҷойи пинҳон шудан аз мавсими даъват, ҷавонон метавонистанд нерӯи худро барои карера сохтан ва ё пул кор кардан сарф кунанд.

Ба ҷойи пинҳон шудан аз мавсими даъват, ҷавонон метавонистанд нерӯи худро барои карера сохтан ва ё пул кор кардан сарф кунанд.

Бархе фаъолони ҷамъиятии Тоҷикистон пешниҳод доранд, ки қоидае ҷорӣ шавад: касе хидмат намекунад, маблағ пардозад. Аммо дар шароити кунунии кишвар ин иқдом метавонад нобаробарии иҷтимоиро бештар таҳким бахшад[20]

Дар Узбекистон ба ҷойи он ки ба патриотизм даъват кунанд, тасмим гирифтанд, барои афроде ки хидмати ҳарбӣ кардааст, имтиёз дода шавад. Барои онҳо акнун кор дар пулис ва горди миллӣ роҳаттар шудааст. Чунин шева нисбатан муфид менамояд.

Бояд аз ҳақ нагузашт ва таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ҳам бар асоси қонун баъзе имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Барои мисол, маркази миллии тестӣ барои довталабоне, ки хидмати артишро анҷом додаанд, 75 имтиёзи иловагӣ медиҳад; кумакпулӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ(40 доллар) барои се моҳдар назар гирифта шудааст.

Аммо бештари ҷавонон дар мавриди ин имтиёзҳо чизе намедонанд, ки сабаби он ҳам адами маъракаҳои бузурги таблиғотӣ мебошад[21].

Кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ аз иҷро накардани нақша хавф доранд, зеро эҳтимоли аз вазифа сабукдуш карданашон мавҷуд аст. Ва ин муҳимтарин таҳрикдиҳандаи “облава” мешавад. Аз ин рӯ хуб мешуд, талабот ба кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои пурра накардани нақша бо сабабҳои обективӣ сабуктар мешуд. 

Ҳоло танҳо ҷомеаи маданӣ талош дорад, ин мушкилро рафъ созад. Намояндагони мақомоти давлатӣ барои ислоҳоти артиш нерӯи лозимро сарф намекунанд.

Ба ҳар сурат, фаъолон, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд инъикоси мушкили “облава”-ро идома бидиҳанд ва бо ин васила ҳамеша аз мақомот анҷом додани ислоҳотро талаб намоянд. Ин ислоҳбарои баланд бардоштани сатҳи устуворӣ дар ҷомеа ва таҳкими амният дар Тоҷикистон кумак мерасонад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

 [1] The Campaign To Stop Killer Robots. [online] // URL: https://www.stopkillerrobots.org/2013/04/un-report-on-lethal-autonomous-robotics/.

[2] В Таджикистане стартовал осенний призыв в армию. Кто не пойдет, того заставят? // URL: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/security/20191001/v-tadzhikistane-startoval-osennii-priziv-v-armiyu-kto-ne-poidet-togo-zastavyat.

[3] [3] “Генерал Мироваров: Почему Таджики Не Хотят Служить В Армии?”. // URL: https://rus.ozodi.org/a/25373329.html?fbclid=IwAR3rJ- BYOlVhhXOTEnVAiN_eHRpCrx6c3x30qg0Uc_r1BlCUoiqoNEFbfk

[4] Что дает служба в армии? // URL: https://rus.ozodi.org/a/29786425.html.

[5] В Таджикистане в последний путь проводили трех убитых пограничников. // URL: https://rus.ozodi.org/a/30168695.html

[6] Что дает служба в армии? // URL: https://rus.ozodi.org/a/29786425.html.

[7] В воинской части в Таджикистане погиб 19-летний призывник. // URL: http://fergana.agency/news/104463/.

[8] Смерть солдата Раджабали Каримова: суицид или убийство? // URL: https://rus.ozodi.org/a/29222699.html.

[9] Сколько стоит жизнь таджикского солдата?. // URL: https://rus.ozodi.org/a/28886177.html.

[10] Из таджикской армии прямиком на больничную койку. // URL: https://tj.sputniknews.ru/columnists/20161202/1021221718/tadjikistan-armiya-bolnitsa-invalidnost.html.

[11] 18 мне уже: в Рудаки «облава» забрала парня, ворвавшись к нему домой на день рождения. // URL: https://nm.tj/incident/54360-18-mne-uzhe-v-rudaki-oblava-zabrala-parnya-vorvavshis-k-nemu-domoy-na-den-rozhdeniya.html.

[12] “Облава” в Шахринаве: сотрудники военкомата увели с собой отслужившего парня. // URL: https://rus.ozodi.org/a/30265605.html.

[13] В Таджикистане идут облавы на призывников. Военкомы забрали корреспондента “Азия-Плюс”. // URL: https://knews.kg/2019/10/02/v-tadzhikistane-idut-oblavy-na-prizyvnikov-voenkomy-zabrali-korrespondenta-aziya-plyus

[14] Сотрудника военного комиссариата Таджикистана обвиняют в мошенничестве. // URL: https://tj.sputniknews.ru/incidents/20190904/1029791198/sotrudnik-voenny-komissariat-tajikistan-moshennichestvo.html

[15] В Гиссаре сотрудник военного стола помогал “откосить” от армии. // URL: https://tj.sputniknews.ru/country/20180213/1024729900/gissare-sotrudnik-voennogo-stola-pytalsya-prodat-belyy-voennyy-bilet.html

[16] Заслужил: в Таджикистане сотрудника военкомата поймали на взятке. // URL: https://tj.sputniknews.ru/country/20170830/1023194759/zasluzhil-tadzhikistan-sotrudnik-voenkomat-vzyatka.html

[17] Модернизация Вооруженных сил Таджикистана: проблемы и решения. // URL: https://tj.sputniknews.ru/columnists/20190528/1029019608/tajikistan-modernizaciya-vooruzhennye-sily-problemy-reshenie.html

[18] Washington Post: в Горно-Бадахшанской области Таджикистана есть секретная военная база Китая. // URL: https://www.currenttime.tv/a/china-base-tajikistan-mountains-military/29778759.html

[19] Washington Post: в Горно-Бадахшанской области Таджикистана есть секретная военная база Китая. // URL: https://www.currenttime.tv/a/china-base-tajikistan-mountains-military/29778759.html

[20] «Не Желаешь Служить — Плати!» Как Решить Проблему Призыва в Армию в Таджикистане?  // URL: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20191022/ne-zhelaesh-sluzhit-plati-kak-reshit-problemu-priziva-v-armiyu-v-tadzhikistane.

[21] Охота” на призывников – единственный способ выполнить план? // URL: https://rus.ozodi.org/a/30249407.html

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: