Бо вуҷуди бад шудани вазъ дар Русия шумораи тоҷиконе, ки ба ин кишвар сафар мекунанд, меафзояд. Шумораи афроде, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, ба ҳадди рекордӣ расидааст.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Акси тасвирӣ: Манбаъ: ozodi.org
Бад шудани авзоъ дар Русия бар асари ҷанг дар Украина таъсире ба ҷазобияти ин кишвар барои тоҷикон нарасондааст. Дар соли 2022 теъдоди муҳоҷирони мард, ки аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд, 207% афзоиш ёфта ва тақрибан бо нишондоди рекордии соли 2013 баробар шуд.
Ба мушоҳида мерасад, ки муҳоҷирати занон низ зиёд мешавад. Тибқи маълумотҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, шумораи занони муҳоҷир дар соли 2022 ду маротиба афзоиш ёфта ва 121 162 нафарро ташкил додааст – нисбати соли гузашта, 71 988 нафар зиёд мебошад.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба ин бовар аст, ки муҳоҷирони тоҷик барои кор ба дигар кишварҳо рафтан, интихоби маҳдуде доранд.
«Масалан, барои он ки онҳо ба дигар кишварҳо сафар кунанд, ба онҳо виза гирифтан лозим аст, барои ҳамин онҳо маҷбуранд, ки ба Русия бираванд. Имрӯз, бо вуҷуди болоравии нархҳо бар асари ҷанги Русияву Украина теъдоди муҳоҷирони корӣ дар кишвар кам нашудааст», — гуфт Ёров.
Вай меафзояд, ки замоне Русия маротибаи аввал эълони басиҷ кард, қисмати зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, ба Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳо фирор карданд. Аммо пас аз муътадил шудани авзоъ онҳо баргаштанд.
Бештари муҳоҷирони тоҷик иқрор мешаванд, ки барои даромад ба Русия аз ноҷорӣ мераванд. Аҳмад Назарови 28 – сола каме қабл аз эълони басиҷ ба Русия рафта буд. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон вай ҷойи кор пайдо карда натавонист, аз ин рӯ, маҷбур шуд ба Русия равад.
«Ман мехостам дар ватани худ кор кунам, аммо бо маоши 100-150 доллар оиларо таъмин кардан номумкин аст. Маҷбур шудам барои кор ба Русия равам», – гуфт ҳамсуҳбати CABAR.asia.
Бо ин ҳол, бисёре аз муҳоҷирон медонанд, ки хатарҳо дар Русия вақтҳои охир ба таври боварнокарданӣ афзоиш ёфтааст.
Сокини ноҳияи Леваканти вилояти Хатлон Алиакбар низ пас аз эълони басиҷ аз Русия ба Тоҷикистон баргашт. Аммо ҳамсару фарзандонаш дар Русия монданд.
Алиакбар мегӯяд, шаҳрвандии Русияро дорад ва солҳои зиёд онҷо кор мекард. Ба қавли ӯ, аз Русия ба хотири басиҷ ӯ фирор кардааст.Ҳамсар ва фарзандони Алиакбар наметавонанд Русияро тарк кунанд, зеро онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро надоранд ва онҳо наметавонанд дар сафоратхона шиносномаи тоҷикӣ гиранд. Вай барои амнияти хонаводааш хавотир аст ва мехоҳад, ки онҳо зудтар Русяро тарк кунанд.
Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилаи Русия, дар соли 2022, яъне соли “ҷанг”, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русияро гирифтанд, 60% афзоиш ёфтааст.
Ба андешаи коршиносон, тоҷикон шаҳрвандии Русияро ба хотири он интихоб мекунанд, ки бовар доранд барои зиндагии беҳтар он шароит фароҳам меорад.
Дар навбати аввал, ин барои пайдо кардани кор, ки тоҷикон ба хотири он ба Русия ҳатто бе шаҳрвандӣ мераванд. Ҳарчанд доштани шиносномаи Русия мушкили онҳоро дар сабти ном, гирифтани патент ва дигар масъалаҳои бюрократӣ ҳал мекунад, бар замми вақт хароҷотро талаб мекунад.Аммо аз ҳоло дар Русия даъватҳо барои ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, ки шиносномаи Русия барои ҷанг бо Украина дарёфт кардаанд, садо медиҳанд. Аз ҷумла, дар ин бора ахиран раиси Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия Александр Бастрыкин изҳор дошт.
Пеш аз ин вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев сароҳатан фиристодани тоҷикҳо ба ҷабҳаро ошкорро эълом карда буд.
«Чаро ҳамасола аз Осиёи Марказӣ гуруҳи мардҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба Русия ворид мешаванд (танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ теъдоди русҳо аз ҳисоби тоҷикон 45 000 афзоиш ёфт), аммо мо онҳоро дар ҷабҳа намебинем?» – изҳор дошт Михаил Матвеев.
Вай илова кард, ки айни замон қонунгузориро омӯхта истодааст ва ислоҳотро омода мекунад.
Ҳамзамон, тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, аллакай далелҳое вуҷуд дорад, ки садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ барои кор ба сарзаминҳои ишғолшудаи Украина ҷалб шудаанд.
Инчунин далелҳое мавҷуд аст, ки занони маҳбус аз Осиёи Марказиро, ки дар маҳбасхонаҳои Русия қарор доранд, бар ивази маблағ ва бекор кардани доғи судӣ кор дар Украина пешниҳод кардаанд.
Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова нисбати чунин иттилоот изҳори нигаронӣ мекунад ва муътақид аст, ки ин хатари ҷиддӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мерасонад.
Вай пешниҳод дорад, ки Тоҷикистон низ барои занон имконият ва шароит муҳайё созад, то шумораи занони муҳоҷирро коҳиш диҳад.
«Масалан, дар бештари кишварҳо корхонаҳое, ки занонро ба кор қабул мекунанд, аз пардохти андоз озод мешаванд, ё ин ки ҳукумат барои занон як қатор қарзҳои бефоизро то панҷ сол пешниҳод мекунад, то занҳо тавонанд тиҷорати худро оғоз кунанд, ва ӯ метавонад қарзро ба тадриҷ баргардонад. Яъне, ин яке аз роҳҳои коҳиш додани муҳоҷирати занон мебошад», – гуфт Ойниҳол Бобоназарова.
Вай пешниҳод мекунад, ки барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла занон ба Украина байни Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати дифои Русия музокирот гузаронида шавад.
Абдумалик Қодиров, коршиноси дигар аз Тоҷикистон низ бар ин назар аст, ки истихдоми занони муҳоҷири тоҷик дар маҳбасхонаҳои Русия ва кор дар заминҳои ишғолшудаи Украина ҳангоми ҷанг дар Русияву Украина хатари бузург дорад. Вай таъкид мекунад, ки ҳуқуқи зиндониён, ба вижа зиндониён аз Осиёи Марказӣ риоя намешавад.
Қодиров мегӯяд, ки Тоҷикистон метавонад иқдомоти мухталифро барои ҷилавгирӣ аз чунин вазъият қабул кунад.
«Аввалан, ҳукумати Тоҷикистон метавонад расман ба шаҳрвандони худ муроҷиат кунад, ки ба ҳеч дархосте барои ширкат дар ҷанг гӯш накунанд», – гуфт Қодиров.
Вай инчунин қайд кард, ки ҳарҷанд дар бархе минтақаҳое, ки занони муҳоҷир кор мекунанд, даргириҳои мустақим нест, аммо хатари қурбонии ҳамлаҳои ҳавоӣ шудани онҳо вуҷуд дорад.
Мақомот инчунин метавонанд тавассути расонаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро аз хатари чунин даъватҳо огоҳ кунанд ва бо ҳар касе, ки наздиконаш дар зиндонҳои Русия ҳастанд, тамос бигиранд, то ҷони худро зери хатар нагузоранд.
Таъсиси 100 ҳазор ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон: воқеият ё танҳо орзу?
Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки бо мақсади коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар барномаҳои махсуси давлатиро таҳия ва амалӣ мекунанд. Ҳадафи онҳо – таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кор дар дохили кишвар ва омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир мебошад
Аз ҷумла, соли гузашта Ширин Амонзода, собиқ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дода буд, ки “Консепсияи рушди шуғли истеҳсолӣ барои давраи то соли 2040” таҳия шудааст.
Тибқи он, интизор меравад, ки барои шаҳрвандони кишвар 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад. Зимнан зикр гардид, ки дар навбати аввал барои муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта таъсиси ҷойҳои корӣ дар назар аст.