© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Рӯйдодҳо дар Беларус ва Қирғизистон: чаро шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон хомӯшанд?

Сабаб дар чист, ки расонаҳои Тоҷикистон  дар бораи тазоҳуроти Беларус ва тағироти ҳокимият дар Қирғизистони ҳамсоя ҳарф намезананд?


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Митинги в Беларуси. Фото: dw.com
Митингҳо дар Беларус. Акс: dw.com

Алакай чанд моҳ аст, ки эътирозҳо дар Беларус хомӯш намешаванд, дар Қирғизистони ҳамсоя президент ба истеъфо рафт ва мардум ба интихоботи нав омодаги мебинанд. Гузоришҳои мухтасарро дар ин мавзӯъ ба баъзе аз ВАО- и Тоҷикистон маҳдуд намудаанд, ҳатто ба баъзеи рӯзноманигорон пахши чунин маълумотро манъ карданд.

Ҷалолиддин, сокини деҳаи дурдасти ноҳияи Абдураҳмон Ҷомии вилояти Хатлон, мегӯяд, ки бори аввал аз тазоҳуроти Беларус ва Қирғизистон тариқи шабакаҳои телевизионии Русия огоҳӣ ёфтааст. Баъдан ӯ интизор шуд, ки ин мавзӯъ дар расонаҳои Тоҷикистон низ гуфта мешавад.

“Ман як чанд рӯз шабакаҳои телевизионии  Тоҷикистонро тамошо кардам. Аммо, онҳо дар бораи рӯйдодҳои Беларус ва Қирғизистон чизе нагуфтанд. Ман мехостам таъсири ин рӯйдодҳо ва таҳлили коршиносони тоҷикро бубинам ”- қайд намуд Ҷалолиддин. Рӯзноманигори телевизиони давлатии тоҷикистон “Шабакаи Авал”, яке аз муаллифони барномаи байналмилалии хабарӣ, ба CABAR.asia гуфт, ки Маркази Тадқиқоти Стратегӣ, Академияи илмҳои ҶТ ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки дар бораи рӯйдодҳои Беларус ва Қирғизистон барномаи таҳлилӣ омода созанд. Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти шабакаи телевизионӣ ин пешниҳодро рад намудааст.

«Ба ман нагуфтанд, ки чаро ба ин мавзӯъҳо бояд равшани надиҳем. Мо доимо дар бораи рӯйдодҳои Ироқ, Сурия ва дигар маконҳои доғи рӯз дошта сӯҳбат мекардем, аммо ин дафъа ба мо иҷозат надоданд, ки ҳодисаҳои дар Қирғизистони ҳамсоя гузашта истодаро инъикос нанамоем ”-гуфт рӯзноманигори телевизиони Тоҷикистон.

Рӯзноманигори дигари шабакаи давлатии иттилоотии “Ҷаҳоннамо” низ гуфт, ки роҳбарият пахши гузоришҳои ба рӯйдодҳои Беларус ва Қирғизистон рабт доштаро манъ кардааст.

«Воқеаҳои Беларус ва Қирғизистон дар давраи омодагии Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ сурат гирифтанд. Аз моҳи август инҷониб мо ягон барномаи муфассали таҳлилӣ оид ба ягон масъалаҳои байналмилалӣ пахш накардем», – гуфт рӯзноманигори телевизиони “Ҷаҳонамо”.

Дар вебсайти ТВ “Ҷаҳонамо” хабари охирин дар бораи Беларус 10-уми майи соли 2019, ва дар сайти ТВТ – 15 майи соли 2018 нашр шуд аст.

Ҳарчанд, ки шабакаҳои телевизионӣ ҳамеша дар бораи баъзе воқеаҳое, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, маълумот нашр мекунанд.

Аввалин амалҳои эътирозӣ дар Беларус бинобар норозигӣ аз натиҷаҳои интихоботии президентӣ рӯзи 9 август баргузор гардид. Порлумони Тоҷикистон санаи интихоботи президентиро 6 август  эълон намуд ва онро як моҳ пеш ба 11 октябр мавқуф гузошт. Ҳарчанд тахмин мерафт, ки интихобот 6 ноябр баргузор мешавад.

Маҳмадали Ватанзода, муовини парлумон ин воқеъаро шарҳ дода гуфт, санаи ба пеш гузоштани интихобот бо ду сабаб рабт дорад. Ба гуфтаи ӯ, обуҳаво дар моҳи октябр мусоидтар аст, дар тирамоҳ бошад хатари пайдоиши мавҷи дуввуми коронавирус вуҷуд дорад.

Бадхоҳон метавонанд танҳо дар бораи Беларус ва Қирғизистон сӯҳбат кунанд?

Акции протеста в Бишкеке в октябре. Фото: CABAR.asia
Эътирозҳо дар Бишкек дар моҳи октябр. Акс: CABAR.asia

Агентии иттилоотии “Ховар” – минбари давлатии  расмии Тоҷикистон, ба ғайр чанд гузориши расмӣ, дигар дар бораи ҳодисаҳои Беларус ва Қирғизистон мавод нашр накардааст.

Аммо дар мақолаи “Ховар” – ду профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон – Сироҷиддин Эмомали ва Шодмон Файзализода гуфтанд, ки ҳизбу ҳаракатҳо ва “баъзе маводҳои хабарии хориҷӣ ба давлат ва миллат, инчунин шахсони алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ, “илҳом гирифтанд”- ва аз ҷараёнҳои дар Беларус шуда мехоҳанд ба кишвари мо нақл кунанд ва  ба хонандагон имконият диҳанд, ки хулосаҳои “барои онҳо зарури” -ро интихоб намоянд.

Фотоколлаж "Ховар" размещен с подписью: "В противовес нескольким тысячам противников Лукашенко несколько миллионов человек в стране заявили о поддержке своего президента".
Коллаж-аксҳои “Ховар” бо соядаст гузошта шудааст: “Дар муқоиса бо чанд ҳазор рақибони Лукашенко, миллион нафар дар кишвар аз пуштибонии президенти худ аз карданд”.

“Баъзеи онҳо аз рӯйдодҳои шуда истода илҳом гирифтанд, ва пешгӯӣ чунин ҳолатро дар мамлакати мо мебинанд ва аз чунин хаёлҳои нопухта шодӣ мекунанд”, – гуфта мешавад дар мақола.

Муаллифон якчанд тезисҳоро овардаанд, ки ба ақидаи онҳо, ҳаводиси Беларус имконнопазирии такрори дар Тоҷикистонро исбот мекунанд, лекин дар айни замон хонандаро водор мекунанд, ки дар ин масъала ҳушёр бошанд.

“Сабаби асосии якчанд иқилобҳои дигар дар кишварҳои ба истилоҳ “инқилобӣ” (алахусус дар Украина ва Қирғизистон) фиребу ноумедии мардум,  аз пешвоёни инқилобие, ки онҳо интизор надоштанд ” – қайд намудаанд муаллифон.

Кироншоҳ Шарифзода, коршиноси ВАО-и тоҷик мегӯяд, ки расонаҳо аз тарси оне, ки ба кӯшиши ноором кардани вазъ муттаҳам дониста мешаванд, аз инъикоси рӯйдодҳои Беларус ва Қирғизистон худдорӣ мекунанд.

«Шояд, мақомот фикр мекунад, ки мо ба мисли Беларуссия ва Қирғизистон мехоҳем – аз ин сабаб онҳо метавонанд аз муҳокимаи рӯйдодҳои охир (дар Минск ва Бишкек – ​​эзоҳи муҳаррир) канорагирӣ кунанд. Умуман, эҳтиёткории ВАО вазъи кунунии фазои ВАО-ро бо сабаби маҳдудият доштанаш инъикос мекунад. Касе нест, ки дар ВАО дар ин бора нуқтаи назари дигар дошта бошад ”, – гуфт Қироншоҳ Шарифзода

Кироншох Шарифзода. Фото с личной страницы в facebook.com
Кироншох Шарифзода. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

Коршиноси дигари ВАО-и тоҷик Абдумалик Қодиров низ изҳори назар кард, ки ба расонаҳои давлати пеш аз ҳама, “фармони дигаре дода нашавад, то ки вазъ тезутунд нагардад.”

«Яъне, ҳар қадар мардум дар бораи чунин рӯйдодҳои« иғвоангез »огоҳ набошанд, ҳамон қадар онҳо иғвогарӣ намекунанд ва вазъ дар кишвар ором мемонад. Ба гуфтаи масъулин, онҳое, ки чунин мавзӯъҳоро “таблиғ мекунанд” фикри Тоҷикистонро ба гирдоб ғарқ дохил карданро доранд “- илова кард Қодиров.

Рӯзноманигорони тоҷик хабар доданд, ки дар соли 2016, пас аз даргузашти президенти Узбакистон Ислом Каримов, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тамоми васоити ахбори омма, алалхусус аз редаксияҳо рӯзноманигоронро даъват намуда гуфтанд, ки дигар “хабарҳои манфӣ дар бораи Узбакистон” -ро нашр накунанд. Такя ба чунин таҷрибаҳо, коршиносон бар ин назаранд, ки моҳҳои охир мақомот дубора ба рӯзноманигорон дастур доданд, то ки аз рӯйдодҳои Беларус ва Қирғизистон худдорӣ кунанд.

Ба ақидаи мансабдорон, онҳое, ки чунин чорабиниҳоро “таблиғот мекунанд” ният доранд, ки Тоҷикистонро ба ҳамин гуна гирдоб ғарқ созанд.

 “ИмрӯзНюс”, ягона рӯзномаи мустақил дар Тоҷикистон, мебошад. Рӯзномаи мазкур ҳам дар бораи ҳаводиси Минск ва Бишкек ниҳоятан ками маълумот медиҳад. Валле, рӯзноманигори нашрия, ки номашро нахост ифшо кунад ба CABAR.asia гуфтааст,-  ин ба маҳдудиятҳои матбуоти вобастаги надорад .

«Мо рӯйдодҳои дар Беларус ва Қирғизистонро шударо шарҳ намедиҳем, зеро хонандагон ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи хоссае надоранд. Ғайр аз ин, мо мутахассисоне надорем, ки ин мавзӯъро хуб барассӣ карда тавонад», – гуфт рӯзноманигори нашрия.


Ин мавод дар доираи лоиҳа : IWPR «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project».омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: