© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR дар ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ ба поин бурдани сатҳи ифротгароиву экстремизм миёни ҷавонон кумак мекунад

Фаъолони ҷомеаи мадании ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, афзоиши сатҳи экстремизм ва таҳаммулнопазирии диниро миёни ҷавонон баррасӣ карда, барои ҳалли ин мушкил назарҳои худро баён намуданд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар мизи мудаввареро бо иштироки фаъолони ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ баргузор кард, ки дар он сабабу омилҳои афзоиши таҳаммулнопазирии динӣ ва гароиши ҷавонон ба сафи созмонҳои мамнуи террористӣ баррасӣ шуд. Барои иштирокдорон нахуст видео дар бораи модаре намоиш дода шуд, ки ягона писари худро дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия аз даст додааст.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ бекорӣ ва сатҳи пасти зиндагии шаҳрвандони кишварро омилҳои асосие номиданд, ки ба афзоиши экстремизми динӣ мусоидат мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ноҳияи кишвар, ки беш аз 138 ҳазор аҳолӣ дорад, ҷойҳои корӣ каманд ва онҳое ҳам, ки кор мекунанд, маоши ночиз мегиранд.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ минтақаи кишоварзӣ буда, сокинонаш зиндагии худро асосан аз ҳисоби қитъаи заминҳое мебаранд, ки дар ихтиёр доранд. Дар ин ноҳия корхонаи саноатӣ мавҷуд нест, дар ҷамоатҳо низ муассисаҳои томактабӣ намерасанд ва барои истироҳату фароғати ҷавонон ҳам ҷойҳое ташкил карда нашудааст. Ба гуфтаи иштирокдорони нишаст, ин чиз ҷомеаи маҳаллиро нигарон кардааст. Зеро ҷавонон барои зиндагии шоиста талош мекунанд, вале на даромади кофӣ доранду на дониши хуб.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Ноҳияи мазкур яке аз минтақаҳои осебпазиртарини вилояти Хатлони Тоҷикистон аст, ки 22 сокини он, аз ҷумла се зан барои ҷанг ба ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои мамнуи террористӣ ва тундрав ба Ироқу Сурия рафтаанд.

Иштирокдорони мизи гирд ба гуруҳҳо тақсим шуда, назари худро барои ҳалли мушкили мазкур ва коҳиши сатҳи ташаннуҷ дар миёни ҷавонон баён доштанд. Онҳо дар баробари маърузаҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳо дар мактабу боғчаҳо ҳамчунин пешниҳод карданд, ки дар асоси имкониятҳои мавҷудаи ноҳия ҷойҳои корӣ ташкил карда шавад.

Барои намуна, сехҳои дӯзандӣ ва консервабарорӣ таъсис дода шавад, ба ҷавонон касбҳои лозимӣ омӯзонида ва маоши омӯзгорон боло бурда шавад. Ҳамчунин дар деҳаҳо, ки занон ҳангоми рафтан ба саҳро намедонанд, фарзандони худро ба кӣ бисупоранд, боғчаҳо бунёд карда шавад.

Коршиносон Саидаҳмад Қаландаров, Боғигул Исломова ва Лола Олимова бо иштирокдорон дар бораи нақши тарбияи кӯдакон дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, таҳаммулпазирии динӣ, сиёсати давлатӣ дар бахши ҳуқуқи бонувону оилаҳо ва ҳамчунин роҳҳои ҳалли мушкилиҳои ҳамсон дар ноҳияҳои дигару кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ суҳбат карданд.

Ёрмуҳаммад Саидов дар бораи зарурати тақвияти назорати кӯдакон ҳангоми истифодаи Интернет. Акс: CABAR.asia
Ёрмуҳаммад Саидов дар бораи зарурати тақвияти назорати кӯдакон ҳангоми истифодаи Интернет. Акс: CABAR.asia

Раиси ҷамоати деҳоти Тудабоён Ёрмуҳаммад Саидов пурзӯр кардани назорати кӯдаконро ҳангоми истифода бурдани телефони мобилӣ ё Интернет зарур номид. «Мо хурсанд мешавем, ки фарзандонамон аллакай дар 2-солагӣ телефони мобилиро озодона истифода мебаранд. Вале на ҳамаи падару модарон медонанд, ки фарзандони онҳоро ба гуруҳҳои ифротиву тундрав ба воситаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб мекунанд», – афзуд ӯ. Ба гуфтаи Саидов, ба падару модарон бояд истифодаи барномаҳои назоратиро омӯзонд.

Сокинони ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ изҳор доштанд, ки ингуна мизҳои гирд бояд барои сокинони ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия баргузор карда шавад.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Худи он рӯз барои ҷавонони ноҳияи мазкур бозии зеҳние дар мавзуи «Пешгирии экстремизими хушунатомез ва таҳаммулпазирии динӣ» баргузор карда шуд. Дар ин бозӣ 40 духтару писари аз 15 то 20-сола иштирок карданд.

.Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Коршиносон дар ҷараёни бозӣ ба ҷавонон кумак карданд, то бо таҳаммулапазирии динӣ, қонунгузории кишвар дар бахши дину мубориза бар зидди экстремизм ва динҳои мавҷуда бештар огаҳ шаванд. Дар охир ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

IWPR мизҳои мудаварро бо фаъолони мадании маҳаллӣ ва бозиҳои зеҳниро барои ҷавонон дар доираи лоиҳаи «Субот дар Осиёи Марказӣ тариқи муколамаи озод» баргузор мекунад. Ингуна вохӯриҳо дар бештари ноҳияҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таҳаммулпазирӣ ва коҳиши ифротгароӣ дар миёни сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: