© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Интихоботи парлумонии ахир дар Тоҷикистон: пешгӯишаванда ва ором

1 март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он ҳамаи 7 ҳизби сиёсии сабтиномшуда иштирок доштанд. Ба истиснои Ҳизби сотиал-демократ аҳзоби дигар натоиҷи интихоботро эътироф мекунанд. Ба иддаои коршиносон аз нигоҳи ҷолибият ин беалоқатарин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. 


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Бар пояи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар натиҷаи овоздиҳии феҳрасти ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ғолиб омада, соҳиби 47 курсӣ дар парлумон гардид. Ба Ҳизби аграрӣ 7 курсӣ мерасад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 5, Ҳизби коммунистӣ-2, Ҳизби демократӣ ва Ҳизби сотсиалистӣ ҳар кадом соҳиби як курсӣ дар парлумон гардиданд.

Ба ҷонибдории ҲСДТ (Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон) танҳо 0,32 дарсад раъй додаанд ва ин ҳизб натавонист садди 5 дарсадиро убур карда, ба парлумон роҳ биёбад.

Ба омори расмӣ дар интихобот беш аз 75 дарсади овоздиҳандаҳо иштирок кардаанд. Акс аз CABAR.asia
Ба омори расмӣ дар интихобот беш аз 75 дарсади овоздиҳандаҳо иштирок кардаанд. Акс аз CABAR.asia

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, дар интихобот ҳудуди 3,8 миллион нафар ё 75,1 дарсади афроди дорои ҳаққи раъй иштирок кардаанд. Иттилое дар мавриди назарсанҷиҳои алтернативӣ ва пурсишномаҳои иҷтимоӣ дастрас нест. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд нафар навиштанд, ки дар интихобот иштирок намекунанд ва ё даъватномаи комиссияи интихоботиро нагирифтаанд.

Сокини шаҳри Душанбе Ҳакими 33-сола дар суҳбат ба CABAR.asia гуфт, ба интихобот нарафт, зере муддаиёни курсии парлумониро намешиносад.

“Ман аз баргузории интихобот хабар доштам, аммо барои овоздиҳӣ нарафтам. Номзадҳоро намешинохтам, намедонистам ки чӣ хидматҳое кардаанд. Онҳо миёни аҳолӣ маъруф нестанд”,-илова кард Ҳаким.

Аммо Шаҳноза, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба интихобот рафт, то “барои оянда ва рушди Тоҷикистон овоз бидиҳад”.

“Худам аъзои Ҳизби халқӣ-лемократӣ ҳастам ва ба ҷонибдории ин ҳизб овоз додам. Дар кишвари мо ҳама чӣ хуб аст, умед мебандам, ки вакилони оянда сиёсати президентро дастгирӣ намуда, барои рушди кишвар кор мекунанд”,-гуфт Шаҳноза.

 Интихобот дар набудани мухолифин

Интихоботи парлумонии имсол бори аввал дар таърихи Тоҷикистони мустақил бидуни нерӯи сиёсии дар гузашта маъруфи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) баргузор шуд. Шурӯъ аз соли 2000-ум то соли 2015 ин ҳизбро дар парлумон ду нафар намояндагӣ мекард.

Сентябри соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар маблағгузории талоши табаддулоти давлатӣ бо раҳбарии генерали пешини Вазорати мудофиа Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор донист. Баъди ин аъзои Раёсати олии ҳизб барои муҳлати зиёд равонаи зиндон шуданд. Раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоли ҳозир дар Олмон қарор дорад ва мақоми паноҳандаи сиёсиро дарёфт кардааст.

Ба андешаи коршиносон, ягона ҳизби мухолифи воқеӣ дар интихоботи гузашта сотсиал-демократҳо буданд. ҲСДТ панҷ нафарро аз руйхати ҳизбӣ пешниҳод кард. Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ изҳор дошт, ба ҷонибдории ҲСДТ танҳо 0,32 дарсад овоз додаанд. Ба ин тариқ, ин ҳизб натавонист садди 5 дарсадиро барои вуруд ба парлумон бигзарад.

 Қонуншиканиҳои (но)намоён 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳо наворҳое нашр шуданд, ки дида мешавад чӣ гуна як нафар аз номи тамоми аҳли хонаводааш овоз медиҳад. Ин кор бар асоси қонун манъ аст.

Хабарнигори “Азия-Плюс” Мусо Бобохоҷиев дар як озмоиш аз аъзои комиссияи як ҳавзаи интихоботӣ мепурсад, барои аз номи ҳамсараш, ки тоза таваллуд кардааст, метавонад овоз бидиҳад? Аъзои комиссия ба Бобохоҷиев иҷозат медиҳад, то ба ҷойи ду нафар овоз диҳад.

Дилшод, сокини Шаҳринав ба CABAR.asia гуфт, баъди навбатдорӣ ба ҳавзаи интихоботӣ барои овоздиҳӣ рафт.

“Пас аз зуҳр рафтам, аммо маълум гардид, ки падарам ба ҷойи тамоми аҳли хонавода овоз додааст”,-илова намуд вай.

Вакили дифои шинохта Шуҳрат Қудратов, ки аъзои ҲСДТ аст, ҷараёни интихоботро дар сафорати Тоҷикистон дар Русия назорат кард. Қудратов дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, интихобкунандаҳоро ба сафорат бо мусофиркашҳо оварданд.

Шуҳрат Қудратов. Акс аз саҳифаи шаҳси дар Facebook.com
Шуҳрат Қудратов. Акс аз саҳифаи шаҳси дар Facebook.com

“Ҳамин тариқ, то соати 13:30 ба сафорат 2500 интихобкунанда омад, баъди ин овоздиҳанда тамоман набуд”,-гуфт Қудратов.

Ба иддаои ӯ, кормандони сафорат ба интихобкунандаҳо мефаҳмонданд, ба ҷонибдорӣ аз кӣ ва чӣ гуна бояд овоз бидиҳанд, баргаҳои овоздиҳӣ бидуни пешниҳоди шиноснома дода мешуд, ки нақзи бечунучарои қонунгузорӣ мебошад.

Ин дар ҳолест ки раҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳеч қонуншиканиеро сабт накардааст. Як рӯз пас аз интихобот раиси комиссия Бахтиёр Худоёрзода изҳор дошт, интихобот шаффоф, озод ва бидуни тақаллуб баргузор шуд.

Раванди интихоботро беш аз 230 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла ҳайате аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил мушоҳида карданд.

Бахтиёр Худоёрзода.Акс аз asiaplustj.info
Бахтиёр Худоёрзода.Акс аз asiaplustj.info

Мисли солҳои пешин, ҳайатҳои СҲШ ва ИДМ изҳор доштанд, ки ҳеч қонуншикании ҷиддиеро дар интихобот мушоҳида накардаанд.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА изҳор дошт, бо гузашти ҳашт ҳафта гузориши пурра дар мавриди интихоботи парлумониро нашр мекунад.

Дар интихобот намояндагони ҳамаи ҳафт ҳизби сабтиномшуда иштирок карданд. Аз инҳо танҳо ҲСДТ изҳор дошт, ки натоиҷи интихоботро эътироф намекунад. 

“Мо натиҷаи интихоботро эътироф намекунем ва ояндаи наздик барои иҷозаи баргузории гирдиҳамоӣ дар ин маврид дархост мефиристем”,-афзуд Қудратов.

Саидҷафар Усмонзода: Ҳизби демократ ҳизби кисагӣ нест

Саидҷафар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон. Акс аз саҳифаи шаҳси дар Facebook.com
Саидҷафар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон. Акс аз саҳифаи шаҳси дар Facebook.com

Бо натиҷаи интихобот раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ҳам розӣ аст. Дар интихоботи гузашта низ ҲДТ соҳиби як курсӣ буд. Дар ҳайати пешини парлумон раиси ҲДТ ягона вакиле маҳсуб мегардид, ки гоҳе назарҳои интиқодӣ дошт.

Усмонзода иддаоҳоро дар мавриди ин ки ҳизбаш монанди аҳзоби дигари рақиби ҲХДТ “кисагӣ” аст, беасос медонад.

“Интихобот бидуни қонуншиканӣ баргузор шуд ва мардуми тоҷик интихоби худашро кард. Давоми як сол дар парлумон ман беш аз 3000 муроҷиат гирифтам ва масъалаҳои онҳоро ҳал кардам. Ман зидди сиёсати Бонки миллӣ дар масъалаи бонкдорҳо баромад кардам, зидди баланд бардоштани арзиши интернет ҳарф задам. Ҳизби кисагӣ оё чунин кор мекунад?”,-суол кард Усмонзода.

 “Аз ҳама ноҷолибтарин ва аз ҳама пешгӯишавандатарин

Парвиз Муллоҷонов. Акс аз ipp.kg
Парвиз Муллоҷонов. Акс аз ipp.kg

Ба андешаи коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов аз нигоҳи ҷолибият ин беалоқатарин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.

“Ба интихоб на аҳолӣ ва на ҷомеаи ҷаҳонии таваҷуҳи хосе надошт, зеро интрига надошт. Ҳама медонистанд, ки ҳолати парлумонӣ ба таври қобили мулоҳиза тағйир намеёбад”,-андеша дорад Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, ягона интригаи интихобот ин буд, ки оё ҲСД ва ҲКТ ба парлумон роҳ меёбанд ё на.

“ҲСДТ эҳтимолан фикр мекард, ки ба парлумон роҳ меёбад. Инчунин барои онҳо муҳим буд, ба ҷомеа нишон бидиҳанд, ки ҳанӯз ҳамчун ҳизб вуҷуд доранд. Аммо ба ҳар сурат, онҳо ба беш аз як-ду ҷой дар парлумон умед намебастанд”,-гуфт Муллоҷонов.

“Ҳизбҳои кӯчак низ дигар вонамуд намекунанд, ки чизе ҳастанд”,-хулоса намуд сиёсатшинос.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: