Даҳҳо муҳоҷири ихтиёрӣ, ки чанд соли охир бо дастури мақомот аз вилояти Бадахшон, минтақаи Рашту Кӯлоб ба ҷануби Тоҷикистон кӯчонда шудаанд, аз шароити сангинии худ дар маҳали зисти нав шикоят мекунанд.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Зулфинисо Мирзоеваи 35- сола як муҳоҷири бознишастаи сокини деҳаи Ватани ҷамоати Обшорони Ноҳияи Шаҳритус соли 2010 аз ноҳияи Ҷиргатол бо сабаби набуди замин барои хона ба ин навоҳӣ омадааст. Ӯ аз мақомоти ноҳия хурсанд аст, ки ба ӯ беш аз 10 сотиқ замин ва якуним ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ барои сохтани хона додаанд, вале 8 соли зиндагӣ бидуни қуваи барқ дар ин деҳаро таҳамул мекунад. Ба андешаи ӯ қабл аз омадан мақомот ба онҳо ваъда додааст, ки деҳҳа обёрӣ мешаваду барқашон мушкил нахоҳад шуд, вале солҳои зиёд бо мушкили сангин, мисли бебарқӣ зиндагӣ мекунад.
![](http://reporting.cabar.asia/wp-content/uploads/sites/6/2019/05/Zulfiniso-Mirzoeva-1024x575.jpg)
![](http://reporting.cabar.asia/wp-content/uploads/sites/6/2019/05/Murodova-1024x575.jpg)
Абдусамад Қурбонов Сардори Идораи барқи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 барои таъмин кардани муҳоҷирон бо барқ имзо шудааст. Бо ташаббуси ҳукумати Ноҳия ҳоло 27 адад симчубҳоро гузоштаанд. “Барои идомаи гузоштани симчубҳо ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ ба Ширкати Барқи Тоҷик ва шабакаҳои барқи ҷануб муроҷиат кардем. Дар сурати дастрас кардани таҷҳизотҳои зарурӣ мо муҳоҷиронро бо барқ таъмин мекунем. Ҳоло норасоии барқ барои муҳоҷирон ҷой дорад.”
Ба гуфти муҳоҷирони ихтиёрӣ тасмими мақомоти маҳалӣ ҳамин буд, ки барои сохтани хона кӯмакпулӣ медиҳанд ва баъди панҷ соли зиндагӣ 50 фисадӣ маблағро бояд бар гардонанд. Саёҳат Муродова гуфт, ки барои ӯ 1500 сомонӣ кӯмакпулӣ доданд ва баъди панҷ соли зиндагиаш 700 сомони маблағро боспас гардондааст. Саймуддин Лоиқов як масъули ҳукумати ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки ҳоло муҳоҷирони ихтиёрӣ дар як ҷамоати ин ноҳия ҷой шудаанд. Аксари онҳо баъди расидан ва гирифтани замину кӯмакпулӣ ба зодгоҳи қаблиашон баргашта буданд, вале ҳоло аксари баргаштаҳо дубора омадаистодаанд. Ба гуфти ӯ барои таъмин кардани шароити бе обию бе барқӣ ба мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурӣ муроҷиат карданд, ки бояд шароити зиндагиашонро беҳ созанд. Дар ноҳияи Носири Хусрав мисли ноҳияи Шаҳритус муҳоҷирони ихтиёрӣ низ ҳастанд. Дар ҷараёни омода кардани ин матлаб бо Бозоргул Саидова, ки ҳамонвақт дар вазифаи бахши идеологии ҳукумати Носири Хусрав фаъолият мекард гуфт, ки муҳоҷирони ихтиёрие, ки ба ин ноҳия омадаанд аз минтақаи Рашт, Кӯлоб, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва ноҳияи Ҷалолиддини Балӯхию Қубодиён ҳастанд, ки барои ҳар яки онҳо 15 сотиқ замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Аксари онҳо баъди дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ва ба даст овардани замину маблағ дигар бар нагаштанд. Ба ҳар яки онҳо дар ду марҳила кӯмакпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ дода шудааст. Ба гуфти ӯ муҳоҷиронро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карданд, вале далели барнагаштанашонро намедонанд. Назриддин Сафолов, як муҳоҷири бознишастаи сокини Шаҳраки Баҳори ноҳияи Носири Хусрав 8 сол қабл аз ноҳияи Вахш ба ин навоҳӣ омадааст. Ӯ мегӯяд чандин хонаводаи муҳоҷирон бо далели гармии ҳаво ба зодгоҳи собиқашон баргаштанд. Ҳоло ягона мушкиле, ки доранд набуди оби тозаи нӯшокӣ аст, ки аз он ранҷ мекашанд. “Аз водопироводҳои худсохт истифода мекунем, он ҳам бошад обаш як сохт бӯи ғализ мекунад. Зиндагӣ дар инҷо каме мушкил аст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аз давлату ҳукумати Тоҷикистон хурсанд ҳастем, ки моро бо замин таъмин кард.” Эмомалӣ Самадзода , сардори Кӯмитаи замини ноҳияи Носири хусрав гуфт, ки интиқоли муҳоҷирони ихтиёрӣ дар асоси нақшаи Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Дар се соли ахир 67 муҳоҷири ихтиёрии дохилӣ ба ноҳия кучонда шудааст. Махмадалӣ Собирзода як масъули Раёсати хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон мегӯяд то соли 2015 ба муҳоҷирони дохилӣ аз сӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якуним ҳазор ва солҳои баъдӣ бошад се ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст. Барои интиқол додани муҳоҷирони дохили дар се сол як маротиба Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Ӯ мегӯяд тибқи қарори навӣ 501, ки солҳои 2019- 2021 ро дар бар мегирад барои онҳое, ки дар ин солҳо муҳоҷир мешаванд ба ҳар яки онҳо аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон 5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад, ки баъди 5 соли зиндагӣ 50 фоизи маблағро бар мегардонанд. Ӯ гуфт тибқи маълумотҳои омориашон дар 6 соли ахир 112 оилаи ниёзманд ба ҷои зист аз минтақаҳои гуногун ба ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав кучонда шудаанд.![](http://reporting.cabar.asia/wp-content/uploads/sites/6/2019/05/De-ai-Mu-o-iron-1024x575.jpg)
Омори дақиқи муҳоҷирони дохилиро барои мо дастрас карда натавонистанд, зеро то соли 2016 нақшаи интиқоли муҳоҷирони дохилӣ дар салоҳияти онҳо набуд. Он муҳоҷироне, ки аз соли 2016 кучбастанд касе аз онҳо дубора ба маҳали зисти қаблиашон бар нагаштаанд. Ба ҳар шароите, ки доранд зиндагии хешро идома дода истодаанд. Маҳмадали Собирзода ироа кард, ки оид ба шароити сангини муҳоҷирони дохилӣ мисли бе барқию оби ошомиданӣ ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат мекунад, зеро дар қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон гуфта шудааст, ки бояд сохтани мактабу бунгоҳи тиббӣ, кашидани хати барқу таъминоти оби нушокӣ ва полезӣ ба муҳоҷирон дастрас бошад.
Рустами Сафар, коршинос мегӯяд омилҳои бозгашти муҳоҷирони ихтиёрӣ ҳукуматтҳои ноҳияҳо ҳаст, ки шароитро муҳаё намекунанд, барои тақдирашон чӣ мешавад маълум нест. Онҳо дар деҳоти дурдаст ҳастанд, ки касе аз ҳолашон пурсон намешавад. Ҳамчунин кӯмакпулие, ки мақомот ба онҳо додааст барои таҳкурсии хона намерасад: “Барои сохтмони хона пули зиёд лозим аст, вале ба се ҳазор сомонӣ барои таҳкурсии хона намешавад. Боз барои ҳуҷҷатгузории замин пул лозим аст, вале инро ба инобат намегиранд. Онҳоро аз шаҳру навоҳии камзамин ҳастанд, ки мутаасифона паҳлуҳои зиёдаш ба инобат гирифта нашудааст. Бояд шароити хубе барои онҳо муҳаё кард.” Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.