© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дар Душанбе роҳҳои муқобила бо ифротгароӣ дар Интернетро ҷустуҷӯ карданд

Намояндагии Институти инъикоси Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана, ҷашну маросимҳои миллии кишвар ва Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет рӯзҳои 12 ва 13 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Севумин ҳамоиши минтақавии пешгирӣ аз ифротгароии хушунатомез дар фазои маҷозиро баргузор кард.


Дмитрий Завьялов, ҳамоҳангсози барномаҳои IWPR кори ин институт дар ҷомеаҳои маҳаллӣ ва иқдомҳоеро шарҳ дод. Акс аз CABAR.asia
Дмитрий Завьялов, ҳамоҳангсози барномаҳои IWPR кори ин институт дар ҷомеаҳои маҳаллӣ ва иқдомҳоеро шарҳ дод. Акс аз CABAR.asia

Дар он беш аз 100 намояндаи ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои гуногуни ҷамъиятиву байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Канада, Русия, Вена ва як қатор кишварҳои дигар иштирок доштанд.

Абахон Султонназаров, раҳбари IWPR дар Осиёи Марказӣ ҳангоми суханронии худ гуфт, Намояндагии Институти инъикоси Ҷанг ва Сулҳ дар Осиёи Марказӣ 5 сол мешавад, ки бо ҳалли мушкили муқобила бо ифротгароии хушунатомез дар Тоҷикистон ва се кишвари дигари минтақа машғул аст.

Абахон Султонназаров. Акс аз CABAR.asia
Абахон Султонназаров. Акс аз CABAR.asia

“Ҳамроҳ бо шарикони худ мо барои рӯҳониён давраҳои омӯзишии пешгирӣ аз ифротгароии хушунатомезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил мекунем. Мо на танҳо руҳониён, балки рӯзноманигорон, ҷавонон ва фаъолони маданиро низ меомӯзонем. Барномаҳои мо дар мавриди ба ҷавонон омӯзонидани тафаккури интиқодӣ, муқобила бо хабарҳои дуруғ ва далелсанҷӣ дар ноҳияҳои дурдасти 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва донишгоҳҳои марказии ин давлатҳо баргузор карда мешавад. Мо ҳамчунин пеши худ вазифа гузоштаем, ки ба хотири мусоидат ба сулҳу субот ва шукуфоии минтақа марказҳои таҳлилиро дар ин кишварҳо рушд диҳем”, – афзудааст ӯ.

Иштирокдорони ҳамоиш охирин равишҳои истифодаи ифротгароёну террористон аз шабакаҳои интернетиро барои таблиғи барномаҳои худ дар Осиёи Марказӣ ва мушкилиҳои мавҷудаи ҳуқуқиву масоили марбут ба ҳамоҳангии амалҳои ҷавобиро дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд. Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба мушкилиҳои дахлдори техникӣ, холигӣ ва ниёзмандӣ ба чораҳои ҷавобии муассири стратегӣ ва мониторинги онлайнии гуруҳҳои ифротгарои хушунатомез баҳс шуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш охирин равишҳои истифодаи ифротгароёну террористон аз шабакаҳои интернетиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Акс аз CABAR.asia
Иштирокдорони ҳамоиш охирин равишҳои истифодаи ифротгароёну террористон аз шабакаҳои интернетиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Акс аз CABAR.asia

Додситони калони Раёсати муқовимат бо экстремизму терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зиддаи истифодаи Интернет бо ҳадафҳои ифротгароӣ ва террористӣ суҳбат кард. Намояндаи котиботи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Австрия роҳҳои нави муассири ҳалли мушкили қуқобила бо истифода шудани фазои Интернет аз сӯи террористонро ном гирифт. Коршинос аз Канада Ҷулиет МакМуррен, SecDev Group дар мавриди пажӯҳиши истифодаи ҷанбаҳои рақамии ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ суханронӣ кард.

Дар ҷаласаи навбатӣ мушкилиҳои ҳуқуқиву танзимкунандаи вокунишҳои ҳамоҳангшуда ба ифротгароии хушунатомез дар минтақа, душвориҳои мушаххас дар сатҳи милливу минтақавӣ, ҳамчунин гузинаҳои ҳамоҳангӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва созмонҳои минтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шангхай, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигарон муҳокима шуданд.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Иштирокдорони ҳамоиш тадбирҳои муқобила бо паҳншавии ифротгароии хушунатомез дар Интернет, норасоӣ ва ниёзҳои миллӣ дар мавриди огоҳӣ аз амнияти киберӣ, саводнокии рақамии сокинон, кор бо операторони платформаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳониро низ баррасӣ намуданд.

Дар яке аз ҷаласаҳо нақшаҳои нави тадбирҳо дар сатҳи милливу минтақавӣ барои решакан кардани омилҳои ифротгароии хушунатомез дар минтақа баҳс шуданд. Дмитрий Завьялов, ҳамоҳангсози барномаҳои IWPR кори ин институт дар ҷомеаҳои маҳаллӣ ва иқдомҳоеро шарҳ дод, ки ба баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон, аз ҷумла руҳониён, фаъолони маданӣ ва ҷавонон дар бораи амнияти рақамӣ равона шудаанд.

Иштирокчиёни форум ба аҳамияти ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар таҳия ва паҳни саргузаштҳои мусбат дар Интернет барои мубориза бо идея ва дидгоҳҳое таваҷҷуҳ зоҳир карданд, ки аз сӯи гуруҳҳои мамнуи тундрав дар миёни ҷомеаҳои маҳаллии минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн карда мешаванд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: