Садҳо маркази ғайрирасмии ибодат тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон баста шудаанд. Мақомоти ин кишвар ба сиёсати бастани масоҷиди сабтнашуда идома дода ва мегӯянд ин иқдом барои муқобила бо ифротгароӣ анҷом мешавад. Аммо мунтақидон ин амалро навъе ҳамла ба озодиҳои мазҳабӣ унвон мекунанд.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Масалан, дар вилояти Хатлон, дар ҷануби кишвар, садҳо масҷиди бунёдшуда аз ҷониби мардуми маҳаллӣ баста шудаанд. Намозгузорон мегӯянд акнун онҳо ҷое барои анҷоми фароизи мазҳабӣ надоранд. Онҳо маҷбуранд аз ду гузина якеро интихоб кунанд: ё дар хона ибодат кунанд, ё роҳи тӯлониеро то масоҷиди калон дар шаҳрҳои бузург тай кунанд.
Саидҳасан марди солхӯрдаест, ки дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, касе дар ин маврид бо мардуми маҳаллӣ, ки масоҷидро бо пули худ сохта буданд, машварат накардааст.
Ӯ мегӯяд: “Ба дарҳои масоҷид муҳр задаанд. Худо накарда, агар касе фавт кунад, мо намедонем чи кунем ва намози ҷанозаи марҳумро дар куҷо бихонем.» Ин сиёсат дар соли 2014, замоне ки бисёре аз ҷавонони тоҷик барои пайвастан ба Давлати Исломӣ (ДОИШ) ба Сурия ва Ироқ мерафтанд, бо сахтгирии бештаре ба иҷро даромад. Аз нуҳ миллион ҷамъияти Тоҷикистон 98 дарсад мусалмон ҳастанд. Таваҷҷуҳ ва алоқаи мардум ба дин дар солҳои ахир, бавижа дар манотиқи рустоӣ, афзоиш ёфтааст. Дар вокуниш ба ин раванд, давлат назорат бар умури мазҳабиро тақвият кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз пӯшиши либоси мазҳабӣ, риши дарози мардон, тамоюлот ва рафторҳои дигаре, ки хилофи урфу одоти миллӣ хонда мешаванд, башиддат интиқод кардааст. Аммо ин бад-он маъност, ки мақомоти тоҷик барои саркӯби озодиҳои мазҳабӣ, аз ҷумла манъи намозгузории занону кӯдакон дар масҷид, ҳамвора мавриди интиқодҳои шадиди гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар қарор гирифтаанд. Кумисиюни Иёлоти Муттаҳида дар умури озодии байналмилалии мазҳабӣ дар гузориши худ дар моҳи апрели соли 2018 Тоҷикистонро барои “нақзи усулӣ, пайваста ва густохонаи озодии мазҳабӣ” маҳкум карда ва аз он ба унвони “кишвари мавриди нигаронии хос” ном бурдааст. Насруллоҳи Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон, гуфта, ки мақомот аз фаъъолияти созмонҳои мазҳабии ғайриқонунӣ, ки мумкин аст ҷавононро ба пайвастан ба ҷараёнҳои ифротӣ таҳрик кунанд, нигаронанд.Тибқи гузоришҳои расмӣ, феълан 1744 масҷид дар вилояти Хатлон фаъол аст. Ба гуфтаи додситон, аз соли 2014 ба ин сӯ мақомоти маҳаллӣ дарҳои 261 масҷидро бастаанд.
Мақомот мегӯянд дар саросари кишвар ба теъдоди кофӣ масҷид вуҷуд дорад ва ин баёнгари таъмини озодиҳои мазҳабист. Ба гузориши Кумитеи дин ва танзими маросими Тоҷикистон, беш аз 4000 ҳазор масҷид дар ин кишвар фаъолият дорад. Сухангӯи ин кумите гуфтааст: “Бар асоси қонун, масоҷиди хурдро метавон дар маҳаллоте бо беш аз 100 хонавода боз кард. Масоҷиди калонро фақат дар маҳаллоте бо беш аз 1000 хонавода метавон таъсис дод. Мо фикр мекунем ин теъдод кофист.” Мақомот бисёре аз масоҷиди басташударо ба таъсисоти дигар табдил додаанд. Бархеро ба афроди бехона додаанд ва шумори дигареро ба марказҳои фарҳангӣ, дармонгоҳҳо, кӯдакистонҳо ва ё коргоҳҳои хайётӣ табдил кардаанд. Маҳмадюсуф Назаров, як сокини 64-солаи рустои Сарбанди ноҳияи Хуросон, пас аз он ки арӯсҳояш аз издивоҷи дувум ӯро аз хона ронданд, бесарпаноҳ монда буд. Мақомот ӯро дар яке аз масоҷиди собиқ маскун карданд. Ҳарчанд ӯ бо ин тасмим мувофиқ нест, аммо маҷбур буд бипазирад. Назаров мегӯяд: “Медонам, афроде, ки ин масҷидро сохтанд, хушҳол нестанд, аммо ман чорае надорам, ҷуз ин ки бо ҳамсар ва ду фарзанди кӯчакам инҷо зиндагӣ кунам.” Мақомот дар дифоъ аз иқдомоти худ мегӯянд, дар баъзе навоҳӣ аз бетаваҷҷуҳии давлат теъдоди масоҷид аз мактабҳо бештар шуда буд. Барои мисол, 37,5 ҳазор сокини шаҳраки Тоҷикободи ноҳияи Вахш танҳо ҳашт мактаб, вале 35 масҷид доранд. Саидҷаъфари Сафарзода, коршиноси масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, ки бастани масоҷид навъе талош барои тақвияти назорат аз сӯи давлат аст, зеро марказҳои динӣ дар таблиғоти пеш аз оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 муқассир дониста мешаванд. Вай афзуд: “Дар соли 1992 ҷанги дохилӣ бо ҷудоиандозиву ихтилоф миёни мардум дар масоҷид шурӯъ шуд. Имрӯз… ҳукумат мехоҳад вазъиятро кунтрул кунад ва аз табдил шудани масоҷид ба маншаъи низоъу фитна пешгирӣ кунад.”Таҳлилгари сиёсӣ Маъруф Абдуҷабборов бо ишора ба як ҳодиса дар вилояти Суғд дар баҳори соли 2018 мегӯяд, ки аз назорати давлат бар амокини мазҳабӣ истиқбол мекунад. Он замон чанд имомхатиб дар Хуҷанд ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёнҳои мазҳабии мамнӯъ ва нашри таблиғоти Салафӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд.
Вай афзуд: “Боздоштҳои ахири имомхатибоне, ки ба таблиғи мазҳаби Салафӣ дар кишвар машғул буданд, нишон медиҳад, ки мутаъассибон дар ҳар ҷое ки набошанд, аз масоҷид барои аҳдофи худашон, ки рабте ба дин надорад, истифода мекунанд. Агар чунин таҳдидҳо дар гузашта мавҷуд буд, имрӯз ба далели назорати сахти давлат вуҷуд надорад.” Бо ин ҳол, афроди дигаре ҳам муътақиданд, ки бастани масоҷид мушкили ифротгароиро рафъ нахоҳад кард. Сайраҳмон Назриев, рӯзноманигоре, ки ин мавзӯъро аз наздик дунбол кардааст, мегӯяд, густариши афкори ифротгароёна фақат ба масҷидҳо маҳдуд намешавад. Вай афзуд: “Аз рӯи мушоҳидаҳо мешавад гуфт, ки бисёре аз ифротгароён ба аҳзоб ва гуруҳҳои ифротӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон мепайванданд, бахусус аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет.”Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.