© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Чаро нархи ҳаҷ гарон шуд?

Барои Фаридун Ҳодизода, коршиноси  масоили дин нигаронкунанда аст, ки дар Тоҷикистон сафари ҳаҷи фарзӣ бо ҳар баҳона сол ба сол  афзоиш меёбад.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Русский English


Пас аз шаш соли интизорӣ барои Зоҳир Обидов навбаташ барои зиёрати Каъба расид. Зоҳир Обидов, ки 56 сол умр дорад, мегуяд ки беш аз 35 ҳазор сомонии (ҳудуди 3720 дуллор ИМА) маблағи ҳаҷро супоридааст. Аз Кумитаи дин гуфтаанд, ки ин маблағ  барои билети рафту баргашт, будубош дар Маккаву Мадина ва пули гӯсфанди қурбонӣ масраф мешавад.

Обидов мегӯяд, ки ба ғайр ин маблағ дар ҳар сари қадам ва барои ҳар хизматрасонӣ пул талаб мекунанд. Масалан, барои ташхиси тиббӣ, барои таҳияи ҳуҷҷатҳо… Ба болои ин боз 750 сомониро (ҳудуди 80 дуллор ИМА) “барои хароҷоти эҳтимолӣ меситонанд.

Ҳоҷиёни тоҷик.  Акс аз news.tj
Зоҳир Обидов мегӯяд, ки хароҷоти сафари ҳаҷ ҳамасола афзоиш меёбад, вале касе эътироз намекунад. Зеро касе эътироз кард, билфосила нафари дигаре пайдо мешавад маблағи бештаре пардохт карда ба зиёрати Макка равад. Даҳҳо ҳазор нафар дар навбат истодаанд.

Вай дар ҳайрат аст, ки Тоҷикистон як кишвари фақир асту нархҳо ин қадар баланд. Масалан, як рафиқаш, ки шаҳрвандии Русияро дорад, аз шаҳри Қазон ба сафари ҳаҷ меравад. Тамоми хароҷоти сафар 2700 дуллор ташкил додааст, ки нисбат ба сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон 1000 дуллор камтар аст.

Шукурҷон Зуҳуров, аз Вазорати молия ва Кумитаи дин интиқод кард. Акс аз ozodi.org
Зимнан, дар остонаи сафари ҳаҷи имсола парлумони Тоҷикистон харҷи сафарро боло бурд.

Бар асоси тағйироту иловаҳое, ки рӯзи 26 апрел дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба Қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ворид шуд, ҳар нафар барои сафари ҳаҷи фарзӣ ва умра бояд ба миқдори 500 сомонӣ ё 50 дуллор ба Кумитаи дин хироҷ пардохт кунад.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки масъулияти сафари Ҳаҷҷро ба ӯҳда дорад, “ин маблағ барои хизматрасонӣ ва таҳияи санадҳои зоирон” масраф мешавад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол ин кор аз ҳисоби маблағи умумии пардохтшуда иҷро мешуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз ин тасмими Вазорати молия ва Кумитаи дин интиқод кард.

“Мардуми Тоҷикистон солҳои зиёд барои анҷоми сафари ҳаҷ маблағ ҷамъ мекунанд. Шумо арзиши ин сафарро боз ба 50 доллар зиёд мекунед. Оё фикри мардумро мекунед ё не?”-гуфт ӯ.
Зимнан, нархи сафари ҳаҷи фарзӣ дар соли ҷорӣ  бо ҳисоби сомонӣ дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан 1800 сомонӣ (ҳудуди 190 дуллор ИМА) бештар аст.

Дар бештари кишварҳо хизматрасонии ҳаҷ ширкатҳои хусусӣ  ба ӯҳда доранд

Аммо қиммати сафари ҳаҷ дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ  чи гуна аст? Дар Қазоқистон 2700 дуллор, дар Қирғизистон 2890 дуллор ва дар Русия 179 640 рубл ё ки 2700 дуллорро ташкил медиҳад.

Дар Ӯзбекистон харҷи зиёрати Макка дар замони ҳаҷи фарзӣ ҳудуди 4000 дуллор буда, аммо ахиран давлати ин кишвар эълон кард, ки хароҷоти ҳаҷи имсола ба миқдори 1 миллион сум ё беш аз 1000 дуллор коҳиш хоҳад ёфт.

Дар ҳоле ки умури ҳаҷҷи фарзӣ дар Тоҷикистон ба ӯҳдаи Кумитаи дин вогузор шудааст, дар бештари кишварҳо ташкил ва хизматрасонии ҳаҷи фарзӣ ва умраро ширкатҳои хусусӣ  ба ӯҳда доранд.

Масалан, дар Қазоқистон 18 ширкати хусусии сайёҳӣ ба зоирони қазоқ дар зиёрати Каъба хизмат мерасонанд.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба ҳаҷ мераванд (барои сафар ҳудуди 22,2 милюн дуллор месупоранд).

Пули ҳаҷ ба куҷо масраф мешавад?

Дар посух ба саволи беш аз 35 ҳазор сомонии пули ҳаҷ ба куҷо масраф мешавад, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон чунин посух дод:

Чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар давоми мавсими ҳаҷ, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ. таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон.

Тибқи иттилои ин кумита арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2019” 35 ҳазору 128 сомониро ташкил медиҳад.

Чаро ҳамасола нархи хизматрасонии сафари ҳаҷ гарон мешавад? Бино ба маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими нархи хизматрасонии сафари ҳаҷ дар соли 2016 28 ҳазору 649 сомонӣ (ҳудуди 3000 дуллор), соли 2017-33 ҳазор сомонӣ ($3670), соли 2018 33 ҳазору 410 сомонӣ (ҳудуди $3720) ва соли ҷорӣ 35 ҳазору 128 сомониро ташкил додааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин. Акс аз tajikistantimes.com
Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки масъулияти сафари Ҳаҷҷро ба ӯҳда дорад, дар соли 2019 мизони андоз ва нархи молҳо дар Арабистони Саудӣ боло рафта ва ин амр ба афзоиши нархи сафари ҳаҷ (то 420 дуллор) таъсир гузоштааст.

Аз Кумитаи дин гуфтанд, ки нархи сафари ҳаҷ ҳамасола бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мешавад.

Ҳодизода: Нигаронкунанда аст, ки сафари ҳаҷи сол ба сол  афзоиш меёбад

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили дин ҳадаф аз ҷорӣ кардани боҷи ҳатмӣ барои сафари ҳаҷро “навъи пур кардани буҷет” арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад бо ҳар роҳ, боло бурдан нархҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сафари ҳаҷ ё сайёҳӣ мушкилоти буҷети кишварро пур кунад.

“Ба андешаи ман, 500 сомонии боҷи ҳатмӣ барои зоирон чандон маблағи калоне нест. Шахсе, ки барои сафари ҳаҷ 3700 доллар пардохт кардааст, пардохти 50 доллари дигар мушкил нест. Вале ин чиз нигаронкунанда аст, ки сафари ҳаҷи фарзӣ бо ҳар баҳона сол ба сол  афзоиш меёбад”, –гуфт Ҳодизода.

Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст. 

 

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: