© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Таърихнигор: Замони Шўравӣ ҷашни Наврўз то ҷое мамнўъ буд (Чандрасонаӣ)

Наврўз – ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷику эронинажод, ки ба рўзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ, рост меояд. Наврўзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол» низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврўзро бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста медонанд. Он дар Суғду Хоразм ба гунаҳои Навасорд ва Навасорҷӣ, яъне ба маънои «Соли нав» омада, дар забони яғнобӣ «навасол» мегўянд.

Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврўз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи беш аз 3000-сола дошта, куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

«Наврўзро дар замони Шўравӣ то ҷое мамнўъ карданд»

Ҷонибеки Асрориён, таърихнигори шинохтаи тоҷик дар такя ба суханони устод Айнӣ гуфт, Наврўз дар мардуми мо то андозае дар ҳудуди имрўзаи кўҳистони Тоҷикистон ва Самарқанду Бухоро аз даврони Амир Музаффар шурўъ шуда, давоми як моҳ ҷашн гирифта мешудааст: «Баъдан, дар давраи Амир Абдулаҳад 15 рўз буд ва дар давраи Амир Олимхон низ ин ҷашнвора ба назар мерасид, дар Кармина, Бухоро, Самарқанд ва дар ҳамаи кишварҳо ҷашн гирифта мешуданд. Баъд аз як ҳафтаи ҷашнгирӣ мардум ба сайру гашт мебаромаданд. Ба ғайр аз ин, дар замони Шўравӣ ба Наврўз сифатҳои динӣ доданду баъд як андешаи сиёсие низ буд, ки мо мардуми таърихи қадима надорем, бесавод ҳастем ва барои ҳамин, ҷашни Наврўз, ки худ сарорсар савод асту донишу фарҳанг аст ва бузургиҳои зиёд дорад, онро то андозае мамнўъ карданд, натанҳо ин ҷашнро, балки бисёр намунаҳое, ки ба худшиносии миллӣ мебурд. Масалан, дар давраи арабҳо Наврўзу дигар ҷашнҳоро аз байн бурданд, ба хотире, ки одам гузаштаашро ба хотир наорад. Агар ҳар қавме, ки гузаштаашро то андозае дар хотир дошта бошад, албатта аз таъриху тамаддунаш ёд мекунад. Барои ҳамин, ҳам ҷашни Садаву Наврўз, ҳам Меҳргону дигар ҷашнҳое, ки хоси Наврўз буданд, барҳам доданд».

Ба гуфтаи Асрориён, ин ҷашнҳо ёдраскунандаи таърихи гузашта ҳастанд ва махсусан Наврўз, ки як дарахти бисёр тануманди фарҳанг аст. «Дар замони шўравӣ барои мо дигар имконияти ҷашнгирӣ набуд, вале мардум дар кўҳистон ба дигар тарз ҷашн мегирифтанд. Масалан, дар кўҳистони ҷануб бо номи «Дарвешона» ид мешуд. Мардум ҷамъ меомаданд, ҳар кадом чизе дошт, гирд меоварданд, якҷоя қанду нон мехўрданд ва бозиҳо ташкил мекарданд, аз қабили гўштину бузкашӣ, тўббозиву бозиҳои бачагона»,- афзуд ў.

«Қариб, ки дар китобҳои дарсӣ низ дар боби Наврўз чизе набуд»

Ин таърихнигори тоҷик дар идома гуфт, солҳои 60-ум як идда бузургони мо –силсилаи занҷираи тиллоии интелегенсияи тоҷик, тавлид шуданд, ки кўшиш мекарданд, ба ҳар навъе аз Наврўз ёд биёранд. Ў мегўяд, ҳарчанд дар солҳои 85-86 дар заминаи рўҳияи баланди худшиносӣ Наврўз аллакай ҷон гирифта буд, вале дар замони Истиқлолият ин расмият пайдо кард ва мақоми давлатӣ гирифт: «Мо масалан, дар мактабҳо солҳои 60-70 дар боби Наврўз шеър бихонем, сухане бигўем ё муаллимонамон дар бораи Наврўз чизе бигўяд, нест. Қариб, ки дар китобҳои дарсӣ низ дар боби Наврўз чизе набуд. Ҳатто олимонамон низ дар бораи Наврўз кам менавиштанд, натанҳо дар бораи ин ҷашн, балки дар бораи Меҳргону Сада низ наменавиштанд».

Муҳаббатшо Қобилов, як сокини ноҳияи Рўшон дар суҳбат ба мо гуфт, ки ҷашни Наврўзро аз 10-уми март пешвоз мегиранд ва онро ба забони рўшонӣ «Остонихтайд» мегўянд. Мардуми ин ноҳия ба ҳамдигар тўҳфаҳо тақдим карда, якдигарро табрик менамоянд. «Ҳамчунин, яке аз хусусиятҳои хоси ин ҷашн «Тухмҷанг» мебошад, ки онро дар ноҳияи Рўшон «тахмуртаргент» мегўянд. Яъне, бачаҳо ба мурғҳояшон устухонро қима карда медиҳанд, то тухми онҳо сахт шуда, дар мусобиқа ғолиб оянд. Дар баробари ин, бевосита ба хонаи ҳамдигар ба меҳмонӣ меоянд».

Таҷлили Наврўз дар ҳар минтақаи Бадахшон ба таври хос ҷашн гирифта мешавад. Маҳина ном ҷавондухтар аз Роштқалъа мегўяд, яке аз анъанаҳои наврўзӣ дар ин ноҳия хонагаштак аст, ки бо забони шуғнонӣ «килоузуз» мегўянд. «Инчунин, дар Наврўз бачаҳо аз болои бом арғамчинро партофта, чизеро, ки аз соҳибхона талаб кунанд, бояд соҳиби хона ба онҳо тўҳфа диҳад. Духтарон бошанд, арғунчакбозӣ мекунанду бачаҳо лахшбозӣ. Одамоне, ки дар дил кибру кин доранд, дар ин ҷашн дилҳои худро аз он тоза менамоянд»,- афзуд ў.

«Наврўз на ҷашни мазҳабӣ ва на ҷашни сиёсӣ аст»

Таърихнигор Ҷонибеки Асрориён мегўяд, Наврўз на ҷашни мазҳабӣ ва на ҷашни сиёсӣ аст, балки як ҷашни табиӣ аст, ки эътидоли баҳорӣ аз он шурўъ мешавад: «Наврўз ин ҷашни табиат аст, ман мехоҳам, мулло мехоҳад, сиёсатмадор мехоҳад ё намехоҳад, он меояд, чун эътидоли табиӣ аст. Эътидоли табиӣ, яъне баробаршавии шабу рўз аст. Дар Наврўз тағйироти кайҳонӣ сурат мегирад, ки ба ин нерўи касе намерасад, ба ҷуз аз Худованд».

Ҷашни Наврӯзи Аҷам дар Душанбе

Таҷлили ҷашни Наврўз дар 13 кишвари ҷаҳон

Тибқи маълумоти расмӣ, Наврўз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рўзҳои истироҳат ба шумор меравад.

Ҳамасола, аз 21-ум то 24-уми март дар Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврўз бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Истиқболи Иди байналмилалии Наврўз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Ривоят

Наврўз яке аз қадимтарини идҳои ориёӣ буда, онро Ҷамшед асос гузоштааст. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин рўз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рўз баробар мешаванд. Рўзи якуми Фарвардинро рўзи аввали баҳор – саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврўз фарорасии Иди баҳор, саршавии киштукор мебошад. Тоҷикон дар ин рўз хонаи худро сафед мекунанд ва ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун месозанд. Сарулибоси нав мепўшанд ва орзуи то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро менамоянд.

Ҳамчунин, дар қадим олимон аз донаҳои зироат сабзаҳо тайёр ва ба воситаи онҳо ҳосилнокии зироатҳои соли навро пешгўӣ мекарданд. Дастархони наврўзӣ ғанитарин дастархони идҳо буд ва дар он гул, ширинӣ, шарбат, май, нон, меваҷот мугузоштанд. Рақами 7 дар урфияти гузаштагон бузург буд ва ба ин хотир, дастархони 7 син меоростанд, аз қабили себ, санҷид, сирко, сим, сабза, сабзӣ, ки ишора ба 7 амшосипандон – фариштагони бузург, аст.

Статья подготовлена журналистами медиа-школы IWPR. 

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: