© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Таърихи охирин каниса дар Тоҷикистон

Тӯли панҷ сол аст, ки дар канисаи ҷамъияти яҳудиёни Тоҷикистон дар Душанбе маросими ибодат дар рӯзҳои шанбе баргузор намешавад.

 English На русском

Ин каниса дар байни тангкӯчаҳои яке аз қадимитарин маҳаллот дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи Яков Матаев, раиси ҷамъияти яҳудиёни Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар теъдоди 57 яҳудӣ ба сар мебаранд. Онҳо ғолибан афроди солхӯрдаанд. Солмандтарини онҳо 90-сола аст.

«Имрӯз шанбе аст (суҳбат бо Яков Матаев рӯзи шанбе анҷом шуд) ва дар вақти муайян бояд маросими ибодат анҷом шавад. Аммо тавре ки мебинед, касе ҳозир нест. Барои ин ки ин маросим анҷом шавад, бояд дастикам даҳ нафар ҷамъ шаванд. Ин теъдод яҳудиён дар рӯзҳои шанбе ҷамъ намешаванд. Тақрибан ҳамаашон аз Тоҷикистон рафтаанд. Асосан ба каниса яҳудиёни Исроил, Амрико ва дигар кишварҳо меоянд, ки бастагонашон дар хоки Тоҷикистон дафн шудаанд».– мегӯяд Матаев.

«Дар канисаи мо ҳатто як хохом нест. Охирин хохоми ин каниса Михаил Абдураҳмонов буд ва баъд аз ӯ дар муддати хеле кӯтоҳ нақши хохомро Иброҳим Калонтаров иҷро мекард, ки ӯ ҳам баъдан ба Исроил кӯч баст. Аммо бештари яҳудиён дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 кишварро тарк карданд.»- таъкид кард Яков Матаев.

Яков Матаев ибрози таассуф кард, ки яҳудиён суннатҳояшонро ҳам бо худ аз Тоҷикистон мебаранд. Худи ӯ ҳанӯз қасди рафтан аз инҷо надорад, ҳарчанд се писараш дар Исроилу Амрико ба сар мебаранд. Ӯ 62 сол дорад ва худро як сокини бумии Тоҷикистон медонад.

Имрӯз ба канисаи мо як рӯз пеш аз шаббот, яъне дар рӯзи ҷумъа, яҳудиён банудрат меоянд. Ин ҳафтумин рӯзи ҳафта аст, ки барои яҳудиёг асосан як рӯзи ҷашн аст. Як рӯз пеш аз шаббот яҳудиён ба ҳамдигар “шаббот салом”, яъне «шанбеи нек» ё «салом шанбе» мегӯянд. Тибқи суннат дар ин рӯз бонуи ҳар хонадон шамъ меафрӯзад, мард дуо мехонад, шароб ва ё оби ангур менӯшанд ва хала – нони махсуси шабботро мешикананд. Тамоми хонавода ба пешвози шаббот дар гирди суфраи идона ҷамъ мешаванд ва ғизо мехӯранду суҳбату сурудхонӣ мекунанд. Шаббот бо ғуруби офтоб дар рӯзи ҷумъа шурӯъ шуда ва бо ғуруби офтоб дар рӯзи шанбе ба поён мерасад.» – мегӯяд Яков Матаев.

 

Чанд сол пеш канисаи қадимии Душанбе, ки беш аз сад сол таърих дошт, тахриб шуд ва ба ҷои он иқоматгоҳи нави раисҷумҳур сохта шуд. Баъдан Ҳасани Асадуллозода, раиси ОриёнБонк, иморатеро дар маркази шаҳр ба яҳудиёни боқимонда дар Тоҷикистон тақдим кард. Ва ин танҳо канисаест, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. То соли 1956 як канисаи дигар ҳам дар маркази Душанбе фаъол буд ва канисаи севум дар Хуҷанд воқеъ буд. Аммо ҳоло ин канисаҳо ба далели набуди яҳудиён баста шудаанд.

Майя Дзутсева дар коллеҷи ҳунари ба номи Аҳмад Бобоқулов дар шаҳри Душанбе дарс медиҳад. Ӯ духтари Галина Степановна Дзутсева–Кахановский аст, ки дар соли 2003 ҷамъияти яҳудиёни мавсум ба «Аҳдут»-ро таъсис дод. Ӯ то соли 2016 раҳбари ин ҷамъият буд.

«Баъди фавти модарам раҳбарии ҷамъияти «Аҳдут»-ро ман бар зимма дорам», – мегӯяд Майя Дзутсева.

Ӯ дар Душанбе таваллуд шудааст. Дар замони ҷанги дохилӣ ӯ бо кӯдаки навзод дар даст ба Исроил муҳоҷир шуд, аммо пас аз 15 сол ба Тоҷикистон баргашт.

«Аъзои ҷамъияти моро асосан афроди солхӯрда ташкил медиҳанд. Фарзандону наберагони онҳо ба хотири ояндаи беҳтари худ Тоҷикистонро тарк мекунанд. Дар мавриди Исроил бояд гуфт, ки мо яҳудиёни Тоҷикистон ҳеч кумаке аз сарзамини  торихии худ дарёфт намекунем. Ягона созмоне, ки ба мо кумак мекунад, созмони яҳудиёни омрикоии «Авэнезер» мебошад. Ин созмон ба мо кумаки молӣ ва ғизоӣ ироа мекунад, дору медиҳад ва ба беморони музмин кумак мекунад. Кунгреи яҳудиёни Бухоро ҳам махориҷи нигаҳбонӣ аз қабристони яҳудиёнро ба уҳда дорад».– мегӯяд Майя Дзетсева.

Дар Душанбе қабристони куҳна ва нави яҳудиён вуҷуд дорад. Тӯли 13 сол аст, ки Юсуфалӣ Мирзоев аз қабрҳо дар изои дастмузди муайяне аз ҷониби ҷамъияти яҳудиён муроқибат мекунад. Ҳоло ӯ ба таъмиру тармими қабре куҳна машғул аст ва катибаи рӯйи сангро бознивисӣ мекунад. Ин суфоришро ӯ аз бастагони марҳум, ки дар Амрико иқомат доранд, дарёфт кардааст. 

«Дар гузашта ман дар сол 4-5 қабр мекандам, аммо дар ду соли ахир ягон қабр накандаам. Яҳудиён хеле кам мондаанд. Фақат бастагони даргузаштагон аз Исроил ва Омрико инҷо ба зиёрати мақбараҳо меоянд. Имсол пас аз лағви визо бо Узбакистон теъдоди зиёраткунандагон афзоиш ёфтааст. Яҳудиён як рӯзи волидайн доранд ва маъмулан дар ин рӯз қабристон пуродам мешавад». – қисса кард Юсуф Мирзоев.

Дар соли 1959 дар Тоҷикистон 12,4 ҳазор, дар соли 1970 – 14,6 ҳазор (11,4 ҳазорашон дар Душанбе) ва дар соли 1989 ҳудуди 11 ҳазор яҳудӣ зиндагӣ мекарданд. Буҳрони шадиди иқтисодиву сиёсӣ, ки авоили солҳои 90-ум Тоҷикистонро фаро гирифт ва ҷанги дохилиро ба дунбол дошт, теъдоди аъзами яҳудиёнро маҷбур ба тарки ватан кард.

Агар дар солҳои 1986–89  ҳудуди 600 яҳудӣ аз Тоҷикистон ба Исроил кӯч баста бошанд, дар солҳои 1990–94 теъдоди кӯчидаҳо ба 9378 нафар расид. Ҳамчунин, бахши аъзаме аз тоҷикони яҳудитабор ба Омрико кӯчиданд.

IMG_5781
IMG_5741
IMG_5709
IMG_5715
IMG_5744
IMG_5706
IMG_5702
IMG_5761
IMG_5789
IMG_5842
IMG_5820
IMG_58401
IMG_5748

Ин маталаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Субот бар Осиёи Марказӣ аз тариқи гуфтугӯи озод» омода шудааст.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: