терроризм

Узбекистан вернул 64 ребенка из Ирака

Таким образом государство демонстрирует, что добровольно вернувшимся гражданам гарантировано, как минимум, справедливое правосудие, считают эксперты. 

(далее…)

Арастун Оруджлу: Опыт Центральной Азии по работе с «возвращенцами» из Сирии полезен для Азербайджана

«Участие стран СНГ в радикальных группировках, воюющих на территории Сирии, Ирака и частично Афганистана – это общая проблема всех стран СНГ. Совместные усилия намного облегчили бы борьбу с этим явлением, и терроризмом в целом», – сказал в интервью CABAR.asia Арастун Оруджлу, азербайджанский эксперт по вопросам безопасности, бывший офицер Министерства национальной безопасности Азербайджана и глава исследовательского центра «Восток-Запад».   (далее…)

Политические споры вокруг хаджа: Таджикские эксперты о фетвах против посещения Мекки

CABAR.asia 16.07.19

Таджикские эксперты и духовенство прокмментировали фетвы знаменитых улемов ислама, которые заявил о недопустимости выезда в хадж. (далее…)

Узбекистан готовит вторую операцию по возвращению своих граждан из Сирии

Первая группа возвращенных – женщины и дети – проходят обследование и лечение в санатории и медучреждениях республики. (далее…)

В чем нуждаются дети, вернувшиеся из Ирака?

CABAR.asia 16.05.19

Таджикские власти заявляют, что обследование и лечение детей, возвращенных из Ирака, продолжается и далее будут осуществляться шаги по реализации программ их возвращения в семьи. Однако эксперт считает, что этих мер правительства недостаточно. (далее…)

IWPR машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба инъикоси масоили динӣ барои рӯзноманигорони чор кишвари Осиёи Марказиро баргузор кард.

CABAR.asia 22.02.19

Рӯзноманигорон пас аз ин машғулиятҳо барои расонаҳои худ ва сомонаи таҳлилии cabar.asia матолиб таҳия мекунанд. (далее…)

Гульмира Биржанова: СМИ Казахстана опасаются писать на тему терроризма и экстремизма

«В Казахстане в прошлом году было принято много изменений в законодательство, в том числе была принята норма закона о СМИ, которая позволяет расценивать некоторые высказывания как пропаганду. То есть журналисты столкнулись с тем, что сейчас когда они готовят материал, они думают о том, не отнесут ли это к пропаганде.», – сказала Гульмира Биржанова, юрист ОФ «Правовой медиацентр» в интервью для CABAR.asia. (далее…)

«WHATSAPP» МУЗАФФАРРО 12 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА БУРД (САДО+ИНФОГРАФИКА)

CABAR.asia 07.05.18

Музаффар Хоҷабоев тариқи барномаи «WhatsApp» фирефтаи аъзои созмони террористии «ДИИШ» шудааст ва додгоҳро ўро беш аз 12 сол паси панҷараи низомаш шадид равон кардааст. На русском  (далее…)

Аз мардикорӣ то ба иштирок дар ҷанги Сурия

CABAR.asia 03.04.18

Хушбахтона бо кӯшиш ва муборизаи беамони ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба пайравон ва ҷонибдорони гуруҳи террористии “ДОИШ” нишон дод, ки дар якҷоягӣ метавонанд хатари ин гуруҳи ҷиноятпешаро дар кишварҳои амн пешгирӣ кунанд. Боиси таассуф аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи ин гуруҳҳо гашта ҷони худро аз даст дода наздикону пайвандонашонро ангушти ишораи дигарон гардонданд.

На русском

Яке аз ин нафарон Аҳтам Олимов, сокини маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад, ки моҳи марти соли 2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту он ҷо ба сафи гуруҳи террористии “ДОИШ” пайваст ва соли 2014 дар Ироқ боздошт шуд.

Аҳтам чӣ гуна шомили гуруҳи террористӣ шуд?

Юсуф Олимов, падари Аҳтам Олимов дар бораи чӣ гуна шомил гардидани писараш ба гуруҳи террористии ДОИШ-ро намедонад. Ӯ гуфт: “Аҳтам дар Вилояти Маскав ба мардикорӣ машғул буд ва доим бо мо дар тамос мешуду аз ҳар кораш моро бохабар мекард. Дар он ҷо дар корхонаи пластмасбарорӣ ҳамроҳи доғистониҳо як солу ду сол кор мекард. Тоҷикистон меомад, маблағ ҳам мефиристод, ҳамааш хуб буд. Охирин бор гуфт “ота ман даруни ҷангал коркунӣ меравам ва он ҷо  “связ” нест, ҳар вақт “связ” шуд ман телефон мекунам”. Мо аз ин тараф телефон мекардем, намешуд”.

Ба гуфтаи падари Аҳтам ин охирин занги телефонӣ бо писараш дар моҳи май ё июни соли 2013 буд.

– Хабари боздошти Аҳтамро аз журналистон шунидем, – гуфт Юсуф Олимов.

Харитаи аз муҳоҷират то ба “ҷиҳод”-и Аҳтам

Волидайни Аҳтам ба мо гуфтанд, ки ӯ дар ҳоле ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт, ки аз ҳамсараш пас аз се моҳи зиндагӣ ҷудо шуд ва ӯро пайваста наздикони ҳамсараш таҳдид мекарданд.  Ба гуфтаи волидайн, маҳз ҳамин таҳдидҳо ва қарздорӣ Аҳтамро маҷбур кард, ки ба Русия муҳоҷират равад.

АУДИО

Падари Аҳтам иброз дошт, ки фарзандаш пештар чандон мазҳабӣ набуд: «Намозашро як рӯз мехонд, як рӯз не. Дар ҳеҷ ҷо забони арабӣ наомӯхтааст. Бори охир гуфт, Подмосковие меравам, кор мекунам, бармегардам, намеравам Русия, дар ҷонам задааст».

Акси Аҳтам қабл ва баъд аз пайвастан ба гуруҳи террористии “ДОИШ”

Нашри видеои бозпурсии Аҳтам

11-уми сентябри соли 2014 дар шабакаи иҷтимоии YouTube  наворе аз шабакаи Al Belad News пахш гардид, ки дар ин навор Аҳтам Олимов дар бораи чӣ гуна пайвастанаш ба шабакаи террористии «ДОИШ»-ро қисса мекунад.

ВИДЕО:

https://www.youtube.com/watch?v=75FlG2b63fo

Аҳтам дар ин навор мавриди бозпурсӣ қарор мегирад, ки бо ин тарз сурат гирифтааст:

– Исми комил, макони таваллудат ва аз кадом кишвар?

– Олим Юсуф Маҳмадшариф, 25-сола, аз Душанбе, Тоҷикистон ҳастам.

-Ангезаат барои омадан ба Сурия ба ҷанг чӣ буда?

– Вақте мо фаҳмидем Давлати Исломӣ аст, ба ин хотир ин ҷо омадем.

-Бештар тавзеҳ бидеҳ. Яъне Давлати Исломӣ чӣ фаҳмидӣ? Кӣ туро овард Сурия?

– Абулвалид.

-Корат чӣ буд дар Русия?

– Мо дар Русия кор мекардем, стройка кор мекардем, дар ресторан кор мекардем.

-Чӣ қадар пул ба ту медоданд?

– Нуҳ, даҳ ҳазор рубл пул медоданд.

ӣ шуморо бо Давлати Исломӣ ошно кард?

– Абулвалид.

ӣ тавр бо шумо тамос гирифт?

– Ҳамин хел шинос шудем, мо розӣ шудем.

-Дар куҷо дидӣ ӯро ва чӣ тавр ошно шудӣ?

– Дар ҷойе, ки машқ мекардем, медавидем. Дар ҳамон ҷо суҳбат кардем, ошно шудем, даъват кард, қабул кардему омадем.

ӣ тавр расиди ба Сурия?

– Туркия омадем, се рӯз истодем. Баъд Сурия омадем.

ӣ овард он ҷо?

– Абулвалид.

ӣ қадар дар Туркия ва Сурия мондед?

– Чор рӯз дар Туркия мондем. Баъд Сурия даромадем, нуҳ моҳ дар Сурия мондем.

-Аз Русия то Туркия бо паспорт рафтӣ?

– Паспорт.

-Кадом шаҳри Туркия будӣ?

– Номи аэропортро фаромуш кардам.

-Кадом шаҳри Сурия рафтӣ?

– Намедонам, пиёда даромадем.

-Нуҳ моҳ дар Сурия будед ва намедонед дар кадом шаҳр будед?

– Дар Сурия маконамон Раққаҳ ва Сатта ъушрин буд.

– Сатта ъушрин шаҳр аст ё бодагон?

– Маҳалла.

ӣ қадар мондед?

– 14 рӯз.

-Бо кӣ байъат кардед?

– Умар Шишанӣ.

-Чанд нафар буданд дар бодагон?

– 18-20 нафар.

-Аз чӣ қавмиятҳое буданд?

– Араб, қафқоз…

ӣ силоҳҳоро омӯзиш медоданд?

– Силоҳ калаж, фақат калаж омӯзиш мекарданд. Тир надошт.

-Таърихи омаданат ба Сурия?

– Нуҳ моҳ пеш.

-Баъд аз он ки омӯзишро тамом кардӣ, куҷо рафтӣ?

– Дар Сурия мегаштем, бародарона кумак мекардем. Дар Раққаҳ зиндагӣ мекардем.

-Баъдаш куҷо рафтед?

– Ҳамон ҷо зиндагӣ мекардем.

ӣ тавр вориди Ироқ шудед?

– Абулвалид медонист, ки ман намедароям амалия … Гуфт меравем Ироқро тамошо мекунем. Вақте ки дохили Сурия даромадем.

ӣ тавр ворид шудед?

– Аз Сурия ба Ироқ бо мошин ворид шудем.

Ин навор соли 2014 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошта шуда буд, ки ба Аҳтам Олимов монанд аст.

Аҳтам : Ман дар Ироқ қарор дорам…

Ба гуфтаи Юсуф Олимов, падари Аҳтам “паёми зиндаву саломат будани Аҳтам ва дар куҷо қарор доштани онро аз намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Душанбе дарёфтем. Ин созмон бори дуввум аст, ки аз Аҳтам хабар меорад, ки ӯ зинда ва саломат аст. Мо низ дар ҷавоби ин мактуб ба ӯ дар бораи саломатии худамон нома навиштем”.

Як масъули Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Душанбе дар суҳбат бо мо мукотибаи Аҳтам Олимов бо волидонашро тасдиқ кард ва гуфт ин корро тибқи барномаи “Барқарории робита байни маҳбусон ва хонаводаҳояшон”-и Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх анҷом гирифтааст. Ин масъули Кумита оиди мукотибаи Аҳтам бо волидонашро бештар тавзеҳ надод ва гуфт: “Боздошт – ин яке аз омилҳои кандашавии робитаҳои оилавӣ дар давоми солҳои тӯлонӣ мебошад. Ҳангоми кор бо боздоштагон, Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС ) махфияти (конфеденсиал) маълумот оиди аъзоёни оиларо эҳтиром карда, оиди ин масъалаи зикршуда ё ягон парвандаи алоҳида, шарҳ дода наметавонад”.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки: “ба ҳамаи он боздоштшудагон дар Ироқ ё Сурия ва ё дигар кишвар, ки аз ҷониби КБСС хабар гирифта мешаванд, кӯмак пешниҳод карда мешавад, то ки бо аъзоёни оилаҳояшон тамос гиранд, агар ингуна кӯмак яз ҷониби мақомоти дахлдори боздоштгоҳ дастрас набошад. Ҳамагуна робитаи пешниҳодшуда – мактуб, “саломат” (мактуби саломатӣ), занги телефонӣ – бо мақомоти боздоштгоҳ муҳокима карда мешавад ва таҳти назорати онҳо мегузарад. Танҳо хабарҳои оилавӣ метавонад, ки боиси мубодила бошад ва намояндаи мақомоти дахлдори боздоштгоҳ (директори боздоштгоҳ, масалан) ҳамаи он мактубҳоро мехонанд, ё дар давоми занги телефонӣ ҳузур доранд. Ҳамаи ин ба хотири он аст ки ягон маълумоти сиёсӣ ё маълумоте, ки ба мурофиаҳои судӣ таъсир расонида тавонад, мавриди истифода қарор нагирад. Дар чаҳорчӯбаи асосҳои башардӯстӣ ва дастгирии оилаҳо оиди ҳуқуқҳои умумиашон, эҳтиром дар давраҳои осоиштагӣ ва ё низоъ, КБСС кӯмаки худро баҳри пайванди оилаҳо, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ҳангоме, ки зарур ва имконпазир аст, пешниҳод менамояд.

Дар соли 2016, КБСС 45000 боздоштшударо дар Ироқ хабар гирифт, то ки шароитҳои будубоши онҳо ва муносибат нисбати онҳо хуб бошад, 30 боздоштшударо ба боздоштгоҳи марказии Сурия гузаронанд. Барқарор кардани робитаҳои оилавӣ дар рафти боздид аз ҷониби КБСС мунтазам пешниҳод карда мешаванд”.

Нусхаи мукотибаи Аҳтам Олимов бо волидонаш:

ВКД: Бо мақомоти Сурияву Ироқ созишнома надорем

Тибқи иттилои сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, мақомоти қудратии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ барои истирдоди ҷангҷӯёни боздоштшуда дар кишварҳои Ироқу Сурияро надорад, аз ҷумла ӯ гуфт: “Айни ҳол бо кишварҳои Ироқ ва Сурия созишномаи истирдоди ҷинояткоронро надорем”.  Дар мавриди шумораи умумии боздоштшудагони ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ироқу Сурия, ҷаноби Умарҷони Эмомалӣ гуфт ин иттилоъ пешниҳод карда намешавад.

Прокуратураи генералӣ: Маълумоти оморӣ дар самти мубориза бо терроризм хусусияти махфӣ доранд

Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди омори боздоштшудаи ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар ва баргашти онҳо ба Тоҷикистон ва ба хусус дар мавриди тақдири Аҳтам Олимов дархости хаттӣ ирсол карда будем. Аз Прокуратураи генералӣ посух  бо имзои В.М Ваҳҳобов, муовини прокурори генералии ҶТ, генерал майори адлия ба мо ирсол гардид, омадааст: “Бинобар сабабе, ки маълумоти оморӣ дар самти мубориза бо терроризм хусусияти махфӣ доранд, пешниҳод намудани ин маълумотҳои дақиқ дар ин хусус ғайриимкон мебошанд”.

Дар як гузориши муассисаи тадқиқотии масоили амниятӣ дар Амрико Soufan Group, ки рӯзи 24-уми октябр нашр шуд, омадааст, то моҳи июли соли 2016 ҳузури 1600 ҷангҷӯи тоҷик дар Сурияву Ироқ сабт шудааст ва  147 нафар ба Тоҷикистон баргаштаанд.

“Надоштани заминаи динӣ ҷавононро гумроҳ кард”

Ҳуқуқшинос ва коршиноси масоили амниятӣ Абдуллоҳи Муҳаққиқ бар ин назар аст, ки “надоштани заминаи динӣ дар хурдсолӣ ҷавонони тоҷикро гумроҳ карда ва ба ҳарфҳову шиъорҳои бепояи террористон фирефта шуданд. Тибқи тадқиқоти мо навад дарсади касоне ки ба ин гуруҳҳо шомил гаштаанд, дониши базавии мазҳаби ҳанафиро надоранд, ҷавонон фирефтаи муллоҳо ва “мавлавӣ”-ҳои бемазҳаб ва зархарид гашта ба ватану миллати хеш, ба волидайни хеш хиёнат карданд. Бинобар надоштани иттилооти мазҳабӣ ҷавонони гумроҳшуда ормон ва орзуҳои имонии худро дар канори Абубакри Бағдодӣ ва Бини Лоданҳо ҷуё мешаванд”.

– Дер нашудааст китоби “дарси мазҳабшиносӣ” бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯмаки донишмандони ҳанафимазҳаб таҳия карда шавад ва ин дар мактабҳои ҷумҳурӣ дарс дода шавад. Вақте ҷавон огоҳ аз масоили мазҳабӣ мегардад, ҳаргиз фирефтаи миссионерҳои хориҷии бемазҳаб дар либоси воъиз ва ходими дин намегардад, – изҳор медорад Абдуллоҳи Муҳаққиқ.

Ба ақидаи ин коршинос “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалии худро дар заминаи ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон иҷро мекунад. Новобаста аз ин ки шахс ҷиноят содир мекунад, ҳамчун инсон ҳуқуқ ба ҳаёт ва зинда монданро қонунгузории Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ таъмин кардааст”.

Аҳлиддин Салимов

Бознашр аз сомонаи Оҷонсии иттилоотии “Азия плюс”

Ин таҳқиқоти журналистӣ дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.