© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Шабакаҳои иҷтимоӣ фазое барои кибертеррористҳо

13 марти соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура ба кормандони ин ниҳод ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки “муборизаро бо ҷиноятҳои иттилоотӣ, кибертерроризм ва ҷиноятҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ содир мегарданд, ҷоннок намоянд”.


Таҳлилагарон ба ин назаранд, ки фаъол будани рӯҳониёни расмӣ ва мӯътадили динӣ дар фазои маҷозӣ, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси паст гардидани сатҳи ифротгароӣ шуда метавонад. Чунки гурӯҳҳои террористӣ барои ҷалби афрод ба сафи хеш аз интернет васеъ истифода мекунанд, вале руҳониён барои таблиғи ғояҳои инсондӯстонаи дин тавассути фазои маҷозӣ  қафо мемонанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки 27 феврали соли равон доир шуд, амнияти иттилоотӣ  баррасӣ гардида, дар он зикр шуд, ки кибертеррористҳо бо интишори маводҳои аудиовизуалӣ, аксу видеоҳои махсуси таъсиррасон машуғаланд ва 80 дарсади иштирокчиён дар ҷангҳои мазҳабӣ аз Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интернетӣ ба такшилотҳои террористӣ шомил шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, феълан 1,6 миллион нафар аҳолии кишвари мо ба интернет дастрасӣ доранд ва ин тахминан 19 % -и аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Моҳи феврали соли 2018 бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҷомадов Нурхон Амрохонович бо моддаҳои 32 қисми 3 — 401 прим 1 Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои сӯиқасди ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо  гунаҳгор дониста  шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин гардид.
Ба иттилои Прокуратураи генаралии Тоҷикистон “Ҷомадов Нурхон Амрохонович барои он гунаҳкор дониста шуд, ки ӯ моҳи июни соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Владивастоки Федератсияи Русия рафта, ҳангоми дар онҷо қарор доштанаш тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетии “Одноклассники” ва “Зелло” ба аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии бо ном “Давлати Исломӣ” Абдураҳмон Гадоев, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум мебошад шиносоӣ пайдо намуда, даъватҳои ӯро оиди иштирок дар ҳайати ин ташкилоти террористӣ дар ҳудуди Сурия қабул ва ҷонибдорӣ намуда, сипас қасди ба Сурия рафтан ва дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ “ҷиҳод” содир намуданро кардааст.”
Ба иттилои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2017 зиёда аз 1 ҳазору 300 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта ошкор гардида, беш аз 390 нафар ҷонибдорон ва пайравони ин ҳаракатҳо дастгир гардидаанд. Вай мегӯяд, шумораи муайяни ин ҷинояткорон дар давлатҳои хориҷӣ дастгир шуда, ба Тоҷикистон интиқол шудаанд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, бо вуҷуди фаъол будани сомонаҳои Маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ, ва маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавонон бештар ба шиорпартоиҳо рӯй меоранд ва 80%-и гарвидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути фазои маҷозӣ (электронӣ) иттифоқ афтодааст: “Шаҳрвандон метавонанд суолҳои худро, ки вобаста ба аҳкоми дин ба Маркази исломӣ тавассути телефони фаъолва почтаи электронӣироа созанд ва муроҷиатҳо ҳам ҳастанд”, -ёдовар шуд  ӯ. Дар сомонаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон телефонҳо барои муроҷиат 2242511; 2211645 ва почтаи электронии info@shuroiulamo.tj нишон дода шудааст.
Раиси Кумита оид ба корҳои дин мегӯяд, якҷо бо гурӯҳи корӣ, ки иборат аз ходимони дин ва кормандони Кумита оид ба корҳои дин ҳастанд дар муҳоҷират корро  ҷоннок менамоянд, чунки аксар ҷавонон дар муҳоҷират мағзшӯӣ шудаанд.
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти фаронсавии пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ чанде қабл ҳамоишеро зери унвони “Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ” доир намуда буд, ки зимни ин ҳамоиш, дар мавриди ҳамкории ниҳодҳои иҷтимоӣ, дар самти пешгирии ифротгароӣ изҳори назар шуда, нақшу имконият ва зарфияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва уломаи динӣ тазаккур шуда буд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, уламои динӣ, ки дар ҷомеаи мо обрӯву нуфӯзи фавқуллода доранд, метавонанд дар самти паст кардани ифротгароӣ нақши муайян дошта бошанд, аз ҷумла барои шаҳрвандон нуктаҳои таҳмулгаронаи дини мубини Исломро муаррифӣ намуда, ҳадафҳоеро ки гурӯҳҳои ифротӣ доранд уламои динӣ бозкушоӣ намоянд. Омили сӯистифода шудани дин аз ҷониби ин гуруҳҳои ифротгароиро барои нафарони оддӣ шарҳ диҳанд.
Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, шуъбаи таҳлили иттиллот ва ташхиси Маркази исломшиносӣ таҳлили муҳтавоии гароишҳову андешаҳои ифротгароёнае, ки дар фазои иттилоотии тоҷикзабон, аз ҷумла интернет ва шабакҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, мегузаронад.
“Воқеан барои пешгирӣ аз густариши андешаҳои тундгароёна дар фазои иттилоотӣ ба вижа интернет бояд ҳамкории ҳамҷонибаи корбарон ва ҳам фаъолони фазои иттиилоотӣ ва ҳамчунин мақомоти гуногуни марбута ба роҳ монда шавад”,-таъкид менамояд ӯ.
Онҳое ки барои шират дар ҷангҳои Ховари Миёна рафтаанд, касе кафолат намедиҳад, ки зинда мемонанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ҳудуди 150 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷангҳо ҳалок шудаанд. Инчунин  дар чанд соли ахир беш аз 111 нафар шаҳрвандони тоҷик ихтиёрӣ аз ин ҷангҳо ба Ватан баргаштанд.
Сафарбек Кабиров
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.