© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Сардаргумӣ дар арзиши интернети мобилӣ дар Тоҷикистон: чаро боло бурда шуд ва барои чӣ “ба ҳолати аввала” баргашт?

Чаро қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди боло бурдани таърифаҳои интернети мобилӣ танҳо як ҳафта амал кард?


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


Қарори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 марти соли 2019 таҳти №31 – “Дар бораи таърифаҳои алоқаи барқӣ” ҳамагӣ давоми як ҳафта амал кард. 18 апрел мавриди амал қарор гирифт ва 24 апрел бекор карда шуд.  

Як рӯз қабл аз бекор шудани қарори мазкур, 23 апрел дафтари матбуоти раисҷумҳур эълон кард, “нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд”. Дафтари матбуоти президент ҳамчунин изҳор дошт, “нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд”.

Худи ҳамон рӯз сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода аз вазифа озод ва муовини раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардид.  

Ба ин зудӣ бекор шудани тасмими Хадамоти зиддиинҳисорӣ саволеро дар зеҳнҳо халқ мекунад, ки чаро қарор дар бораи боло бурдани арзиши интернет қабул гардид?

Фарзияи мансабдорон: Пул ва ҳифзи биноӣ 

Назар Одиназода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон 15 апрел дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, тасмими боло бурдани таърифаҳо пас аз омӯзиши вазъи бозор гирифта шуд.

“Зарурати он аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ба шароити иқтисоди бозоргонӣ мусоидат намудани тарофаҳои алоқаи барқӣ аст. Дигар чиз нест. Яъне, ки тарофаҳои алоқаи барқӣ бояд пурра хароҷотро пӯшонанд ва фоидаи муайяни ширкати мобилӣ бояд бошад”,-таъкид намуд Назар Одиназода.

Ба таъкиди Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа бошад, боло рафтани арзиши интернети мобилӣ ба шаҳрвандон кумак мекунад, то саломатӣ ва вақти худро эҳтиёт кунанд.  

“Бо баланд шудани арзиши интернет одамон аз он сарфакорона истифода мебаранд. Камтар бозӣ мекунанд ва биноии худро аз даст медиҳанд, саломатии худро эҳтиёт мекунанд”,-изҳор дошт Илҳом Атоев дар суҳбат бо “Asia-Plus”.

Ин дар ҳолест, ки 26 январи соли равон Илҳом Атоев дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, Тоҷикистон қасд дорад, трафики воридии интернетро ба кишвар 2,5 баробар афзоиш дода, нархи онро барои истифодабарандаҳо поин намояд.  

Коршиносон: иқдом бо назардошти интихобот ва манфиати гуруҳҳои тиҷорӣ сурат гирифт

Нурали Давлат. Photo: RFE/RL

Коршиносон бар инанд ки тасмими мазкур бо ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ роҳандозӣ шуд. Ба андешаи сиёсатшинос Нуралӣ Давлат, яке аз ҳадафҳои боло бурдани нархи интернет талош барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоъ дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ буд. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон интихоботи президентӣ 1,5 сол баъд, тирамоҳи соли 2020 баргузор мешавад.  

“Боло бурдани арзиши интернет чанд ҳадафи мушаххас дошт, аз ҷумла афзоиши ҷамъоварии молиёт ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот барои аҳолӣ то интихоботи президентӣ”,-гуфт Нуралӣ Давлат.

Мавриди тазаккур аст, ки аз ин пештар – моҳи феврали соли оянда дар Тоҷикистон баргузории интихоботи парлумонӣ дар назар аст.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, боло бурдани таърифаҳо барои гуруҳҳои муайян, ки дар бозори телекоммуникатсия фаъоланд, судманд буд.

“Ҳар далели пешниҳодкардаи ҳукумат дар бораи боло бурдани таърифаҳои интернет беасос, пуч ва хандадор буд. Ба эҳтимоли зиёд, ин қарор манфиати бархе гуруҳҳоро дар назар дошт, то ҷайбҳои худро пур кунанд. Инчунин ҳадафи он маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба иттилоот буд”,-меафзояд, Нуриддин Қаршибоев.

Қарор бекор шуд, зеро ҳама норозӣ буданд

Коршиносон муътақиданд, ки нигаронии шадиди на танҳо шаҳрвандони оддӣ, балки ҷонибдорони ҳукумат далели бекор кардани қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гардид.   

Шореҳи тоҷик Нуралӣ Давлат мегӯяд, аз гарон шудани арзиши интернет онҳое ҳам изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳеч иртиботе ба сиёсат надоштанд. Ба вижа, хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки интернет ва алоқаи мобилӣ роҳи аслии иртиботи онҳо ба ҳисоб меравад.

“Боло бурдани арзиши таърифаҳо ҳатто сабаби норизоиятии онҳое шуд, ки ҳамеша ташаббусҳои президентро ҷонибдорӣ мекарданд. Зеро ин афрод ҳам бо сатҳи даромаде, ки доранд, наметавонистанд хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернетро пардохт кунанд”,-таъкид мекунад Нуралӣ Давлат.

Аз 18 апрел ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳаҷми як мегабайт интернетро бо назардошти ААИ ва аксиз 6,2 дирам ва як гигабайтро 62 сомонӣ (бештар аз 6 доллари ИМА) муайян карданд. Қаблан арзиши як гигабайт ба 30-35 сомонӣ (наздики 3-3,5 доллар) баробар буд.

Бар пояи иттилои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, музди миёна дар кишвар 1169 (тақрибан 110 доллар)-ро ташкил медиҳад. Дар сурати бекор нашудани қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ба ҳисоби коршиносон, бештари кормандони буҷавӣ маҷбур буданд барои 10 гигабайт интернет нисфи маоши якмоҳаи худро сарф кунанд.    

Ба бовари коршиносон, якбора боло рафтани нарх, сабаби нигаронии шадиди шаҳрвандон, новобаста аз мақоми иҷтимоияшон гардид. 

Нуриддин Қаршибоев. Photo: RFE/RL

Нуриддин Қаршибоев мутмаин аст, ки маҳз нигаронии мардум сабаб шуд, қарор дар бораи боло бурдани таърифаҳои интернет бекор карда шавад.

“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумон карданд, ки мардум чанд рӯз сару садо мекунад ва пасон маҷбурӣ аз ин қарор итоат менамояд. Аммо садоҳои эътирозӣ то замоне ки қарори мазкур бекор нашуд, хомӯш нагардид”,-гуфт Қаршибоев.  

Оё раисҷумҳур хабар дошт?

Бекор шудани қарор дар мавриди боло бурдани таърифаҳо сабаб шуд, то як гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз президент ситоиш карданд. Ин ҳолат, ҳатто андешаҳоеро ба миён овард, ки иқдоми мазкур маҳз ба хотири боло бурдани рейтинги президент роҳандозӣ шуд. Гуруҳи дигари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бар ин буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз вазъ огаҳӣ надошт.    

Аммо коршинос ва таҳлилгари CABAR.asia Муслим Буриев бо ҳардуи ин нуқтаи назар мувофиқ нест.

“Ба андешаи ман, раисҷумҳур хабар дош, ки чунин лоиҳаи қонун амалӣ мешавад, аммо намедонист, ки вокуниши ҷомеа то ин ҳад шадид хоҳад шуд. Ҳадаф ин буд, ки камбуди буҷа пур карда шавад, ин барои президент ва тамоми ҳукумат хеле муҳим аст”,-гуфт Муслим Буриев. 

Муслим Буриев. Photo: CABAR.asia

Дар ҳамин ҳол, Буриев эътироф кард, ки бекор шудани қарор дар мавриди боло бурдани арзиши интернет “вокуниши мусбие дар пай дошт ва дар натиҷаи он мизони пуштибонӣ аз президент боло рафт”.

“Аммо ман аз хулосабарорӣ дар ин маврид, ки ин кор иқдоми тарҳрезишуда дар доираи интихоботи президентӣ аст, худдорӣ мекардам. Гузашта аз ин, гумон аст чунин тасмим ба сатҳи пуштибонии президент дар тамоми кишвар таъсиргузор мебуд”,-таъкид мекунад Буриев. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бекор шудани қарори мазкурро пирӯзии шаҳрвандон медонанд. Аммо ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд роҳат бошад. Ба гуфтаи ӯ, мақомот имкон дорад, бори дигар ин тасмими худро бознигарӣ намуда, нархҳоро боло бардорад. 

“Ин эҳтимол ҳамеша ҳаст. Ин орзуи деринаи мақомоти давлатӣ аст. Пас аз мағлубият амр доданд, то суръати интернет коҳиш дода шавад. Фикр мекунам, мардуми аз суръати заифи интернет нигарон, розӣ мешавад, ки бештар пардохт намояд. Олиҷаноб мешуд, агар дар худи ҳукумат нафаре пайдо мегардид, ки арзиши интернетро дарк мекард. Дар ин сурат мушкилот ҳал мешуд”,- андеша дорад Қаршибоев.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: