© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR миёни омӯзгорони факултаҳои рӯзноманигории Осиёи Марказӣ барои иштирок дар мактаби расонаии CABAR.asia озмун эълон мекунад

IWPR дар Осиёи Марказӣ дар доираи Мактаби расонаии CABAR.asia миёни омӯзгорони факултаҳои рӯзноманигорӣ барои иштирок дар тренинг барои тренерҳо дар мавзӯи расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ озмун эълон мекунад.


Дархостҳо то 11 июли соли 2019 қабул карда мешаванд.

Тренинги омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе, аз 20-25 августи соли 2019 гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни тренинг иштирокдорон донишу малакаи худро перомуни махсусиятҳои кори расонаҳои нав дар ҷаҳони муосир, рӯзноманигории рақамӣ, сарчашмаи трафик барои сомонаҳои хабарӣ, рӯзноманигории марбут ба инъикоси масоили гендерӣ ва низову авзои ҳассос, инчунин сторителлинг дар журналистика баланд мебардоранд.

Бар илова, иштирокдорон маҳорати ташкил ва баргузор намудани машғулиятҳои онлайнӣ ва бедор кардани ангезаи донишҷӯён барои фаъолиятҳои амалиро аз худ мекунанд. Ба сифати тренер дар ин машғулиятҳо рӯзноманигорон, муҳаррирон ва блогерони касбӣ аз Русия, кишварҳои Аврупои Шарқӣ, инчунин тими IWPR иштирок мекунанд. Забони кории тренинг забони русӣ мебошад.

Хароҷоти марбут ба иштироки ширкаткунандаҳо дар Мактаби расонаии CABAR.asia (нақлиёт, будубош ва ғизо) аз ҷониби Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ пардохт карда мешавад.

Шартҳои иштирок

Иштирок дар Мактаби расонаии CABAR.asia баргузории ҳатмии тренингҳо барои донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ дар донишгоҳҳоро дар назар дорад.

Талабот:

  • Таҷрибаи фаъолияти омӯзгорӣ, на камтар аз 2 сол;
  • Дар замони пешниҳоди дархост омӯзгори факултаи рӯзноманигорӣ будан;
  • Доштани маҳорати гузаронидани машғулиятҳои интерактивӣ;
  • Донистани забони русӣ (шифоҳӣ ва хаттӣ);
  • Пазируфтани баргузор кардани ҳатмии се ё бештар аз он машғулият/машваратҳои иловагӣ (берун аз дарсӣ) бо донишҷӯён;
  • Омодагӣ барои истифодаи технологияҳои муосир дар таълим

Барои иштирок дар озмун пур кардани онлайн-варақа зарур аст:

  • Ҳолнома (на зиёдтар аз як саҳифа);
  • Мактуби шарҳӣ (бо ҷавоб гуфтан ба саволҳои зерин: 1. Чаро мехоҳед иштирок кунед ва чаро бояд ба ин тренинг пазируфта шавед? 2. Донишҳои андухтаро дар амалия чӣ гуна истифода мекунед? 3. Пас аз давраи омӯзишӣ дар кадом мавзӯъ мехоҳед тренинг баргузор кунед ва чаро?);
  • Мактуби тавсиявӣ аз садорати донишгоҳ;

Охирин муҳлати қабули дархостҳо: Соати 23:00 (ба вақти Бишкек, GMT +6)-и 10 июл. Танҳо довталабони барои иштирок интихобшуда мактуби огаҳӣ дарёфт мекунанд.

Барои маълумоти бештар ба рақамҳои зерин тамос гиред. +996 (312) 313411, FB&IG: school.cabar ва ё бо e-mail: begaiym@iwpr.net.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: