© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҳолатҳои худкушӣ дар Тоҷикистон таҳқиқношуда мемонанд

Занони ҷавон онро ягона роҳи халосӣ аз хушунати хонаводагӣ мешуморанд.
На русском
Фариза Хуҷаназари 21-сола, сокини  деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвори Тоҷикистон моҳи феврал дар хонаи шавҳараш даст ба худкушӣ зад. Аз ӯ ҳоло як писарбачаи ширхор боқӣ монда, худ дар моҳи севвуми ҳомиладорӣ қарор дошт.
Фариза ду сол буд, ки бо Ҳикматулло Ҷӯрабеков издивоҷ карда буд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳамеша ба волидони худ шикоят мекард, ки хешовандони шавҳараш бо вай муносибати бад доранд.
Падараш Хуҷаназар Алиев дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, духтари ӯ аз замоне, ки ба хонаи шавҳараш рафт, хушбахт набуд. Ба гуфтаи Алиев, ӯ бори охир бо Фариза як рӯз пеш аз худкушиаш, 10 феврал сӯҳбат карда буд. Духтараш он рӯз ба вай занг зада, 16 феврал зодрӯз доштани писарчаашро хотиррасон кардааст.
Ҷасади Фаризаро 11 феврал пайдо карда, як рӯз баъд дар зодгоҳаш ба хок супориданд. Вале 16 феврал ҷасади ӯро бо дархости волидонаш барои ташхис дубора аз хок берун оварданд. Зеро волидони Фариза ба худкушии духтарашон шубҳа доштанд.
Ҳарчанд кормандони ҳифзи ҳуқуқ шавҳар ва хушдомани Фаризаро ба он айбдор карданд, ки ӯро ба худкушӣ расонидаанд, тафтишот ҳанӯз ҳам идома дорад.
Афзоиши якбораи ҳолатҳои худкушӣ, ки дар пайи муносибатҳои нохуби хешовандони шавҳар сурат мегиранд, мавҷи нави баҳси мушкили занони ҷавон ва издивоҷҳои нокоми онҳоро дубора дар ҷомеаи тоҷик ба миён овардааст.
Сатҳи баланди ҳолатҳои худкушӣ дар миёни занони ҷавони тоҷик, аз ҷумла дар деҳот дер боз нигарониро дар ҷомеъа ба бор овардааст.
Дар ҷомеаи тоҷик арӯс баъд аз тӯй ба таври анъанавӣ ба хонаи падару модари шавҳараш кӯч баста, вазифадор аст, ки корҳои пухту паз ва умури хонаи оилаи бузургро ба зимма бигирад. Ин анъанаҳои муҳофизакорона маънои онро дорад, ки ӯ дастгирии хешовандони худашро аз даст медиҳад.
Бори охир ҳодисае дар ҷомеа ва матбуот баҳсҳоеро ба бор оварда буд, ки тобистони соли 2017 рух дод. Он замон Раҷаббии Хуршед, сокини 18-солаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баъди 40 рӯзи арӯсияш заҳролуд шуда буд.
Ӯ пеш аз марги худ дар беморхона гуфт, шавҳараш Зафар Пиров вайро таҳқиру латтукӯб карда, айбдор мекунад, ки бокира нест. Он замон изҳороти видеоии Пирови 24-сола дар ин бобат низ дар Интернет нашр шуд.
Дар натиҷаи Пиров бар пояи банди 109 (расонидан то ба ҳолати худкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Хушунати хонаводагӣ ҳарчанд дар оилаҳои тоҷик ба таври густарда реша давондааст, вале дар ҷомеа қабул надоранд, ки мушкили хонаводагӣ ба берун бароварда шавад. Бинобар ин, дар ин гуна ҳолатҳо мушкили занони ҷавон, ки ба хотири раҳоӣ аз сахтиҳои хонаводагӣ даст ба худкушӣ мезананд, ҷиддӣ гирифта намешавад.
Ҳодисаи дигаре, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ҷалб кард, худкушии Алифмо Худойназароваи 28-сола аз деҳаи Лангар аст. Ҷасади ӯро баъди як моҳи бедаракшавияш аз рӯдхонаи Вахш пайдо карданд.
Муайян кардани шумори дақиқи ҳолатҳои худкушӣ миёни занони ҷавони тоҷик хеле мушкил аст, чун дар оморе, ки ниҳодҳои гуногуни зиддахли Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, таноқузи зиёд вуҷуд дорад.
Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи занони Тоҷикистон гуфт, шумори ҳолатҳои худкушӣ дар миёни занон коҳиш ёфтааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бештари ин ҳолатҳо дар пайи эҳсосот ва мушкилоти хонаводагӣ рух додаанд. Ҳарчанд ҳолатҳои ахире, ки дар расонаҳои Тоҷикистон бозтоб шуданд, ба мушкилоти равонӣ рабте надоштанд.
Ба гуфтаи нозирони умур, занони ҷавон баъзан барои он даст ба худкушӣ мезананд, ки мушкилоти хонаводагӣ як кори хусусӣ маҳсуб ёфта, талоқ гирифтанро дар ҷомеа он қадар хуб қабул надоранд.
Ҳомии ҳуқуқ Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ин гуна ҳолатҳо бояд боиси нигаронии ҷомеаи тоҷик бошад. «Зан бо ин амали худ зидди шавҳар, хушдоман ва онҳое, ки бо ӯ муносибати бад доранд, эътироз баён мекунад. Ин як навъи қасосгирист, ки ғалат мебошад», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Воҳидова, занони ҷавон ба таҳсил ва дастгирӣ ниёз доранд, то тавонанд мушкилот ва сахтиҳои хонаводагии худро ҳал кунанд.
«Бо назардошти арзишҳои динӣ бояд ба онҳо фаҳмонд, ки худкушӣ дар Ислом ҳаром ва гунуоҳи бузург аст. Ҳамчунин ниҳодҳои зиддахли давлатӣ низ барои пешигирии ин раванди номатлуб бояд талошҳои зиёде анҷом диҳанд», — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Банди 109-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон расонидан ба худкуширо ҷинояти вазнин мешуморад ва барои он аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Вале дар ин гуна ҳолатҳо айби ҷониберо исбот кардан хеле душвор аст, чун аъзои хонавода одатан талош мекунанд, ба хотири гурез аз маломати ҷомеа ҷузиёти онро пинҳон нигаҳ доранд.
Ҷомеашинос  Сафарбӣ Пӯлодова мегӯяд, занони тоҷик озору азият шудани худ аз дасти шавҳар ва хешовандони ӯро бо дигарон одатан дар миён намегузоранд.
«Онҳо талош мекунанд, ки обурӯи худу наздиконашонро ҳифз кунанд. Дар бораи озору азият шудани худ бо расонаҳо ё оммавӣ суҳбат намекунанд. Бинобар ин, мардҳо дар бештари маврид беҷазо мемонанд», — афзуд ӯ.
Табиб Сабоҳат Ҳомидова мегӯяд, мушкил дар он аст, ки занон оқибати амали худро фикр накарда, даст ба он мезананд.
«Зан мемирад, вале дарду ғами ӯ ҳамеша дар қалби наздиконаш хоҳад монд. Фикр намекунанд, ки ягон зан мисли худи онҳо бо фарзандонашон меҳрубон нахоҳад буд», — гуфт Ҳомидова.
Равоншиноси тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров мегӯяд, як қатор тадбирҳое вуҷуд доранд, ки ба поин бурдани шумори ҳолатҳои худкушӣ мусоидат мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, таъсиси марказҳои буҳронӣ, гузаронидани маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ- иттилоотӣ дар расонаҳо, таъмини дастрасии занон ба машваратҳои равоншиносӣ метавонанд дар ҳалли ин мушкил кумак  кунанд.
«Бояд ба сабабҳои даст ба худкушӣ задани занон, аз ҷумла бемории равонӣ, тӯҳмат, баҳсҳои хонаводагӣ, қасос, хушунати доимӣ ва омилҳои дигар таваҷҷуҳ кард», — афзуд Кабиров.
Данный материал подготовлен в рамках проекта «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», реализуемого при финансовой поддержке Министерства иностранных дел Норвегии.