© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR ва Академияи САҲА зарфияти коршиносони ҷавони Осиёи Марказиро афзоиш хоҳанд дод

Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) ва Академияи САҲА дар Бишкек ба татбиқи тарҳи сесола барои тақвият додани имкониятҳои таҳлилгарону журналистони ҷавон дар минтақаи Осиёи Марказӣ шурӯъ менамоянд.

Photo credit: the OSCE Academy in Bishkek

Дар баробари мушкилоти афзоянда ва ба вуҷуд омадани хатарот, минтақаи Осиёи Марказӣ ҳар чӣ бештар ниёз ба мутахассисони худӣ, ки қудрати таҳлил ва баҳодиҳӣ ба вазъият дар ҳар минтақаро доранд, пайдо мекунад. Ин коршиносон ҳамчунин роҳҳали мушкилот ва муносибат ба онро дар ҷомеъаи муосир бояд пешниҳод намоянд.

Тайи се соли оянда Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ ва Академияи САҲА дар Бишкек тариқи силсилабарномаҳои назариявӣ ва амалӣ барои ташаккулу омода кардани шабакаи ҷадиди коршиносони ҷавон ва журналистони таҳлилгар иқдом мекунанд. Ин доираи коршиносон пас аз итмоми давраи омӯзиш барои мақомоти давлативу ҷомеъа таҳлилҳои босифат пешниҳод хоҳанд сохт.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати умури хориҷаи Норвегия маблағгузорӣ мешавад. Муовини роҳбари ВУХ-и Норвегия дар умури Русия, Авруосиё ва Ҳамкории минтақавӣ Хелен Санд Андерсен қайд кард, ки Осиёи Марказӣ- минтақаи хеле муҳим аст, аз ин рӯ Норвегия алоқаманди рушду тавсеъаи ҳамаи панҷ кишвари минтақа мебошад.

“Барои мо ҳимоят аз насли ҷадиди коршиносон хеле муҳим аст ва мо аз оғози як чунин барнома хушнуд ҳастем. Ин лоиҳа ҳамкории ду шарики муҳими мо- Академияи САҲА дар Бишкек, ки магистрҳоро омода менамояд ва IWPR, ки хабарнигорони мустақилу таҳлилгаронро омӯзиш медиҳад, тақвият мебахшад. Мо ин ташаббусро ҷонибдорӣ мекунем ва бесаброна натиҷаҳои онро интизор мешавем”,- иброз дошт бону Хелен Санд Андерсен.

Александер Волтерс, раиси Академии САҲА дар Бишкек ва Абахон Султонназаров, роҳбари Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ. Photo credit: the OSCE Academy in Bishkek

Роҳбари Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ Абахон Султоназаров изҳори боварӣ кард, ки баъди ду сол дар минтақа коршиносону журналистони ҷавону ҳирфаӣ, ки бо донишу зарфияташон дар рушду тавсеъаи кишвари худ ва ҳамсояҳо нақш хоҳанд гузошт, рӯйи кор хоҳанд омад.

“Академияи САҲА дар Бишкек пойгоҳи қавии илмӣ ва академикӣ дорад, IWPR дар Осиёи Марказӣ бошад, ба бахши таҳлилу коршиносӣ тамаркуз мекунад. Ҳамкории муштарак ва роҳандозии ин барнома дар ҳамҷоягӣ барои ташаккули насли нави коршиносон ва хабарнигорон, ки имкони таҳияи матолиби босифати таҳлилиро доранд, кӯмак хоҳад кард”,- афзуд Абахон Султоназаров.

Аз чап ба рост: Сафири Норвегии дар кишварҳои ОМ- Оле Ҷоҳан Берноу, А. Волтерс, А. Султонназаров, Эллен Стие ва Хеллен Санд Андерсен

Александер Волтерс, сарвари Академии САҲА дар Бишкек аз ташаббусу кӯмак ба лоиҳаи мазкур изҳори хушнудӣ карда гуфт, ба ҳам омадани зарфиятҳо ва таҷрибаи ду созмони бонуфузи таҳлилӣ ҷиҳати тарбияи коршиносону журналистони оянда нақши мусбат мебозад.

22 феврал дар Академияи САҲА маросими тасвиби лоиҳа сурат пазируфт. Дар ин нишаст ҳамчунин, Оле Ҷоҳан Берноу, Сафири Норвегия дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистону Туркманистон ва Эллен Стие, мушовири аршади ВУХ-и Норвегия дар умури Русия, Авруосиё ва Ҳамкории минтақавӣ ширкат варзиданд.

Мӯҳтавои лоиҳа

Иштирокчиёни барнома, ки дар асоси озмун аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ интихоб мешаванд, соли аввал давраи омӯзишии вижаро дар Мактаби тобистона фаро мегиранд. Дар ин марҳила онҳо бо мушкилоти минтақа ошно гардида, ҷанбаҳои аслии таҳлили коршиносиро меомӯзанд, инчунин аз мутахассисони варзидаи минтақа ва коршиносони даъватшуда аз хориҷа машваратҳои муфид хоҳанд гирифт.

Пас аз хатми Мактаби тобистона, коршиносони ҷавон ба намояндагиҳои IWPR дар Осиёи Марказӣ барои таҷрибаомӯзӣ ва омода кардани гузоришу маводи таҳлилӣ таҳти сарпарастии муҳаррирону коршиносони Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ фиристода мешаванд.

Матолиби коршиносони ҷавон дар пойгоҳҳои таҳлилии cabar.asia – лоиҳаи IWPR, ки  се сол боз ба доираи васеъи хонандагон, мақомоти давлатӣ ва ҷомеъаи коршиносон маводи босифати таҳлилӣ пешниҳод менамояд, ба нашр хоҳанд расид.

Ҳамзамон, IWPR ҳамҷоя бо коршиносони оянда татбиқи як чунин тарҳро бо журналистони ҷавон ба роҳ мемонад. Хабарнигорони ҷавон, ки тариқи интихоби кушода дар кишварҳои минтақа баргузида мешаванд, дар Мактабҳои тобистона омӯзиш мегиранд ва дар дафтарҳои IWPR ба таҳияву банду басти маводи чандрасонаӣ (мултимедӣ), матолиби таҳлилӣ, инчунин навиштани гузоришу мақолаҳои таҳлилӣ оғоз мекунанд. Маҳсули кори онҳо дар пойгоҳҳои хабарии cabar.asia ва шабакаҳои iwpr.net ба нашр хоҳанд расид.

Баъди анҷоми даври аввал гурӯҳи иборат аз коршиносону журналистони фаъол, барои таҷрибаомӯзӣ ба Аврупои Шарқӣ фиристода мешаванд. Онҳо дар ин мамолик авзоъи минтақаро омӯхта, ба ислоҳоти фарогир ошно шуда, бо ҳамтоёни маҳаллиашон табодули таҷриба ва дониш мекунанд, аз таҷрибаи онҳо барои кори беҳтару хубтари худ дар оянда сабақ хоҳанд гирифт.

Ба ғайр аз барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ), Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ бо кӯмаки Академияи САҲА дар Бишкек ва марказҳои таҳлилӣ, силсилаи мубоҳисаҳои онлайнӣ-ҷамъиятиро дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақаӣ, ки ба татбиқи волоияти қонун, риояи ҳуқуқи инсон, бартарафсозии низоъ (муноқиша)-ҳо, ифротгароӣ ва тақвияти озодии ВАО нигаронида мешаванд, роҳандозӣ мекунад.

Хатмкунандагони барнома аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шабакаи ягона муттаҳид гардида, дар чорчӯби иттиҳодия мулоқот баргузор менамоянд, мустақилона чорабиниҳо доир месозанд ва табодули таҷриба мекунанд.

Дар қисмати ниҳоии лоиҳа ташаккули гуруҳи коршиносон ва журналистони ҷавон ба назар гирифта шудааст, ки онҳо қодир ба тавлиди маводи таҳлилӣ ва рӯзноманигорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳанд буд.