© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад

Гарон шудани интернет дар Тоҷикистон сабаби афзоиши молиёти хазинаи давлат намешавад, аммо метавонад ба комилан коста гардидани бозори интернети мобилӣ дар кишвар оварда расонад, мегӯянд коршиносон.


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


English На русском

Бар пояи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон шурӯъ аз 27 марти соли 2019 арзиши интернет дар кишвар ду баробар зиёд мешавад. Тамоми ширкатҳои мухобиротӣ муваззаф мешаванд, 1 гигабайт интернетро бо арзиши 63 сомонӣ ($6,68) бо иловаи ААИ бифурӯшанд. Феълан, як гигабайт интернет 30-35 сомонӣ ($3,7) қимат дорад.

Нусратулло Давлатзода. Photo: Asia-Plus
Ин тасмими мақомоти тоҷик ҳанӯз 14 феврал дар нишасти хабарии Кумитаи андози Тоҷикистон садо дод. Он замон раҳбари ин ниҳод — Нусратулло Давлатзода изҳор дошт, масъалаи афзоиши ҷамъоварии молиёт аз ҳисоби ҷорӣ намудани андоз аз гуфтугӯи шаҳрвандон тавассути паёмрасонҳои интернетӣ ё мессенҷерҳо, аз ҷумла Imo, WhatsApp, Viber ва дигарон ҳал карда мешавад:

Ҳадафи мо ҳалли мушкили кам шудани маблағҳои андоз аст. 
Ба гуфтаи Давлатзода, таҷрибаи ситонидани молиёт аз мессенҷерҳо дар кишварҳое монанди Фаронса, Русия, Белорус ва ҳатто Юнону Испания вуҷуд дорад.

#манмуқобил

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи ҷамъоварии имзо барои як муроҷиатнома унвонии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро созмон додаанд. Аммо то куҷо ин ташаббус метавонад сабаби қатъи иқдоми боло бурдани нархи интернет шавад, ҳанӯз маълум нест.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон флешмоби “Ман муқобили афзоиши нархи интернет ҳастам” идома дорад.

Истифода аз мессенҷерҳо дар Тоҷикистон солҳои охир бо суръат афзоиш ёфт. Паёмрасонҳои интернетӣ барои истифодабарандаҳои тоҷик баъди он маҳбуб шуданд, ки арзиши тарофаҳо барои суҳбатҳои телефонии байналмилалӣ то 1,2 сомонӣ ($0,13) барои як дақиқа боло рафт. Мессенҷерҳо дар қиёс ба суҳбатҳои телефонӣ хеле арзонтар ҳастанд ва ин барои онҳое, ки пайвандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, паҳлӯи хеле муҳим маҳсуб меёбад.

Коҳиши суҳбатҳои телефонӣ дар пайи маъмул шудани мессенҷерҳои савтӣ ҳаҷми пардохтҳои андозии ширкатҳои мобилӣ ба хазинаи давлатро коҳиш дод. Бар пояи иттилои расмӣ танҳо дар соли 2018 ин ширкатҳо дар қиёс ба соли пеш 120 миллион сомонӣ (12 миллиону 725 ҳазор доллар) камтар молиёт супурдаанд.

Бо ин ҳол, мутахассисони соҳа бар инанд, ки афзоиши нархи интернет роҳҳали мушкили молиёт набуда, баръакс ба чандин бахшҳо зарба мезанад ва метавонад суръати рушди кишварро ба қафо барад.

Гафурджон Эркаев. Photo: RFE/RL
“Якбора ба ин ҳад боло бурдани арзиши интернет сабаби коҳиши шумораи истифодабарандаҳо ва кам гардидани даромади ширкатҳои мобилӣ мегардад, ки ин дар навбати худ ба боз ҳам кам гардидани молиёт оварда мерасонад”,-мегӯяд ​Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.

Кормандони андоз дар симои ширкатҳои мобилӣ “гови душоӣ”-ро мебинанд.
Коршиноси бахши расонаомӯзӣ, блогер ва иқтисоддон Рустам Гулов мегӯяд, “кормандони андоз дар симои ширкатҳои мобилӣ “гови душоӣ”-ро мебинанд, аммо ин ҳама иқдомҳо дар навбати аввал ба ҷайби истифодабарандаҳои оддӣ зарба мезанад”.

Тасмимҳои ғайристандартӣ

Бар асоси раддабандии Speedtest Global Index, Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ аз поёни феҳраст мақоми сеюмро ишғол мекунад ва танҳо аз Венесуэла ва Алҷазоир пешгомтар аст.

Бо ин ҳол, даромади бузурги ширкатҳои мобилӣ ва фароҳамкунандаи  интернет кайҳост, ки чӣ мақомоти андоз ва чӣ раҳбарияти Хадамоти алоқаро ором намегузорад. Ин ду ниҳод пайваста бо тасмимҳои ғайримеъёрӣ мавҷи интиқодҳои шадиди шаҳрвандони оддӣ ва қабул нагирдидани онҳо аз ҷониби ҳукуматро ба бор меоранд.

Тобистони соли 2018 Хадамоти алоқа дар мавриди азнавбақайдгирии симкортҳо ва то 250 сомонӣ (наздики $27) кардани арзиши ҳар кадоми онҳо иқдом кард. Ин тасмим сабаби навбатпоиҳои зиёд пушти дари марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ ва нигаронии аҳолӣ шуд. Аммо, баъдтар раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин ташабусро манъ кард.

Моҳи январи соли 2018 ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” ширкатҳои мухобиротии кишварро аз мустақилона харидани интернет аз кишварҳои ҳамсоя манъ ва эълом кард, трофики интернетро танҳо аз ин ширкат дастрас намоянд.

Қаблан, ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ва ширкатҳои мобилии Тоҷикистон имкон доштанд, худашон интихоб кунанд, ки интернетро аз куҷо дастрас намоянд – аз Қирғизистон, Узбакистон ё Чин. Ҳоло ин ширкатҳо интернетро бо қиммати $51 ҳазор доллар барои як хатти гигабитӣ аз “Тоҷиктелеком” харидорӣ мекунанд. Тамоми алоқаи мобилӣ дар кишвар тавассути Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ мегузарад.

Тирамоҳи соли 2017 раҳбари Хадамоти алоқа Бег Сабур аз тамоми операторони алоқаи мобилӣ тақозо кард, алоқаи телефонҳои NGN, инчунин мессенҷерҳои маъруф монанди Viber, WhatsApp, IMO ва Telegram-ро қатъ кунанд.

Ин иқдом бо ибораи “амнияти миллӣ” пӯшиш дода шуд, аммо баъдан ин ташаббус низ аз сӯи ҳукумати кишвар бекор карда шуд.

Давоми чор соли охир Кумитаи андоз чандин маротиба ширкатҳои мобилиро бо сабабҳои барои бисёриҳо номаълум ба маблағи зиёд ҷарима баст. Барои мисол, ширкати “Билайн” 151,3 миллион сомонӣ (беш аз $16 млн.), “Мегафон”  ва “Тселл” 155 миллион сомонӣ ($16,4 млн.) ҷарима шуданд.

Инчунин ширкатҳои мобилиро муваззаф карданд, ба буҷаи кишвар аз ҳар симкорт моҳона 80 дирам (8 сент) пардохт кунад.

Инҳисори бозор

Ба иддаои коршинсон ин ҳама иқдомҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар кишвар раванди мақсадноки инҳисори бозори алоқа ҷараён дорад. Ин ки фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мавриди гарон шудани интернет ба оператори давлатии “Тоҷиктелеком” дахл надорад, як далели дигари ин гуфтаҳост.

Рустам Гулов. Photo: Facebook
Ба иттилои Хадамоти алоқа, соли 2018 даромади ширкатҳои мобилӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 2,6 миллиард сомонӣ ($275 млн)-ро ташкил додааст, ки аз ин ҳамагӣ 7,6 дарсад ё $21 миллионаш ба “Тоҷиктелеком” рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди Рустам Гулов ба як даст гузаштани бозори алоқа ба рушди иқтисодии кишвар халал ворид мекунад.  

Таърих гувоҳ аст, ки инҳисор оқибатҳои ғамангезе дорад. Намунаи равшан метавонад Иттиҳоди Шӯравии собиқ бошад, ки дар садади фурупошии иқтисодӣ қарор дошт. Ва агар бо далоили сиёсӣ ҳам суқут намекард, бо далели иқтисодӣ аз ҳам мепошид. Бо ба як даст супурдани бозори коммуникатсия давлат талош дорад, майдони сиёсии дохили кишварро низ дар ихтиёр дошта бошад. Бо пахш кардани ҳамагӣ як тугма ҳамаро аз интернет маҳрум кардан хеле осон мешавад. 

Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: