© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, барои аъзоёни “Шабакаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО оиди гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ” давраи омӯзишии серӯзаро ба анҷом расонд

Аз 27 феврал то 01 марти соли 2017  Намояндагии «Институти  инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон тренинги серўзаро  дар  мавзӯи «Пешгирӣ аз тундагароӣ ва ифротгароӣ байни ҷавонон» барои хабарнигорони минтақаҳои Хатлон, Суғд ва Душанбе доир намуд.

на русском

Дар доираи ин тренинг иштирокчиён усулҳои ҷамъоварии иттилоот, интихоби мавзӯъ, исботи фарзия, кор бо намояндагони мақомотҳои дахлдор, таҳлили ҳуҷҷатҳо ва инчунин қонунгузории кишварро аз худ намуданд.

Ба ҳайси тренер Лола Олимова, муҳаррир ва тренери IWPR дар Тоҷикистон баромад карданд. Дилрабо Самадова, Роҳбари дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Шоира Давлатова, роҳбари Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон, Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшинос, Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОТ ба ҳайси коршинос дар ин давраи омӯзишӣ даъват шуда буданд.

Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён мавзӯҳои навро барои анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ пешниҳод намуданд, ки бо кӯмаки тренер фарзия ва нақшаи кории онҳо таҳия гардид. Иштирокчиёни тренинг барои дуруст ва дар доираи қонун гузаронидани таҳқиқоти худ аз ҳуқуқшиносон маслиҳатҳои муфид гирифта, инчунин нозукиҳои қонунгузории кишварро дар мавриди таҳқиқ намудани мавзӯи пешгирӣ аз ифротгароӣ ва тундгароӣ омӯхтанд.  

Ба ақидаи иштирокчиёни тренинг, мушкили аксари журналистон ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ ин нодуруст ифода намудани фарзияи таҳқиқоти журналситӣ, кор накардан аз рӯйи нақша, дастрасӣ ба сарчашмаҳои иттилооти расмӣ ва ҳамкорӣ намудан бо намояндагони мақомоти қудратӣ мебошад.

Ёқуб Ҳалимов иштирокчии тренинг зимни сӯҳбат қайд кард, ки “бори дигар назарияи таҳқиқоти журналистиро омӯхтем. Пеш аз шуруъи кор ба маврид буд, ки назарияро ҳам бидонем. Аз таҷрибаи ҳуқуқдонҳо маълум шуд, ки дар таҳқиқи мавзуҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқи муттаҳамони тундгароӣ бояд хеле эҳтиёт кард. Як қадами ноҷо метавонад моро ҳамчун ҷавобгар кунад. Ба хусус машваратҳои Дилрабо Самадова хеле ба маврид буд. Худи журналист бояд эҳсос кунад, ки дар кадом ҳолат ба хатар наздик мешавад ва бо чи роҳе метавонад хатарро бартараф кунад.  

Тасмим меравад, ки дар натиҷаи амалигардии лоиҳаи мазкур як гурӯҳ журналистони таҳқиқотчӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ҷамъ мешаванд, ки метавонанд ба таври ҳирфаӣ тадқиқотҳои журналистӣ гузаронанду камбудиҳои ҷомеаи имрӯзаро дар ин самт ошкор намоянд. Намояндагии «Институти  инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар ин роҳ ба онҳо кӯмаки машваративу ҳуқуқии худро ироа хоҳад кард. 

Тренинги мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Мақсади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар ва хабарнигорон ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи ҷомеа мебошад.

 

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: