© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Хонаҳои Бег Сабур

Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар утоқи кории давлатӣ хона мефурӯшад.

Роҳбари Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар утоқи хизматии давлатӣ ба фурӯши хонаҳои ширкати хусусии писараш “Комил 2010” машғул аст,  омадааст дар таҳқиқоти журналистие, ки нашрияи маҳаллии Faraj.tj ба табъ расондааст. 


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Бег Сабур, Сардори хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ
Бег Сабур, Сардори хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ

English  На русском

Таҳқиқоти журналистӣ нишон дод, ки Бег Сабур – раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон – дар рӯзҳои корӣ, дар утоқи хизматии давлатӣ ба фурӯши хонаҳои ширкати “Комил 2010” машғул аст.

Ин ширкат ба номи Зуҳуров Сиёвуш Бегович – писари Бег Сабур – сабт шудааст. Қонунгузории ҷории кишвар ба соҳибкорӣ машғул шудани раиси Хадамоти алоқаро (ҳамчун шахси мансабдор) манъ мекунад. Бег Сабур уҳдадор аст, ки яке аз ду фаъолияташро фавран қатъ кунад: ё курсии раисии Хадамоти алоқаро бояд тарк кунад ва ё соҳибкориро дар ширкати писараш қатъ намояд.

Хадамоти алоқа – “офис продажа”-и ширкати “Комил 2010”

Дар марказитарин нуқтаи шаҳри Душанбе – аз дасти рости ҳайкали Исмоили Сомонӣ – сохтмони Маҷмааи алоқа идома дорад, ки оянда дастгоҳи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон онҷо мекӯчад. Маҷмааи алоқаро ҶДММ “Комил 2010” месозад. Аммо айни ҳол дастгоҳи Хадамоти алоқа дар хиёбони Рӯдакӣ 57 – дар як бинои чаҳорошёнаи марбут ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Тоҷиктелеком” – дар пушти сохтмони бинои ояндаи Хадамот иҷоранишин аст. (Шарҳ: Беҳтар аст, дар ҳамин ҷо шарҳ диҳем, ки ҶСК “Тоҷиктелеком” дар тобеияти Хадамоти алоқа аст. Яъне, Хадамоти алоқа дар бинои зерсохтори худ иҷорашинӣ мекунад). Ва … “офис продажа” ё идораи фурӯши манзилҳои ширкати “Комил 2010” ҳам дар ҳамин бинои марбут ба “Тоҷиктелеком” ҷойгир аст…

Эзоҳ: ҶДММ “Комил 2010” дар мақомоти андози Тоҷикистон 27 октябри соли 2010 бо нишонии ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чоргултеппа, деҳаи Оби Шифо сабт шудааст. Муассиси ин ширкат Зуҳуров Сиёвуш Бегович ва мудири иҷроияаш Зуҳуров Мусо Исматович аст. Ин ширкат асосан ба “истеҳсоли қум ва сангреза, рег, шағал ва иҷрои корҳои сохтмонӣ” машғул аст.  

… Тобистони соли 2018 яке аз корафтодаҳои Хадамоти алоқа нақл кард, ки дар утоқи кории Бег Сабур шоҳиди хариду фурӯши хона шудааст. Ҳодисаи ғайримуқаррарӣ. Ба маҳзи шунидани ин хабар, ман тасмим гирифтам, воқеият доштан ё надоштани хонафурӯшӣ дар утоқи кории раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро таҳқиқ кунам. Ибтидои тирамоҳи соли 2018 дар яке аз рӯзҳои сешанбе, дар соати корӣ ба сӯи Хадамоти алоқа рафтам.

Ин навишта дар пушти дари яке аз утоқҳои Хадамоти алоқаи аст "Фуруши хонаҳои Зарафшон"
Ин навишта дар пушти дари яке аз утоқҳои Хадамоти алоқаи аст “Фуруши хонаҳои Зарафшон”

Дари оҳании дутабақа, ки танҳо як табақаш боз мешавад. Дар девори дасти рост акси раиси Хадамот ва ду муовинаш овезон аст. Аз дасти чап посбонон нишастаанд. Аз ман пурсиданд, ки пеши кӣ ва чаро омадаам. Кутоҳ посух додам: хона мехарам. Ба ошёнаи дувум роҳнамоиям карданд. Дар утоқе, ки пушти дараш “Фуруши хонаҳои Зарафшон” навишта шуда буд, тахминан 6-7 зану мард пушти мизҳо нишаста буданд.

Болои мизҳо тарҳи биноҳо ва арзиши метри мураббаи хонаҳо бо доллари ИМА нишон дода шудааст. (Зимнан, моддаи 286 Кодекси ҷиноятии ҶТ муомилот бо асъори хориҷиро манъ кардааст. Барои муомила бо асъори хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст). Яке аз занҳое, ки дар пушти мизҳои рӯ ба рӯи дар нишасти буд, бо ишораи сар маро назди худ даъват кард. Дар рӯ ба рӯяш нишастам ва гуфтам, хонахарӣ омадаам.

Ба гуфтаи он зан (баъдтар маълум кардам, ки вай Лола ном дорад), ширкати “Комил 2010” айни ҳол дар шаҳри Душанбе дар минтақаи Зарафшон – наздикии сафорати Амрико хонаҳои фурӯшӣ дорад. Лола гуфт, “Комил 2010”дар назди Донишгоҳи кишоварзӣ ва наздикии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳам сохтмон дорад. “Аммо танҳо хонаҳои “Зарафшон” омода ҳастанд, сохтмонҳои дигар нав шуруъ шудаанд”, – афзуд вай. Ман минтақаи “Зарафшон”-ро интихоб кардам ва масъули фурӯши хонаҳои ширкати “Комил 2010” маро барои гуфтугӯи ҷузъиёти шартнома ба ошёнаи аввал, ба қабули Бег Сабур фиристод.

Сохтмони хонаҳои ширкати "Комил 2010" дар маҳаллаи Зарафшон
Сохтмони хонаҳои ширкати “Комил 2010” дар маҳаллаи Зарафшон

Одамони зиёде дар роҳрав, қабулгоҳ ва дохили утоқи Бег Сабур ҷамъ омада буданд: қисме хонахар, қисми дигар сохтмончиён, иддае кормандони Хадамоти алоқаву сохторҳои тобеаш ва ғайра. Яке барои сафари корӣ аз Бег Сабур харҷи роҳу меҳмонхона мепурсид, дигарӣ ҳуҷҷатҳои нафақаашро дуруст мекард ва аз раис як имзо талаб дошт, севумӣ намунаи масолеҳи сохтмонӣ оварда буд, то бо Бег Сабур мувофиқа кунад, чаҳорумӣ “мисли ман” дар сар ҳавои хонахарӣ дошт…

Навбатпойии муштариёни ширкати "Комил 2010" дар назди дари роҳбари Хадамоти алоқаи ҶТ
Навбатпойии муштариёни ширкати “Комил 2010” дар назди дари роҳбари Хадамоти алоқаи ҶТ

Утоқи Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 7х7 метр аст. Дар қатори анҷому ашёи дигари лузумӣ (конселярӣ) дар ин утоқ намунаҳои санги мармар, тахтаи фарш (ламинат), зардеворӣ (обои) ва масолеҳи дигари сохтмонӣ низ гузошта шудааст.

Утоқи кории раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз идораи кории як муҳандис-сохтмончӣ тақрибан фарқе надорад. Баъди наздики ним соати навбатпойӣ билохира навбати мани рӯзноманигор-”хонахар” расид, ки бо Бег Сабур арзи матлаб кунам. Байни ману Бег Сабур (инҷо душворӣ мекашам, ки ӯро ба ҳайси кӣ муаррифӣ кунам – раиси Хадамоти алоқа ё тоҷири хонафурӯш?) чунин муколама сурат гирифт:

Гуфтугӯ бо тоҷир Бег Сабур

Бег Сабур: Инҳо аз кианд? (Ишора ба коғазҳое, ки ошёна, метри квадратӣ ва маҳали сохтмон навишта шудааст).

Муштарӣ: Аз ман, раисҷон.

Бег Сабур бо ҳисоббарор (калькулятор) ҳисоб мекунад.

Дар назди духтарҳо ба қайд гирифтӣ?

Муштарӣ (бо ишораи сар тасдиқ мекунад): Раис, инҳо арзон намешаванд?

Бег Сабур: Чи қадар пулашро месупорӣ?

Муштарӣ: Чи хел кунем? Агар ҳозир 100% супорем 22 ҳазор (доллар), агар 50% супоред 23 ҳазор (доллар)?

Бег Сабур: Ҳо.

Муштарӣ: Кай метавонем дароем?

Бег Сабур: Аллакай тақрибан тайёр аст. Таъмир кунед, зиндагира сар кунед.

Муштарӣ: Лифташ соз аст?

Бег Сабур: Не, ҳоло соз кардаистодаанд.

Муштарӣ: 15 ҳазор (доллар) супорем, чи хел мешавад?

Бег Сабур: Пул калон шуд, фоизаш ҳам зиёд мешавад.

Муштарӣ: 50% супорем, ҳуҷҷатҳояшро чи хел мекунем, раис? Ягон ҳуҷҷат медиҳанд?

Бег Сабур: Ҳо, ҳамаашро “оформить” мекунем. 15 ҳазор (доллар) фавран супор. Тамом.

Муштарӣ: Чанд фоизи ҳуҷҷатро медиҳанд?

Бег Сабур: Ҳамаашро “нотариально заверят” мекунанд, дар дастат медиҳанд. Ин тамом шудааст. Меравӣ, таъмира сар мекунӣ.

Муштарӣ: Ягон кас зиндагӣ мекунад дар онҷо? Ягон ҳамсоя дорем?

Бег Сабур: Не, онҳо хонаҳои наванд.

Муштарӣ: Масъалаи комуналниаш, ягон “договор” ҳаст? Ҷои партову гармидиҳӣ ҳаст?

Бег Сабур: Ҳоло таъмир идома дорад. Аз март месупорем. То соли дигар “отопления”-ро мегузаронем.

Дар маҷмуъ, ман барои гуфтугӯи бевосита бо Бег Сабур се маротиба дар рӯзҳои гуногун ба қабулгоҳи ӯ рафтам ва се маротиба ҳам шоҳиди хонафурӯшиҳои ӯ шудам.  

То ин ҷо исбот шуд, ки:

  • Бег Сабур – хизматчии давлатӣ бевосита ба тиҷорати сохтмон машғул аст
  • Муштариҳоро мустақиман қабул мекунад
  • Аз утоқи кории идораи давлатӣ барои пешбурди тиҷораташ сӯистифода мекунад

Агентии мубориза бо коррупсия ва Агентии хизмати давлатӣ: хизматчии давлатӣ ҳаққи ба соҳибкорӣ машғул шуданро надорад

Баъди он ки ба тиҷорат машғул шудани Бег Сабур комилан дақиқ шуд, аз Агентии хизмати давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсидем, ки оё хизматчии давлатӣ иҷозати ба соҳибкорӣ машғул шуданро дорад? Агентии мазкур дар як номаи расмӣ аз 24 октябри соли 2018 шарҳ дод, ки хизматчии давлатӣ “ба истиснои машғул шудан ба кори илмиву эҷодӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ” иҷозаи дигар навъи фаъолиятро надорад.

Мухтасари посухи чаҳорсаҳифаии Агентии хизмати давлатӣ:

“Мувофиқи сархати дуюм ва чоруми банди 1 моддаи 10 Қонуни ҶТ аз 25 июли соли 2005, №100 “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор амалҳои зерин манъ карда шудааст:

– ба кори дигари музднок дар асоси шароити ишғолкунии мансаби штатӣ, ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад.

Ҳамчунин мувофиқи сархати панҷуми моддаи 30 Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ”, шахси мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ иштирок кунад. Бо назардошти ҳамин асосҳо хизматчии давлатӣ ҳуқуқи ба тиҷорат машғул шуданро доро намебошад.

Мувофиқи моддаи 11 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди корруписия” иҷро накардани маҳдудиятҳо ҳангоми дар хизмати давлатӣ будани шахси мансабдор барои ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ асос шуда метавонад.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар як посухи расмӣ аз 17 ноябри соли 2018 ба иловаи посухи ҳамсони Агентии хизмати давлатӣ навишт, ки тибқи муқаррароти моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аз ҷониби шахси мансабдор таъсис додани ташкилоте, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Моҷарои расонидани дархости журналистӣ

Барои расман тасдиқ кардани он ки Бег Сабур дар пешбурди тиҷорати ширкати “Комил 2010” чи гуна кумак мерасонад ва ширкати мазкур бо чи шарту шароите дар бинои марбут ба Хадамоти алоқа (ҶСК “Тоҷиктелеком”) иҷоранишинӣ мекунад, дархости журналистӣ таҳия кардам. Ба телефоне 251 03 61, ки пушти дари “Фуруши хонаҳои Зарафшон” нишон дода шудааст, занг задам.

Масъули фурӯши хонаҳои ширкат – Муътабар Абдуллоева гуфт, ки мактубамро ба идораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон  биорам. Ба ҳамон утоқе, ки пушти дараш “фуруши хонаҳои Зарафшон” навишта шудааст. Вале дар ин утоқ касе ҳозир нашуд, ки дархости журналистии маро қабул кунад, аз ҷумла худи Муътабар Абдуллоева. Маро назди Маҳмадсодиқ Кулулов фиристоданд. Хонум Абдуллоева Маҳмадсодиқ Кулуловро ҳуқуқшиноси ширкати сохтмонии “Комил 2010” муаррифӣ кард. Ҷаноби Кулулов ҳам нахост, дархости маро қабул кунад. “Ба дасти раис расонед, раис касеро ки вобаста кард ҳамон ҷавоб медиҳад”, – посух дод Кулулов. Аз вай пурсидам, ки дар ширкат ба ҳайси кӣ кор мекунад, гуфт, “дар асоси ваколатнома ҳуқуқшиноси ширкат аст”. Ҷолиб инҷо ки Кулулов ҳамзамон сардори раёсати назорати Хадамоти алоқа аст.

Вақте аз Кулулов ҷавоби рад гирифтам, дубора ба утоқи “Фуруши хонаҳои Зарафшон” баргаштам. Ин бор аз Муътабар Абдуллоева хоҳиш кардам, ки дархости журналистиро қабул кунад. Ӯ ҳам рад кард. Вале маълум шуд, ки хонум Абдуллоева бар иловаи дар “офис продажа”-и “Комил 2010” кор кардан, ҳамзамон алоқачӣ (связист)-и Хадамоти алоқа аст.

Хонум Абдуллоева машварат дод, дар ягон рӯзе биоям, ки раиси калон (манзур Бег Сабур) дар идора ҳозир бошад ва мактубро шахсан ба дасти худу ӯ супорам. Бино бар ин ман маҷбур шудам, ки барои супоридани дархости журналистиам чаҳор маротиба ба Хадамоти алоқа ё “офис-продажа”-и “Комил 2010” биравам.

Дар ниҳоят бори чаҳорум – дар таърихи 1 декабри соли 2018 – муфаққат шудам, ки ба ҳузури Бег Сабур дароям ва дархости журналисте, ки барои ҶДММ “Комил 2010” таҳия шуда буд, ба дасташ супорам. Он рӯз ҳам утоқи кории Бег Сабур серодам буд. Вай дархостро гирифт ва айнакашро дар чашм гузошту ба сатрҳо як чашм давонд ва онро ҷудо аз номаҳои дигар гузошт. Ман нусхаи дархостро дароз кардам, ки имзо гузорад. Хомӯшона имзо гузошт. Пурсидам, ҷавобаш кай омода мешавад, гуфт: ”Юристро дастур медиҳад, ки дар рӯзҳои наздиктарин ҷавоб диҳад“. Баъд аз 12 рӯз билохира Кулулов ҷавоби дархостро бо имзои Зуҳуров Мусо Исматович –  мудири иҷроияи “Комил 2010”, дод. Мухтасари саволҳои дархост:

“- Ширкати “Комил-2010” аз кадом вақт дар бинои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон  иҷоранишин аст? Чанд метри квадратӣ иҷора гирифтааст ва барои он моҳона чанд сомонӣ пардохт мекунад?

”- Раиси Хадамоти алоқа … дар пешбурди тиҷорати ширкат чи гуна кумак мерасонад?

– Кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон  дар сохтмони биноҳое ки ширкат месозад, чи гуна кумак мерасонанд? Ширкат ҳаққи музди онҳоро дар кадом шакл пардохт мекунад?”.

Посухи ширкати “Комил 2010” аз 12 декабри соли 2018:

“ҶДММ “Комил 2010” ба миқдори зарурӣ аз ҳудуди бинои ҶСК “Тоҷиктелеком” барои пешбурди фаъолияти худ иҷора гирифтааст ва аз ҳамин ҳисоб маблағи муайяне яъне тариқи шартномавӣ барои иҷора пардохт менамояд.

Инчунин Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон низ то ба анҷом расидани сохтмони бинои Маҷмааи алоқа дар бинои зикршуда иҷоранишин мебошад. ҶДММ “Комил 2010” тибқи талаботи иҷозатномаи сохтмонӣ сохта ба истифода додани сохтмони бинои Маҷмааи алоқаро ба уҳда дорад, байни Хадамоти алоқа ва ҶДММ “Комил 2010” ҳамкории якҷоя оид ба сохтмони мазкур вуҷуд дорад”.

Мусоҳибаи ниҳоӣ бо раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон Бек Сабур.

24 январ баъди нисфирӯзӣ бо ҳадафи анҷом додани мусоҳибаи ниҳоӣ ба назди Бег Сабур рафтам.

Чун ҳамеша дар долон, қабулгоҳ ва дохили утоқи кории Бег Сабур одамони зиёде ҷамъ омада буданд.

Навбат ба ман расид, Бег Сабур коғазҳои сафеди дастамро дида гуфт, биёр, чист? Гуфта, не ин посух ба дархости журналистии ман аст. Юрист Кулулов ба қисме аз саволҳо ҷавоб дод ва як ду саволе, ки мустақиман ба шумо рабт дорад, бе ҷавоб мондааст.

Бег Сабур: чи савол аст?

Журналист: Саҳми шумо дар ширкати “Комил 2010” чи қадар аст ва шумо чи кумак мерасонед дар пешбурди фаъолияти ширкат?

Бег Сабур: Мо қатишон ҳамкорӣ мекунем, сохтмонҳову дигару дигар, байни ҳамдигар, қарз мегирему қарз медиҳем…

Журналист: Яъне шумо ҳамчун раиси хадамоти алоқа дар ин ширкат ҳамкорӣ мекунед?

Бег Сабур: Не, не, не. Хадамот неву Телеком, ин саҳмиявӣ аст ку. Ҳуқуқи бизнесу комерсияро дорад. Инҳо байни ҳам шартнома дорад, иш иша дастгирӣ мекунад.

Журналист: шумо чи кумак?

Бег Сабур: Ман ҳеч чиз. Ягон кумак. Мо давлатием, мо сум надорем. Фақат телеком мекунад, ҷамъияти саҳҳомӣ аст. Сохтмону ҳамаи чизҳора.

Журналист: Худи ширкати “Комил 2010” соли 2010 ба қайд гирифта шудааст бо номи Сиёвуш Зуҳуров. Яъне ба номи писари шумо.

Бег Сабур: Не, Зуҳуров дигар одам аст, Мусо Исматович.

Журналист: Мусо Исматович директори иҷроияи аст. Муассис Зуҳуров Сиёвуш Бегович аст. Яъне писари шумо аст?

Бег Сабур: Ҳо, ҳо.

Журналист: Дар сомонаи кумитаи андоз санади бақайдигирии ширкат ба номи Зуҳуров Сиёвуш аст.

Бег Сабур: Вай иваз шудааст.

Журналист: вале кумитаи андоз ҳамин санадро пешниҳод кардааст.

Бег Сабур: Иваз шудааст, ҳоло дар андоз надодаанд.

Журналист: Аз кадом сол шумо ба ҳамин ширкат кумак мекунед?

Бег Сабур: 2-3 сол шуд.

Журналист: Мардум назди шумо хонахарӣ меоянд. Инро чи хел шарҳ медиҳед?

Бег Сабур: Ман гарантия ҳастам, ки мардума кидат накунанд.

Журналист: Пулашро ҳам шумо мегиред?

Бег Сабур: Ҳамаашро ман мегирам. Ман назорат мекунам. Соҳиби арматуру дигар дигар чизҳоро медиҳем. Барои он ки кидат нашаванд. Дар иваз инҳо корҳои моро иҷро мекунанд. Техника медиҳанд, экскватор медиҳанд, шартнома дорем бо инҳо. Ман инҳоро как гарант ёрдам мекунам, ки дуздӣ нашавад, фиреб нашавад.

Журналист: Ширкати “Комил 2010”-ро ёрдам мекунед?

Бег Сабур: Ҳо. Онҳо моро дар дигар корҳо ёрдам мекунанд.

Маҷмааи алоқа, ки айни ҳол сохтмонаш идома дорад, бино бар иттилои ҶДММ “Комил 2010”, қарор аст, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон – 9 сентябри соли 2021 – ба анҷом расад. Суол инҷост, ки ҳамакнун Бег Сабур ба ҳайси пешбарандаи ширкати “Комил 2010” идомаи сохтмонро назорат мекунад ё ба ҳайси раиси Хадамоти алоқа?


Ё. Ҳалимов

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: