© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Хатар”-ҳои “Шаҳри бехатар”

Сокинони Душанбе мегӯянд, тарсу эҳтиёти ронандаҳо аз камераҳои  назоратии “Шаҳри бехатар” бо мурури вақт коҳиш ёфтааст ва феълан амният дар роҳҳои кишвар дубора заиф гардидааст. 

Дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” охири соли 2013   дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе насб шуда буданд. Ин тарҳ 22 миллион доллар харҷ дошта, аз ҳисоби қарзи давлатии Тоҷикистон аз Чин амалӣ гаштааст. Тибқи шартномаи ҷонибҳо дар давоми 20 соли оянда ҷониби Тоҷикистон  маблағи 22 миллион доллари қарзро бояд баргардонад.  Ҳадафи аслии иҷрои ин лоиҳа, таъмини амнияти сокинон ва назорат бар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон мешавад.

Ба иттилои масъулини “Шаҳри бехатар” то ҳол аз ҳисоби ҷаримаҳое,

ки таъин гардидаанд  103 миллиону 189 ҳазору 680 сомонӣ маблағ руёнида шуда, ба буҷети давлат ворид гардидааст.  Дар Маркази “Шаҳри бехатар” гуфтанд, ин маблағҳо то ҳол дар буҷети далат нигоҳ дошта шудаанд ва давлат тасмим мегирад, ки дар куҷо онро  истифода барад.

Ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон ва ронандагон ҳаҷми зиёди ҷаримаҳо боис мешавад, ки роҳҳои дигар, аз ҷумла пешниҳоди пора кор бурда шавад. Маҳмадалӣ Ҳалимов, ронандаи мусофиркаш дар Душанбе, аз ҳаҷми зиёди ҷаримаҳо ва кам нашудани манъкунии мошинҳо аз сӯи нозирони БДА шикоят дорад. Ӯ мегӯяд, ки камера аст, хатоии моро акс мегирад, боз корманди БДА барои чӣ меистад?

Маҳмадалӣ Ҳалимов, ронандаи мусофиркаш дар шаҳри Душанбе
Маҳмадалӣ Ҳалимов, ронандаи мусофиркаш дар шаҳри Душанбе

Ронандаи дигар Сайфулло Одинаев ҳам изҳори ташвиш намуд, ки дар сурати нақзи қоидаи ҳаракат ҳам нозири роҳ ҳуҷҷатҳоро гирифта,  пул талаб мекунанд ва ҳам камераҳои назоратӣ ҷарима таъин мекунанд: “Яъне барои як хатоӣ дар ду ҷо пул медиҳем. Агар ба корманди БДА пул надиҳӣ ҳамон замон “протокол” мекунанд. Як маротиба ба ҳамин ҳолат дучор шудам, ки ногаҳон қоидаро вайрон кардам, кормандони БДА манъ карданду 50 сомонӣ деҳ баъд ҷавоб гуфтанд. Ман гуфтам камера сабт кардааст  боз Шумо ҳам ҷарима мекунед. Гуфтанд, ки ин дигар аст, он  дигар. Барои он ҳолати қойдавайронкунӣ дар “Шаҳри бехатар” низ ҷарима супоридам.  Ба кормандони “Шаҳри бехатар” гуфтам, ки барои хатоиям ба нозирони БДА низ  пул додам,  онҳо гуфтанд, ба кормандони БДА пул  надиҳед. Аммо агар пул надиҳем онҳо “протокол” мекунанд ва агар шикоят ҳам кунем натиҷа намедиҳад”.

Бояд зикр намуд, масъалаи рух додани садамаҳои маргбор бо ширкати фарзандони сарватманду мансабдор дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ  борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст, вале то ҳол ҳеҷ  наворе аз амалҳои чунин ашхос, ки дар  камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” сабт шуда бошанд,  нашр ва ё пахш нашудааст, ки ба қавли бархе коршиносон чунин шеваи кор шаффофияти кори камераҳои назоратиро зери суол бурда, барои сокинон низ хатар эҷод мекунад.

Шуҳрат Латифов, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ҳарчанд Раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо дар паёми худ ба масъулини  мақомотҳои далхдор  таъкид менамоянд, ки фарзандони худро таҳти назорат гиред, вале  муттасифона, ҳамарӯза дар кӯчаҳои Душанбе  шоҳид  мешавем, ки бархе аз ҷавонони тағодор на ба дурбинҳои назоратӣ ва на ба кормандони БДА итоат наменамоянд.

Латифов илова намуд, ки ҳатто  “ронандагони тағодор”  махсус бо суръати баланд аз назди кормандони БДА намоишкорона мегузаранд: “Ин гувоҳӣ аз он аст, ки онҳо сад дар сад ба он ки танбеҳ намешаванд боварӣ доранд. Афсӯс кормандони БДА ҳам барои пешгирӣ  ҳеҷ имконе надоранд, зеро  ҳангоми боздошт таҳдид ё худ занги телефонӣ зуд садо медиҳад ва маҷбуран “Аз бало ҳазар” гӯён ба он қойдавайронкунӣ чашм пӯшанд. Аз ҳамин лиҳоз танҳо ба худи падару модарон, тағоҳои “Ҷавонони тағадор” Худованд инсоф диҳад то фарзанди худро тарбияи дуруст диҳанд ва ба обрӯи онҳо латма назананд. Ин ҷавонон фикр мекунанд бо нақзи қонун “Крутой” будани худро намоиш медиҳанд, лекин баръакс ҳар нафари пиёдагард ҳангоми ба  хатар эъҷод шудан агар зан бошад ба падару модари он дуои бад, агар мард бошад дашномҳои болохонадор равон мекунад”.

Фасод яке аз омилҳое арзёбӣ мешавад, ки ба гуфтаи шореҳон боиси хунукназарӣ ва нодидагирии бархе ба истиллоҳ “ашрофзода”-ҳо нисбати камераҳои  назоратӣ мебошад.

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигор ва шореҳи иҷтимоӣ, ки  масоили роҳу нақлиётро пайгирӣ мекунад, гуфт, мақомот дар аввал иддао доштанд, ки “Шаҳри бехатар” баробари кам кардани садамаҳо, ҳолатҳои коррупсиониро низ пешгирӣ хоҳад кард: “Аммо ҳоло худи  “Шаҳри бехатар” ба як омили фасодкорӣ табдил шудааст. Эҳтимол меравад, ки ин лоиҳа то чанд дарсад фасодкории нозирони роҳро кам карда бошад, вале айни ҳол худи “Шаҳри бехатар” ба як омили фасодкорӣ табдил шудааст. Ҳар касе шубҳа дорад, метавонад барои рафъи шубҳааш як бор ба нуқтаи пардохти ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар” равад.  Мебинад, ки он ҷо чи гуна доду ситад мешавад? Чӣ гуна 4 чароғаки сурхро метавон 2 чароғак сабт кард ва ҷаримаи 1000-сомониро бо 400 ё 500 сомонӣ ҳал намуд. Албатта, ба ин гуна амалкард ҳаҷми ҷаримаҳои баланд ҳам сабабгор ҳастанд”.

Фурқат Шоҳимардонов, муовини сардори Маркази “Шаҳри бехатар” мегӯяд, талошҳои кормандонашон барои рӯйпӯши қонуншиканиҳои шаҳрвандон муҷозот дар пай доранд. Ба гуфтаи ӯ тайи фаъолияти қариб 5 –солаи Марказ, 6 корманди он бо иттиҳоми гуногун аз кор ронда шуданд. Аз ҷумла се нафарашон талош кардаанд ба ивази пул қоидавайронкуниро рӯйпӯш кунанду файл ё худ маводро тоза намоянд, аммо қасдашон ошкору худашон аз мақомот пеш карда шудаанд.

Фурқат Шоҳимардонов, муовини сардори Маркази “Шаҳри бехатар
Фурқат Шоҳимардонов, муовини сардори Маркази “Шаҳри бехатар”

Шоҳимардонов саҳми  “Шаҳри бехатар”-ро дар таҳкими амнияти шаҳрвандон, аз ҷумла ошкор кардани ҳудуди 400 ҷиноят зикр карда, таъкид намуд, ки бехатарӣ асосан дар ҷойҳои бидуни камера риоя намешавад. Ӯ афзуд дар Душанбе  855 адад камераҳои назоратӣ, 600 адад камераҳои мушоҳидавии политсияи электронӣ(кепчурвадетекшин) ва 22 адад камераҳои функсияи мураккабдоштаи маҷмааи “Боздошт” насб гардидаанд. Муовини раиси “Шаҳри бехатар” гуфт, онҳо тасмим доранд, ки кӯчаҳои ҳудуди пойтахтро пурра ба камераҳои назоратӣ таъмин намоянд: “Ба мақсади пурра таҳти назорат қарор додани ҳудуди шаҳри  Душанбе, васеъ намудани минтақаҳои назоратӣ афзоиши насби камераҳо дар назар аст. Дар 7 чорроҳа насби камераҳоро ба нақша гирифтаем ва феълан корҳои лоиҳакашӣ  идома дорад. Аз ҷумла дар  кӯчаҳои НисорМуҳаммад-Адҳамов, Убайд Зоконӣ-Мастонгулов (Титова), Соҳилӣ-Деҳотӣ, Соҳили-Фирдавсӣ, Алишер Навоӣ-Ҳисор (Баговутдинов),  Алишер Навоӣ-Бобо Ҳамдам, Карамов-Алишер Навоӣ (маҳаллаи 112) корҳои лоиҳакашӣ барои насби камераҳо  идома доранд”.

Тибқи иттилои расмӣ  ҷаримаи “Шаҳри бехатар” барои итоат накардан ба чароғаки сурхи роҳнамо аз 3 то 5 нишондиҳанда, ( аз 150 то 250 сомонӣ), муқобили самти ҳаракати роҳ баромадан аз 3 то 5 нишондиҳанда, зер кардани хатҳои уфуқӣ ва хатти бозист аз 1 то 2 нишондиҳанда (аз 50 то 100 сомонӣ)  пешбинӣ гардидааст, ки чунин ҳаҷми ҷаримаҳо боиси ташвиши  ронандагон гардидааст.

Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» омода шуда, бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Норвегия амалӣ карда мешавад.

Русӣ

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: